Дар доираи иқдоми "Корвони  журналистон", ки бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад, намояндагони ВАО – и дохиливу хориҷӣ  бо дастовардҳои  шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ки дар арсаҳои гуногун соҳиб шуданд, шинос мешаванд. Дар рӯзи нахустини сафар рӯзноманигорон бо якчанд иншооти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хуҷанд шинос шуданд.

ИМКОНОТИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КЛИНИКИИ №1-И ШАҲРИ ХУҶАНД

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ муҳайё сохтани имконият ва шароити беҳтари муассисаҳои тандурустӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфт.

Ҳадафи ба истифода додани бинои нави Беморхонаи клиникии №1 шаҳри Хуҷанд низ дар беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ арзёбӣ мешавад.

Дар бинои нави ин беморхона миқдори шуъбаҳо  ба 18 ва катҳои бистарӣ ба 660 расид. Акнун муассисаи тиббӣ имкон дорад, ки  шумораи бештари беморонро бо ташхису табобати босифат фаро гирад. Дар баробари ин, сарбории муассисаҳои дигари тиббӣ коҳиш меёбад.

Эҳсон Саидов сартабиби Беморхонаи клиникии №1 шаҳри Хуҷанд зимни суҳбат гуфт, ки дар шуъбаҳои навтаъсиси қабул, эҳё ва наҷот, ҷарроҳии фаврии асаб, урология, амрози занона, осебшиносӣ ва ортопедия бо усулҳои нави ташхису табобат роҳандозӣ шуд.

Ҳамзамон, муассисаи тиббӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла томографияи рақамӣ, рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои сабти барқии дил, нафасдиҳии сунъӣ ва ташхиси ултрасадо таъмин гардид. Таҷҳизоти махсус барои ташхис ва табобати бемориҳои гурда ва дастгоҳҳои безараргардонӣ аз кишварҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Русия ва Чин ворид шуд.

Эҳсон Саидов илова кард, ки бо истифодаи технологияҳои муосир ҷарроҳиҳои нав дар беморхона ба роҳ монда мешаванд.

- Имрӯз мо ҷарроҳиҳои бариатрикӣ, лапароскопии бемориҳои гурда ва муолиҷаи чурраҳои ковокии шикамро бо усулҳои камосеб анҷом медиҳем. Ин навъи ҷарроҳиҳо барои беморон бехавфтар буда, давраи барқароршавиро кӯтоҳ мекунад, -  таъкид дошт мавсуф.

ҚАДАМҲОИ НАВ ДАР СОҲАИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯ

Бо афзоиши бемориҳои эндокринологӣ, бахусус диабети қанд, фарбеҳӣ ва бемориҳои ғадуди зери меъда таъсиси марказҳои муосири ташхису табобатӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бештар аз пештар пайдо мекунад. Дар чунин шароит ифтитоҳи бинои нави Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ба номи Ҷаҳон Набиев дар роҳи беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ қадами муҳим арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи сартабиби Маркази эндокринологии вилояти Суғд Алишер Набизода, ифтитоҳи бинои нав имкониятҳои муассисаро ба маротиб афзуд.

- Солҳои охир шумораи гирифторони бемориҳои эндокринологӣ, махсусан диабети қанд ва фарбеҳӣ рӯ ба афзоиш дорад. Бунёди маркази муосир ба мо имконият медиҳад, ки ташхис ва табобатро дар сатҳи баланд ба роҳ монем ва сатҳи хизматрасонии тиббиро беҳтар гардонем, - таъкид намуд ӯ.

Яке аз навгониҳои муҳими марказ таъсиси чор шуъбаи нав - шуъбаи қабул, ҷарроҳӣ, бемориҳои ҷоғар ва кӯдакона мебошад. Махсусан, таъсиси шуъбаи кӯдакона барои табобати бемориҳои эндокринӣ миёни кӯдакон аҳамияти калон дорад, зеро солҳои охир чунин бемориҳо дар байни наврасон низ бештар ба мушоҳида мерасанд. Масалан, тибқи иттилои масъулон дар вилояти Суғд дар се моҳи соли ҷорӣ 26 ҳазор бемори гирифтори фарбеҳӣ ба қайд гирифтанд, ки аз ин ҳисоб 8 фисади онҳо кӯдаконанд.

Тавре Алишер Набизода иттилоъ дод, харидани дорувории зарурӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо дастгирии шахсии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ҳар сол то 220 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад.

БЕҲБУДИИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР СОҲАИ САРАТОНШИНОСӢ

Бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд барои 200 кат сохта шуда, аз лиҳози тарҳ ва имконияти фароҳамгардида дар самти ташхису табобат, камназир аст. Ҳайати корвони журналистон бо фаъолияти ин муассиса низ шинос шуданд.

Тавре директори марказ Бахтиёр Орифӣ афзуд, дар бинои нав қабул, ташхис ва табобати беморон бо низоми мутамаркази электронӣ сурат мегирад.

- Дар натиҷаи омӯзишҳои пайвастаи табибон 26 намуди амалиёти ҷадиди ҷарроҳӣ, 12 намуди усули муолиҷаи кимиёвӣ бо нақшаҳои нав ва иловатан 18 намуди таҳлили гуногун роҳандозӣ гардид, - илова кард мавсуф.

Бунёди иншооти болозикри соҳаи тибб дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, яке аз намунаҳои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Ёдовар мешавем, ки биноҳои нави ин муассисаҳо  18-уми ноябри соли 2025 аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Таҷдиду навсозии муассисаҳои тиббӣ дар доираи татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”  амалӣ гардид, ки барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ саҳми муассир мегузорад.

АФЗОИШИ МАҲСУЛОТИ СОДИРОТИИ КОРХОНАҲОИ “АЗИЯПОЛИТЕКС” ВА “АРЧА”

ҶДММ “Азияполитекс” ҳамчун субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар бозор бо истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир шнохта шудааст. Корхона бо истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми полипропиленӣ машғул буда, имрӯз маҳсулоти худро ба бозорҳои хориҷӣ содирот мекунад. Айни замон он 100 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардааст. Иқтидори истеҳсолии корхона ба 900 тонна маҳсулот дар як сол баробар аст. 

Муовини директори “Азияполитекс” Азимхон Тураев  гуфт, ки корхона имрӯз дар як моҳ зиёда аз 100 тонна маҳсулоти полиэтиленӣ истеҳсол мекунад.

- Маҳсулоти корхона ба кишварҳои Русия, Беларус ва Қазоқистон содирот мешавад. Ҳоло барои пайдо кардани бозорҳои нави фурӯш ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот кор бурда истодаем, - иброз дошт ӯ.

Яке аз кормандони корхона Гулчеҳра Исоева аст, ки ба ҳайси дӯзанда фаъолият дорад. Ӯ ҳангоми суҳбат гуфт, дар як рӯз то 110 халтаи калонҳаҷм медӯзад.

- Шароити кор дар корхона хуб аст. Мо бо хӯроки гарм, нақлиёти хизматӣ таъмин ҳастем. Ҳар моҳ то 3 ҳазор сомонӣ маош мегирем, - гуфт номбурда. Дилдора Ҳакимова низ чанде пеш дар бахши бофандагии корхона фаъолиятро оғоз кард. Вай нозукиҳои касби бофандагиро дар муддати кӯтоҳ аз худ намуд.

- Дар як рӯз аз 360 то 450 метр матои полиэтиленӣ истеҳсол мекунем. Ин кор ба ман писанд аст. Кӯшиш мекунам, ки забони кор кардан бо  дастгоҳҳоро хуб ёд гирам, то кори истеҳсолот бемонеа пеш равад. Ҳангоми бофандагӣ бештар ба сифати матоъ аҳамият медиҳем. Пеш аз оғози фаъолият бо техникаи бехатарӣ пурра шинос шудем, - афзуд бофанда.

Ҳайати корвон бо фаъолияти субъекти дигари Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”- корхонаи “Арча Мебел” шинос шуданд. Он бо истеҳсоли мебелҳо, дару тирезаҳо машғул мебошад. Ин корхона ҳанӯз соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ ёфта буд. Имрӯз низ он фаъолияти мунтазам дорад. 

Дар ин ҷо Абдурасул Юсупов як сол боз ҳамчун қолабсози дар кор мекунад. Ӯ дар як рӯзи корӣ то 50 қолаби дарро сохта, маҳсулоти нимтайёрро ба дасти ҳамкорони пардозгару рандагараш медиҳад.

Дар баробари ин, Мавзуна Ҳайдарова тахтаҳоро мувофиқи андозаи дарҳои гуногун бурида, бо ширеш  пайваст сохта, ба дасти устои қолабсоз Абдурасул медиҳад. Дар коргоҳ ин бону 3 сол боз бо коркарди тахтаҳои гуногун машғул аст.   

- Ба дасти мо 3 намуд тахта, аз ҷумла сосна, (як намуди арча) дуб ва река (амад)-ҳои тайёр меояд. Мо онҳоро коркард сохта, ҷойҳои захмдорашро бурида, бо андозаи лозимӣ бурида, бо ширеш ба ҳам пайват мекунем. Дар як рӯз мувофиқи фармоиш то 500 тахтаро барои қолабҳои дарҳо мебурем, - гуфт Мавзуна.

ТАВАҶҶУҲИ РӮЗАФЗУН БА СОҲАИ МАОРИФ

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру навоҳии вилоят раванди  бунёди мактабу боғча вусъат пайдо кард. Имрӯз дар деҳоти дурдаст низ даҳҳо муассисаҳои нави таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ мешаванд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28- и шаҳри Хуҷанд низ аз қабили он иншооти навбунёдест, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 - умин солгарди Истиқололи давлатӣ  сохта ба истифода дода шуд.

Ҳоло шумораи хонандагон ба 1090 нафар расида, таълим дар ду баст ба роҳ монда шудааст.

Директори муассиса Роҳат Мавлянова ба ҳайати корвони журналистон иттилоъ дод, ки бунёди бинои нав имкониятҳои таълиму тарбияро ба маротиб беҳтар намуд.

-  Имрӯз барои хонандагон тамоми шароити зарурӣ муҳайё шудааст. Дар муассиса 20 синфхонаи таълимӣ ва 8 кабинети махсуси фаннӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин, кабинетҳои лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва синфхонаҳои компютерӣ бо интернети баландсуръат таъсис ёфт. Боз китобхонаи электронӣ амал мекунад, ки хонандагон ба захираи васеи адабиёти таълимӣ ва бадеӣ дастрасӣ доранд. маҷлисгоҳ бо 160 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, ошхона, машқгоҳи тирандозӣ ва ҳуҷраи тиббӣ бунёд гардидааст. Ин ҳама аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлат ба соҳаи маориф шаҳодат медиҳад, - иброз дошт ӯ.

Таваҷҷуҳ ба рушди таҳсилоти томактабӣ низ дар солҳои охир ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мубаддал шудааст. Бунёди кӯдакистонҳои замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят имконият фароҳам меорад, ки кӯдакон аз синни хурдсолӣ ба муҳити солими таълиму тарбия ҷалб шаванд. Муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол» яке аз чунин кӯдакистонҳои муосир мебошад. Онро Пешвои муаззами миллат таърихи 11 – уми апрели соли 2024 зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд.

-  Дар кӯдакистон омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ба рушди ҷаҳонбинӣ ва малакаҳои забондонии кӯдакон мусоидат мекунад. Бинои наву замонавӣ буда, аз се ошёна иборат аст. Ҳоло дар муассиса 28 гурӯҳ мавҷуд буда, дар онҳо 840 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Айни замон 32 нафар омӯзгор ва мураббияҳои соҳибтаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд, - гуфт Дилафрӯз Юсупова корманди муассисаи болозикр.

Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 51 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо беш аз 12 ҳазору 246 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Ин нишондиҳанда аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлат ба рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас дарак медиҳад.

БУНЁДИ ИНШООТИ НАВИ ВАРЗИШӢ

Бунёди толору майдонҳои замонавӣ барои оммавигардонии тарзи ҳаёти солим ва омода намудани варзишгарони ҳирфаӣ заминаи мусоид мегузорад. Аз ин ҷост, ки ифтитоҳи Маҷмааи варзишии «Суғд-Арена» дар шаҳри Хуҷанд рӯйдоди муҳим барои ҷомеаи варзишии вилояти Суғд арзёбӣ мешавад. Он санаи 29 - уми  марти соли ҷорӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ ёфт.

Маҷмааи варзишӣ дорои 11 толори барҳавои варзишӣ мебошад. Толори асосии он барои 1000 нафар тамошобин пешбинӣ шудааст.  Дар он мусобиқаҳои сатҳи гуногунро метавон баргузор кард.

- Имрӯз наврасону ҷавонон имконият пайдо карданд, ки дар толорҳои мо аз рӯи 14 намуди варзиш тамрин намоянд. Мо мехоҳем, ки насли нав бештар ба варзиш ҷалб шаванд, тарзи ҳаёти солимро интихоб кунанд ва дар оянда парчами кишварро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ баланд бардоранд. Яке аз қисматҳои муҳими маҷмаа варзишгоҳи футбол мебошад, ки дорои 3000 ҷойи нишаст аст. Албатта, чунин шароит барои ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва тарбияи варзишгарони касбӣ заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт, - изҳор дошт директори Маҷмааи варзишии «Суғд-Арена» Мамадҷон Наримонзода. 

Дар маҷмуъ, сафари корвони журналистон ба шаҳри Хуҷанд бори дигар нишон дод, ки маркази вилояти Суғд барои сазовор ҷашн гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ қадамҳои устувор мемонад.  Бештар аз пештар хуб шудани вазъи иқтисодиву иқтимоии шаҳру вилоят далели фикри болоист. Корвони рӯзноманигорон ба дигар шаҳру навоҳии вилоят низ сафар намуда, бо дастовардҳои онҳо шинос хоҳад шуд.

 

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”