Ин манзараи ҳузнангез бояд тамоми аҳли башар, хоса, сарони кишварҳои пуриқтидори ҷаҳонро ба фикру андеша барад. Тибқи гузориши нави Хазинаи СММ оид ба дастгирии таҳсил дар шароити низоъву буҳронҳо, ноамнӣ ва вазъи зудтағйирёбанда дар саросари дунё ба таҳсили 258 миллион кӯдак ва навраси синни мактабӣ таъсири манфӣ расонид. Имрӯз 93 миллион нафари онҳо комилан аз имкони рафтан ба мактаб маҳруманд. Дар баробари ин, қариб 80 дарсади ҳамаи кӯдакон, ки бинобар низоъҳо ва бӯҳронҳо ба мактаб намераванд, танҳо дар 20 кишваре зиндагӣ мекунанд, ки  вазъият дар он ҷо вазнин арзёбӣ мешавад.

Хушбахтона, имрӯз ҳар кӯдаку навраси синни мактабӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шароити хубу созгори таҳсилро дорнад. Ба онҳо ин неъмат бо роҳи сулҳу ваҳдат, ки дар кишвар  пойдор аст, насиб шудааст.

Дар ин масир, заҳматнописандӣ ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаст, ки дар Тоҷикистони азиз оромиву осоиштагӣ пойбарҷост. Кӯдакони тоҷик аз таҳсили босифат бархӯрдор буда,  онҳо дар ҳифзи ҳамаҷонибаи давлат қарор доранд.  Имрӯз дар ягон гӯшаи диёр кӯдаку наврасе нест, ки ба таҳсил фаро гирифта нашавад. Ин имконияти кӯдакони моро миллионҳо кӯдакони кишварҳои хориҷа орзу доранд. Барои онҳо таҳсил ҳамоно имкони расидан ба ояндаи беҳтар боқӣ мемонад.

Дар ин замина, боиси ифтихор аст, ки 25-уми июни соли ҷорӣ ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027 – 2036» бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.  Он бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шуд, ки тавассути қатъномаи мазкур давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Ин иқдоми ҷадид ба он равона мешавад, ки дар ҷаҳон фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ миёни ҷомеаҳо бештар тақвият ёбад. Яке аз ҳадафҳои муҳими ин Даҳсола ташвиқи муколама ва мусолиҳа, таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни наслҳои гуногун мебошад. Дар таҳияи қарорҳо ва сиёсати давлатӣ бояд манфиат ва ниёзҳои наслҳои оянда низ ба назар гирифта шаванд, зеро сулҳи устувор танҳо бо иштироки ҳамаи қишрҳои ҷомеа имконпазир аст.

Дар қатъномаи қабулшуда ҳамчунин ба равандҳои мусбати сулҳ дар Осиёи Марказӣ ишора шудааст. Аз ҷумла, талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ бо роҳи гуфтушунид ва имзои созишномаҳои дахлдор ҳамчун намунаи мусбати ҳамкорӣ ва ҳалли осоиштаи ихтилофҳо истиқбол шудаанд.

Дарвоқеъ, қабули ин Қатънома дар шароите сурат мегирад, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон миллионҳо нафар аз оқибатҳои ҷангҳо, низоъҳо ва буҳронҳои амниятӣ ранҷ мекашанд. Зимнан, ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун идомаи сиёсати кишвар дар самти тарғиби сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ арзёбӣ мешавад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон медиҳад, ки ҳатто пас аз давраҳои душвори таърихӣ метавон бо роҳи муколама ва созиш ба субот расид. Имрӯз ин таҷриба имкон дорад, ки ҳамчун саҳми Тоҷикистон дар пешбурди ғояҳои сулҳ ва таҳкими фарҳанги сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ хизмат кунад. Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки муҳити муносиберо мемонад, ки дар он наслҳои имрӯз ва оянда метавонанд бо эътимод, ҳамкорӣ ва умед зиндагӣ кунанд.

 

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”