Иҷрои дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат, қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи татбиқи Барномаҳои рушди муассисаҳои табобатиро мардуми меҳнатқарини ноҳияи Зафаробод дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш менамоянд, ки бо меҳнати софдилона ва дастовардҳои назаррас онро истиқбол намоянд.
Дар ин раванд, як қатор корҳои ободонию сабзкорӣ дар ҳудуди ноҳия ҷараён дошта, сохта ба истифода додани иншооти ҳаётан муҳим дар назар дошта шудааст. Ба наздикӣ сокинони деҳаҳои Бахт, Наврӯз, Навбаҳор ва Баҳористони ноҳияи Зафаробод соҳиби бинои бунгоҳи тиббии нав хоҳанд шуд. Илова бар ин, марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббие, ки дар маркази ноҳия амал менамоянд, таъмир гардида, барои қабули корафтодагон шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.
Ҳамчунин, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони соҳа мизу курсӣ, либосҳои мавсимӣ, таҷҳизоту лавозимоти зарруриро мувофиқи талабот ба муассисаҳои эҳтиёҷманд тақсим намуданд.
Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2025 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳаи тибби Беморхонаи марказии ноҳия 6 компютер тақдим намудааст, ки боиси хушҳолии кормандони соҳа аст.
Масъулини соҳаи нигаҳдории тандурустии ноҳия барои беҳтар намудани шароити кории кормандони тиб дар шуъбаҳо, сатҳи хизматрасонӣ, шароити муолиҷавӣ, қабули беморон ва ҳамчунин ободу зебо намудани намуди зоҳирии беморхонаи марказӣ ҷидду ҷаҳд доранд.
Минбаъд пас аз насби таҷҳизоти тиббии “Дарсанвал-212”, “Элфор Пром”, “Матрикс Влок-Лазер” ва маҳсунаки по корафтодагон аз ҳарвақта пештар сиҳатии худро барқарор карда, ба назди оила бармегарданд. Моҳи сентябри соли 2025 ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ба Беморхонаи марказии ноҳия як қатор таҳҷизоти тиббӣ, аз ҷумла 2 насоси сӯзандору, 2 насоси инфузиони валеметрӣ, 1 насоси асператсионии барқӣ, 5 кати тиббии бачагонаи чархдор ва модули фототерапиро ройгон тақдим намуд, ки имрӯзҳо масъулин аз он фаровон истифода мебаранд.
Ҳамчунин бо иқдом ва дастгирии ин ташкилоти байналхалқӣ баҳри риояи тозагии гирду атрофи маҳал ва нобуд сохтани партовҳои тиббӣ таҷзизоти “Инстенератор” насб гардида, таҷҳизоти обгармкунӣ ва обтозакунии гайзер дар шуъбаҳо дар хизмати беморон аст.
Мутаассифона, бо вуҷуди он ки дар муассисаҳои тиббии ноҳия 667 корманди тиб фаъолият дошта, аз онҳо 79 табиб, 368 корманди миёнаи тиб, 139 корманди хурди тиб дар хизмати мардум қарор доранд, соҳаи нигаҳдории тандурустии ноҳия ба табибони осебшинос, хунгузарон, вирусшинос, реаниматолог, духтури амрози занона, табиби бемориҳои чашм, парҳезшинос, табиби бемориҳои сироятӣ, духтури бачагона, табибони оилавӣ, уролог, табиби бемориҳои сил, эпидимиолог, энтомолог, гиёҳдармон ва руҳшинос эҳтиёҷ дорад.
Умед бар он дорем, ки аз ҳисоби хатмкардагони донишгоҳу таълимгоҳҳои тиббӣ мутахассиссони соҳа дар Беморхонаи марказии ноҳияи Зафаробод бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванду ҳамарӯза баҳри сиҳатии беморон кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, то насли солиму созанда ба камол расанд.
Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




