-Чӣ гунае, ки як тасодуф масири зиндагии касро куллан тағйир медиҳад, як вохӯрӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ман ва 11 ҷавони шаҳри Исфараро ба шаҳри Душанбе, ба шаҳри орзуву ормонҳо боз намуд, -мегӯяд Бежани  Суғдиён ва он рӯзҳои фараҳбахшу хотирмонро ба ёд меорад.

-Соли 2017 Роҳбари давлат бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд ва бо мардуми сарбаланди ин диёр суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд. Ман низ шарафёб шудам, ки дар қатори дигар баромадкунандагон, бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот дошта бошам. Дар ҳамин вақт, Роҳбари давлат ба роҳбарияти осоишгоҳи “Зумрад” супориш доданд, ки бахшида ба “Соли ҷавонон” ман ва 11 ҷавони дигарро барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино фиристанд. “-Дар “Соли ҷавонон” ҳамин ҷавонро дастгирӣ кунед, дар донишгоҳ мехонад, хатм мекунад, оянда дар ҳамин соҳа, дар ҳамин самт хидмат мекунад”-гуфтанд Пешвои миллат.

Ҳамин тавр, бо супориш, таъкид ва ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари давлат ба таҳсил дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар фаро гирифта шудам ва соли 2023 онро сарбаландона хатм намудам.

Бежан, ки дар оилаи олим, шоир ва рӯзноманигор зода шудааст, аз хурдӣ ба эҷод кардан шавқу рағбати беандоза дошт ва ҳамин буд, ки замони дар литсейи рақами 3-и шаҳр таҳсил кардан, узви фаъоли маҳфили “Суханварон”-и назди қасри фарҳанг буд. Борҳо дар озмуну сабқатҳои эҷодӣ ширкат варзида, шаҳди пирӯзӣ низ чашида буд. Аз ҷумла, ҳанӯз соли 2014 дар озмуни вилоятии “Ҷило” мақоми аввалро касб карда, соли 2016 дар машварати ҷумҳуриявии “Адибони ҷавон”-и назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз шумори пешсафон буд. Ин буд, ки ба худ тахаллуси Суғдиёнро интихоб карда, бо ин ном дар рӯзномаву маҷаллаҳои давр маҳсули қаламашро тез-тез мунташир  мекард.

-Пас аз хатми донишгоҳ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайвастам. Ин мактаби мардонагӣ ба ман имкон дод, ки донишҳои назариявии  худро дар амал татбиқ намоям. Ман, ки дар қисми ҳарбии 0215 -и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба ҳайси фелдшер хизмат кардам. Ҳангоми сӯҳбат бо онҳо кӯшиш мекардам, ки дар қалбашон меҳри ин Ватан, ин хоку ин сарзаминро ҷо намоям, ба онҳо эътимоду боварӣ бахшам. Умуман, хизмат ба Ватан-Модар ба ман ҷасорат, мардонагӣ ва боварӣ ба худро афзун гардонид,-мегӯяд қаҳрамони мо.

Имрӯз ӯ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо ҷавонон фаъолият менамояд. Ҳамзамон, бо тавсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ординатураи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, бо ихтисоси “Асабшинос” таҳсили худро идома медиҳад.

-Замони таҳсил дар донишгоҳ, дар телевизиони “Сафина” ба ҳайси ровии барномаи “Субҳ ба хайр, Тоҷикистон” фаъолият мекардам. Маҳз ҳамин таҷриба имкон дод, ки соли 2020 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шавам. Ҳоло дар баробари кору таҳсил, ба таҳияи маҷмӯаи ашъорам таҳти унвони “Сафинаи умед” банд ҳастам ва боварӣ дорам, ки ин туҳфаи хубе ба истиқболи 35 солагии соҳибистиқлолии кишвари азизам хоҳад шуд,-иброз медорад ҳамсуҳбати мо.

Суҳбат кардан бо ҷавоне, ки ду соҳаро бо ҳам тавъам кардааст, аҷиб аст. Вақте ӯ дар бораи нозукиҳои соҳаи тиб ҳарф мезанад, эҳсос мекунӣ, ки дар риштаи суханшиносӣ таҳсил карда бошад. Зеро агар забони илм расмӣ ва холӣ аз эҳсос бошад, ин ҷавон тавонистааст, ки гуфторашро шевову ширадор кунад.

-Барои табиби асабшинос муҳим аст, ки худ ҷисман солиму бардам бошад. Асаби мустаҳкам дошта бошад, тоқат карда тавонад, таҳаммулпазир бошад.  Дар ҳама ҳолат оромиро нигоҳ дорад ва беморро низ таскин дода тавонад. Чӣ хеле ки мегӯянд, табиб бояд ҳадди ақал 50 фоиз бо сухан табобат карда тавонад. Ман низ кӯшиш мекунам, ки дар навбати аввал на бо дору, балки бо сухан табобат кунам. Ба ӯ боварӣ бахшам, ки ҳатман шифо меёбад, -мегӯяд Бежани Суғдиён.

Қаҳрамони мо пас аз хатми ординатура нақша дорад, ки ба шаҳри Исфара, ба осоишгоҳи “Зумрад” баргашта, ба мардум хизмати босифати тиббӣ расонад.

 

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”