Пайғоми идона ба ҳамшираи шафқат

Сайидамин ҶИЛО

Меҳрона чу омад,

Ҳар дарду ғамам рафт.

Ин ашки ҷигарсӯз

Аз чашми  намам рафт.

Ӯ  муъҷизакор  аст,

Чун хоҳари  шафқат.

Аз тан бикунад  дур

Сад ранҷу  машаққат.

Дар  боби  табобат

Чӣ беш мададгор?

Ё дорую  сӯзан,

Ё лафзи  шакарбор?

Аз ҳар амали  хайр

Чун ғунча шукуфон.

Дар гулшани  некӣ

Бошад гули  хандон.

Бо қомати боло,

Шамшоду  санавбар.

Чашмони  сиёҳаш

Равшангару  раҳбар.

Ин бонуйи  зебо,

Аз аҳли биҳишт  аст.

Ҳастии  вай Эзид

Бо хайр  сириштаст.

Зинҳор, надонад,

Андӯҳу  ғамеро,

Зинҳор  набинад,

Ӯ  рӯйи  камиро!

Хоҳам, ки бигардад,

Бо бахту  саодат.

Бо хешу  табораш,

Мӯнис  ҳама соат!