Имрӯз, ки замон пур аз тазод асту мушкилоту ихтилофот хеле зиёд ба назар мерасад, доир ба афзун гардидани гурӯҳҳои терроризму экстремизм зиёд ҳарф мезанему дар бораи он қиссаҳо мекунем.
Қисса мекунем, ки шояд ҷавоне аз оқибатҳои ин амали номатлуб огоҳ гардаду гумроҳ нагардад. Зеро чӣ қадар нависем, чӣ қадар таҳлил намоем, ба манфиати кор асту якеро аз гумроҳшавӣ шояд нигоҳ медорем. Бале, терроризм имрӯз беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Агар ба таври дигар гӯем, терроризм дар минтақаҳои алоҳида, умуман ба тамоми ҷаҳон доман паҳн намуда истодааст.
Андешаҳо собит месозанд, ки терроризм ва экстремизм яке аз хавфноктарин гурӯҳҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Имрӯз тибқи маълумоти коршиносон дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои диниву ифротгаро, созмонҳои террористию экстремистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Вобаста ба фаъолияташон ҳадафҳои гуногун доранд. Бале, танҳо мақсаду маром, сабаб ва далелу бурҳони амалу фаъолияти худро сарварони созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ҳар гуна эълон мекунанд.
Имрӯз экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонанд дар тамоми соҳаҳои ҷамъият – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар раванди сиёсӣ дар мубориза ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ дар баробари дигар давлатҳо кишвари азизи мо–Тоҷикистони офтобрӯя низ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Дар мубориза ба чунин гурӯҳҳои хатарнок кишвари мо низ тамоми кӯшишу ғайрати худро масраф менамояд, то оқибатҳои хатарнок ва пешгӯинашавандаро, ки инсоният аллакай аз сар мегузаронад, пешгирӣ намояд. Терроризми муосир имрӯз натанҳо аз ҷониби созмонҳо ва гурӯҳҳо, балки аз ҷониби шахсони алоҳида муаррифӣ карда мешавад.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвари моро низ зарур аст, ки ба муқобили ин вабои аср муборизаи бераҳмона барем ва нагузорем, ки онҳо ниятҳои нопоки худро дар кишвари мо амалӣ созанд.
Фирӯз АЛИЕВ,
муфаттиши шуъбаи тафтишотии
прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд,
лейтенанти адлия




