Имсол мардуми сарбаланди Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳо истиқбол мегиранд.  Дар ин миён рушди соҳаи тандурустӣ, махсусан ҳифзи солимии модару кӯдак, яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ дар гӯшаву канори мамлакат муассисаҳои муосири тиббӣ бунёд гардида, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба маротиб беҳтар шудааст.

Яке аз чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ Маҷмааи муосири модару кӯдаки ноҳияи Деваштич мебошад, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағи 18 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.  Марказ дорои 160 кат буда,  шуъбаҳои таваллуд дорои 75 кат,  амрози занона дорои  25 кат, амрози кӯдакона дорои  45 кат ва шуъбаи эҳёгарӣ ва ҷарроҳии кӯдакона дорои 15 кат мебошад. 

Имрӯз дар шуъбаи эҳёгарии кӯдаконаи марказ ду навзод таҳти назорати доимии табибон қарор доранд. Бо истифода аз дастгоҳҳои муосири нафасдиҳии сунъӣ ва дигар таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ ҳаёти онҳо нигоҳ дошта мешавад. 

Мудири шуъбаи эҳёи бачагонаи Маҷмааи модару кӯдак Шуҳрат Шаропов  зимни суҳбат иброз дошт, ки шароити фароҳамшуда дар даврони Истиқлол имкон медиҳад,  ки ҳатто кӯдакони дар ҳолати вазнин қарордошта дар маҳали худ  табобат гиранд.

-Айни ҳол дар шуъбаи эҳёгарӣ ду навзод таҳти назорати шабонарӯзии табибон қарор доранд.  Вазъи онҳо нисбатан муътадил буда, тамоми чораҳои табобатӣ  бо истифода аз таҷҳизоти муосир амалӣ мешаванд. Агар солҳои пеш барои расонидани чунин ёрӣ имкониятҳо маҳдуд мебуданд, имрӯз бо шарофати дастгоҳҳои замонавӣ ва василаи хуби корӣ мо метавонем барои ҳифзи ҷони кӯдакон мубориза барем ва натиҷаҳои назаррас ба даст орем, – гуфт Шуҳрат Шаропов.

Бунёди чунин марказҳои муосир на танҳо имконияти ташхису табобатро беҳтар намуд, балки ба коҳиш ёфтани фавти модару кӯдак низ мусоидат кардааст.

Сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич Ҳазратқул Миров таъкид намуд, ки нишондиҳандаҳои соҳа сол то сол беҳтар шуда истодааст.

- Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия барои ҳифзи саломатии модару кӯдак тамоми шароити зарурӣ муҳайё шудааст. Мавҷудияти Маҷмааи муосири модару кӯдак, ки дорои 160 кат ва таҷҳизоти замонавӣ мебошад, имконият дод, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба маротиб беҳтар шавад. Имрӯз аксари таваллудҳо дар шароити муосир ва таҳти назорати мутахассисон сурат мегиранд.  Ҳадафи асосии мо коҳиш додани ҳолатҳои фавт ва ба дунё омадани кӯдакони солим мебошад.  Ҳамзамон, корҳои созандагӣ дар соҳаи тандурустии ноҳия идома доранд.  Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, соли ҷорӣ дар деҳоти Далёни Боло беморхонаи нав бо 40 кати бистарӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ин муассиса туҳфаи арзанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дастрасии сокинонро ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ боз ҳам беҳтар хоҳад кард, – изҳор дошт Ҳазратқул Миров.

Воқеан ҳам, сиёсати инсонпарваронаи давлат дар самти ҳифзи солимии модару кӯдак имрӯз натиҷаҳои назаррас медиҳад.  Марказ бо дастгоҳҳои рентгени флюрографӣ, ултрасадо, колпоскопӣ, таҷҳизоти муосири ҷарроҳӣ ва озмоишгоҳҳои клиникӣ ва биохимиявӣ муҷаҳҳаз буда, ҳамаи шароит барои ташхису табобати босифат фароҳам оварда шудааст.  Ҳар як кӯдаке, ки имрӯз ба шарофати чунин имкониятҳо аз хатар наҷот меёбад, рамзи воқеии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Ҳаёти ду навзоде, ки айни ҳол дар шуъбаи эҳё қарор доранд, бозгӯи он аст, ки дар Тоҷикистон ҳифзи ҷони инсон, махсусан насли ояндасоз, дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад.  Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дастовардҳо шаҳодати равшани ғамхории давлат  нисбат ба саломатии мардум ва ояндаи миллат мебошанд.

 

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”