- Информация о материале
- Просмотров: 41
Дар асри технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ҷанги иттилоотӣ яке аз силоҳҳои хатарноктарин бар зидди суботи давлатҳо гардидааст. Яке аз афроде, ки дар ин майдони зиддимиллӣ фаъолият мекунад, Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Ӯ бо истифода аз минбарҳои сохтаи худ, кӯшиш дорад, ки арзишҳои миллиро коста ва ҷавонони ватандӯстро гумроҳ созад.
Дар шароите ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии оқилонаю хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳо ба комёбиҳои беназир ноил гардида истодааст, қувваҳои бадхоҳ ва хоинони миллат, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин фаъолияти тахрибкоронаи худро дар фазои маҷозӣ пурзӯр кардаанд. Ҳадафи асосии онҳо на беҳбудии ҷомеа, балки заҳролуд кардани зеҳни ҷавонони ватандӯст ва халалдор сохтани сулҳу суботи кишвар аст.
Муҳаммадиқбол ва ҳамсафони ӯ бо истифода аз шеваҳои маккоронаи гумроҳсозӣ ва технологияҳои психологӣ кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро ба доми худ кашанд:
• Истифодаи эҳсосоти динӣ: Ин қабил ашхос кӯшиш мекунанд, ки дини мубини Исломро тафсирҳои нодуруст дода, ба ин васила мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ гардонанд. яъне ҷомеа, бахусус, ҷавононро дар муқобили арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ қарор диҳанд.
• Тарғиби кинаву адоват: Барномаҳои онҳо аз туҳмату дашном ва паст задани шаъну шарафи инсонӣ иборат буда, на ба бунёдкорию созандагӣ, балки ба тахрибкорӣ ва бадбинии ниҳодҳои давлатӣ нигаронида шудаанд, ки чунин амалу рафтор ба ҳеҷ як меъёри ахлоқӣ ва динӣ мувофиқат намекунад.
• Таҳрифи воқеият: Дастовардҳои давлату миллатро нодида гирифта, бо ранги сиёҳ ҷилва медиҳанд, то ин ки дар дили ҷавонон яъсу ноумедӣ ва бадбиниро нисбат ба Ватани азизамон бедор кунанд.
• Дурӯғ ва иғво: Паҳн кардани маълумоти бардурӯғу беасос ва таҳрифи воқеият бо мақсади эҷоди нобоварӣ дар байни мардум ва ҳукумат.
Чаро ҷавонони ватандӯст ҳадафи онҳоянд? Чунки ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон неруи асосии созандаи кишваранд. Маҳз ҳамин худогоҳӣ ва ватандӯстии ҷавонон садди роҳи нақшаҳои хоинони ватан мегардад. Бинобар ин, гурӯҳҳои иғвоангези террористию экстремистӣ кӯшиш менамоянд ки:
• Ваҳдати миллиро коста гардонанд, зеро медонанд, ки миллати воҳид шикастнопазир аст.
• Иродаи ҷавононро заиф созанд, яъне бо паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ (фейк) мехоҳанд боварии ҷавононро ба ояндаи дурахшон коҳиш диҳанд.
• Хизмат ба хоҷагони хориҷӣ, яъне амалҳои ин гуна афрод танҳо ба нафъи доираҳои махсуси хориҷист, ки хоҳони пешрафти Тоҷикистон нестанд.
Ватандӯстии ҳақиқӣ ин ҳифзи сулҳу субот ва оромии Ватан, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ ба муқобили фитнаҳои бегонагон ва хоинони миллат аст.
Хулоса, ҳушёрию зиракии сиёсӣ сипари ҷомеа мебошад. Ҷавонони худогоҳи мо хуб медонанд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони ӯ танҳо лӯхтакҳои дасти дигаронанд. Мусаллам аст, ки хиёнат ба Ватан ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ давру замон бахшида намешавад, зеро таърих ҳамеша рӯйи сиёҳи хоинонро ошкор хоҳад кард.
Ҳифзи Ватан ва марзу буми он дар сарҳади кишвар ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Аз ин рӯ, мо ҳамагон бо илму дониш ва садоқати бепоён ба Ватани азизамон ба ҳар гуна амалҳои хоинонаи ватанфурӯшон ҷавоби сазовор медиҳем.
Абдуалим Ҳомидов,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати тоҷикистон
- Информация о материале
- Просмотров: 60
Дар замони шиддатёбии бархурди манфиатҳои ҷаҳонӣ дар гӯшаи гуногуни ҷаҳон барои ба даст овардани мавқеи сиёсӣ, имрӯзҳо мо мушоҳида карда истодаем. Аҳолии сайёра бо якчанд муаммоҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки яке аз онҳо амалҳои террористӣ ба ҳисоб рафта, тамоми аҳолии сайёраро ба ташвиш овардааст. Мафҳуми терроризм ин худ маънои тарс ва ваҳмро доро буда, террорист он шахсе мебошад, ки ин амали номатлубро амалӣ мегардонад. Имрӯзҳо мо амалҳои террористиро дар ҳар гӯшаи канори дунё тавассути инё он манбаҳо мешунавем. Гурӯҳҳои террористӣ имрӯзҳо фаъолияти худро нишон дода аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, мақсадҳои нопоки худро роҳандозӣ намуда истодаанд. Гурӯҳҳои террористӣ дар ҳамаи гӯшаи дунё фаъол буда, кӯшиш доранд аҳолии сайёраро бо гумроҳӣ ба тарсу ваҳм андозанд ва ин амалҳои онҳо ба ҳар гуна воситаҳо ва шахсони алоҳида ба амал бароварда мешавад.
Террорист намехоҳад дар кишварҳои дунё сулҳу субот ҳукмрон бошад ва бо ин мақсад тамоми кӯшиши талоши хешро истифода карда, дар замони технологияҳои иттилоотӣ роҳҳои муосири фирифта намудани ҷавононро дарёфт намуда истодааст. Амалҳои онҳо метавонад чунин бошад: тарконидан, гарвагон гирифтани аҳолии осишта, ғасби биноҳои таъиноташон гуногун ва ғайраҳо. Шабакаҳои интернет, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо аҳаммияти бисёр муҳим дорад ва мо имрӯз тавассути шабакаҳои интернет фаъолияти худро ба роҳ монда истодаем ва ин албатта, талаби замон ба ҳисоб меравад. Дар раванди истифодабарии интернет мо бояд маърифати истифодабарии онро дониста, интернетро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, барои дарёфти маълумоти дарсӣ ва анҷоми корҳои илмӣ самаранок истифода намоем.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористӣ тавассути шабакаҳои интернет бисёр фаъол мебошанд ва бо номҳои гуногун қайди ном шудаанд. Гурӯҳҳои террористӣ дар марҳилаи аввал кӯшиш менамоянд то шахсро бо ҳар роҳу усул фиреб намуда, бар доми худ гирифтор кунанд ва минбаъд амалу фаъолияти нопоки хешро зина ба зина маълум месозанд. Онҳо дар бораи ин ё он ҳодисаҳои даҳшатбор тавассути шабакаҳои интернет видиороликҳо сохта ва пахш менамоянд ва тавассути он шахсони гумроҳшударо ба ҷонибдорӣ ва дастгирӣ даъват месозанд.
Кишварҳое кам нестанд, ки аз қурбониҳои амалҳои террористӣ азият накашида бошанд, ки ин ҳама аз надонистан ва аз бетарафии мардуми ҳамон мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Мо дар ин самт кишварҳои Шарқи Наздикро мисол оварданамон мумкин аст, ки дар ин кишварҳо сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ҷойи худро ба майдони даргириҳо, ҳамлаҳои террористӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб иваз кардааст. Гурӯҳҳои террористӣбо ҳар гуна ниқобҳо баромад намуда, хостгори амалҳои номатлуб ва иғвоангез мебошад. Имрӯзҳо шахсоне, ки дар амалҳои террористӣ ширкат меварзанд, фирефтаи ин ён он чизҳо гашта, даст ба чунин ҳолатҳои номатлуб мезананд, ба давлату миллат хиёнат мекунанд. Афзоишиҷиноятҳои хусусиятҳои терроистӣ дошта, имрӯз тамоюл ба афзоиш дорад. Фаъол гаштани гурӯҳҳои террористӣ бо номи «Давлати исломӣ»,«ал – Қоида», «Толибон» ва ғайраҳо гувоҳи гуфтаҳои болост. Мо бояд як чизро дониста бошем, ки ҳамаи амалҳои анҷомдодаи гурӯҳҳои террористӣ ҳам зарари ҷонӣ ва ҳам молӣ ба бор меоварад. Дар амалҳои террористӣ садҳо одамон кушта шуда, хонаҳои зиёд вайрон мешаванд ва ин вайронкориҳо баруҳияи шахс таъсири манфии худро мерасонад.
Кишвари азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол аз масъалаҳои глобалӣ аз ҷумла терроризм дар канор нест ва ҳамарӯза дар ин самт корҳои зиёд ба сомон расонида мешавад. Тоҷикистон тамоми фаъолияти гурӯҳҳои террористиро қотеъона маҳкум намуда, фаъолияти онҳоро дар қаламрави кишвар манъ кардааст. Чи тавре ки таърих гувоҳ аст, ҳодисаҳои аввали солҳои 1991 барои мардуми тоҷик бисёр лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ ба шумор мерафт, зеро ки гурӯҳҳои алоҳида амалҳои нопоки худро бо роҳу усул амалӣ менамуданд. Хиради азалии Тоҷикон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз яқбори дигар исбот намуд, ки тоҷикон миллати сулҳофар ва сулҳҷӯву тамаддуновар мебошанд.
Имрӯз дар самти мубориза ба терроризм чораҳои қатъии дахлнопазир роҳандозӣ шуда, корҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд. Аз ҳамин нуктаи назар мо ҷавони даврони соҳибистиқлолии кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ин зуҳуроти номутлуб мубориза барем ва дар ободонӣ ва шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.
Амриддин Мисиров,
омӯзгори факултети геоэкология ва туризми
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
- Информация о материале
- Просмотров: 253
Дар ин саҳифа аз аксҳои хотирмони кормандони рӯзнома ошноӣ пайдо менамоед
- Информация о материале
- Просмотров: 119
Дар бораи мо
Дар бораи мо
Дар бораи мо
Дар бораи мо
Дар бораи мо
Дар бораи мо
Дар бораи мо
Дар бораи мо
- Информация о материале
- Просмотров: 3590
Мавзӯъҳои рӯзнома – шарҳу тавзеҳи рафти воқеаҳо дар Тоҷикистон ва вилояти Суғд, таҳлил ва шарҳи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ва ҳаёти иҷтимои ва фарҳангии вилояти Суғд мебошад. Рӯзнома дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд нашр мешавад.
Таърихи рӯзнома
Шумораи нахустини рӯзнома бо номи «Роҳи колхозчӣ» 25 марти соли 1930 нашр шудааст дар ш. Ленинобод. Шумораи аввал ба хати арабиасос нашр гардид, ки дар њаёти мењнаткашон нақши муассир дошт. Муҳаррири аввалин Муҳаммадҷон Ҳасанов буд. Аз шумораи 61 (7 ноябри соли 1930) "Пролетари Хуҷанд" ном гирифт, ки органи Комитети партиявии шаҳри Хуҷанд, Совети депутатҳои шаҳр ва Бюрои иттифоқи касаба буд. Баъдтар бо номҳои «Пролетари Хуҷанд», «Болшевики Хуҷанд», «Бо роҳи Ленин», «Стахановчӣ» ва «Ҳақиқати Ленинобод» ба дасти хонандагон мерасид.Дар саргаҳи таъсис ва рушду такомули рӯзнома як зумра фарзандони бузург, бисёр рӯзноманигорон, адибон ва олимони машҳур, аз ҷумлаи академикҳо Зариф Раҷабов, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Аминзода, Аминҷон Шукӯҳӣ ва дигарон меистанд, ки беҳтарин анъанаҳои муҳити эҷодии рӯзномаи вилоятӣ, ки то ҳол идома меёбанд, бо номи ин бузургмардон марбут аст.
Рӯзномаи «Бо роҳи Ленинӣ» 3 августи соли 1933 баробари рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» таъсис ёфт. 17 январи соли 1935 зарурати муттаҳид кардани «Пролетари Хуҷанд» ва «Бо роҳи ленинӣ» ба миён омад, ки дар асоси қарори Кумитаи ҳизбии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Соли 1940 баъди ташкил ёфтани вилояти Ленинобод ба газета номи "Стахановчӣ" ниҳода шуд. Рӯзномаи вилоятии "Стахановчӣ" аз 1 январи соли 1948 "Ҳақиқати Ленинобод" ва аз соли 2001 «Ҳақиқати Суғд» ном гирифт. Дар маҷмӯъ, рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар пешрафти публитсистикаи тоҷик нақши назаррас гузоштааст.




