Бо нафаре ҳамсуҳбат шудем, ки боиси аз ҳолати гирифторшавӣ ба нашъамандӣ баъди табобат дар Маркази наркологии вилояти Суғд саломатиаш рӯ ба беҳбудӣ овардаасту алҳол зиндагии осуда дорад.  Нашъамандию майзадагии музмин омилҳои хатарноки паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инкишофи бемориҳои ҷиддии узвҳои системаи асаб, дилу рагҳо ва бемориҳои музмин ба шумор меравад. Барои пешгирии беморӣ ҳамасола тадбирҳои судманд андешида мешаванд, ки яке аз онҳо Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ба шумор меравад.

Бояд иброз намуд, ки аз 1-уми январи соли 2011 то 9 моҳаи соли 2026 дар вилояти Суғд 1079 бемори нашъаманд табобати ҷойивазкунандаро гирифтанд, ки 23 нафарашон зан мебошанд. Давоми 9 моҳи соли равон бошад, марказ 31 нафар гирифторони нашъаро бо табобати ҷойивазкунанда қабул кардааст. Дар маркази солимгардонии руҳ ва наркологии шаҳри Панҷакент бо дастгирии фонди глобалӣ зери табобати ҷойивазкунанда айни замон 109 нафар, аз ҷумла 3 зан қарор доранд. Дар шуъбаи наркологии беморхонаи шаҳри Бӯстон бошад, бо дастгирии ташкилоти байналмилалии СДС 47 нафар ва дар диспансери наркологии шаҳри Истаравшан 20 нафар бемор табобати ҷойивазкунандаро гирифта истодаанд. 

Иброз бояд дошт, ки дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 90 кати наркологӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд 20 кат, Истаравшан 10, Конибодом 10, Исфара 10, Бӯстон 10 ва Панҷакент 10 буда, барои ташхис, пешгирии табобат ва барқароркунии беморони мубталои нашъамандӣ ва заҳрмандӣ ба аҳолӣ хизмати тахассусии наркологӣ мерасонанд. Ҷоизи қайд аст, ки дар назди ҳамаи беморхонаи марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳуҷраҳои наркологӣ амал намуда, бо телефони боварӣ таъминанд. Табиб-наркологҳо, кормандони иҷтимоӣ волонтёрҳо ва аутрич-коргарҳо барои пешгирии нашъамандӣ дар оилаҳое, ки фарзандонашон дар муассисаҳои наркологӣ табобат мегиранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. 

Дар қайди муассисаҳои наркологии вилояти Суғд давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 819 нафар беморони нашъаманд қарор доранд. Аз инҳо 796 мард ва 23 нафарашон зан мебошанд. Дар ин муддат 38 нафар ба қайд гирифта шуда, 47 нафар аз қайд бароварда шудаанд. Теъдоди нашъамандони синну солашон аз 18 то 34 сола 63 (2 зан), аз 35 то 59 сола 740 (20 зан) ва аз 60 сола боло 16 (1 зан) мебошад. Истеъмолкунандагони героин 301 (15 зан), нашъамандони тавассути сӯзандору 214 нафар, истеъмолкунандагони гурӯҳи бангдонаҳо  121 (3 зан) ва гирифторони гурӯҳи афюнҳо 127 (1зан), ҳамчунин бисёрнашъамандиҳо 70 нафар ва опиидҳои намуди дигар 156 нафар воситаҳои седетивӣ ва бензодиазепанҳо 44 (4 зан) мебошанд. Истеъмолкунандагони маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки гирифтори беморӣ нестанд, дар ҳудуди вилоят 254 нафаранд.

Абдулатиф  (номи ивазшуда), баъди чанд соли гирифторшавӣ ва табобат дар маркази наркологӣ ба зиндагии “дубора” баргаштааст.                                  

- Бори аввал соли 2018, ҳангоме ки дар Федератсияи Русия донишҷӯи соли дуввум будам, гирифтор шуда, ҳиссиёти руҳиамро аз даст додам. Азбаски он замон вазъияти ногувори оилавӣ доштам, гирифторшавӣ осон шуд. Ҳамсабақу ҳамхонаам Иван боре бароям як ҳаб (таблетка)-ро дода, гуфт, ки истеъмол намоям, тамоми хастагиҳоям бартараф мешаваду мушкилиҳои рӯзгор аз майнаи сарам бартараф  хоҳад шуд. 

Истеъмоли дору бароям “фоида” овард. Чанд муддат дар ҳолати хурсандӣ ва ҳиссиёту ҳаяҷони шодиомез қарор доштам. Аммо баъди чанд вақт боз ҳамон фикрҳои мағшуш ва ногувор дар майнаи сарам давр мезаданд. Ба назди рафиқам рафта, хоҳиш намудам, ки аз он доруи дарди сар бароям диҳад. Дар ҷавоб ӯ гуфт, ки “дору ҳаст, аммо ройгон дода намешавад”. Он замон ман дар баробари донишҷӯ будан, барои таъмин намудани эҳтиёҷоти рӯзгор дар коргоҳи шустани мошинҳо кор мекардам. Маро лозим меомад, ки дарди сарамро бартараф намоям. Ҳамин тавр ман вобастаи дору шудам. Боре маро ба як маҳфил даъват карданд. Баъди андаке хӯрдану нӯшидан дидам, ки бачаҳо ба якдигар сӯзандору мезаданд. Таваҷҷуҳам бештар гардиду аз онҳо пурсидам, ки “инаш бо чӣ хел дору?” Чун шунидам, ки сӯзандору аз “дору”-и пештара пурқувваттару таъсирноктар аст, хоҳиши истифодаи онро пайдо кардам. Дигар ман будаму оромиши ман, аммо мутаассифона он муваққатӣ буд. Агар “дору” истеъмол намекардам, маро дарди сари сахт фарогир мешуд, танам аз хастагӣ азият мекашид, доим асабӣ мегаштам, мехостам алами дилро аз аҳли хонавода, падару модар, ҳамсар, фарзандон ва дигар ёру дӯстон, ки бароям дигар маблағ намедоданд, барорам. 

Аз Русия соли 2019 ба Ватан баргаштам. Аллакай он вақт ман тиҷорати хурди худро оғоз карда, якчанд мағозаи худро доштам ва аз ҳисоби он эҳтиёҷоти рӯзгорро таъмин мекардам. Баъди чанд вақти мубталои маводи мухаддир шудан ҳам тиҷоратамро аз даст додаму ҳам аз оила дур шудам. Зеро тамоми даромади мағозаро гирифта, сарфи истифодаи маводи мухаддир мекардаму дар ҳолати андаке дур шудан аз он маро ҳиссиёти тарсу ваҳм, ноумедӣ, фаромӯшхотирӣ фарогир мешуд. Соли 2023 аҳли оила маро ба Маркази наркологии вилояти Суғд бистарӣ карданд. Таваҷҷуҳи пайваста, муолиҷаи ивазкунандаи маводи мухаддир, ғамхории наздикону пайвандон маро водор намуд, ки аз роҳи пешгирифтаам даст кашам.

Хушбахтона, тӯли якуним соле, ки дар ин марказ муолиҷа гирифтам, тавассути лоиҳаи табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон ман роҳи зиндагиамро дигаргун сохтам, тиҷорати худро дубора барқарор намудам.

Ҳамарӯза ба марказ омада, вояи худро дар соати муқаррар истеъмол менамоям ва ба корҳои худ машғул мешавам.

Ба нафароне, ки гирифтори бемории нашъамандӣ ҳастанд, гуфтаниам: ҳоло, ки дер нашудааст, аз кирдори худ даст кашед. Духтурони Маркази наркологии вилояти Суғд омода ҳастанд, ки ба Шумо дасти ёрӣ дароз намоянд. Фақат, ирода, хоҳиш ва масъулият метавонад моро аз ин вартаи нобудӣ халос намояд, - иброз дошт Абдусамад.

Бино ба иттилои табиб-нарколог Аҳрорхӯҷа Маҳмудов истеъмоли ҳабҳои нашъадор пеш аз ҳама, ба узвҳои ҳозима зарар расонда, баъдан ба тамоми узвҳои тан таъсир мерасонад. Гирифторони ин беморӣ ҳамеша хастаҳол менамоянд, иштиҳо баста шуда, бештар ба ҷигар таъсиррасон аст. Ҳамчунин, метавонад, талхадон, меъда, рӯда ва дигар узвҳои ҳозима зарар бинад. Истеъмоли маводи нашъадор, ҳамчунин нӯшокиҳои спиртӣ метавонад дар майнаи сар нуқтаи майдатарин захмеро ба вуҷуд оварад, ки боиси гирифторӣ ва ё ба истилоҳ  низ таъсиррасон бошад. 

Истеъмоли маводи мухаддир махсусан ба майнаи сар таъсири ҷиддӣ мерасонад ва дар мавзеи майнаи сар як нуқта ва ё захмеро ба вуҷуд меоварад, ки дар шахс “хумори вобастагӣ” пайдо менамояд. Маҳз маслиҳат бо табибон – наркологҳо, пинҳон надоштани беморӣ, табобати саривақтӣ метавонад беморро аз ҳолати гирифторшавӣ берун созад. Мутаассифона, майзадагону гирифторони маводи мухаддир баъди табобат масъулияти худро эҳсос намекунанд ва баъди чанд муддат дубора ба ҳолати “ремиссия” гирифтор мешаванд, ки нигаронкунанда аст.

Нашъамандию майзадагӣ бемории вазнини руҳию ҷисмониест, ки дар натиҷаи истеъмоли маводи мухаддир  ба вуҷуд омада, боиси вобастагии шадиди инсон мегардад. Гирифторшавӣ ба ин намуди беморӣ ба вайроншавӣ ва харобшавии кори системаи асаб, мағзи сар, корношоям ва осеб дидани узвҳои муҳими бадан: дил, гурда, ҷигар, баста шудани роҳҳои нафас, паст шудани масъуният ва гирифтор шудан ба бемориҳои сироятии хавфнок мисли ВИЧ/СПИД ва гепатит ҳангоми истифодаи сӯзанҳои муштарак ва аз ҳама нигароникунандааш пеш аз вақт ба марг оварда расондан мебошад. Дар бораи азияти аз даст додани тавозуни ақлонӣ ва тағйир ёфтани шахсияти инсон, гирифторӣ ба ҳолати депрессия, хашмгинӣ, фишори руҳӣ ва худкушӣ ҳоҷати сухан ҳам нест. Агар вайроншавии муносибатҳои оилавӣ ва азобу уқубатҳои наздикон, гирифторшавӣ ба мушкилоти иқтисодии оилавӣ ва аз ҳама дарднокаш, афзоиши ҷинояткорӣ дар мамлакатро ба риштаи таҳлил бикашем, ин ҳолат нигароникунанда боқӣ мемонад.

Ҳарчанд барои мубориза бо ин хатари глобалӣ дар кишвар сиёсати давлатӣ амалӣ мешавад, тадбирҳои мушаххас дар ин бобат андешида мешаванд, “Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор барои солҳои 2021-2030” қабул гардидааст, ки мақсади он пешгирӣ ва коҳиш додани ин беморӣ дар ҷомеа аст, аммо бо вуҷуди он теъдоди истифодабарандагони он рӯ ба афзоиш дорад.

Биёед, якҷоя бо аҳли хонавода, ҷомеаи меҳнатии муассисаҳои таълимӣ, бо рафиқону ҳамсояҳо ва хешу табор бар зидди нашъаҷаллобӣ мубориза барем ва дарк намоем, ки нашъамандӣ раҳоӣ аз бенавоӣ набуда, балки сароғози ҳама бадбахтиҳост.

Шоира САЛИМОВА,

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”