Гурӯҳи рӯзноманигорони вилояти Суғдро дар шаҳри Бӯстон бо рамзи меҳмоннавозии тоҷикона истиқбол гирифтанд. Маросими истиқболгирӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» баргузор гардид. Бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода дар пояи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ, гулчанбар гузошта шуд.
Дар идомаи сафар рӯзноманигорон аз Беморхонаи шаҳрии Бӯстон боздид намуда, бо фаъолияти шуъбаҳои табобатӣ, сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи соҳаи тандурустӣ аз наздик шинос гардиданд.
Имрӯз дар шаҳри Бӯстон, ки беш аз 41 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, 17 муассисаи тандурустӣ фаъолият менамояд. Ба ин шумора беморхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, марказҳои мубориза бар зидди бемории сил, ВНМО, солимии репродуктивӣ, эмгузаронӣ ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда дохил мешаванд. Мавҷудияти чунин шабака нишон медиҳад, ки дар шаҳр барои расонидани хизматрасонии тиббӣ заминаи муайяни ташкилӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар муассисаҳои тандурустии шаҳр 621 нафар фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 143 нафар табиб ва 289 нафар кормандони миёнаи тиб мебошанд. Танҳо дар беморхонаи шаҳрӣ 359 нафар корманд, аз ҷумла 62 табиб ва 175 ҳамшираи тиб фаъолият доранд.
Бо вуҷуди ин, масъалаи норасоии кадрҳо ҳанӯз пурра бартараф нашудааст. Шаҳр ба шаш нафар табиб эҳтиёҷ дорад. Аз ҷумла, норасоии табибони оилавӣ, бактериолог, мутахассисони гигиена ва табиби озмоишгар дар баъзе муассисаҳо боқӣ мондааст.
Аз ҷиҳати маблағгузорӣ фаъолияти соҳа қаноатбахш арзёбӣ мешавад. Барои соҳаи тандурустии шаҳри Бӯстон дар соли 2026 зиёда аз 26,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар шаш моҳи аввали сол иҷроиши буҷети беморхонаи шаҳрӣ ба 99,75 фоиз расидааст, ки аз истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатӣ шаҳодат медиҳад. Иҷрои нақшаи суратҳисоби махсус низ 97 фоизро ташкил додааст. Ин нишон медиҳад, ки муассиса имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода мебарад.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими фаъолияти беморхона зиёд гардидани истифодаи фонди катҳо мебошад. Дар шаш моҳи соли равон 3807 нафар бистарӣ гардида, иҷроиши нақшаи кат-рӯз ба 88 фоиз расидааст. Дар муқоиса, ба ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ҳамагӣ 77,2 фоиз буд.
Тибқи иттилоъ дар ин давра 615 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Аз ин шумора 421 амалиёт нақшавӣ ва 194 амалиёт фаврӣ мебошанд. Ҳамчунин 27 амалиёти буриши қайсарӣ анҷом дода шудааст. Ин омор нишон медиҳад, ки беморхона имконияти расонидани кӯмаки ҷарроҳии таъҷилӣ ва нақшавиро дар сатҳи зарурӣ таъмин мекунад.
Нишондиҳандаи дигари муҳим хизматрасонии иҷтимоӣ мебошад. Дар шаш моҳи аввали соли равон ба 912 нафар шаҳрванд ба маблағи зиёда аз 107 ҳазор сомонӣ хизмати ройгони тиббӣ расонида шудааст. Ин иқдом барои дастгирии қишрҳои ниёзманди аҳолӣ аҳамияти калон дошта, сиёсати иҷтимоии давлатро дар амал татбиқ менамояд.
Дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ зиёда аз 43 ҳазор ташрифи шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки ба ҳар як сокини шаҳр тақрибан 2,9 ташриф рост меояд. Ин нишон медиҳад, ки сокинон бештар барои пешгирӣ ва табобати барвақтӣ ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, ки барои паст намудани сатҳи бемориҳои вазнин мусоидат мекунад.
Дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак низ натиҷаҳои мусбат ба назар мерасанд. Дар шаш моҳи соли равон 526 нафар зани ҳомила ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 453 нафар то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ таҳти назорати табибон қарор гирифтаанд. Фарогирии занони қобили таваллуд бо воситаҳои пешгирии ҳамл ҳамагӣ 35 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон шумораи исқоти ҳамл ҳамагӣ 13 ҳолатро ташкил додааст, ки нисбатан коҳиш ёфтааст.
Дар рафти боздид сартабиби беморхонаи шаҳрӣ Муродҷон Ҷӯразода таъкид намуд, ки ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти муассиса ба талаботи муосир мебошад. Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама зарур аст, ки беморхона аз аккредитатсия гузарад, шабакаҳои обу ташноб навсозӣ карда шаванд, роҳҳои дохилии беморхона мумфарш гарданд ва муассиса бо таҷҳизоти нави тиббӣ таъмин шавад.
Воқеан ҳам, рушди минбаъдаи соҳа танҳо аз фаъолияти кормандони тиб вобаста нест. Таъмини беморхонаҳо бо дастгоҳҳои рентгени рақамӣ, ултрасадо, гастроскоп, колпоскоп, таҷҳизоти физиотерапевтӣ ва дигар таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки сатҳу сифати ташхис ва табобат боз ҳам беҳтар гардад.
Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои шаш моҳи аввали соли 2026 нишон медиҳанд, ки соҳаи тандурустии шаҳри Бӯстон дар роҳи рушди устувор қарор дорад. Беҳтар шудани нишондиҳандаҳои фаъолияти беморхона, истифодаи самараноки маблағҳо ва таваҷҷуҳ ба ҳифзи саломатии модару кӯдак аз дастовардҳои муҳими соҳа мебошанд. Дар баробари ин, ҳалли масъалаҳои инфрасохторӣ, таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти муосир ва бартараф намудани норасоии кадрҳо метавонад заминаи боз ҳам беҳтар гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи саломатии сокинони шаҳри Бӯстонро фароҳам оварад.
Манзура БАХТИЁРЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”





