Солҳои охир соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба марҳалаи сифатан нав ворид шудааст. Ин тағйирот на танҳо дар афзоиши маблағгузорӣ, балки дар ҷорӣ гардидани усулҳои муосири ташхис ва ҷарроҳӣ, боло рафтани сатҳи тахассуси мутахассисон ва васеъ шудани доираи хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ равшан эҳсос мегардад. Ҷарроҳии муосир, ки қаблан танҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ ё хориҷи кишвар дастрас буд, имрӯз тадриҷан дар дохили вилоят низ амалӣ мегардад.

Яке аз самтҳои калидии рушди соҳа таҷҳизонидани муассисаҳои тиббӣ бо дастгоҳҳои муосири эндоскопӣ ва лапароскопӣ мебошад. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо чунин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардид. Дар натиҷа, дар шуъбаи гӯш, гулӯ ва бинии кӯдакона ҷарроҳиҳои бинӣ ва гулӯ бо усули эндоскопӣ ба роҳ монда шуданд, ки ин усулҳо осебнокии кам дошта, давраи  барқароршавии беморонро кӯтоҳ мекунанд.

Дар шуъбаи ҷарроҳии асаб, баъди дастрас гардидани таҷҳизоти эндоскопӣ, ҷарроҳии чурраи тағояк бо усули эндоскопӣ ба 30 нафар бемор бомуваффақият анҷом дода шуд. Ин намуди амалиёт, ки қаблан танҳо дар марказҳои махсусгардонидашуда анҷом меёфт, имрӯз дар дохили вилоят дастрас гардида, зарурияти сафари беморон ба хориҷ барои ҷарроҳиро аз байн бурд.

- Дар шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина низ ҷарроҳиҳои мураккаб, аз ҷумла реканализатсияи трахея бо гузоштани найчаи Т-шакл ва бартарафсозии носури пешдевори гардан ба ду нафар бемор анҷом дода шуданд. Дар шуъбаи урология ҷарроҳии «облятсияи нури голминӣ ҳангоми лейкоплакияи пешобдон» ба 24 нафар бемор гузаронида шуд. Ҳамзамон, мутахассисон ба 10 нафар бемор амалиёти гузоштани стендҳо ба рагҳои майнаи сар ҳангоми тангшавиро бо натиҷаҳои мусбат анҷом доданд, ки ин аз боло рафтани сатҳи омодагии касбии ҷарроҳон дарак медиҳад, - шарҳ дод сармутахассиси соҳаи ҷарроҳии Раёсати тандурустии вилояти Суғд Баҳодур Ӯрунов.

Дар соли сипаришуда бо ворид гардидани дастгоҳи эндоскопӣ ба Маркази саратоншиносии вилояти Суғд низ ҷарроҳии торакоскопӣ ҳангоми омосҳои қафаси сина ба роҳ монда шуд. Дар ин марказ ба 30 нафар бемор амалиёти каминвазивӣ ва лимфоденэктомия, ба 3 нафар ларингэктомия, 5 амалиёти нефрэктомияи гурда ва амалиёти мураккаби эзофагэктомия бо усули Айвора Люис анҷом дода шудаанд.

Баҳодур Ӯрунов бар ин назар аст, ки ҷорӣ гардидани усулҳои муосири каминвазивӣ ва эндоскопӣ имкон дод, ки амалиёти қаблан душвор дар дохили вилоят анҷом дода шаванд, вақти барқароршавии беморон кӯтоҳ гардад ва сифати табобат ба стандартҳои байналмилалӣ наздик шавад.

Дар баробари ин, ҷарроҳии дилу раг низ рушд ёфта истодааст. Айни ҳол дар вилоят як дастгоҳи ангиограф фаъолият дошта, дар соли ҷорӣ 1147 тадқиқоти ангиографӣ гузаронида шудааст. Ба 368 нафар бемор бо бемории рагҳои коронарӣ ва ба 7 нафар бо тангшавии шараёни хобӣ стенд гузошта шудааст. Ҳамчунин, ба 56 нафар бемор бо нуқсонҳои модарзодӣ ва пайдошудаи дил ҷарроҳӣ гузаронида шуда, онҳо ба зиндагии муқаррарӣ баргардонида шуданд.

Дар баробари ин, дар муассисаҳои дигар низ пешрафтҳои назаррас ба қайд гирифта шуданд. Мисол, дар соли гузашта дар Дармонгоҳи стоматологии вилояти Суғд таҷҳизоти муосир, аз ҷумла ортопантомограф, апекслокатор, эндомотор, таҷҳизоти имплантатсия ва плазмалифтинг дастрас гардида, усулҳои нави муолиҷаи дандон ҷорӣ шуданд.

Дар Беморхонаи клиникавии №1 шаҳри Хуҷанд ба номи С. Ӯрунов дар шуъбаи ҷарроҳии бачагона 3 усули нави ҷарроҳӣ, аз ҷумла амалиёти  мураккаби қафаси сина ва рӯда, бомуваффақият анҷом дода шуданд. Дар шуъбаи ҷарроҳии калонсолон бошад, усули нави лапароскопии ТАРР барои муолиҷаи чурраи қадкашак мавриди истифода қарор гирифт.

- Ҳадафи мутахассисон на танҳо зиёд намудани шумораи амалиёт, балки таъмин намудани ҷарроҳии бехатар, муосир ва дастрас барои ҳар як сокини вилоят мебошад. Масалан, аз ҷониби ҷарроҳони рагҳо 407 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 амалиёт зиёд буда, бо бемории ишемияи дил 136 нафар (2024- 102 нафар), бо номураттабии кори дил 38 нафар (2024- 31 нафар) ташхис медиҳад. Бо бемории нуқсони модарзодӣ ва пайдошудаи дил ба 56 нафар бемор ҷарроҳӣ гузаронида, солим гардонида шуданд, - иттилоъ дод Баҳодур Ӯрунов.

Гуфта мешавад, ки рушди ҷарроҳии муосир бидуни такмили ихтисоси кадрҳо ғайриимкон аст. Дар ин замина, як зумра табибони вилояти Суғд дар шаҳрҳои Мумбай (Ҳиндустон), Истанбул (Туркия), Самара (Русия) ва пойтахти кишвар шаҳри Душанбе курсҳои омӯзишӣ гузашта, таҷрибаи байналмилалиро аз худ намуданд. Ин раванд ҳамчун заминаи устувор барои рушди минбаъдаи ҷарроҳии муосир дар минтақа арзёбӣ мегардад.

Таҳлил нишон медиҳад, ки ҷарроҳии муосир дар вилояти Суғд аз марҳалаи таҷрибавӣ гузашта, ба зинаи натиҷаҳои воқеӣ ворид шудааст. Коҳиш ёфтани ниёз ба муолиҷа дар хориҷи кишвар, васеъ шудани дастрасии аҳолӣ ба ҷарроҳии босифат ва баланд шудани сатҳи эътимод ба тибби минтақавӣ гувоҳи он аст, ки фаъолият дар соҳа тадриҷан пурсамар мешавад.

 

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”