Зиндагиро инсонҳои нексиришту бомаърифат маънӣ мебахшанду рангин месозанд. Инсон аз суҳбати чунин шахсони соҳибзаковату хирадманд, фурӯтану самимӣ нерӯву тавон мегираду ба зиндагӣ дил мебандад. Ташаккул ёфтан ва камолоти шахсият аз муҳити хонадон ва тарбияи волидон пайвастагии амиқ дошта, он дар тору пуд ва сиришт ҷойгузин мегардад. Хушбахтона, ҷомеаи имрӯзаи мо аз ин гуна инсонҳои нек орӣ набуду нест. Агар ин хислатҳои олии инсонӣ ба масъулияту рисолати касбӣ тавъам бошанд, пас инсон соҳибэҳтирому азизи дилу дидаи мардум мегардад.

Яке аз касбҳои пуршараф, ки барои ҳама хурду бузург–аз рӯзи тавлид ва дами вопасин роҳнамо буда, ҳар сухани ҷонбахши соҳибони ин касб бо зарҳал навишта мешавад, табиб аст. Табибе, ки садоқат ба касб дораду онро дӯст медорад, пеш аз ҳама, бо сухани накӯ ба бемор дармон мебахшад.

Матлаб аз ин гуфтаҳо яке аз чеҳраҳои муниру шинохтаи соҳаи тибби вилоят, дармонбахши қалбҳо, инсони фарҳехтаву китобдӯсту китобхон, дорои қалби бузург, вориси асили Абуалӣ Ибни Сино, духтури дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Тоҷикистон ва аз ҳама муҳим Инсони комил Абдуҳаким Ҷӯраев мебошанд.

Абдуҳаким Ҷӯраевро бори аввал дар мулоқоти Раиси вақти вилоят бо аҳли кормандони соҳаи тандурустӣ соли 2015 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки дар он эшон баромади хеле пурмӯҳтавову пурмазмун оид ба рушди соҳаи тандурустиву табобат намуданд, чун шахсияти донандаи касби хеш ва донишманд дарёфтам.

Бо тақозои сарнавишт ба идораи рӯзномаи вилоятӣ ба кор омада, огоҳ гардидам, ки ҳамсари корманди идораи рӯзнома, собиқадори соҳаи матбуоти кишвар, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурӣ,  дорандаи медали “Хизмати шоиста”, мудири шӯъбаи сиёсии нашрия Тавҳида Ҷӯраева табиби қалб ҳастанду солҳост, ки дармонбахши шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев, собиқадори матбуот Карим Шариф ва дигарон мебошанд. Карим Шариф борҳо қайд намуданд, ки чанд даҳсола инҷониб табиби ман пизишки мушфиқ Абдуҳаким Ҷӯраев мебошанд, ки инсон ва табиби хеле олианд. Бахшида ба рӯзи матбуот вақте ба дидорбинии Тавҳида Ҷӯраева рафтем, он кас китоби тозанашри дастаҷамъонаи чанд нафар адибони кишвар, аз ҷумла Фарзонаи Хуҷандӣ, ки шахсан худи шоира ба духтур А.Ҷӯраев тақдим намудаанд, мутолиа мекарданд. Ман пурсон шудам, ки кадом китобро хонда истодаед? Муаллима ҷавоб доданд, ки чанд рӯз пеш устод Фарзона омада буданд ва китоби тозанашрашонро ба духтур туҳфа оварданд. Аёнам гашт, ки ба шарофати муҳаббату муносибати самимии духтур А.Ҷӯраев ба мизоҷонашон, аз ҷумла, ба шоира Фарзона, аз ин рӯ, солҳост, ки рафтуомади оилавӣ доранд.

Воқеан, ин ҷо ҷоиз ба зикр аст, ки духтур аз хонадони зиёианд. Падари Абдуҳаким Ҷӯраев–Абдураҳим Ҷӯраев номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров (собиқ ДДОЛ ба номи С.М.Киров) буданд ва меҳру муҳаббат ба китобхонӣ дар ин хонадон авлодӣ аст. Ҳамчунин, духтур А.Ҷӯраев ба санъату фарҳанги миллиамон низ шавқи беандоза дошта, ба санъати воло, бахусус Шашмақом, ба ҳунарпешагони асили қаламрави вилоят арҷ мегузоранд.

Ин назари неки атрофиёну корафтодагон нисбати духтур Абдуҳаким Ҷӯраев дар дилам оташи эътимоду умедро пайдо кард ва хостам, ки ҳуҷҷатҳои ташхисиву табобатии қалби шодравон қиблагоҳи азизамро ба он кас нишон диҳам. Ба ҳуҷраи кориашон рафта дидам, ки ҳамон чеҳраи шинос, ҳамон нафаре, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ бо суханронии пурарзиши хеш, ба қавле ҳамаро қоилкарда. Дар сӯҳбати рӯ ба рӯ дарёфтам, ки он кас воқеан мутахассиси касби хешанду хушзабону хушмуомила ва ширингуфтору ҷонбахшу рӯҳнавоз. Вақте ба табиб ҳадафи хешро иброз доштам, гуфтанд, ки бояд бо бемор рӯ ба рӯ суҳбат кунам, метавонед падарро назди ман оред? Сипас, қиблагоҳи азизамро назди духтур овардам ва аз муомилаву муоширати Абдуҳаким Ҷӯраев ба хулоса омадам, ки 70-80 фисади табобати бемор аз муносибати табиб вобаста аст. Вале, мутаассифона, имрӯз табибоне ҳастанд, ки...

Духтур Абдуҳаким Ҷӯраев ба касбашон содиқ ҳастанду ҳамдарди беморон, нисбати ягон бемор беэътино нестанд. Аз таҷриба дидам, ки баъди тавсияи табобати падарам чанд маротиба худашон ба хонаамон рафта, натиҷаи онро санҷиданд. Ман бо хиҷолат гуфтам, ки агар мегуфтед, падарро назди Шумо мебурдам. Духтур бо фурӯтаниву хоксории ба худ зебанда гуфтанд, ки ман бо падаратон суҳбат карда, падари худро пеши назар меорам. Зеро падари ман ҳам чун падари Шумо як вақтҳо дар заминҳои минтақаи Овчиқалъача тракторчигӣ кардаанду нисбати мутахассисони ин касб эҳтироми зиёд доштанд.

Шодравон падари арҷмандам низ ба инсонигарии баланду муносибати самимонаи Абдуҳаким Ҷӯраев қоил монда, нисбати эшон эҳтироми зиёд доштанд. Самимияти Абдуҳаким Ҷӯраевро ҳангоми табобати модар низ эҳсос намудам, ки он кас воқеан мутахассиси асил ва масъулиятшиносу ҷони одам ҳастанд. То аз дасташон омадан мададу маслиҳати худро ҳамчун духтур дареғ намедоранд, ки ин хислати олӣ ҳоло, яъне дар даврони муосири мо барои духтурон хеле муҳим аст. Оне, ки соҳиби қалби поку беғубору мусаффо аст,  беғаразона ба мардуми сарзамини хеш хизмат менамояд ва гӯё маҳз ин сатрҳоро дар ҳаққи чунин инсонҳо шодравон шоираи ширинкалом Норинисо гуфтааст:

Нигаҳ дорад худо ҳар бандаро аз ҷурму нопокӣ,

Сутуни зиндагонӣ одамони пок мегӯянд...

Имрӯзҳо, табиби шинохтаву соҳибэҳтиром Абдуҳаким Ҷӯраев дар нафақа бошанд ҳам, дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилоят фаъолияти худро идома дода, бо таҷрибаи нодири хеш ба дарди қалби даҳҳо беморон дармон мебахшанду таҷрибаи хешро барои мутахассисони ҷавон меомӯзонанд.

Имсол дар ин соли мубораку муқаддаси миллиамон–ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон духтур Абдуҳаким Ҷӯраев ба синни мубораки 70 - солагӣ расиданд. Духтур Абдуҳаким Ҷӯраев дорои оилаи намунавӣ, ҳамсари меҳрубон, фарзандони дилбанду наберагони азизу дӯстрӯй буда, дар ҳалқаи аҳли пайвандони азизашон давлати зиндагӣ доранд, ки ин аст бахти баланду рисолати бузуги инсонӣ.

Абдуҳаким Ҷӯраевро ба муносибати ин санаи мубораки умри бобаракаташон, ки воқеан вориси асили Шайхурраис Абуалӣ ибни Синову маҳбубу азизи ҷомеа мебошанд, бо иди касбиашон–Рӯзи табибон самимона табрику муборакбод намуда, барояшон саломатии бардавом, умри дароз, саодатмандиву комгорӣ ва давлату даврони бегазанди зиндагиро таманно менамоям.

Аминҷон Шарифзода,

“Ҳақиқати Суғд”