Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Тандурустӣ

Маводҳои охирон

  • Туҳмати навбатии хоинони миллат
  • Тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ
  • Илму маърифат – наҷот аз гумроҳӣ
  • Сиёсатзадаҳои Амрикову Аврупо
  • Ҳарзагӯии паймоншиканон
  • Паймони миллӣ эътирозҳои беасос доранд
  • Хиёнат ба сулҳу оштӣ
  • Таъмини амният вазифаи мост!
  • Хатари падидаҳои манфӣ ба осудагиву субот
  • Дар назди қонун ҳама баробар

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
ШАРИФОВА МАВЛУДА
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Шароит беҳ мегардад

Информация о материале
Опубликовано: 18 марта 2026
Просмотров: 112

Иҷрои дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат, қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи татбиқи Барномаҳои рушди муассисаҳои табобатиро мардуми меҳнатқарини ноҳияи Зафаробод дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш менамоянд, ки бо меҳнати софдилона ва дастовардҳои назаррас онро истиқбол намоянд.

Дар ин раванд,  як қатор корҳои ободонию сабзкорӣ дар ҳудуди ноҳия ҷараён дошта, сохта ба истифода додани иншооти ҳаётан муҳим дар назар дошта шудааст. Ба наздикӣ сокинони деҳаҳои Бахт, Наврӯз, Навбаҳор ва Баҳористони ноҳияи Зафаробод соҳиби бинои бунгоҳи тиббии нав хоҳанд шуд. Илова бар ин, марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббие, ки дар маркази ноҳия амал менамоянд, таъмир гардида, барои қабули корафтодагон шароити мусоид фароҳам оварда  хоҳад шуд.

Ҳамчунин, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони соҳа мизу курсӣ, либосҳои мавсимӣ, таҷҳизоту лавозимоти зарруриро мувофиқи талабот ба муассисаҳои эҳтиёҷманд тақсим намуданд.

Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2025 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳаи тибби Беморхонаи марказии ноҳия 6 компютер тақдим намудааст, ки боиси хушҳолии кормандони соҳа аст.  

Масъулини соҳаи нигаҳдории тандурустии ноҳия барои беҳтар намудани шароити кории кормандони тиб дар шуъбаҳо, сатҳи хизматрасонӣ,  шароити муолиҷавӣ, қабули беморон ва ҳамчунин ободу зебо намудани намуди зоҳирии беморхонаи марказӣ ҷидду ҷаҳд доранд.

Минбаъд пас аз насби таҷҳизоти тиббии “Дарсанвал-212”, “Элфор Пром”, “Матрикс Влок-Лазер” ва  маҳсунаки по корафтодагон аз ҳарвақта пештар сиҳатии худро барқарор карда, ба назди оила бармегарданд. Моҳи сентябри соли 2025 ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ба Беморхонаи марказии ноҳия як қатор таҳҷизоти тиббӣ, аз ҷумла 2 насоси сӯзандору,  2 насоси инфузиони валеметрӣ, 1 насоси асператсионии барқӣ, 5 кати тиббии бачагонаи чархдор ва модули фототерапиро ройгон тақдим намуд, ки имрӯзҳо масъулин аз он фаровон истифода мебаранд.

Ҳамчунин бо иқдом ва дастгирии ин ташкилоти байналхалқӣ баҳри риояи тозагии гирду атрофи маҳал ва нобуд сохтани партовҳои тиббӣ таҷзизоти “Инстенератор” насб гардида, таҷҳизоти обгармкунӣ ва обтозакунии гайзер дар шуъбаҳо дар хизмати беморон аст.   

Мутаассифона, бо вуҷуди он ки дар муассисаҳои тиббии ноҳия 667 корманди тиб фаъолият дошта, аз онҳо 79 табиб, 368 корманди миёнаи тиб, 139 корманди хурди тиб дар хизмати мардум қарор доранд, соҳаи нигаҳдории тандурустии ноҳия ба табибони осебшинос, хунгузарон, вирусшинос, реаниматолог, духтури амрози занона, табиби бемориҳои чашм, парҳезшинос, табиби бемориҳои сироятӣ, духтури бачагона, табибони оилавӣ, уролог, табиби бемориҳои сил, эпидимиолог, энтомолог, гиёҳдармон ва руҳшинос эҳтиёҷ дорад.     

Умед бар он дорем, ки аз ҳисоби хатмкардагони донишгоҳу таълимгоҳҳои тиббӣ мутахассиссони соҳа дар Беморхонаи марказии ноҳияи Зафаробод бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванду ҳамарӯза баҳри сиҳатии беморон кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, то насли солиму созанда ба камол расанд.

 

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Саломатӣ дар мадди аввал

Информация о материале
Опубликовано: 14 января 2026
Просмотров: 200

Саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз зару зевар қиматтар буда, онро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ ҳифз мекунанд. Баҳри шинос шудан бо фаъолияти Беморхонаи минтақавии Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов бо сардухтури он Абдусаттор Усмонов суҳбате оростем. Аён гардид, ки беморхонаи мазкур аз соли 1993 инҷониб фаъолият дошта, то ҳадде саҳми худро дар сиҳатмандии ҷомеа мегузорад. Дар суҳбат мусоҳиби мо аввалан шукргузорӣ аз ободиву озодӣ дар кишвар намуда, чунин  иброз дошт: - Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини мулоқот таъкид мекунанд, солимии миллати тоҷик дар сиҳатии ҷомеа мебошад.

Равнақи соҳаи тиб рукни муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мост. Иҷтимоӣ будани соҳаро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом доштааст. Президенти мамлакат дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чунин гуфтаанд: «Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад». Ин аст, ки сол аз сол вазъи муассисаҳои тиббӣ беҳтар, муҷаҳҳаз кардани муолиҷагоҳу ташхисгоҳҳо бо воситаҳои тиббии навтарин муташаккилонатар мешавад. Кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва дар ҳаёт татбиқ кардани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, мустаҳкам гардонидани саломатии халқ, пешгирии бемориҳо кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.

пурра...

Страница 2 из 2

  • 1
  • 2
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.