Бо мақсади иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва дар ин радиф иҷрои дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ, пешгирии воридшавии маҳсулоти пастсифату ғайристандартӣ ба бозорҳои дохили кишвар мутахассисони Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар тамоми самтҳо фаъолияти назаррас дошта, иҷроиши кор вобаста ба самти манфиатнок нигаронида шудааст.

Кормандони маркази мазкур дар баробари бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни соҳибкорону фурӯшандаҳо, баргузор кардани машваратҳои пайвастаи омӯзишӣ бо иштироки доираи васеи соҳибкорону истеҳсолкунандагони ватанӣ назоратро дар мағозаҳо, хизматрасонии хӯроки умумӣ, бозорҳои истеъмолӣ, марказҳои савдо, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ пурзӯр намудаанд.

Зимни ироаи Паёмҳои ҳарсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки мақомоти назорати бехатарии бозори истеъмолиро таъмин намоянд. Роҳ надиҳанд, ки ҳуқуқи истеъмолкунанда поймол гардад ва ба саломатии аҳли ҷомеа хатар эҷод карда шавад.

Ҳадафи асосии самти кори Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф пешгирии воридшавии маҳсулоти пастсифату ғайристандартӣ ё муҳлати истеъмолаш гузашта ҳатмӣ буда, мутахассисони раёсат дар вилоят корро ҷиддӣ ба роҳ мондаанд.

Ҳар сол 4-5 маротиба бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воситаҳои ахбори омма ва намояндагони дигар мақомоти назоратӣ маъракаи несту нобудсозии маҳсулоти пастсифату ғайристандартӣ гузаронида мешавад.

Ҳар як фурӯшандае, ки молу маҳсулоти худро ба савдо мебарорад, маърифати касбии худро пайваста боло барад, масъулиятшинос бошад. Бояд донад, ки ба ӯ бовар карда, аз вай маҳсулоту озуқаворӣ мехаранд. Дар ҳолати риояи талаботи стандартҳо муштариёнаш рӯз ба рӯз афзоиш ёфта, аз ин ҳарду манфиат мебаранд.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳастанд соҳибкорон, истеҳсолкунандагони ватанӣ, фурӯшандаҳое, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол месозанд. Маҳсулоти пастсифату ғайристандартиро вориди бозори истеъмолӣ карда, ба саломатии инсон хатар эҷод мекунанд, манфиати худро аз манфиати аҳли ҷомеа ва солимии мардум боло мегузоранд.

Мутахассисони шуъбаи нозироти савдои Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли равон фаъолияти худро вобаста ба эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба роҳ монда, дар ин давра дар асоси мактуби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 68 адад парвандаи ҳуқуқвайронкуниро баррасӣ намуда, субъектҳои хоҷагидорие, ки ба қонуншиканӣ роҳ доданд, ба маблағи 6318 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок мутахассисони шуъба ба миқдори 1700 килограмм маҳсулоти қаннодӣ, 4359 килограмм сақич, 58300 килограмм намаки ошӣ, 4105 килограмм чипс, 7000 килограмм донаи офтобпараст, 903 литр нӯшокиҳои ташнашикан ва спиртии бе сертификат ва пастсифатро ошкор намуданд, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 720 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар шуъбаи озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрока ва кишоварзии Раёсат дар семоҳаи аввали соли 2026 ба миқдори 2561 намуна маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ аз ташхис гузаронида шудааст. Аз миқдори умумии маҳсулоти ташхисшуда 91 намунаи маҳсулот ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ дониста шуд.

Набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо маҳсуб меёбад. Мо бояд молу маҳсулоти рақобатпазир ва бозгӯ ба талаботи бозори ҷаҳониро истеҳсол карда, маҳсулоти ватаниро муаррифӣ намоем. Сифати кору хизматрасониро тибқи талаботи ҷаҳони муосир ба роҳ монем. Ҳаргиз ба ворид гардидани молу маҳсулоти пастсифату ғайристандартӣ ба бозор роҳ надиҳем. Рисолати худро дар ҷомеа ҳамчун фарзандони содиқи Ватан бар ҷой биорем. Ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол насозем.

Мутахассисони Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо мақомоти қудратӣ ҳамкории зич доранд ва дар ошкор намудани қонуншиканиҳо онҳо низ ҳиссагузоранд. Дар баробари ин телефонҳои боварии Маркази вилоятии Тоҷикстандарт пайваста фаъоланд. Муроҷиатҳои хаттию шифоҳии истеъмолкунанда доимо ҳалли мусбии худро меёбад.

 

Гулҷаҳон Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»