Дар вилояти Суғд шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли 2026 мавсими оббозӣ расман оғоз шуд. Масъулини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят аз хатари оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ҳушдор медиҳанд.
Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд Диловар Маликзода иттилоъ дод, ки пеш аз оғози мавсими оббозӣ гурӯҳи кории раёсат соҳилҳо ва минтақаҳои истироҳатиро аз назар гузаронида, дар ҷойҳои хавфнок аломатҳои огоҳкунанда ва навиштаҷоти манъкунанда насб намуданд.
Ба гуфтаи масъулон, ин тадбирҳо ҳар сол амалӣ мешаванд, вале бо вуҷуди ин ҳанӯз ҳам шаҳрандоне пайдо мешаванд, ки талаботи бехатариро нодида гирифта, дар ҷойҳои мамнуъ оббозӣ мекунанд. Маҳз ҳамин беэҳтиётӣ сабаби асосии аксари ҳодисаҳои ғарқшавӣ ба ҳисоб меравад.
Муовини сардори бахши Раёсати КҲФ ва МГ дар шаҳри Хуҷанд Абдусамад Шарифов гуфт, ки ҳадафи асосии ин тадбирҳо пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон мебошад. Ба таъкиди ӯ, ҳамасола бо фаро расидани рӯзҳои гарми тобистон шумораи хоҳишмандони оббозӣ зиёд шуда, дар баробари истироҳат хатари ҳодисаҳои нохуш низ бештар мегардад.
Тибқи маълумоти масъулон, дар соҳили дарёи Сир 10 минтақаи хавфнок муайян шудааст, ки шиноварӣ дар онҳо қатъиян манъ мебошад. Аз ҷумла, гардиши маҳаллаи 13-ум, Темурмалик, Пули ҷашнӣ, назди беморхонаи дилшиносӣ, Пляжи нав, Чумчуқарал ва чанд мавзеъи дигар ба рӯйхати минтақаҳои хавфнок дохил шудаанд.
Дар ин ҷойҳо навиштаҷотҳои “Ин ҷо оббозӣ кардан манъ аст” ва “Ин ҷо минтақаи хавфнок аст” насб шуда, кормандони КҲФ навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд.
Аммо суоли асосӣ ин аст, ки чаро бо вуҷуди огоҳсозиҳо ва мавҷуд будани минтақаҳои махсуси истироҳатӣ, баъзе шаҳрвандон ҳамоно ҷойҳои хавфнокро интихоб мекунанд?
Ба андешаи мутахассисон, яке аз сабабҳои асосӣ паст будани фарҳанги бехатарӣ мебошад. Бисёриҳо хатари воқеии ҷараёни тези об, чуқурии ногаҳонӣ ва гирдбодҳои зериобиро ҷиддӣ қабул намекунанд. Дар натиҷа, як лаҳза беэҳтиётӣ метавонад бо фоҷиа анҷом ёбад.
Барои таъмини бехатарии истироҳаткунандагон дар соҳили дарёи Сир 3 киштии наҷотдиҳӣ ва 10 наҷотдиҳанда омодаи хизмат мебошанд. Ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни хонандагони мактабҳо, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хизматчиёни қисмҳои ҳарбӣ идома дошта, ба шаҳрвандон қоидаҳои оддии бехатарӣ ҳангоми оббозӣ шарҳ дода мешавад. Гуфта мешавад, ки аз аввали соли 2026 дар ҳудуди вилояти Суғд як ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст.
Масъулон таъкид мекунанд, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ, дурӣ ҷустан аз минтақаҳои хавфнок ва беназорат нагузоштани кӯдакон метавонад аз сар задани фоҷиаҳо пешгирӣ намояд. Мақомоти ҳолатҳои фавқулода аз сокинон ва меҳмонони вилоят даъват мекунанд, ки танҳо дар ҷойҳои иҷозатдодашуда оббозӣ намуда, ҳангоми истироҳат дар соҳили дарё эҳтиёткор бошанд.
Манзура БАХТИЁРЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”





