Халқи тоҷик аз қадимулайём дар саҳифаҳои таърихи башарият ҳамчун миллати соҳибтамаддун, соҳибмаърифат ва фарҳангдӯст шинохта шудааст. Ниёгони хирадманди мо ҳамеша парчамбардори илму адаб ва сулҳу заковат буданд ва ин рисолати бузург имрӯз дар сиёсати хориҷии кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат дурахши нав пайдо кардааст.
Иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башариятро пайваста ба ҳамдиливу созандагӣ ҳидоят мекунанд. Қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки бегоҳии 25 - уми июн сурат гирифт, гувоҳи ин гуфтаҳост.
Кишвари мо бо ин ташаббуси бузург бори дигар собит намуд, ки дар масири таъмини суботи сайёра нақши меҳвариро мебозад. Санади мазкур маҳсули тафаккури амиқи сиёсии Роҳбари давлати мо буда, давлатҳои узви ҷаҳонро вазифадор менамояд, ки пояҳои некӯаҳволии наслҳои ояндаро тавассути муколама ва ҳамбастагӣ мустаҳкам намоянд. Ин қатънома бар принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид такя карда, ҳадафи олии он наҷоти инсоният аз офати ҷангҳо ва таблиғи фарҳанги зидди хушунат мебошад.
Мувофиқи ин қатънома солҳои 2027 - 2036 “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” эълон гардид. Ин давраи даҳсола имкон медиҳад, ки ниёзҳо ва манфиатҳои кӯдакону ҷавонон ва пиронсолон дар раванди таҳияи сиёсати ҷаҳонӣ устувор гарданд. СММ ва ниҳодҳои он дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои татбиқи амалии ин ҳадафҳо сафарбар мешаванд. Санади мазкур ҳамчунин аз уҳдадориҳои Саммити оянда дар соли ду ҳазору бисту чор ва Паймони оянда истиқбол намуда, таҷрибаи миллии кишварҳоро дар роҳи оштӣ ва ваҳдат унсури илҳомбахш медонад. Дар ин замина, талошҳои созандаи Тоҷикистон дар амри ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамчун намунаи барҷастаи дипломатияи сулҳхоҳона эътироф ва ситоиш ёфт.
Ин ташаббуси оламшумул дар даврае пазируфта шуд, ки сайёраи моро таҳдидҳои нави амниятӣ ва низоъҳои шадид фаро гирифтаанд. Маҳз Роҳбари давлати мо, ки халқаш фоҷиаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронида, баҳои сулҳу ваҳдатро хуб медонад, ин пешниҳоди саривақтиро ба миён гузошт. Мактаби сулҳофарии тоҷикон имрӯз ба як чароғи ҳидоят барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Қабули ин қатънома мояи шараф ва ифтихори бузурги ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Мо бо сарбаландӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат пайравӣ намуда, ҷиҳати таҳкими ин дастоварди таърихӣ ва ҳифзи арзишҳои ватандорӣ тамоми саъю талоши худро ба харҷ хоҳем дод. Сулҳе, ки аз Тоҷикистон ба ҷаҳон паҳн мешавад, кафолати ояндаи дурахшони наслҳои мост.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





