- Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар самти бақайдгирии давлатӣ, гузоштани апостил ва танзими фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятию адвокатӣ дар вилоят нишондиҳандаҳои мусбат ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми пардохтҳои боҷи давлатӣ ва хизматрасониҳои ҳуқуқӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфт, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Оятулло Раҳматзода.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати адлия 217 ариза оид ба гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои расмӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба давраи аналогии соли 2025-ум 22 адад зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб 29 015,70 сомонӣ боҷи давлатӣ ва 35 860,79 сомонӣ (ё 3 804 доллари ИМА) барои хизматрасонии ҳуқуқӣ рӯёнида шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта мувофиқатан 95 ва 22 фоиз афзоишро нишон медиҳад.
Дар самти бақайдгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ фаъолияти назаррас ба чашм мерасад. Дар ин давра 3 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 3 ташкилот аз нав ба қайд гирифта шуда, 6 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам дода шуд. Ҳамзамон 1 филиалу намояндагӣ аз қайди баҳисобгирӣ гузашт. Дар маҷмӯъ, аз ҳисоби амалиёти бақайдгирию барҳамдиҳӣ 4 758 сомонӣ боҷи давлатӣ ва 304,20 сомонӣ ба суратҳисоби Вазорати адлия барои истифодаи бланкҳо ворид гардид.
- Мақомот ба фаъолияти оинномавӣ ва ҳисоботдиҳии ташкилотҳо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Фаъолияти 6 ташкилоти ҷамъиятӣ санҷида шуда, 285 ташкилот тибқи талаботи моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҳисобот пешниҳод карданд. Ба 100 ташкилоти ҷамъиятӣ барои сари вақт насупоридани ҳисобот огоҳинома дода шуд. Инчунин, 60 огоҳинома вобаста ба қабули грантҳо ва кӯмакҳо аз созмонҳои хориҷӣ ба Раёсат ворид гардидааст, - афзуд сардори Раёсат.
Дар бахши адвокатура иттилоъ дода шуд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 7 кабинети нав таъсис ёфта, 1 кабинет барҳам дода шуд. Маблағи боҷи давлатӣ аз ин ҳисоб 2 271 сомониро ташкил дод. Имрӯзҳо дар ҳудуди вилоят дар маҷмӯъ 3 коллегияи адвокатӣ, 2 маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ва 169 кабинети адвокатии ба қайд гирифташуда ба аҳолӣ хизматрасонии ҳуқуқӣ мерасонанд.
Ҳамчунин дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба паҳлуҳои гуногуни Раёсат, аз ҷумла дар самти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, никоҳи барвақтӣ, танзими фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, самти фаъолияти нотариалӣ ва муносибати онҳо бо муроҷиаткунандагон, муроҷиати шаҳрвандон ва амсоли ин саволҳо пешниҳод гардиданд.
Шаҳбони СИДДИҚ,
“Ҳақиқати Суғд”





