Шаҳристон яке аз ноҳияҳои зебоманзара ва таърихии вилояти Суғд ба шумор меравад. Ин минтақа на танҳо бо табиати сарсабзу дилрабояш маъруф аст.  Омӯзиши ҳавои мусаффои кӯҳӣ, манзараҳо ва роҳҳои дастрас, онро ба макони дўстдоштаи сайёҳони дохиливу ҳориҷӣ табдил додааст. Иқлими Шаҳристон дар фаслҳои гунонгуни сол хусусиятҳои хоси худро дарад, ки онро барои истироҳат беназир мегардонад.

Бо фаро расидани фасли баҳор, кўҳҳо бо қолини сабзи гиёҳҳо ва гулҳои нодир пӯшида мешаванд. Ин давра барои дӯстдорони аксбардорӣ ва табиатшиносон давраи тиллоӣ аст. Ҳавои ин минтақа аз ҳисоби бўйи арчазорҳо ва гиёҳҳои шифобахши кӯҳӣ бой аст.

Оби дарёчаҳо ва чашмаҳои Шаҳристон асосон аз обшавии пиряхҳои баланди кӯҳӣ ва чашмаҳои зеризаминӣ пайдо мешавад. Оби тозаи Шаҳристон ҷузъи муҳими ҷозибаи сайёҳии ин минтақа аст. 

Сайёҳоне, ки ба Шаҳристон меоянд, аксаран мехоҳанд аз обҳои табиии чашмаҳо бинӯшанд. Ба шарофати оби тозаи кӯҳӣ, себ ва дигар меваҳои Шаҳристон дар тамоми Тоҷикистон машҳуранд. Ин об ба меваҳо таъми хос ва сифати баланд медиҳад.

Ҷойҳои истироҳатии кӯли Ойкул, кӯҳҳои Шаҳристон ва чашмаҳои кӯҳӣ аз ҷойҳои машҳур ба ҳисоб мераванд. Ҳар сол сайёҳони зиёд барои тамошои табиати зебо ба истироҳат меоянд. Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти ноҳияи Шаҳристон ба ҳисоб меравад. Аксари сокинон ба деҳқонӣ ва чорводорӣ машғуланд. Дар ноҳия гандум, ҷав, картошка, сабзавот ва меваҳои гуногун парвариш мешавад.

Маҳсулоти кишоварзии ноҳия на танҳо талаботи аҳолии маҳаллиро таъмин мекунад, балки ба дигар минтақаҳо низ интиқол дода мешавад. Дар ноҳияи Шаҳристон ҳайвоноти гуногуни ваҳшӣ зиндагӣ мекунанд. Аз ҷумла хирси Малла, хирси Тиёншон, гург, рӯбоҳ, шағол, хукҳои ёбоӣ (ваҳшӣ), бузи кўҳӣ, оҳу ва ғайра.

 Нозима МАВЛЯНҚУЛОВА,

донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи

журналистика ва  назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик 

Бобоҷон Ғафуров,

коромӯзи рўзномаи "Ҳақиқати Суғд"