Санаи 26 - уми май дар Маҷмааи давлатии "Кохи Сомон" Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ба кори худ оғоз кард. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи об иштирок доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аз аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуданд.
Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масъалаҳои ҷаҳонии об ҳамеша барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ иқдом пеш мегирад. Зикр гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шудааст. Ин ҷоиза барои саҳмгузорӣ, ҳамкориҳои судманд ва дастовардҳои назаррас дар соҳаи об тақдим мегардад.
Ҳамчунин, дар доираи конфронс таъсиси Чаҳорчӯбаи Душанбе оид ба об пешниҳод гардида, он ҳамчун замина барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи захираҳои об арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки соли 2028 Тоҷикистон натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор"-ро ҷамъбаст ва муаррифӣ хоҳад кард.
Конфронс тайи чанд рӯз идома ёфта, дар доираи он масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Амони МУҲАММАД,
"Ҳақиқати Суғд",
Душанбе




