Ба таърихи рушди соҳаи тиб назар намуда, эҳсос менамоем, ки дар ин ҷода шахсиятҳое арзи вуҷуд доранд, ки фаъолияти бисёрсолаи онҳо натанҳо соҳаи тибро равшан намудааст, балки бо амалу фаъолияти босамари хеш дар тақдири ҳазорон ҳазор инсонҳо нақши муассир гузоштааст. Аз ҷумла, чеҳраи бисёр ҳам намоёну бонуи беҳад самимӣ, зани отифаву солеҳа, инсоне, ки тамоми вуҷудашро баҳри пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим бахшидааст, Биумия Арабова ҳастанд, ки бо амали собитқадамонаи худ дар дилу дидаи мардуми вилоят ҷой гирифтаанд. Бале, зиндагии чунин бонувони нексиришт барои ҷомеа намунаи ибрат аст.
Биумия Арабова зодаи деҳаи Ашти ноҳияи Ашт буда, 12-уми июни соли 1956 дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Падараш Арабҷон Қулматов (писари мулло Қулмат, мударриси шаҳри Қӯқанд) солҳои 30-юми қарни гузашта Донишгоҳи шаҳри Тошкандро тамом кардааст. Модараш Раҳбарой Шарифова омӯзгори мактаби деҳа буд. Шоёни зикр аст, ки дар ҳамон солҳо то Инқилоби Октябр, баъд аз он ҳам оилае, ки Биумия ба воя расид, оилаи илмдӯсту фарҳангпарвар буданд.
Бародаронаш Нозирҷон Арабзода (шодравон) олими намоёни сатҳи ҷаҳонӣ, доктори илми фалсафа, профессор, Ғайратҷону Умарҷон низ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар дар зинаҳои роҳбарӣ фаъолият намудаанд. Байни духтарон танҳо Биумия соҳаи тибро ихтиёр намуд. Хоҳаронаш Ҳарифаю Назмия соҳаи маориф – омӯзгориро ба худ пеша намуданд.
Шояд таъсири муҳити бакамолрасида, таъсири ҳамин оила бошад, ки аз хурдсолӣ дар вуҷуди ноздонаи хонадон Умиябонуи хурдсол як шуълае дурахшон буд, ки ӯро ба пеш, сӯи камолот, сӯи амалӣ намудани орзуҳои худ ҳидоят мекард. Дар ҳақиқат он солҳо дар деҳа ба маркази кишвар–шаҳри Душанбе барои идомаи таҳсил кам дар кам духтарон сафар мекарданд. Биумия, ки аз овони хурдсолӣ орзуи пизишк шуданро мекард, соли 1972 мактаби миёнаи №1-и ба номи Умари Хайёмро хатм намуда, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе рахти сафар баст. Худи ҳамон сол ба факултаи муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуд. Ӯ ҳамчун донишҷӯ кӯшиш мекард, ки вақтҳои пурқиммати худро зоеъ нагузаронад. Аз ин рӯ, донишкадаро сарбаландона ба итмом расонид.
Соли 1979 пас аз хатми интернатура фаъолияти кории худро дар таваллудхонаи вилоятӣ ҳамчун духтур акушер-гинеколог оғоз бахшид. Аз ҳамон вақт то ин дам Биумия Арабова аз пайи муолиҷаи занону бонувон буда, барои онҳо натанҳо табиб, балки аз ҳар ҷиҳат такягоҳи рӯҳи онон низ ҳастанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ин бонуи соҳибмактаб ба бонувон дар вақти таваллуду ҳомилдадорӣ муҳимтарин нақшро бозида, барои ба дунё омадани атфол нақши калидӣ дорад. Биумия тӯли фаъолияти корӣ боз як бори дигар дарк кард, ки касби интихобнамудааш басо нозук аст. Ӯ бояд соҳиби дониши баланд, сабру таҳаммули қавӣ ва забони ширин бошад. Сабру таҳаммул баҳри он лозим аст, ки вақти ба дунё омадани тифл ҳар як ҳолат метавонад барои модару кӯдак ҳалкунанда бошад. Аз ин рӯ, ҳар як амали хешро бодиққат ва ҳам бо эҳсоси баланди инсондӯстӣ бояд ба роҳ монд. Бале, ӯ медонист, ки табиби занона бояд бо сухани оромкунанда, табассуми зебову малеҳ, гарму самимӣ ба бемор умед бахшад.
Вақти интихоби касби табибӣ Биумия Арабова ба хубӣ дарк мекард, ки пешаи интихобнамудааш басо мушкил, аммо пуршараф аст. Солҳои таҳсил, мушкилоти ҷустуҷӯи нозукиҳои касб, сири дастовардҳо, шабҳои бехобӣ, аммо ҳамаи ин заҳматҳо лаҳзае, ки тифл ба дунё меояд ва модар бо саодатмандӣ онро ба оғӯш мегирад, дар як лаҳза арзиш пайдо менамояд. Ба як сухан табиби занон чароғ дар роҳи душвори ҳаёт ва рамзи умед барои ҳар як хонадон аст.
Бале, тӯли ин солҳо чунин лаҳзаҳо дар ҳаёти ин табиби ҳозиқ хеле зиёд буданд. Ӯ тӯли 20 сол дар вазифаи мудири шӯъбаи амрози занона фаъолият бурд. Духтури дараҷаи олӣ, аъзои Ҷамъияти акушер-гинекологҳои ҷумҳурӣ буда, аз таҷрибаи корӣ-касбии табобатгоҳҳо ва марказҳои илмии соҳаи момодоягии кишварҳои хориҷи дур–шаҳрҳои Москваю Ленингради Федератсияи Россия, Мисри Араб, Ҳиндустон, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Германия ва Туркия таҷрибаи корӣ андӯхтааст. Бо устодону ҳамкорони соҳа Марҳамат Сайдуллоева, Ёқутхон Муҳиддинова, Шарафнисо Дадобоева, Санавбар Азизова, Насиба Ёқубова, Гулнора Розиқова, Гулнора Мӯминова, Дилрабо Эшматова, Наимахон Ғаффорова, Сабоҳат Мирзоева паҳлӯ ба паҳлӯ кор карда, ивази таҷриба намудааст.
Яке аз устодони номвари Биумия Арабова Марҳамат Сайдуллоева буда, дар бораи дониши баланд, истеъдоди нодири ин пизишки исавиҳуш чунин изҳори назар кард:
–Биумия Арабова яке аз шогирдони нотакрори банда ба шумор меравад. Аз рӯзи аввали фаъолияти табибӣ дар таваллудхонаи вилоятӣ худро ҳамчун мутахассиси хуб, дорандаи заминаи аълои назарияи соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ нишон додааст. Дар назари аввал, солҳои аввали ба кор оғоз намудан ба назар ҳамчун духтари шармгину дурандеш ва хеле хоксор ба назар менамуд. Вале, дар ҷараёни кори табибӣ аён гардид, ки дар ақидааш устувор, дар баҳсу мунозираҳои тиббӣ-муолиҷавӣ қавӣ, далелҳояш ҷиддии заминаи илмию амалӣ дошта буданд. Қабули беморон, суҳбатҳо бо бонувон, муоинаи бемор, тарзи табобат, тавсияҳои муолиҷавии ӯро мушоҳида карда, лозим донистам, ки барои духтури таҷрибадор ва табиби ҷарроҳикунанда шудани ӯ ҳамчун устод раҳнамоӣ кунам. Дар раванди корӣ ба ӯ ҳамаи намуди ҷарроҳии бемориҳои занонаро омӯзонидам.
Биумия, ки дониши хуби назариявӣ ва қобилияти хуби дарккунӣ, зеҳни воло дорад, гуфтаву нишондодро дар як он иҷро менамуд. Аз ин рӯ, ҳамин меҳнати пайваста, дилгармӣ ба касби пешанамуда буд, ки ӯ дар як муддати кӯтоҳ ба сатҳи духтурони номдори вилоят шомил шуд. Бале, мардум гавҳаршиносанд. Маҳорат, истеъдод ва қобилияти хуби Биумия Арабоваро ба инобат гирифта, пайваста дари ӯро мекӯфтанд. Аз ин рӯ, тез ба сатҳи устодӣ расид ва имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят ӯро ҳамчун табиби соҳибтаҷриба мешиносанд. Меҳнати босамар, маҳорати баланди касбӣ, хоксорӣ ва меҳрубониаш ӯро соҳибэҳтиром гардонидааст. Ифтихори устодӣ аз чунин шогирд дорам.
Бале, Умия Арабова аз қабили мутахасисони нодирест, ки дар соҳаи акушерӣ ва амрози занона тамоми умри худро барои саломатии Зан-Модар сарф карда, ба музаффариятҳо комёб гардидааст. Донишу маҳорат, малака ва таҷрибаи бойи тиббӣ, дили меҳрубону дилсӯз, меҳнати босадоқаташ ба ҳазорон занону бонувон наҷот бахшида, барои безавол гаштани ҳаёт ва занони шифоёфта ба ҷамъият, ба оилаи худ баргашта, меҳнат карда истодаанд.
Дар ҳақиқат авроқи зиндагиномаи ин бонуи соҳибмаърифат, табиби ҳозиқ Биумия Арабоваро варақгардон намуда, боз як бори дигар андеша менамоям, ки инсонро маҳз меҳнати ҳалол, хулқу атвори нек азизи мардум, азизи ҷомеа мегардонад. Имрӯз ба чандин нафар шогирдони ин бонуи соҳибном суҳбате оростем, ки ҳар яки онҳо муҳаббатномаҳои худро бо меҳру садоқати беандоза ифшо месозанд. Шогирдонаш Санавбар Азизова, Насибахон Ёқубова, Дилрабо Эшматова, Наимахон Ғаффорова ва чанде дигарон имрӯз паҳлӯ ба паҳлӯи устоди худ фаъолияти босамар доранд.
Яке аз шогирдонаш Санавбар Азизова дар меҳрномаи хеш дар бораи устодаш чунин менигорад: Дар таваллудхонаи мо духтурони соҳибтаҷриба хеле зиёд ҳастанд. Пеш аз ҳама метавон Биумия Арабоваро ном гирифт. Он кас аз дигарон фарқ доранд. Дониши мукаммал, таҷрибаи олӣ, забони ширин, муносибати дӯстонаи хоҳаронаву устодона, маънавиёти баланд ва фарҳанги воло он касро дар байни ҳамкасбони соҳаи акушериву гинекологии ҷомеаи меҳнатии мо ва вилояти Суғд, ҳамзамон, занони вилоят соҳибэҳтиром гардонидааст”.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар китоби “Як ғунча роз”, ки ба Умия Арабова тақдим кардааст, чунин навиштааст: “Барои пизишки номвар, бонуи боиффату солеҳа Умияхон Арабова:
Ҷаҳондон яздон паноҳи ту бод,
Замин тахту гардун кулоҳи ту бод!”.
Дар ҳақиқат ин меҳрномаҳо аз лоиқи таҳсин ва шоистаи ибрати ҷомеа, ҳамдаму дардошно, табиби писандидаи халқ будани Биумия Арабова гувоҳӣ медиҳад. Барои хизматҳои шоён ва меҳнати софдилона, саҳми арзанда дар беҳдошти сиҳатии занону модарон Умия Арбаова ба чандин ифтихорномаю сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд мукофотҳои ташкилотҳои байналмилал сарфароз гардидааст. Ӯ табиби дараҷаи олӣ буда, бо медали “Хизмати шоиста”, нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардидааст.
Биумия Арабова дар оиладорӣ низ зани хушбахт буда, бо ҳамсари ҳаётиашон соҳиби се фарзанду ҳашт набера гардидаанд. Ҳамсарашон Нодирҷон Солиҷонов собиқадори хизмати давлатӣ, дорандаи мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” буда, дар мақомотҳои роҳбарикунандаи вилояту ҷумҳурӣ хизмати басо бузург кардааст ва инчунин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати сеюм мебошад.
Фарзандони онҳо Шӯҳратҷон ҳуқуқшинос, корманди масъули Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умедахон иқтисодчӣ, сармуҳосиби “Бонки рушди Тоҷикистон”, Зебохон пайрави модар буда, табиби амрози занона дар кишвари Олмон фаъолияти босамар дорад.
Гулҷаҳон МАХКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




