Пойафзолбарорӣ яке аз самтҳои муҳими саноати сабук ба ҳисоб рафта, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкории маҳаллӣ нақши муҳим дорад. Рушди ин соҳа, бахусус истеҳсоли пойафзоли мактабӣ, метавонад барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхонаҳои саноатӣ ба масъалаи рушди истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид менамоянд, ки шумораи чунин корхонаҳо зиёд ва ҳаҷми истеҳсол афзоиш дода шавад, то дар оянда бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин гардад.

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди саноати сабук дар мамлакат барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди саноати сабук” ва “Барномаи саноатикунонии босуръат” қабул гардида, татбиқи онҳо бомаром идома дорад. Дар доираи ин санадҳо, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва рушди иқтидори корхонаҳои амалкунанда аз самтҳои муҳими саноатикунонии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар ин раванд, ҶДММ “Муҳайё ва Ко” аз ҷумлаи корхонаҳои саноатӣ мебошад, ки бо мақсади мусоидат ба рушди истеҳсолоти ватанӣ, дар заминаи дастуру супоришҳои сарвари давлат соли 2024 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов дар деҳаи Саидқӯрғони ноҳияи Спитамен ба истифода дода шудааст.

Фаъолияти асосии коргоҳ ба дӯхти либос ва истеҳсоли пойафзоли мактабӣ равона гардида, таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо ҷиҳози мактабӣ ҳадафи асосии он мебошад.

Айни замон дар корхона беш аз даҳ навъи пойафзоли мардона истеҳсол мешавад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ тақрибан 50 ҳазор ҷуфт пойафзол дар як сол мебошад. Ин ҷо қисми зиёди корҳои истеҳсолӣ ба таври дастӣ анҷом дода мешаванд. Беш аз 40 усто ҳар рӯз аз 20 то 30 ҷуфт пойафзол истеҳсол менамоянд. Барои васеъ намудани истеҳсолот ва баланд бардоштани иқтидори коргоҳ таҷҳизоти нави истеҳсолӣ аз Чин ворид шудааст. Дар нақша аст, ки дар оянда истеҳсоли пойафзоли занона ва кӯдакона низ ба роҳ монда шавад.

 -Дар ноҳия тақрибан 30 ҳазор хонанда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсил мекунанд. Мо талаботро меомӯзем ва мехоҳем тадриҷан ҳаҷми истеҳсолотро зиёд кунем, то сокинони маҳаллиро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин намоем, -мегӯяд Фурқат Абдуҷабборов.

Яке аз омилҳои муҳимми рушди истеҳсолот омода намудани мутахассисони маҳаллӣ ва истифодаи таҷрибаи истеҳсолии кишварҳои ҳамсоя мебошад. Дар ин самт корхона бо шарикони худ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкорӣ дошта, мутахассисони кишвари ҳамсоя ба кормандони маҳаллӣ нозукиҳои истеҳсоли пойафзолро меомӯзонанд.

Тибқи нақша, дар марҳилаи минбаъда маҳсулоти коргоҳ на танҳо барои бозори дохилӣ, балки барои дигар минтақаҳо низ пешниҳод карда мешавад. Ин иқдом метавонад доираи истеъмолкунандагонро васеъ намуда, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот мусоидат намояд.

Дар коргоҳ ба масъалаи дастгирии иҷтимоии кормандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Онҳо бо хӯроки гарм ва маоши арзанда таъмин мебошанд. Ин нуктаро Абдулаҳад Убайдуллоев, яке аз кормандони коргоҳ тасдиқ менамояд. Ба таъкиди ӯ, ҳар рӯз то 20 ҷуфт пойафзол истеҳсол мекунад ва ҳар моҳ то 3000 сомонӣ маош мегирад.

Дар фаъолияти коргоҳ занон низ саҳми арзишманд доранд. Адиба Рӯзиматова, корманди дигари коргоҳ ҳар рӯз то 150 ҷуфт пойафзолро бастабандӣ менамояд ва 2500 сомонӣ маош мегирад.

Тавре Фурқат Абдуҷабборов иброз медорад, дар шафати коргоҳи мазкур инчунин коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият мекунад, ки барои таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ равона шудааст.

-Яъне, хонандагон аз ҳамин ҷо бо сару либоси мактабӣ таъмин мешаванд, ки ҳам қулай, арзон ва дастрас мебошад,-мегӯяд соҳибкор.

Фаъолияти коргоҳи дӯзандагӣ ва пойафзолбарории ҶДММ “Муҳайё ва Ко” нишон медиҳад, ки рушди корхонаҳои хурду миёна метавонад дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи истеҳсолоти миллӣ ва рушди соҳибкории маҳаллӣ мусоидат намояд.

Дар шароити татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, истифодаи имкониятҳои истеҳсолии дохилӣ ва васеъ намудани доираи маҳсулоти саноати сабук аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, тавсеаи чунин коргоҳҳо ва ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосир метавонад барои рушди минбаъдаи пойафзолбарорӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”