Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 20127 - 2036” дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ мо, кулли сокинони вилоятро шоду масрур гардонд.
Қабул гардидани ин паёми шодбошӣ хосатан барои мо, шаҳрвандони Тоҷикистон мақоми хоса дорад, зеро дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар халқи тоҷик дар натиҷаи ҷанги таҳмилӣ хеле азият кашида, ҳазорҳо оилаҳо, нафарони алоҳида бар худ тавқи гурезаро гирифтанд, ки он хеле аламовар буд, яъне онон тарки Ватан кардаву маскуни мулки бегона гардиданд. Деҳаҳо ба харобазор бадал гардиду мутахассисони варзида тарки зодгоҳ намуданд.
Қадами муборак ва ташаббуси хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои маҳбуби миллат буд, ки тоҷикони бурунмарзӣ боз бар Ватани худ баргаштанду вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар рушд ёфт.
Ва пас аз гузашти солҳо, дар арафаи Рӯзи таърихии Ваҳдати миллӣ ва ҷашни бузурги миллӣ -35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 20127 - 2036”, ки он аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, чӣ боис гардид? Ва мароми мо, тоҷикистониён, бо чунин таклиф дар чист? Пеш аз ҳама тавре Пешвои сулҳпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арз доштанд, қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун зиндагии шоиста барои наслҳои оянда мебошад, ки имрӯз он чун обу ҳаво хеле заруру саривақтист.
Ташаббуси Пешвои маҳбуби миллатро дар арафаи рӯзи таърихӣ ва хотирмон даҳсолаи байналмилалӣ оид ба сулҳ кулли мардуми сулҳпарвари ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва шариконаш пазируфтанд ва муосидат карданд.
Дар асл сарчашмаи сулҳу амонӣ аз оила оғоз мегардад ва пешниҳоди Пешвои сулҳдӯсти мо ҷомеаи ҷаҳонро даъват намуда истодааст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу амонию осоиштагӣ ва арҷгузорӣ ба он бояд ҳар як нафар талош варзад. Сарвари хирадпешаи Тоҷикистон нахуст ҷомеаи ҷаҳониро ба он даъват карда, зикр доштанд, ки мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо ҳастанд, омӯзонем, ки сулҳ ин маънои набудани ҷанг, носозгорӣ ва нофаҳмиҳо нест, балки он фарҳанг аст, таъмини шаъну шарафи инсоният аст, масъулият доштан нисбат эҳтироми ҳамдигар ва адолатпарварӣ мебошад.
Барои тоҷикон мавзӯи сулҳу амонӣ танҳо масъалаи рӯзномаи байналмилалӣ нест, балки мо, аҷдодони меросбарони авлоди ороиёӣ таърихи беш аз ҳазорсоларо доро ҳастем. Аз ин рӯ, қабули чунин қатънома моро вазифадор месозад, ки аз худ барои наслҳои фардо ҷаҳонеро ба мерос гузорем, ки дар он сулҳу амонӣ ҳукмфармо бошаду фарҳанги бою ғанӣ дошта бошад.
Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”





