Раиси вилояти Суғд,

муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода

Бо камоли эҳтирому самимият Шуморо ба муносибати 55-умин баҳори умр аз номи ҳайати эҷодии нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят - “Ҳақиқати Суғд”  самимона табрику муборакбод менамоем. Ба Шумои азизу гиромиқадр тансиҳативу саодатмандӣ, хонаободӣ ва дар ҷодаи иҷрои рисолати муқаддас – сарварӣ ба вилояти овозадори Суғд комёбиҳо таманно менамоем.

Дар ин лаҳзаҳои таърихӣ, ки мардуми шарафманди кишвар зери таассуроти неку хотирмони ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ватани азизамон қарор доранд, рост омадани мавлуди мубораки 55 - солагии Шумо рамзи нек аст.

Шумо ҷавонмарди ба қавлу амал устувор, шуҷою далер, пайраву вориси асили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистед, ки мардуми  вилояти Суғди бостонро дар атрофи ғояҳои созандаи Сарвари давлат сарҷамъу муттаҳид намуда, бо сарбаландӣ ба ободониву бунёдкорӣ раҳнамун созед.

Баҳри истиқболи сазовори ҷашн ба ҷои 12 ҳазор иншооти ҷашнӣ беш аз 15 ҳазор, аз қабили биноҳои замонавӣ, корхонаву муассисаҳо, роҳу пулҳо бунёд гардида, ҳазорҳо ҷойҳои корӣ таъсис ёфтанд, ки ин дастоварди нодир маҳз аз маҳорати баланди кордониву сарварии Шумо башорат медиҳад. Мардум бо чашми сар диданд ва огоҳ ҳастанд, ки то мавриди истифода қарор гирифтани ҳар як иншоот Шумо борҳо аз рафти кор дидан намуда, ба сохтмончиёну бунёдкорон нерӯву тавони нав мебахшидед.

Қобилияти нодири роҳбарӣ, нерӯву қудрату тавоноии фитрии Шумо аст, ки иқдомҳои неки сокинон низ муваффақона амалӣ шуда истодаанд. Шумо сокинони шарафманди вилоятро ба меҳнати софдилонаву поквиҷдонона ва ҷӯяндагиву эҷодкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли Ватан рӯҳбаланд гардонидед ва имрӯз симои шаҳру навоҳии вилояти Суғди бостон ба таври шинохтанашаванда дигаргун, зебо, ороставу озода ва обод шудааст.

Сарфароз гардиданатон бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи 2 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи арҷгузорӣ ва эътирофи хизматҳои содиқонаву ватандӯстона, фаъолияти пурсамар ва заҳмати фидокоронаи Шумо, Раиси муҳтарам дар роҳи рушди хоҷагии халқи вилоят мебошад.

Мардуми сарбаланди вилоят имрӯз бо ифодаи рӯҳияи офарандагиву созандагии хеш омодаанд ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолият намуда, таҳти сарварии Шумо баҳри шукуфоии Тоҷикистони азизу муқаддасамон боз ҳам бештар заҳмат кашанд.

Муҳтарам Раис,

Бори дигар Шумои гиромиқадр, роҳбари ғамхори халқро бо рӯзи мавлуди муборакатон самимона шодбош гуфта, бароятон саломатии бардавом ва дар роҳи иҷрои рисолати бузургу бошарафона ва пурмасъул комгориву бурдборӣ, сарбаландӣ ва комёбиҳо таманно менамоем.

Бо эҳтиром,

аҳли эҷоди рӯзномаи

вилоятии “Ҳақиқати Суғд”