Дар миёни ҷавононе, ки санаи сеюми октябри соли 2026  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд, Сарвин Сайидов низ ҳаст. Ӯ  зодаи деҳаи  Басмандаи ноҳияи  Деваштич буда, соли 2020   пас аз хатми мактаби миёна бо медали тилло, тариқи буҷавӣ ба Донишгоҳи давлатии  тиббии  Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд ва  соли 2026  бо ихтисоси табиб  анестезиолог-реаниматолог донишгоҳро хатм намуд.

- Пас аз хатми донишгоҳ метавонистам ба фаъолияти касбии худ шурӯъ намоям, аммо дар қалбам эҳсоси масъулият дар назди Ватан ва хоҳиши иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ҷой дошт. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам пеш аз оғози фаъолияти касбӣ хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намоям, - мегӯяд Сарвин.

Сарвин дар давраи донишҷӯӣ   донишгоҳро  бо баҳои  хубу   аъло таҳсил намуда,  аз  ҷониби  ректори донишгоҳ бо стипендияву мукофот қадрдонӣ шудааст.  Иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва конференсияҳои илмӣ низ ба ташаккули дониш ва малакаҳои касбии ӯ мусоидат кардааст.

Бо вуҷуди ин, баъди гирифтани диплом Сарвин тасмим гирифт, ки пеш аз оғози фаъолияти касбӣ як марҳилаи муҳими дигар яъне  хизмати ҳарбиро аз сар гузаронад.

Дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва интихоби роҳи зиндагии Сарвин нақши оила низ назаррас аст.  Падару модар аз кӯдакӣ дар қалби фарзандон муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба инсон, меҳнатдӯстӣ ва донишомӯзиро парвариш намудаанд. Ҳамзамон, дар роҳи донишомӯзӣ ва ташаккули шахсияти ӯ саҳми устодон низ муҳим аст.

Сарвин аз устодони хеш Акбарҷон Азимов ва Парвизҷон Азимов ёдовар шуда, мегӯяд, ки онҳо аз давраи мактабӣ то имрӯз бо маслиҳату роҳнамоӣ ӯро дар роҳи донишомӯзӣ ва интихоби роҳи дурусти зиндагӣ дастгирӣ кардаанд.

- Бисёре аз дастовардҳои имрӯзаи ман маҳсули меҳнати танҳо худам нест. Дар паси онҳо меҳнати устодоне низ ҳаст, ки ба ман роҳи дониш ва худсозиро нишон доданд, - афзуд Сарвин.

Дар ин оила эҳтиром ба меҳнат, дониш ва хизмати ҷомеа арзиши муҳим ба ҳисоб меравад.  Бародари калонии Сарвин Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро дар шаҳри Душанбе тариқи буҷавӣ хатм намуда,  имрӯз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст. 

Бародари хурдӣ - Сироҷиддин Сайидов, донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Ӯ низ баъди хатми донишгоҳ ният дорад хизмати ҳарбиро адо кунад. 

Сарвин мегӯяд, ки дар оила тарбияи дуруст, донишомӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ ҳамчун пояи интихоби роҳи оянда ҷойгоҳи махсус дорад. Аз ин рӯ, интихоби хизмати ҳарбӣ барои ӯ тасмими якрӯза нест, балки идомаи ҳамон арзишҳоест, ки дар оила ва муҳити таълиму тарбия ташаккул ёфтаанд.

Худи Сарвин ояндаи худро пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар соҳаи тиб мебинад. Ӯ ният дорад ба роҳи касбии худ баргашта, дониш ва таҷрибаи андӯхтаашро барои хизмати мардум истифода кунад.

- Агар имрӯз бо либоси сарбоз барои ҳифзи Ватан хизмат кунам, фардо бо либоси табиб барои ҳифзи саломатии фарзандони ҳамин Ватан хизмат хоҳам кард.  Барои ман табиб будан танҳо касб нест, ин масъулият, шараф ва роҳи хизмат ба инсон аст,- иброз дошт ӯ.

Ҷавоне, ки бо медали тилло мактабро хатм кард, шаш сол дониш омӯхт, соҳибкасб шуд ва  акнун  дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба Ватан хизмат мекунад то фардо ҳамчун табиб барои  ҳифзи солимии миллат  саҳм гузорад.  

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»