Дар шаҳри Хуҷанд Маркази табобатии «Оилаи солим» зери сарпарастии табиби халқӣ Нарзулло Каримов амал менамояд. Он  бо иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гиёҳдармонӣ фаъолият дорад. Табиби халқӣ  таваҷҷуҳи асосиро ба муолиҷаи бемориҳои мардона, занона ва илтиҳоби узвҳои дохилӣ равона кардааст. Ӯ солҳои зиёд миёни мардум бо табобати бемориҳои душвор, бахусус, простатит ва аденомаи ғадуди простата шинохта шудааст.

Ба гуфтаи ин мутахассис, шамолхӯрии ғадуди простата натанҳо мушкили як шахси бемор аст, балки ба ҳаёти оилавӣ низ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

- Ҳомиладор нашудани занон, сардшавии муносибати зану шавҳар ва зиёд шудани ҷудошавии оилаҳои ҷавон бисёр вақт бо простатит ва сустии камар вобаста аст. Имрӯз тибби расмӣ чунин бемориро бо доруҳои кимиёвӣ ё ҷарроҳӣ табобат мекунад. Бо вуҷуди ин, беморӣ дар бисёр ҳолат ба марҳилаи вазнин мегузарад. Дар ҳамин замина, қисме аз беморон усулҳои табобати табииро санҷиданӣ мешаванд, - афзуд ӯ.

Назар ба гуфтаи Нарзулло Каримов, доруҳои омодасохтааш ба решаи беморӣ таъсир мерасонанд.

 - Доруҳои ман табиӣ мебошанд, мисли антибиотик амал мекунанд, лекин ба микроэлементҳои фоиданоки организм зарар намерасонад, баръакс қавӣ сохта, омилҳои илтиҳобиро нест мекунанд. Мисол, доруи «Таджик I» барои муолиҷаи бемориҳои мардона аст. Он барои табобати простатит ва аденомаи ғадуди простата пешбинӣ шуда, то марҳилаи чоруми ин беморӣ таъсири мусбат мерасонад. Ба таркиби дору равғанҳои табиӣ (тахминан 60%), кислотаҳои равғании олеинӣ, линолӣ, палмитинӣ, стеаринӣ; микроэлементҳои руҳ (цинк), оҳан, калсий, фосфор; витаминҳои A, E, D, бета-каротин дохил мешаванд.  Чунин таркиб ба паст шудани илтиҳоб, беҳтар шудани гардиши хун ва тақвияти фаъолияти узвҳои ҷинсии мардон мусоидат мекунад, - шарҳ дод табиби халқӣ.

Доруи дигари ин гиёҳдармон «Таджик II» ном дорад, ки барои  ҳалли мушкилоти занона аст. Он барои сиҳат кардани бемориҳои эрозияи гарданаки бачадон, миома, систит, кистаҳо ва илтиҳобҳои вобаста ба шамолхӯрӣ истифода мешавад.

- Дар таркиби он аз беш аз 70 фисад равғанҳои табиӣ мавҷуд аст. Боз микроэлементҳои руҳ, оҳан, калсий, фосфор ва витаминҳои гурӯҳи A, E, D низ дорад. Дору таъсири зидди микробӣ ва вирусӣ дошта, барқароршавии бофтаҳоро метезонад, - шарҳ дод Нарзулло Каримов.

Тавре табиби халқӣ афзуд, ҳар бемориро дар вақти зарурӣ дер накарда, метавон табобат кард. Муҳимаш инсон нисбат ба саломатии худ бетараф набошад. Дар ин замина, таҷрибаи гиёҳдармонӣ дар баробари тибби муосир метавонад, ки як роҳи иловагии муассир барои беҳтар кардани сифати зиндагӣ бошад.

Зимнан, сардори шуъбаи назорати давлатии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои тиббии ғайридавлатии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Малика Қосимова дар суҳбат  зикр  дошт, ки Тоҷикистон дорои захираи бойи гиёҳҳои шифобахш мебошад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳудуди кишвар беш аз 6 ҳазор навъи гиёҳи шифобахш ба қайд гирифта шудааст ва истифодаи дурусти онҳо дар рушди тибби анъанавӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ саҳми назаррас мегузорад.

Ба таъкиди номзади илмҳои тибб Малика Қосимова, дар баробари ин имкониятҳо масъалаи танзими фаъолияти табибони халқӣ низ муҳим аст.

- Баъзе ашхос ҳангоми шикастан ва ё лат хӯрдани пойу даст ба назди табиби халқии шикастабанд, ки бидуни бақайдгирӣ фаъолият мекунад, мераванд. Чунин амал аз нигоҳи тибби муосир қобили қабул нест, зеро ҳар гуна осеби устухон бояд пеш аз ҳама аз ташхиси дақиқи тиббӣ гузарад ва баъдан табобат таъин карда шавад. Дар ҳамин замина, мақомоти масъул талош доранд, ки фаъолияти табибони халқиро дар доираи меъёрҳои қонунӣ ба роҳ монанд. Имрӯз табибони халқие, ки бо гиёҳдармонӣ машғуланд, аз қайди давлатӣ гузашта, фаъолияти худро расман ба роҳ мемонанд, - таъкид дошт мавсуф.

Тавре масъулин афзуданд, чунин мутахассисон пеш аз оғози фаъолият аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, соҳиби сертификат ва иҷозатномаи расмӣ мегарданд. Ин иқдом боис ба он мегардад, ки фаъолияти табибони халқӣ танзим гардида, сифати хизматрасонии тиббӣ ва самараи истифодаи оқилонаи гиёҳҳои шифобахш  беҳтару бештар шавад. 

-  Дар деҳоти дурдасти кӯҳистони вилоят, аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент гиёҳҳои гуногуни шифобахш фаровон мерӯянд. Сокинони ин минтақаҳо аз қадим бо усулҳои бобоӣ аз чунин гиёҳҳо истифода мебаранд. Айни ҳол, табибони халқии ин минтақаҳо барои қонунӣ намудани фаъолияти худ аз қайди давлатӣ гузашта, ҳуҷҷатҳои расмии тасдиқкунандаи тиббиро дарёфт карда истодаанд, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Имрӯз сафи табибони халқие, ки мехоҳанд фаъолияти худро расман ба роҳ монанд, меафзояд. Онҳо барои гирифтани иҷозатнома ва ба қайд гирифтани фаъолияти худ ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекунанд.

- Масалан, дар вилояти Суғд соли равон як қатор муассисаҳои хусусии тиббӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар самти гиёҳдармонӣ расман ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, соҳибкорони инфиродӣ Гулнора Абдурауфова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Баҳодир Умурзоқов аз ноҳияи Спитамен, Шарифа Надирова аз ноҳияи Деваштич, Кароматулло Назиров аз шаҳри Бӯстон ва Рашитхон Назиров аз шаҳри Хуҷанд дар самти гиёҳдармонӣ ва пешниҳоди маҳси табобатӣ фаъолияти расмӣ доранд, - илова кард Малика Қосимова.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии давлат ва супоришҳои Пешвои миллат дар муассисаҳои тиббии давлатӣ ва хусусӣ гӯшаҳои гиёҳдармонӣ таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз ин иқдом истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар ва ҳамзамон мутобиқ кардани усулҳои анъанавии табобат ба талаботи тибби муосир мебошад.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”