Басо рамзист, ки дар ин рӯзҳое, ки мардуми шарифи мамлакатамон ҷашни азизи кишвар-Рӯзи Ваҳдати миллиро истиқбол мегиранд, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи пешниҳоди Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” Қатънома қабул намуд. Ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои миллат  боз як далели равшани эътирофи нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ буда, обрӯву нуфузи давлатро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам таҳким мебахшад.

Қабули ин ташаббуси Пешвои муаззами миллати мо дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус дошта, бори дигар собит месозад, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад. Ҳадафҳои асосии Даҳсола ин мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқу тарғиби  муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо аз ҷумла кӯдакон, онон ва пиронсолон мебошад. 

Ҳуҷҷати мазкур  аз ҳамаи давлатҳои ҷаҳон даъват ба амал меорад, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд. Дар Қатънома таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ  зарур ва муҳим шуморида мешавад.

Ҳамчунин дар Қатънома омӯхтани таҷрибаҳои миллии сулҳофаринӣ ҳамчун манбаи арзишманди илҳомбахшӣ барои наслҳои имрӯзу оянда муҳим ва зарур шуморида мешавад. Ин барои мо, сокинони Тоҷикистони азиз боиси ифтихору сарбаландии бепоён аст. Зеро ин нукта омӯхтани таҷрибаи сулҳи тоҷиконро низ таъкид менамояд.

Ман ҳамчун як нафар шаҳрванди ин сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ифтихор аз он менамоям, ки ин ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллати мо дар бобати ғамхорӣ ба наслҳои ояндаи башарият, меросбарони имрӯзу фардо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Сулҳ барои мо, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон азизтарин, арзишмандтарин неъмат аст. Мардуми шарифи кишвари мо сулҳро бо арзиши хеле гарон ба даст овардааст. Ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллати мо имрӯз дар шароите дастгирии умум ёфт, ки дар минтақаҳои мухталифи олам сокинон гирифтори ҷангу даргириҳо мебошанд. Ва ин иқдом, яъне талош варзидан ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки аз ҷониби шахсияте ба мисли Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлате сурат гирифт ки мардумонаш даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд ва имрӯз ба қадри сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ мерасанд.

Сулҳ ин бахту иқболи фарзандони мо, ояндаи дурахшони насли имрӯз, сулҳ ин эҳтиром ба шаъну эътибори инсоният аст. Қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мо, ҳар як сокини Тоҷикистонро баҳри он вазифадор менамояд, ки аз ҳарвақта бештар сулҳу ваҳдат, суботу орому осоиштагиро қадр намоем, баҳри таҳкиму тақвияти он монда нашуда, заҳмат кашем.

Рафоат Мӯъминова,

“Ҳақиқати Суғд”