Саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз зару зевар қиматтар буда, онро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ ҳифз мекунанд. Баҳри шинос шудан бо фаъолияти Беморхонаи минтақавии Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов бо сардухтури он Абдусаттор Усмонов суҳбате оростем. Аён гардид, ки беморхонаи мазкур аз соли 1993 инҷониб фаъолият дошта, то ҳадде саҳми худро дар сиҳатмандии ҷомеа мегузорад. Дар суҳбат мусоҳиби мо аввалан шукргузорӣ аз ободиву озодӣ дар кишвар намуда, чунин иброз дошт: - Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини мулоқот таъкид мекунанд, солимии миллати тоҷик дар сиҳатии ҷомеа мебошад.
Равнақи соҳаи тиб рукни муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мост. Иҷтимоӣ будани соҳаро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом доштааст. Президенти мамлакат дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чунин гуфтаанд: «Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад». Ин аст, ки сол аз сол вазъи муассисаҳои тиббӣ беҳтар, муҷаҳҳаз кардани муолиҷагоҳу ташхисгоҳҳо бо воситаҳои тиббии навтарин муташаккилонатар мешавад. Кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва дар ҳаёт татбиқ кардани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, мустаҳкам гардонидани саломатии халқ, пешгирии бемориҳо кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Айни замон дар беморхонаи мазкур чаҳор шуъба - шуъбаи бемориҳои дил, урологӣ, амрози дарунӣ ва кӯдакона ба беморон хизмати тиббӣ расонида истодааст. Тамоми бинои шуъбаҳо таъмир гардида, намои берунии беморхона низ дигар шуд. Умуман, беморхона ба зимистонгузаронӣ тайёр асту ҳуҷраҳо бо гармкунакҳо пурра таъмин мебошанд.
Аз шумораи умумии кормандон, ки 107 нафар мебошанд, зиёда аз 90 нафарашон табибон ҳастанд. Нисбати таъминот бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ бояд иброз дорам, ки аз тарафи вазорати тандурустӣ кардиомонитор, СБД, таҷҳизоти ЭКГ туҳфа шуд.
Дар самти қабул ва табобати беморон метавон иброз дошт, ки ба беморхонаи мо беморон аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан ва Спитамен муроҷиат менамоянд, ки албатта, мо онҳоро қабул, ташхис ва табобат менамоем. Дар давоми 9 моҳи соли гузашта 2778 нафар бемор бистарӣ ва бо табобат фарогир гардиданд. Мо ҳаддалимкон хизматрасониҳои тиббиро расонида истодаем, аммо баҳри пешбурди фаъолият барои ҷарроҳии босифат таҷҳизоти ИВЛ (искуственная вентилятсия лёгких) мебуд, корҳои ҷарроҳӣ боз ҳам хубтар гузаронида мешуданд. Дар оянда нақша дорем таҷҳизоти дифеблиатор дастрас намоем, ки бевосита ба сифати кори тиббӣ ҷавобгӯ аст.
Насими Саидмуҳаммад,
“Ҳақиқати Суғд”




