Дар толори “Қасри Варзиш” - и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ мусобиқа оид ба санъати муҳорибаҳои омехта байни наврасони вилояти Суғд доир гардид. Онро Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ кард. Дар мусобиқа 46 даста иборат аз 635 варзишгар, ки намоянда аз шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Бӯстон, Гулистон ва навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Мастчоҳ мебошанд, ширкат варзиданд. Сину соли варзишгарон аз 10 то 17 сола буда, зери вазнҳои 30-90 килограм барои қувваозмоӣ сабти ном шуданд.
Дар қисмати ифтитоҳии мусобиқа сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода, директори иҷроияи Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушмаҳмад Пиров ширкат варзида, изҳор доштанд, ки ҳадафи барпо кардани чунин мусобиқот дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди маҳорати варзишгарони наврас, ҳамчунин, ташаккули тарзи ҳаёти солим дар миёни онҳо дониста мешавад.
Мусобиқа 3 рӯз давом ёфта, дар гурӯҳи синнусолии D (10-11 сола) варзишгарон маҳорати хуб нишон дода, дар вазнҳои зерин беҳтаринҳо муайян шуданд. Аз ҷумла, дар вазни то 27 кг Исо Каримиён ғолиб шуда, Мирмуҳаммад Бобоев ва Иброҳим Саидов мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро гирифтанд. Дар вазни то 30 кг Меҳрубон Сатторов ба зинаи аввал баромада, Умарбек Назаров ва Ҷаъфарбек Зоидов ба сафи ҷоизадорон шомил шуданд.
Боз дар гурӯҳи наврасони синнусолии С (12-13 сола) беҳтаринҳо дар чанд вазн муайян шуданд. Дар вазни то 31 кг Пӯлод Одинаев ғолиб шуда, Аминҷон Ҳодибоев, Азиз Пӯлотов мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро гирифтанд. Дар вазни то 34 кг Муҳаммадазиз Дадабоев ба зинаи аввал баромада, Обрӯ Азимов ва Хуршедҷон Аҳмадҷонов ба сафи ҷоизадорон шомил шуданд.
Дар гурӯҳи синнусолии A (16-17 сола) сабқатҳо дар вазнҳои 70 , 74, 79, 83, 88, ва 97 килограмм идома ёфт, ки мутаносибан Ҷалолиддин Аминов, Баҳодур Раҳимов, Анӯшервон Хушмуродов, Беҳрӯз Исҳоқов, Аскаралӣ Ҳамзалиев ва Фирдавс Раззоқов ба ҷойҳои аввал сазовор шуданд. Ҳамзамон, Шодмеҳр Мурсалов, Мусаввир Маҳмадзода, Зуҳриддин Холбоев, Шерзод Парвезҷонзода, Баходурҷон Лакимов ва Меъроҷ Машарипов ҷойҳои дуюмро ишғол намуда, Сафиаллоҳ Амирзода, Сардорбек Мавлонов, Маъруфҷон Абдуғафоров ва Маҳмадумар Маҳмадсидиқзода ба ҷойҳои сеюм мушарраф гардиданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа натиҷаи умумии фаъолияти дастаҳо низ эълон гардид. Ба иттилои масъулон, дастаҳои “Gafurov Top Team”, “FC Musaffo” ва “SC Team Aliev” аз ҳисоби ба даст овардани бештари ҷоизаҳо беҳтарин дониста шуданд.
Олег Гришин сардовари Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи омодагии варзишгарон ва корбарии мураббиёни вилояти Суғд баҳои мусбат дод.
- Назар ба соли қаблӣ варзишгарон дар сабқат маҳорати худро беҳтару хубтар нишон дода тавонистанд. Табиист, ки ин кори хуби мураббиёнро нишон медиҳад. Боварӣ дорам, ки дар майдони сабқати даври ҷумҳуриявии мусобиқа низ онҳо аз ҳунару истеъдоди худ дарак медиҳанд, - гуфт ӯ.
Сарҳад Фозилов довари дараҷаи байналмилалӣ, ки қувваозмоиро доварӣ кард, зимни суҳбат доир ба аҳамияти ин навъи варзиш назари худро чунин баён дошт.
- Санъати муҳорибаҳои омехта дорои бартариҳои зиёд аст. Дар он унсурҳои беҳтарини муштзанӣ, кикбоксинг, бокси тайландӣ, гӯштӣ, гӯштии тарзи озод, самбо, дзюдо ва ҷиу-ҷитсу ба ҳам омадаанд, ки барои рушди ҳамаҷонибаи варзишгар заминаи мусоид фароҳам меоранд. Манфиати дигари муҳими ин навъи варзиш дар тарбияи ҷавонони ҷисман солим ва рӯҳан қавӣ зоҳир мегардад. Бинобар ин, ҳаводорони ин навъи варзиш дар дохил ва хориҷи кишвар рӯз аз рӯз меафзояд. Зимнан, дар вилояти Суғд низ рушди ин соҳа назаррас аст. Варзишгарон бо ҳадафҳои ҷиддӣ ба тамрин машғул буда, фаъолияти мураббиён тадриҷан беҳтар ба роҳ монда мешавад. Албатта, бархе аз мураббиёни ҷавон, ки таҷрибаи нокофӣ доранду қоидаҳои муосири ин намуди варзишро ба таври комил намедонанд, баъзе нофаҳмӣ ба миён омад. Бо вуҷуди ин, чунин камбудиҳо ислоҳпазиранд ва бо омӯзишу такмили ихтисос бартараф хоҳанд шуд. Дар ин самт Федератсия низ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳар мусобиқаҳои категорияҳои наврасон зарба ба сар ва рӯй иҷозат дода намешавад. Ҳамзамон, дилхоҳ рафтори ғайриварзишие, ки ба ҳариф ҷароҳат мерасонад, манъ аст. Зимнан, мураббиён муваззафанд, ки ҳангоми машқу тамрин ба варзишгарон усулҳои манъшударо ҳангоми сабқат фаҳмонанд.
Натиҷаҳои мусобиқа нишон медиҳанд, ки варзиши навъи санъати муҳорибаҳои омехта дар вилояти Суғд марҳилаи нави рушдро паси сар мекунанд. Ҳузури шумори зиёди варзишгарон дар вазн ва гурӯҳҳои гуногуни синнусолӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ин намуди варзиш миёни наврасону ҷавонон беш аз пеш маҳбубият касб мекунад.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”




