Ҳангоме ки маводро омода месохтем, хушхабаре расид: Дар фарорасии мавлуди Абӯалӣ ибни Сино ва ба муносибати Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунира Вализода - сартабиби  Таваллудхонаи вилоятии ба номи Ӯғул Шамсиддинова ғолиби озмуни вилоятии “Беҳтарин сартабиби муассисаи нигаҳдории тандурустии вилоят дар соли 2026” дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи III ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шудааст.

Ба ин муносибат мо сартабиби Таваллудхонаи вилоятии ба номи Ӯғул Шамсиддинова Мунира Вализодаро муборакбод намуда, дар бораи дирӯзу имрӯз ва фардои ин муассисаи табобатӣ ҳамсӯҳбат гардидем, ки фишурдаи онро пешкаши муштариёни рӯзнома мегардонем:

- Воқеан, яке аз дастовардҳое, ки муасссисаи табобатии мо ба даст овард, бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  16 – уми сентябри соли 2013 пас аз таъмиру тармим ба истифода додани бинои дуюми табобатгоҳ мебошад. 

Фаъолияти мо, табибон, дар ин муассисаи куҳансолтарин аз чӣ иборат аст? Нахуст идомаи кори табибоне, ки тӯли навад сол хизмати густурда кардаанд ва нисбати беморон, занони ҳомила ғамхорӣ зоҳир намуда, баҳри табобати эшон мубориза бурдаанд. Ва то ҳол Таваллудхонаи вилоятӣ яке аз муассисаҳои бонуфузи тиббии вилоят дар соҳаи момопизишкӣ (акушерӣ - гинекология) ва навзодшиносӣ (неонатология) ба шумор меравад.

Мақсади асосии табибони мушфиқи таваллудхона, пеш аз ҳама, расонидани ёрии тиббӣ ва статсионерӣ ба занони ҳомила, занони таваллудкарда, кӯдакони навзод ва занони гирифтори бемориҳои занона, пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳо, аз ҷумла, бо истифода аз усулҳои технологияҳои ҳозиразамон, нигоҳубини тиббӣ дар робита бо исқоти ҳамл, таълими усули гигиенӣ барои занон дар рафти синамакконӣ, пешгирӣ аз бемориҳои репродуктивӣ, ҳомиладории ғаричашмдошт, ташкил ва таъмини низоми санитарию гигиенӣ ва мубориза бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани паҳншавии бемории сироятии занон, навзодон ва кормандон дар дохили муассиса мебошад.

Назаре ба таърих

Таваллудхонаи вилоятии ба номи Ӯғул Шамсиддинова аз солҳои аввали қарни гузашта нахуст чун шуъба ва аз соли 1936 ба сифати Таваллудхонаи вилоятӣ фаъолият мебарад. Он замон - солҳои 1927 таваллудхона дар шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд чун зершуъба амал мекард. Дар он солҳо ҳамагӣ 4 кат ва ду сол пас ду шуъба - шуъбаҳои акушерӣ (дорои 15 кат) ва гинекологӣ бо 10 кат ба халқ хизмат менамуд. Ва соли 1936 бо иқдоми мақомоти маҳаллӣ дар паҳлӯи Беморхонаи физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд бинои нав қомат афрохта, аввалин таваллудхонаи вилоятии дорои се шуъба – шуъбаҳои таваллуд, амрози ҳомиладорӣ ва фасоднокии акушерӣ бо шумори 120 кат ба қабули беморон ва ҳомиладорон оғоз кард.

Дар солҳои нахустини ба фаъолият оғоз кардани таваллудхона аз ҳисоби занони маҳаллӣ курсҳои омӯзишӣ – тайёркунии момодоягӣ (акушерӣ) ташкил гардид, ки барои муассисаҳои табобатӣ мутахассисон тайёр мекард. Бо сабаби заминларзаи соли 1959 ва корношоям гардидани бинои мазкур дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд биноҳои нави замонавии дуошёна қомат афрохтанд. Пас аз ба истифода додани биноҳои мазкур миқдори шуъбаҳо аз 3 ба 6 расида, шуъбаҳои якуми акушерӣ бо 65 кат ва шуъбаи дуюми он бо 40 кат, амрози занона бо 45 кат, навзодони камвазн бо 20 кат ва амрози ҳомиладорон бо 40 кат ҳамчунин, шуъбаи нави ташхисӣ ба фаъолият пардохтанд.

Ҳамин тариқ, сол аз сол Таваллудхонаи вилоятии ба номи Ӯғул Шамсиддинова рушд ёфту миқдори кат низ зиёд гардид.

Соли 1988 қисми дуюми бинои таваллудхона қомат афрохта,  шуъбаҳои таваллуд, амрози занона, бачагона ва баъди таваллуд таъсис дода шуд.

Аз даврони қадим то ҳол маром якест...

Аз даврони қадим то ҳол масъулин ва кормандони таваллудхонаи мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба беморон, занони ҳомила сари вақт мадади хешро расонанд, барои бо дастгоҳҳои табобатии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидани муассиса талош варзида, нисбати табибони ҷавон низ ғамхории хоса зоҳир намоянд. Аз ин рӯ, муассисаи табобатӣ ва мутахассисони он дар ҳар давру замон ғолиби озмунҳо гардида,  ҳамеша парчами музаффариятро ба даст меоваранд. Ҳанӯз соли 1970 барои комёбиҳои назаррас ҳангоми фаъолият, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, риояи назорати зиддиэпидемикӣ ва дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ доштани беморхона дар мусобиқаи байналмилалӣ дар байни муассисаҳои табобатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Таваллудхонаи вилояти Суғд мақоми дуюмро ишғол карда, бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустии СССР ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардидааст.

Ҳамқадам бо набзи замон

Ва ҳамин ғолибияту муваффақияту дастовардҳои Таваллудхонаи вилоятии ба номи Ӯғул Шамсиддинова дар замони соҳибистиқлолии кишвар низ идома дошта, он ба яке аз муассисаи калонтарини тиббӣ табдил ёфта, дар самти ёрии аввалии тиббӣ ҳангоми таваллуд ва муолиҷаи бемориҳои занона мақоми хосаро ишғол мекунад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ҷонибдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, инчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шароити ҳуҷраҳои табобатӣ ва дигар ҳуҷраҳои шуъбаҳо беҳтар гардида, бо таҷҳизоти муосири табобатӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ҳуҷраи муолиҷавии шиддатнок ва гурӯҳи эҳёгарӣ ба талаботи замон мутобиқ гардонида, соли 1991  дар заминаи он шуъбаи эҳё таъсис дода шуд. Минбаъд дар ин муассисаи таббӣ табибони шинохта, ба монанди   Умия Арабова, Гулсара Ҷумъаева, Нурия Дадобоева, Санавбар Азизова, Дилором Азимова, Зулхумор Фозилова, Наима Раҳимбоева, Муҳайё Саидова, Мутриба Мирзоева, Дилором Дадобева, Насиба Ёқубова ва дигарон фаъолият карда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки нахуст ҳар як модар тифли хешро солим ба даст гирад, пеши роҳи бемории занони ҳомила ва навзодон гирифта шавад ва табибони ҷавон идомабахшандаи кору пайкори табибони ҳозиқ гардида, бо пайроҳаи собиқадорони соҳа гом бардоранд.

Мутахассисони ҷавон – соҳиби малака

Дар ҳар як мулоқот ва суханрониашон Пешвои маҳбуби миллат оид ба дастгирии бонувон, хосатан ҷавондухтарон, бо роҳи илм қадам ниҳодани эшон ва ба комёбиҳои нави муосир мушарраф гардидан  ёдовар мешаванд. Бо такя ба ҳамин қадрдонии Сарвари хирадманди давлат мо, масъулини муассисаи табобатӣ кӯшиш менамоем, ки мутахассисони ҷавон соҳиби малакаи касбӣ гарданд. Ҳоло Нилуфар Фозилова, Дилфуза Ғафурова, Ҷонона Дадобоева, Манзура Сатториён, Нодира Шарифова, Раҳимахон  Каримова, Таҳмина Рауфзода ва Ганҷина Ҷӯразода дар баробари фаъолияти густурда доштанашон, инчунин унвонҷӯ низ мебошанд. Ҳамчунин дигар ҷавонон чун Манижа Амонова, табибони наҷот ва эҳёгарӣ Саодат Турсунова, Сайфуллоҳ Қобилов, Даврон Маъмуров, Шаҳбоз Ҷабборов, Умед Раҷабов, Аъзам Тоҷибоев ва Илҳом Холматов баҳри солимии ҷомеа талош меварзанд, -гуфт сартабиб. 

Бригадаи сайёр – ба манфиати кор

Сартабиб Мунира Вализода зимни суҳбат зикр дошт, ки мақсаду мароми табибони мушфиқ як аст: Азбаски таваллудхонаи мо мақоми вилоятиро дорост, ба мо аз ҳар гӯшаву канори шаҳру навоҳии вилоят занони ҳомила ва табобатгиранда барои маслиҳату машварат муроҷиат менамоянд. Аз ин рӯ, тибқи фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва Раёсати тандурустии вилоят дар назди Таваллудхонаи вилоятӣ Бригадаи сайёри эҳё ташкил карда шуд, ки он ба манфиати шаҳрвандон, хосатан занони ҳомила нигаронида шуда, минбаъд мутахассисони баландихтисоси ин манбаъ ба беморони муассисаҳои табобатии 18 шаҳру навоҳии вилоят ёрии акушерӣ – гинекологӣ ва эҳёгарӣ мерасонанд. Чун бо таъсиси Бригадаи сайёр мо ба муваффақияти зиёд ноил гардидем ва сафи бемории занони ҳомила ва умуман шумори бонувони бемор дар саросари вилоят коҳиш ёфт, соли 2013-ум нисбати кӯдакони навзод низ Бригадаи сайёр ташкил карда шуд.

Муносибати хайрхоҳона

Муассисаи табобатии мазкур аз соли 1999-ум инҷониб чун бемористони “Муносибати хайрхоҳона нисбати модару кӯдак” ва моҳи ноябри соли 2014-ум бо Фармони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати муассисаи дорои сертификатсияи аккредитатсияшуда шинохта шудааст ва ҳоло шуъбаҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Чунончи, дар шаш моҳи соли ҷорӣ гурӯҳи сайёри эҳёи Таваллудхонаро ба муассисаҳои табобатӣ 40 маротиба даъват кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли пешин 15 маротиба зиёд ба қайд гирифта, дар ин самт хизматрасонӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд кард, ки аз тарафи неонатологон низ хизматрасонӣ ба шаҳру навоҳии вилоят мувофиқи матлаб гузаронида мешавад. Аз ин ҷониб 23 маротиба гурӯҳи сайёр вазифаи касбии хешро дар шаҳру навоҳии вилоят ба сомон расонидаанд.    

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронӣ ва мулоқоташон бо сокинони шаҳру навоҳӣ оид ба беҳтар намудани шароити муассисаҳои табобатӣ ва таълимӣ, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, парастории модару кӯдак ва ҳифзи оила фикру андешаи хешро ибороз медоранд.

Соҳаи тандурустӣ - соҳаи афзалиятнок

Вақте бинои дуюми таваллудхона соли 2013 ба пуррагӣ таъмиру азнавсозӣ гардид, дар расми ба истифодадиҳии он Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, бори дигар аз боби муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои тиббӣ бо технологияи муосири табобатӣ, тақвият бахшидани донишу малакаи табибон ёдовар гардиданд: “Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, дар ин замина, амалӣ намудани тамоми чорабиниҳои зарурӣ доир ба беҳтар кардани шароити хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ доимо дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Яке аз ҳадафҳои Ҳукумат дар ин самт дар хизмати соҳаи тиб қарор додани технологияҳои инноватсионӣ мебошад”.

Пас аз таъмири капиталии бинои дуюми Таваллудхонаи вилоятӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ б70 номгӯй таҷҳизоти табобатии замонавӣ ба маблағи 25 миллион сомонӣ харидорӣ гардид, ки пас аз он сокинони кишвар дар ҳамин муассиса бемориҳои вазнин ва аксари ҷарроҳиҳоро мегузаронанд. Инчунин биноҳои иловагӣ барои ташхисгоҳ, хонаи ҷомашӯӣ, буғхона ва сехи кислородӣ низ қомат афрохт. Маркази ташхисӣ бо таҷҳизоти муосир, ба монанди  тамографи магнитӣ - резонансии компютерӣ, момограф, рентгени рақамӣ, фонендоскоп ва дигар дастгоҳҳои  табобатии муосир муҷаҳҳаз гардидааст. Боиси шодмонист, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят наздик 70 номгӯи таҷҳизоти муосир ва ду нақлиёти реомобилии ёрии таъҷилии тиббӣ бо арзиши наздик 10 миллион доллари амрикоӣ аз ширкати олмонии Сименс харидорӣ карда шудаанд.

Дар бинои якум, ки он аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст, зоишгоҳ ва утоқҳои табобатии модару кӯдакони навзод ҷойгир шудаанд. Утоқҳо бо таҷҳизоти техникии муосири ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардида, табибони варзида - донандагони касби хеш фаъолияти густурда доранд.

Дар баробари ҳамин бинои пешинаи таваллудхона низ боз мавриди тармим ва азнавсозии куллӣ қарор гирифт. Бо ин мақсад аз буҷаи ҷумҳуриявӣ наздик 3,5 миллион сомонӣ масраф гардид.

Навгониҳо – ба манфиати кор

Воқеан, сол аз сол навгониҳо дар ин боргоҳи табобатӣ бисёр рух медиҳанд. Чунончи, пас аз ифтитоҳи бинои мазкур бо тавсияи мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар шуъбаҳои якуми физиологӣ ва обсерватсионӣ ба шуъбаи якҷояи модару кӯдак, ки ба он эҳтиёҷи зиёд доштанд, табдил ёфт.

Таваллудхонаи вилоятии ба номи Ӯғул Шамсиддинова чун яке аз муассисаи калонтарини тиббӣ дар самти ёрии аввалияи тавлидгоҳ ва муолиҷаи бемориҳои занона дар давоми наздик сиюпанҷ соли соҳибистиқлолии кишвар хеле назаррасанд.

Дар ин самт дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 250 нафар занон аз муоинаи колпоскопӣ гузаштаанд. Аз ҳашт нафар зан ситология гирифта шуда, ҳолатҳои илтиҳобии дар 88 нафар зан муайяншуда ба духтурони амрози занона барои муоина ва табобат фиристода шудааст.

Дар давоми шаш моҳи соли равон дар ду нафар HSIL (шубҳа аз саратони г/б) дарёфт шуд, ки ба маркази саратоншиносӣ барои муоина ва табобат фиристода шудааст. Дар нӯҳ ҳолат LSIL муайян гардид, ки чунин занон таҳти назорати акушер – гинекологон қарор доранд.

Ҳуҷраҳои табобатӣ низ бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, табобат дар он мувофиқи матлаб мебошад.

Чунончи, ҳуҷраи нурафшонӣ дорои таҷҳизоти навъи портотивӣ рақамӣ буда, муоина бо таҷҳизоти номбурда дар шуъбаҳои эҳё ва навзодон гузаронида мешавад, инчунин бо ин таҷҳизот муоинаи МСГ гузаронида мешавад. Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 54 муоина гузаронида шуд. 

Ҳуҷраи ултрасадои таваллудхона бо се таҷҳизоти статсионарӣ ва бо як портативӣ таъмин аст. Таҷҳизоти статсионарии “4 Д” бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дастрас гардидааст. Скрининги перинаталии марҳилаҳои 1 ва 2 гузаронида мешавад ва чунин амалиёт нисбати 745 нафар ҳомиладор доир шудааст. Нуқсонҳои модарзодӣ дар 229 ҳолат дарёфт карда шуд. Дар шуъбаи қабулгоҳ утоқи алоҳида барои ташхиси ултрасадо ташкил шудааст, ки он дар ҳолатҳои таъҷилӣ ёрии фаврӣ мерасонад.

Вазъи табобат беҳтар

Боиси шодмонист, ки бо дастгирии пеш аз ҳама Пешвои маҳбуби халқ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва Мақомотҳои маҳалливу Раёсати тандурустии вилоят вазъи табобат беҳтар гардида, модарон тифли хешро бенуқсону солим рӯи даст мегиранд.

Дар ин бобат низ роҳбари кордон Мунира Вализода чанд мисоли мушаххасро аз нимаи аввали соли ҷорӣ ёдовар шуд:

Мувофиқи ҳисоботи шуъба дар шашмоҳаи аввали соли 2026-ум 3610 нафар занон бо мақсади таваллуд омада бошанд, дар ҳамин давраи соли гузашта он 3433 нафар занонро ташкил медод, яъне 177 навзод зиёд тавлид шудааст. Аз ин шумора 2858 занон аз деҳот (79 фоиз),  соли пешин (2621 нафар), занони аз шаҳр муроҷиаткарда 752 нафар – 21 фоиз, дар ҳамин давраи соли пешин 812 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки он 23,7 фоизро ташкил медиҳад.

Иҷроиши барномаи эмкунӣ аз 90 фоиз зиёд буда, ба талаботи барнома ҷавобгӯ мебошад.

Бемориҳои ғайригениталӣ нисбати шашмоҳаи соли гузашта қариб се маротиба кам шудааст. Занҳое, ки бо бемории ғайригенеталӣ таваллуд кардаанд, пас аз муоинаи мутахассисон бо тавсияи табибон ба хонаашон ҷавоб дода мешаванд. Байни бемориҳо камхунӣ коҳиш ёфтааст. Бемориҳои сироятӣ бошад, дар мисоли сурхча, обакон ва дарунравӣ кам ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин самт хизмати табибони навзод чун Моҳира Саиднасруллоева, Моҳира Қосимова, Раъно Қосимова, Каромат Усмонова, Сурайё Абдураҳимова, Дилбар Раҳматова ва Муҳайё Солибоева назаррас мебошад.

Ба ҳомиладорон тибқи тавсияҳои нигоҳубини самараноки перинаталӣ (ЭПУ) ба стандартҳои миллӣ оид ба бурдани валодати пеш аз муҳлат аз тарафи табибон корбарӣ карда шуда, сари вақт гузаронидани колпометрия ва табобати токолитикӣ дуруст баҳо додан ба нишонаҳои валодати пеш аз муҳлат, коррексияи гарданаки бачадон боиси кам шудани миқдори ин валодатҳо шуд. Барои пешгирии фалаҷи майнаи сар нейропротексия бо магнезия дар 41 ҳолат гузаронида шуд. Аз тарафи тренери миллӣ тибқи нақша машғулиятҳо байни духтурон гузаронида мешавад.

Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ панҷ маротиба дарси омӯзишӣ бо нишон додани слайдҳо ва гузаронидани тампонадаи баллонӣ аз тарафи духтурон байни кормандон гузаронида шуд. 

Тақвияти дониш самара овард

Дар бобати тақвият бахшидани донишу малакаи кории табибон, баланд бардоштани маданияти муомила бо беморон ва табобати саривақтии маризон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат борҳо таъкид медоранд. Ҳамин равия дар ин боргоҳи табобатӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Айни замон дараҷаи тахассуснокии духтурон аз 85 то 100 фоиз ва кормандони миёнасоҳа – ҳамширагони шафкат аз 70 то 90 фоиз баданд бардошта шудааст. Табибони ҳозиқи ин муассиса баҳри баландбардории малакаи дониши хеш, бойгардонии таҷрибаи корӣ дар беморхонаҳо ва Пажӯҳишгоҳҳои давлатҳои Федератсияи Русия, Литва, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон, Австрия, Ӯзбекистон ва пойтахти Ватанамон – шаҳри Душанбе дониши хешро рушд бахшидаанд.

Ҳамчунин чун донандаи касби хеш бо мақсади ворид сохтани навигариҳои олам табиби ҳозиқ Рухшона Ҳайдарова дар семинари тиббии Залтсбурги Австрия, ки аз 31 май то 6 июни соли равон доир гардид, ширкат варзида, дар мавзӯи “Саломатии модар ва кӯдак, (OMI)” сухан рондааст. Дар Конфронси илмӣ - амалии шаҳри Андиҷон се нафар табибони ҷавон – Ғафурова, Фозилова ва Дадобоева фикру ақоиди хешро оид ба пешравии самти тандурустӣ дар кишвар иброз доштанд.

Ҳамчунин табибони шуъбаи наҷот ва эҳёгарӣ Саодат Турсунова, Сайфулло Қобилов, Даврон Маъмуров, Шаҳбоз Ҷабборов, Умед Раҷабов, Аъзам Тоҷибоев, Илҳом Холматов, сарҳамшираҳо ва сармомодояҳо Р.Шодиева, М.Каримова, Р.Раҳматова, М. Абдуллоева ва  М. Холиқова дар табобат ва таваллуди навзодон хеле назаррас мебошад.

Мусаллаҳ бо таҷҳизоти тиббӣ    

Имрӯз муассисаи табобатӣ бо таҷҳизоти тиббии муосир, ба монанди томографияи магнитии резонансӣ, маммограф, ташхиси рентгенӣ, колпоскопия, ташхиси ултрасадо, гистерескопия муҷаҳҳаз гардида,  дар ин самт шуъбаи эҳёи калонсолон ва навзодон низ бо катҳои функсионалӣ, мониторҳои наздикатӣ, линеомат, инфузиомат, таҷҳизоти нафаси сунъии муосир, кувейзҳо ва кувейзҳои сайёр ва намудҳои дигари техиникаҳои табобатӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар ҳамаи он дастгирии саривақтии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати тандурустии вилоят хеле назаррас мебошад.  Айни замон дар баробари  ворид карда шудани таҷҳизоти табобатии ТМР, маммограф, колпоскопия, бемориҳои занона, чун саратони сина ва гарданаки бачадон, безуриётӣ дарёфт гардида, сари вақт ба назди мутахассисони ин соҳа беморон фиристода мешаванд.

Таваллудхона айни ҳол чун муассисаи табобатии зинаи сеюми хизматрасонии тиббӣ бо мутахассисони соҳа ва таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз буда, табибон баҳри сиҳатии занони ҳомила, зоянда, навзоида ва навзодони шаҳру ноҳияҳои вилоят кӯшиш намуда истодаанд.

Таваллудхона дорои муассисаи таълимист

Таваллудхонаи вилоятӣ, алалхусус дар даврони соҳибистиқлол дар баробари муассисаи тиббӣ, ҳамчунин мақоми массисаи таълимӣ барои гузаштани такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи тибро низ касб кардааст. Хосатан, пешрафти босуръати илми тиб – ҷорӣ кардани технологияи нав ва асосхои тиббӣ - озмоишӣ дар клиникаҳо зарурати таълими мунтазами касбии баъдидипломии момопизишкон (акушер – гинекологҳо)-ро талқин менамояд, зеро самаранокии кори таваллудхона аз рӯи имконоту иқтидори кадрҳо ва сатҳи омодагии касбии пизишкон муайян мегардад.

Охирсухан

Дар ҷамъбаст Мунира Вализода - сартабиби таваллудхонаи вилоятии ба номи Ӯғул Шамсиддинова чунин иброз дошт:

- Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 35 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаи тандурустӣ навгониҳои куллӣ ба амал омадаанд: Бунёду таҷдиди муассисаҳои тиббӣ, таъмин бо таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи тиб, такмили ихтисоси кормандони соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар, густариши хизматрасониҳои босифати тиббӣ, ин ҳама нишондиҳандаи сиёсати инсонпарварона ва дурнигаронаи Роҳбари давлат мебошад, ки рӯз аз рӯз соҳа рушду тараққӣ намуда, дар самти хизматрасонӣ ба модару кӯдак низ пешравиҳо назаррасанд. Соли 2019 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят биноҳои якум ва дуюм бо гузаргоҳ пайваст карда шуд, ин имкон дод, ки шароит ва сифати хизматрасонӣ дар муассиса беҳтар гардад. Бо дастгирии молиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маркази ягонаи гармидиҳии муассиса сохта ба истифода дода шуд. Ин барои нигаҳдории занҷири гармӣ дар навзодон баъди таваллуд бисёр муҳим мебошад. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ харидорӣ ва насби зиёда аз 50 номгӯи таҷҳизоти муосир аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат амалӣ карда шуд.

Ин ҳама шароити муосири муҳайёгардида моро вазифадор месозад, ки ба сокинони шаҳру навоҳии вилоят ва берун аз он хизмати содиқона намоем, то ин ки зарурати сафар ба хориҷи кишвар аз байн равад ва эътимоди мардум ба таваллудхона афзуда, нишондоди валодати хонагӣ ба маротиб коҳиш ёбад.

Мо, табибон, дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш ҳамеша дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк мекунем. Ва ҷавобан ба ин ғамхориву меҳрубонӣ боз ҳам фаъолияти хешро ҷоннок намуда, барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро мегузорем.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”