Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Варзиш ва сайёҳӣ

Маводҳои охирон

  • ҲНИ – сарчашмаи пайдоиши терроризм ва экстремизм
  • Мансабхоҳию курситалошии наҳзатиён!
  • Нест бод-хоинони миллат !
  • Азроил тӯъма ёфтааст?
  • Маркабсонон!
  • Лаънатборон!
  • Аблаҳони аламзада!
  • Боғи баҳил беҳосил!
  • Ҳамдиливу ҳамраъйӣ мебояд!
  • Терроризм – ин хатари ҷаҳони муосир

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
ШАРИФОВА МАВЛУДА
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Коҳиши ҷинояткорӣ, таъмини шуғл ва рушди инфрасохтори варзишӣ

Информация о материале
Опубликовано: 13 августа 2026
Просмотров: 47

Дирӯз нишасти матбуотии ду сохтори вилоятӣ Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд доир гардид, ки онҳо бобати бурду бохти соҳа маълумот доданд.

Сараввал сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршедахон Хоҷазода доир ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли равон ба рӯзноманигорон маълумот дод. Ӯ қайд кард, ки имрӯз дар вилоят аз 1 миллиону 492 ҳазору 500 нафар бону 23 ҳазору 220 нафарашон дар мансабҳои роҳбарикунанда ва 1194 нафарашон дар хизмати давлатӣ фаъолияти самаранок доранд. Бонувон дар мақомоти қонунгузор ва иҷроия низ мақоми назаррас доранд, 3 нафар узви Маҷлиси миллӣ, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагон, 24 нафар вакили Маҷлиси вилоятӣ ва садҳо нафар дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо вакил интихоб шудаанд. Инчунин, як нафар муовини Раиси вилоят, як нафар роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, як нафар раиси шаҳр ва 17 нафар муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби занон мебошанд.

Доир ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини занони хонашин бо ҷойи кор гуфта шуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроия ва сохторҳои шуғли аҳолӣ дар вилоят марказҳо ва синфхонаҳои қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ ташкил карда шуда, беш аз 30 ҳазору 800 нафар бонуи хонашин ба касбомӯзию ҳунармандӣ ҷалб гардиданд. Ҳамзамон, ба муҳофизати ҳуқуқии оилаҳо ва дастгирии иҷтимоӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар ин давра ба Раёсат 22 муроҷиати шаҳрванд (12 шифоҳӣ ва 10 хаттӣ) оид ба ҷанҷолҳои оилавӣ, таъмин бо ҷойи кор, кӯмаки моддӣ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва боғчаи кӯдакона ворид гардида, ҳамаи онҳо мусбат ҳал карда шудаанд. Инчунин, аз ҷониби мушовири оилавӣ 18 нафар шаҳрвандон қабул гардида, ба онҳо оид ба маърифати оиладорӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ машваратҳои зарурӣ дода шуд.

Сипас, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов доир ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли равон маълумот дод. Мавсуф қайд кард, ки дар давоми нимсолаи аввали соли 2026 ҷиҳати дастгирии ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини шуғл ва оммавигардонии варзиш як қатор чорабиниҳои назаррасро амалӣ намуданд. Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2026 дар вилоят 857 ҳазору 900 нафар ҷавон аз 14 то 30-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 433 ҳазору 300 нафар писарон ва 424 ҳазору 700 нафар духтарон мебошанд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 9669 нафар ҷавонон ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намуданд, ки дар натиҷа 4767 нафарашон бо кор таъмин, 1950 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд ва 551 нафар тавассути квотаҳо соҳиби ҷойи корӣ шуданд. Ҳамзамон 2194 нафари дигар бо кӯмакпулӣ фаро гирифта шуда, 292 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардиданд.

- Барои коҳиши ҷинояткорӣ ва гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ 5185 чорабинии фаҳмондадиҳӣ  бо фарогирии 217 ҳазор ҷавон гузаронида шуданд. Боиси таъкид аст, ки давоми нимсола аз ҷониби ҷавонон 744 ҷиноят сабт шуд, ки нисбат ба соли гузашта 14 ҳолат кам мебошад, ки коҳишёбӣ махсусан дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Спитамен, Исфара ва Зафаробод ба назар мерасад. Гирифторӣ ба бемориҳои ВНМО/БПНМ 15 ҳолатро буда, нисбат ба соли гузашта 17 ҳолат кам аст. Вазъи нашъамандӣ низ 10 ҳолат коҳиш ёфтааст, - гуфт Бахтиёр Исматҷонов.

Доир ба рушди инфрасохтори варзишӣ иттилоъ дода шуд, ки баҳри ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш инфрасохтори соҳа ба таври назаррас беҳтар мегардад. Айни замон дар вилоят 3064 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 50 варзишгоҳ ва 2116 майдонча фаъолият доранд. Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2026 - ум 42 иншооти нави варзишӣ ба маблағи зиёда аз 78 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Барои ҷалби наврасон ба тарбияи ҷисмонӣ, дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом ва Кӯҳистони Мастчоҳ 153 таҷҳизоти варзишӣ насб карда шуд.

Дар қисми дуюми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба самтҳои мухталифи ду сохтори вилоятӣ саволҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

 Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

«Санги гирён» - самараи ҳиммати инсон

Информация о материале
Опубликовано: 20 июля 2026
Просмотров: 130

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо табиат ганҷинаҳои бебаҳоеро офаридааст, ки ҳар кадоми онҳо бо зебоӣ, нодирӣ ва хусусиятҳои хоси худ таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб менамоянд.

Тоҷикистон натанҳо бо кӯҳҳои сарбафалак, дарёҳои мусаффо ва манзараҳои дилфиреб, балки бо чашмаҳои шифобахши худ низ машҳур аст. Яке аз чунин маконҳои нодир мавзеи Шармани деҳаи Зеробод мебошад, ки бо чашмаи машҳури «Санги гирён» миёни сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ шуҳрати хоса пайдо кардааст.

пурра ...

Мавсими оббозӣ фаро расид

Информация о материале
Опубликовано: 09 июня 2026
Просмотров: 97

Шиноварӣ роҳи хубест барои нигоҳ доштани фаъолӣ ва солимии кӯдакон дар тӯли сол. Шиноварӣ на танҳо ба рушди тобоварии ҷисм мусоидат мекунад, балки қувват, чандирӣ, мувозинат ва қомати инсонро низ беҳтар мекунад.

Шиноварӣ ба инсононе, ки мунтазам шино мекунанд, метавонанд аз мушкилоти саломатӣ, аз қабили фарбеҳӣ ва бемориҳои дил дар оянда пешгирӣ кунад. Шиноварӣ на танҳо як вақтхушии шавқовар дар тобистон, балки маҳорати наҷотбахши ҳаёт аст. 

Ҳоло ба мо маълум аст, ки дар дарёҳо, обанбору кӯлҳо аз ҷумла дарёи Сири шаҳри Хуҷанд одамон бе либоси бехатарӣ ва баъзан беэҳтиётона оббозӣ карда истодаанд. Шиноварӣ бори аввал метавонад баҳри тифлон асабонӣ орад ё тарсонад.

пурра ...

Иқлими зебоманзар

Информация о материале
Опубликовано: 08 июня 2026
Просмотров: 83

Шаҳристон яке аз ноҳияҳои зебоманзара ва таърихии вилояти Суғд ба шумор меравад. Ин минтақа на танҳо бо табиати сарсабзу дилрабояш маъруф аст.  Омӯзиши ҳавои мусаффои кӯҳӣ, манзараҳо ва роҳҳои дастрас, онро ба макони дўстдоштаи сайёҳони дохиливу ҳориҷӣ табдил додааст. Иқлими Шаҳристон дар фаслҳои гунонгуни сол хусусиятҳои хоси худро дарад, ки онро барои истироҳат беназир мегардонад.

Бо фаро расидани фасли баҳор, кўҳҳо бо қолини сабзи гиёҳҳо ва гулҳои нодир пӯшида мешаванд. Ин давра барои дӯстдорони аксбардорӣ ва табиатшиносон давраи тиллоӣ аст. Ҳавои ин минтақа аз ҳисоби бўйи арчазорҳо ва гиёҳҳои шифобахши кӯҳӣ бой аст.

пурра ...

Гар шиновар нестӣ...

Информация о материале
Опубликовано: 05 июня 2026
Просмотров: 139

Дар вилояти Суғд шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли 2026 мавсими оббозӣ расман оғоз шуд.  Масъулини  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят аз хатари оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ҳушдор медиҳанд.

Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд Диловар Маликзода иттилоъ дод, ки пеш аз оғози  мавсими оббозӣ гурӯҳи кории раёсат соҳилҳо ва минтақаҳои истироҳатиро аз назар гузаронида, дар ҷойҳои хавфнок аломатҳои огоҳкунанда ва навиштаҷоти манъкунанда насб намуданд.

Ба гуфтаи масъулон, ин тадбирҳо ҳар сол  амалӣ мешаванд, вале бо вуҷуди  ин ҳанӯз ҳам шаҳрандоне пайдо мешаванд, ки  талаботи  бехатариро нодида гирифта, дар  ҷойҳои мамнуъ оббозӣ мекунанд.  Маҳз ҳамин беэҳтиётӣ  сабаби  асосии  аксари ҳодисаҳои ғарқшавӣ ба ҳисоб меравад.  

пурра ...

  1. Ҷалби бештари наврасон ба варзиши ММА
  2. Нишони биринҷии варзишгарон
  3. Қаҳрамоне дар саҳнаи ҷаҳон
  4. Варзиш пирўзӣ меорад
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.