Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Тандурустӣ

Маводҳои охирон

  • Ифротиёни «Гуруҳи 24» - ҳама ҷинояткор
  • Интернет имрӯз дунёро ба деҳкадае хурде табдил додааст
  • Инсони тассубзадаву хурофотӣ аз дарки озодӣ бебаҳра аст
  • Ифротгароӣ ва зарари ин падидаи номатлуб ба ташаккули ҷомеаи солим
  • Ҳифзи арзишҳои миллӣ масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди ватандӯст
  • Муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм бар манофеи аҳли башар аст
  • Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳншавии ғояҳои экстремистӣ
  • Ҷанбаҳои педагогии пешгирии терроризм ва ифротгароӣ дар байни донишҷӯён дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ
  • Хиёнаткорони ватан ҳаргиз бахшида намешаванд!
  • Масъулиятшиносӣ шарти аслии шаҳрвандӣ ва меҳандӯстӣ

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
ШАРИФОВА МАВЛУДА
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Истеъмоли “дору” фоида овард?!

Информация о материале
Опубликовано: 20 октября 2026
Просмотров: 464

Бо нафаре ҳамсуҳбат шудем, ки боиси аз ҳолати гирифторшавӣ ба нашъамандӣ баъди табобат дар Маркази наркологии вилояти Суғд саломатиаш рӯ ба беҳбудӣ овардаасту алҳол зиндагии осуда дорад.  Нашъамандию майзадагии музмин омилҳои хатарноки паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инкишофи бемориҳои ҷиддии узвҳои системаи асаб, дилу рагҳо ва бемориҳои музмин ба шумор меравад. Барои пешгирии беморӣ ҳамасола тадбирҳои судманд андешида мешаванд, ки яке аз онҳо Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ба шумор меравад.

Бояд иброз намуд, ки аз 1-уми январи соли 2011 то 9 моҳаи соли 2026 дар вилояти Суғд 1079 бемори нашъаманд табобати ҷойивазкунандаро гирифтанд, ки 23 нафарашон зан мебошанд. Давоми 9 моҳи соли равон бошад, марказ 31 нафар гирифторони нашъаро бо табобати ҷойивазкунанда қабул кардааст. Дар маркази солимгардонии руҳ ва наркологии шаҳри Панҷакент бо дастгирии фонди глобалӣ зери табобати ҷойивазкунанда айни замон 109 нафар, аз ҷумла 3 зан қарор доранд. Дар шуъбаи наркологии беморхонаи шаҳри Бӯстон бошад, бо дастгирии ташкилоти байналмилалии СДС 47 нафар ва дар диспансери наркологии шаҳри Истаравшан 20 нафар бемор табобати ҷойивазкунандаро гирифта истодаанд. 

пурра ...

Имрўз - сарбози Ватан, фардо - табиби Меҳан

Информация о материале
Опубликовано: 08 октября 2026
Просмотров: 699

Дар миёни ҷавононе, ки санаи сеюми октябри соли 2026  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд, Сарвин Сайидов низ ҳаст. Ӯ  зодаи деҳаи  Басмандаи ноҳияи  Деваштич буда, соли 2020   пас аз хатми мактаби миёна бо медали тилло, тариқи буҷавӣ ба Донишгоҳи давлатии  тиббии  Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд ва  соли 2026  бо ихтисоси табиб  анестезиолог-реаниматолог донишгоҳро хатм намуд.

- Пас аз хатми донишгоҳ метавонистам ба фаъолияти касбии худ шурӯъ намоям, аммо дар қалбам эҳсоси масъулият дар назди Ватан ва хоҳиши иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ҷой дошт. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам пеш аз оғози фаъолияти касбӣ хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намоям, - мегӯяд Сарвин.

пурра ...

Меҳрона

Информация о материале
Опубликовано: 17 августа 2026
Просмотров: 1111

Пайғоми идона ба ҳамшираи шафқат

Сайидамин ҶИЛО

Меҳрона чу омад,

Ҳар дарду ғамам рафт.

Ин ашки ҷигарсӯз

Аз чашми  намам рафт.

Ӯ  муъҷизакор  аст,

Чун хоҳари  шафқат.

Аз тан бикунад  дур

Сад ранҷу  машаққат.

пурра ...

Солимии ҷомеа – солимии миллат

Информация о материале
Опубликовано: 17 августа 2026
Просмотров: 1129

Ҳангоме ки маводро омода месохтем, хушхабаре расид: Дар фарорасии мавлуди Абӯалӣ ибни Сино ва ба муносибати Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунира Вализода - сартабиби  Таваллудхонаи вилоятии ба номи Ӯғул Шамсиддинова ғолиби озмуни вилоятии “Беҳтарин сартабиби муассисаи нигаҳдории тандурустии вилоят дар соли 2026” дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи III ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шудааст.

Ба ин муносибат мо сартабиби Таваллудхонаи вилоятии ба номи Ӯғул Шамсиддинова Мунира Вализодаро муборакбод намуда, дар бораи дирӯзу имрӯз ва фардои ин муассисаи табобатӣ ҳамсӯҳбат гардидем, ки фишурдаи онро пешкаши муштариёни рӯзнома мегардонем:

пурра ...

Нигаронӣ ба соҳа

Информация о материале
Опубликовано: 17 августа 2026
Просмотров: 967

Дар вилояти Суғд 23 ҳазору 140 нафар бо бемории диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд.  Ҳамзамон, таҳти назорати мутахассисони соҳа 27 ҳазору 980 нафар гирифтори фарбеҳӣ қарор дошта, танҳо дар шаш моҳи соли 2026-ум 2 ҳазору 457 нафар бори аввал ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 688 нафар зиёд аст.

Ин рақамҳо дар нишасти матбуотии муштараки Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баён гардиданд. Масъулони се ниҳод аз натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа иттилоъ дода, ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба вазъи воқеии соҳаи тандурустӣ посух гуфтанд.

Ба гуфтаи масъулони соҳа, диабети қанд метавонад оқибатҳои вазнин дошта бошад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 9 нафар бар асари ин беморӣ ҷарроҳӣ шуда, ангуштони пояшонро аз даст додаанд. Духтурон таъкид мекунанд, ки беморӣ метавонад ба узвҳои гуногуни инсон, аз ҷумла ба чашм, таъсири ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, риояи тавсияҳои табибон, истеъмоли дурусти доруҳо, ғизои солим ва фаъолияти ҷисмонӣ дар пешгирии оқибатҳои вазнин нақши муҳим доранд.

Дар баробари диабет, афзоиши шумораи гирифторони фарбеҳӣ низ боиси нигаронӣ мебошад.  Коршиносон пешгирии ин бемориро пеш аз ҳама, ба тарзи ҳаёти солим, ғизои дуруст ва фаъолияти ҷисмонӣ вобаста медонанд. Барои баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ тавассути нашрияву маҷаллаҳо, телевизиону радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар нишасти матбуотӣ ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид, афзоиши ҳолатҳои батулизм мебошад. Султон Раҳмонзода сардори Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии вилояти Суғд, иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 15 нафар аз истеъмоли консерваҳои хонагӣ заҳролуд шудаанд. Аз ин шумора 11 нафар ба бемории батулизм гирифтор гардидаанд.  Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳолати гирифторшавӣ ба батулизм ба қайд гирифта шуда буд.

Ин ҳолат бори дигар аз аҳамияти риояи қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ ҳангоми омода кардан,  нигоҳ доштан ва истеъмоли маҳсулоти консервагӣ дарак медиҳад. Зеро батулизм бемории хатарнок буда, дар сурати сари вақт муроҷиат накардан метавонад ба саломатии инсон оқибатҳои вазнин расонад.

Дар нишасти матбуотӣ беш аз 15 нафар намояндаи воситаҳои ахбори омма иштирок карда, масъалаҳои сифати оби нӯшокӣ, бемориҳои махсусан хавфнок, ботулизм, фурӯши маҳсулоти пастсифат, захмдоршавӣ, вазъи эпидемиологӣ ва дигар мушкилоти соҳаи тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар маҷмӯъ, омор нишон медиҳад, ки пешгирии бемориҳо дар баробари табобати онҳо аҳамияти бештар пайдо мекунад. Афзоиши ҳолатҳои фарбеҳӣ ва батулизм, инчунин оқибатҳои вазнини диабети қанд аз зарурати баланд бардоштани масъулияти худи шаҳрвандон ва пурзӯр намудани корҳои профилактикӣ дарак медиҳад.

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

  1. Сутуни зиндагонӣ одамони пок мегўянд…
  2. Соҳа дар меҳвари таваҷҷўҳ
  3. Ҷаҳондон яздон паноҳи ту бод...
  4. Солимии модару кўдак – солимии миллат

Страница 1 из 2

  • 1
  • 2
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.