Дар вилояти Суғд 23 ҳазору 140 нафар бо бемории диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамзамон, таҳти назорати мутахассисони соҳа 27 ҳазору 980 нафар гирифтори фарбеҳӣ қарор дошта, танҳо дар шаш моҳи соли 2026-ум 2 ҳазору 457 нафар бори аввал ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 688 нафар зиёд аст.
Ин рақамҳо дар нишасти матбуотии муштараки Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баён гардиданд. Масъулони се ниҳод аз натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа иттилоъ дода, ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба вазъи воқеии соҳаи тандурустӣ посух гуфтанд.
Ба гуфтаи масъулони соҳа, диабети қанд метавонад оқибатҳои вазнин дошта бошад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 9 нафар бар асари ин беморӣ ҷарроҳӣ шуда, ангуштони пояшонро аз даст додаанд. Духтурон таъкид мекунанд, ки беморӣ метавонад ба узвҳои гуногуни инсон, аз ҷумла ба чашм, таъсири ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, риояи тавсияҳои табибон, истеъмоли дурусти доруҳо, ғизои солим ва фаъолияти ҷисмонӣ дар пешгирии оқибатҳои вазнин нақши муҳим доранд.
Дар баробари диабет, афзоиши шумораи гирифторони фарбеҳӣ низ боиси нигаронӣ мебошад. Коршиносон пешгирии ин бемориро пеш аз ҳама, ба тарзи ҳаёти солим, ғизои дуруст ва фаъолияти ҷисмонӣ вобаста медонанд. Барои баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ тавассути нашрияву маҷаллаҳо, телевизиону радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар нишасти матбуотӣ ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид, афзоиши ҳолатҳои батулизм мебошад. Султон Раҳмонзода сардори Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии вилояти Суғд, иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 15 нафар аз истеъмоли консерваҳои хонагӣ заҳролуд шудаанд. Аз ин шумора 11 нафар ба бемории батулизм гирифтор гардидаанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳолати гирифторшавӣ ба батулизм ба қайд гирифта шуда буд.
Ин ҳолат бори дигар аз аҳамияти риояи қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ ҳангоми омода кардан, нигоҳ доштан ва истеъмоли маҳсулоти консервагӣ дарак медиҳад. Зеро батулизм бемории хатарнок буда, дар сурати сари вақт муроҷиат накардан метавонад ба саломатии инсон оқибатҳои вазнин расонад.
Дар нишасти матбуотӣ беш аз 15 нафар намояндаи воситаҳои ахбори омма иштирок карда, масъалаҳои сифати оби нӯшокӣ, бемориҳои махсусан хавфнок, ботулизм, фурӯши маҳсулоти пастсифат, захмдоршавӣ, вазъи эпидемиологӣ ва дигар мушкилоти соҳаи тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар маҷмӯъ, омор нишон медиҳад, ки пешгирии бемориҳо дар баробари табобати онҳо аҳамияти бештар пайдо мекунад. Афзоиши ҳолатҳои фарбеҳӣ ва батулизм, инчунин оқибатҳои вазнини диабети қанд аз зарурати баланд бардоштани масъулияти худи шаҳрвандон ва пурзӯр намудани корҳои профилактикӣ дарак медиҳад.
Манзура БАХТИЁРЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”





