23-юми майи соли 2026 таҳти №1180 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб” ба имзо расид. Он бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон таъсис дода шуда, ин ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми камназир дар сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Омӯзиши осори илмии ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бошад, бозгӯи рушди илми тиб дар замони муосир, ки поягузораш Абӯалӣ ибни Синост, арзёбӣ мегардад. Дар шароити рушди босуръати илму техника ва технология, дастгирии пажуҳишҳои тиббӣ ва қадршиносӣ аз дастовардҳои олимон нақши калидӣ пайдо карда, мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино имрӯз низ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти махсус дорад. Мусаллам аст, ки аксари усулҳо ва андешаҳои ин табибу шоири машҳур, ки садсолаҳо пеш баён гардида буданд, имрӯз аз ҷониби илми муосир тасдиқи худро меёбанд. Ин далел собитгари яке аз пояҳои асосии ташаккули тамаддуни илмии башарият шинохта шудани мактаби илмии Абӯалӣ ибни Сино ба шумор меравад.
Бешак, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино нафарест, ки ҳамчун донишманди бузурги соҳаи тиб эътироф ва шинохта шуда, соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздикии Бухоро чашм ба олами ҳастӣ кушода, тамоми ҳаёти худро ба омӯзиши илму фанҳои тиб, фалсафа, нуҷум ва адабиёт бахшидааст.
«Ал-Қонун фи-т-тиб" - и ӯ бошад, асарест, ки ҳамчун энсиклопедияи тиббӣ маълуму машҳур гашта, китоби рӯимизӣ ва дастури асосии табибони олам ва таълимгоҳҳои тиббии кишвари Аврупо гаштааст. Беш аз 600 сол мешавад, ки аз рӯи таълимоти Ависеннаи тоҷик кашфиёти бузурге дар соҳаи тиб рӯи кор меоянду илми тибро муаррифгар мешаванд. Таърих гувоҳ аст, ки Ибни Сино аввалин шуда сабабҳои пайдоиши бемориҳои сироятӣ, сил, вабо ва роҳҳои табобати онҳоро кашф намуд.
Некгуфтаҳои Абӯалӣ ибни Сино ҳар яке ҳикмати бузург доранд: “Тиббиёт дар болои се наҳанг ҷойгир аст: корд, сухан ва растаниҳои шифобахш”, “Фақат ҳангоми марг мо дарк мекунем, ки дар дунё ҳеҷ чизро намедонем”, “Одамон аз беморӣ намефавтанд, балки аз нодонӣ...”. Ҳарчанд аз замони гуфта шудани ин суханҳо асрҳо гузашта бошад ҳам, то кунун моҳияти худро гум накарда, баръакс рӯз аз рӯз ҳикмати онҳо меафзояд. Дар ҳақиқат Абӯалӣ ибни Сино бузургмардест, ки ба ҷаҳониён шинохта шуда, агар яке ӯро ҳамчун шоир шиносад, дигаре ба сифати табиби ҳамадон ситоиш менамояд. Дар бораи зиндагиномаи Абӯалӣ ибни Сино он қадар нақлу ривоятҳое мавҷуданд, ки шумораашон беҳисоб аст. Ҳар як сухани Синои оқил метавонад муаррифгари нависандаи он бошад. Имрӯз яке аз таълимгоҳҳои олии мамлакат, ки дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе фаъолият дорад, Донишгоҳии тиббӣ буда, номи ин шахсияти барҷастаро доро аст. Яке аз ноҳияҳои пойтахти Тоҷикистон низ ба номи ӯ гузошта шудааст. Идораи рӯзнома тасмим гирифт, ки фикру андешаҳои намояндагони соҳаи нигаҳдории тандурустиро дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб шунавад.
Абдуҳаким Ҷӯраев – табиби дилшиноси Маркази дилу рагҳои шараёнии шаҳри Хуҷанд:
- Абӯалӣ ибни Сино, ки ба тибби ҷаҳонӣ асос гузоштааст, имрӯз вирди забони ҳамагон аст. Маҳз зи дасти шифои ин табиби оламшумул, ки ҳамагон ҳамчу шоир низ мешиносанд, башарият ҷон гирифтааст. Он бузургмарде, ки аз хоки тоҷикон рустааст, роҳи илму ҳикмату донишу саломатии инсонҳоро дарёфта, бо номи Ависенна машҳур гаштааст. Ин табиби замину замон, ки бо нураш ҳар хонадонро мунаввар мегардонад, нишони он аст, ки миллати тоҷик аз азал соҳибдафтару соҳибдевони нажоди каён буданд.
Маҳз ба шарофати иқдоми наҷиби навбатии Сарвари давлат, ки ба қадри заҳматҳои Абӯалӣ ибни Сино расидааст, имрӯз номи ин абармарди бузургу табиби ҳозиқ маротибаи дигар зинда аст. Ин иқдом бори дигар собит намуд, ки Ибни Сино ҳамеша дурахшанда асту абадзинда. Абуалӣ ибни Сино (Ависенна) на танҳо фахри тоҷикон, балки сутуни асосии тибби ҷаҳонӣ аст. Китоби ӯ «Қонуни тиб», ки бо номи "Ал-қонун-фи-т-тиб" машҳур аст, садсолаҳо инҷониб дар Аврупо ҳамчун китоби аввалиндараҷаи дарсӣ истифода мешуд ва имрӯз ҳам заминаи тибби муосир ба ҳисоб меравад.
Ташаббуси Пешвои миллат дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Сино дар соҳаи тиб, бори дигар собит месозад, ки кишвари Тоҷикистон ваҳдати илму фан ва қадршиносии таърихиро дар ҷаҳон пеш мебарад. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалӣ, ки бо иқдоми Сарвари хирадманди мулки тоҷикон рӯи кор омадааст, на танҳо обрӯи илми тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло мебарад, балки бузургтарин ҳавасмандӣ ва мукофоти олиест барои донандагони илми тиб, олимон ва табибони ҷаҳон, ки дар роҳи наҷоти инсоният заҳмат мекашанд.
Ваҳҳобзода Абдусалом Абдуқодир – сардухтури Маркази ташхису табобатии дармонгоҳи шаҳри Хуҷанд:
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб” мо, кормандони соҳа, табибону олимон ва умуман тамоми алоқамандони соҳаи тибро хушнуд гардонд. Таъсиси ин ҷоиза ҳамчун иқдомҳои навбатӣ ва яке аз ташаббусҳои муҳиму дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, фазои байналмилалиро мунаввар гардондааст. Наметавон пӯшида гирифт, ки ин иқдом дар баробари муаррифии арзишҳои миллӣ ва мероси гаронбаҳои илмиву фарҳангии миллати тоҷик, ҳамзамон бозгӯи сиёсати фарҳангпарварона ва хирадмандонаю илмдӯстонаи кишвари тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Инкор наметавон кард, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти гуногуни соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим, буҳронҳои экологӣ ва масъалаҳои амнияти саломатӣ рӯ ба рӯ гардида, ҷомеа ба рушди илми тиб ва таваҷҷуҳ ба илмро тақозо дорад. Мо, кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Синоро маҳз дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба илму маърифат ва қадршиносӣ аз хизматҳои олимону пажуҳишгарони соҳаи тиб медонем. Зеро арҷгузорӣ ба Абӯалӣ ибни Сино барин шахсияти барҷаста, ки осори беназираш бо гузашти беш аз 1000 сол то ҳанӯз аҳамияти хешро гум накардааст, дар ташаккули илми ҷаҳонӣ мақоми хоса касб менамояд.
Шоистаи зикр аст, ки ҳамасола санаи 18-уми август, ки рӯзи мавлуди шоири номвару табиби ҳозиқ Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар мамлакат таҷлил мегардад. Дар пояи таҷлили ин рӯзи таърихӣ таъсиси ҷоиза ва қадршиносии кормандони соҳа бо он нишонаи арҷгузории давлат ва ҷомеа ба хизматҳои арзишманди ин фарзонафарзанд арзёбӣ мегардад. Ҳамакнун мо метавонем бо боварӣ бигӯем, ки номи Абӯалӣ ибни Сино аз ин ҳам бештар дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ хоҳад гашт, зеро он ҳамчун рамзи хиради воло, илми беназир, фарҳанги башардӯстона ва инсонгароиву худшиносӣ дар қалби ҳар як ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгузин хоҳад буд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шуда, то кунун низ иқдомҳои неку ташаббусҳои созандаро рӯи кор овардааст. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб бошад, бори дигар собит месозад, ки кишвари тоҷикон ҳамагоҳ дастгиру пуштибони арзишҳои башардӯстона хоҳад буд. Саҳмгузори ин ташаббуси созанда ҳамон марди хиради володошта - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун шахси сулҳовару фарҳангдӯст шинохта шудаанд.
Умед дорам, ки аҳамияти ҷоиза дар баробари қадршиносии беҳтаринҳо ҳамчунин дар татбиқи технологияҳои навин, рушди таҳқиқоти илмӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ, муаррифии мероси пурғановати миллати тоҷик, ҳалли масъалаҳои глобалии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ мусоидатгар хоҳад гашт.
Умед Раҳимов - сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент:
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Дар ин рубоӣ бузургтарин алломаи илми тиб ва фалсафа Абуалӣ ибни Сино ҷойгоҳи худро воқеъбинона баён доштааст. Барҳақ, ин алломаи тоҷик дар умри кӯтоҳи худ тавонист бо дониши амиқ, бо “Қонуни тиб”, ки садсолаҳо дар Шарқу Ғарб чун китоби дарсӣ истифода мешуд, бо илм ҷаҳонро ба ҳайрат оварад.
Бо Фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино ва дигар иқдомоте, ки то кунун ҷиҳати бузургдошти ӯ дар Тоҷикистон андешида шудааст, бори дигар шӯҳрати ин пири табибони Машриқзамин ба авҷи Зуҳал бароварда шуд.
Тавре дар шарҳи ин Фармон зикр шудааст, ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми камназир дар сатҳи байналмилалӣ буда, қадами муҳим дар самти омӯзиши осори илмии ин фарзанди фарзонаи мардуми тоҷик дар ҷаҳон мебошад ва барои рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Синоро кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент бо рӯҳбаландӣ пазируфта, ин иқдомро дар роҳи на танҳо бузургдошти ин аллома, балки баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонии тиббӣ кори бузург ва шоиста меҳисобанд.
Ҳамчунин бо судури ин Фармони таърихӣ мо бори дигар ба аҳли ҷаҳон собит намудем, ки Абӯалӣ ибни Сино фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст ва бо кору пайкор, осори гаронбаҳои илмии ӯ баъди гузашти асрҳо ҳанӯз қимати илмию амалии худро гум накардааст.
Хеле шоиста ва муҳим аст, ки ин Ҷоиза фарогири сатҳи байналмилалӣ аст ва бо он олимони соҳаи тиб на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ барои дастовардҳои муҳим ва арзандаи илмӣ ва амалӣ мукофотонида мешаванд.
Қимати ин Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи тибби ҷаҳонӣ дар қатори ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат оид ба ҳифзи манбаъҳои об дар сайёра барои ҳалли масъалаҳои глобалии соҳаи тандурустӣ нақши муассир гузошта, итминон дорам, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ меёбад.
Мо, кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент баробари дастгирии ҳамаҷонибаи ин ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарғиби осори ин бузургмарди таърихи пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик саҳм мегузорем ва бо кори амалӣ дар ҷодаи ҳифзи саломатии миллат собит месозем, ки пайравон ва идомадиҳандагони аллома Абӯалӣ ибни Сино ҳастем.
Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





