Суғд аз минтақаҳои дорои иқтидори баланди сайёҳии кишвар ба шумор меравад. Бо табиати нотакрор, кӯҳҳои азимҷусса, кӯлҳои зебоманзар ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ин минтақа метавонад таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро бештар ба худ ҷалб намояд. Қалъаи Хуҷанд, Саразми бостонӣ, Ҳафткӯл, обанбори Баҳри Тоҷик ва осоишгоҳҳои “Авис-сити”-ву “Баҳористон” аз мавзеъҳое мебошанд, ки метавонанд таваҷҷуҳи меҳмонони дохилию хориҷиро ҷалб намоянд. Ҳар кадоми онҳо хусусият ва ҷозибаи хоси худро доранд: яке аз таърихи чандинҳазорсолаи минтақа қисса мекунад, дигаре бо манзараҳои табиӣ ва имкониятҳои истироҳатӣ маъруф аст. Маҳз ҳамин гуногунрангӣ имкон медиҳад, ки дар вилоят хатсайрҳои таърихӣ, фарҳангӣ, экологӣ ва фароғатӣ рушд ёбанд.
Яке аз мавзеъҳои ҷолиби табиии вилояти Суғд Ҳафткӯл мебошад, ки бо номи кӯлҳои Марғзор низ маъруф аст. Ин силсилакӯлҳо дар кӯҳистони Фон, қаторкӯҳҳои Зарафшон, дар ҳудуди водии дарёи Шинг ҷойгир шудаанд. Манзараҳои кӯҳӣ, обҳои шаффоф ва рангорангии кӯлҳо ба ин мавзеъ ҳусни хос бахшида, онро ба яке аз маконҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил додаанд.
Ҳафткӯл аз ҳафт кӯл — Мижгон, Соя, Хушёр, Нофин, Хурдак, Марғзор ва Ҳазорчашма иборат аст. Кӯлҳо дар баландии гуногун ҷойгир буда, ҳар кадоми онҳо бо манзара ва хусусиятҳои табиии худ фарқ мекунанд. Тибқи маълумоти китоби «Мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон», ки соли 2021 ба нашр расидааст, кӯли поёнии силсилакӯлҳои Ҳафткӯл дар баландии 1598 метр ва кӯли баландтарини он дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Яке аз хусусиятҳои ҷолиби Ҳафткӯл ранги ғайриоддии оби он мебошад. Аз ҷумла, кӯлҳои Марғзор ва Мижгон бо зебоии манзара ва ранги обашон таваҷҷуҳи бинандаро ҷалб мекунанд. Пайдоиши ин силсилакӯлҳо ба равандҳои геологӣ, аз ҷумла лағжиши кӯҳпораҳо ва баста шудани маҷрои об вобаста дониста мешавад.
Ҳафткӯл на танҳо дорои аҳамияти табиӣ, балки барои рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳгардӣ низ имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. Тамошои кӯлҳо, шиносоӣ бо манзараҳои кӯҳистон ва фарҳанги сокинони маҳаллӣ метавонанд таҷрибаи ҷолиберо барои сайёҳон ба вуҷуд оранд. Бо дарназардошти ин имкониятҳо, ҳифзи муҳити табиӣ, беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва муаррифии дурусти мавзеъ барои ҷалби бештари меҳмонон аҳамияти муҳим дорад.
Агар ба маълумоти оморӣ назар афканем дар вилоят 42 ширкати сайёҳӣ мавҷуд буда, шумораи хатсайрҳои сайёҳӣ ба 210 адад расидааст. Ҳамзамон, дар ҳудуди вилоят 97 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ мавҷуд буда, аз ҷумла 65 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, як маркази табобатӣ, чор клиникаи табобатию истироҳатӣ, чор лагер, ду хонаи истироҳатӣ, як пойгоҳи истироҳатӣ ва як пойгоҳи сайёҳиро дар бар мегиранд. Иқтидори умумии ҷойҳои хоб дар ин муассисаҳо 7 ҳазору 500 ададро ташкил медиҳад. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буд.
Захираи дигари муҳими сайёҳии Суғд мероси таърихию фарҳангии он мебошад. Дар вилоят 24 осорхона, як ҳазору 190 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва 97 макони зиёрат мавҷуд аст. Ин рақамҳо имкони ташкили хатсайрҳои гуногунро фароҳам меоранд, ки сайёҳон дар ҷараёни онҳо метавонанд бо таърих, фарҳанг, анъана ва ҳунарҳои мардумии минтақа шинос шаванд.
Бояд ёдрас намуд, ки соли равон «Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031» қабул гардид. Ин барнома барои суръат бахшидан ба рушди сайёҳӣ дар минтақаҳо, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, ҳифзи мероси қадима ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст. Барои вилояти Суғд татбиқи ин барнома метавонад имконият фароҳам оварад, ки сафарҳои дохилӣ бештар ташкил гардида, сокинони минтақаҳои гуногун бо мавзеъҳои таърихию табиии кишвар шинос шаванд.
Ҳамзамон, рушди сайёҳии дохилӣ барои соҳибкорони маҳаллӣ низ имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад. Зеро афзоиши шумораи сайёҳон метавонад ба рушди хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва густариши фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намояд.
Ҳамин тариқ, гуногунрангии захираҳои табиӣ, мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва имкониятҳои мавҷудаи хизматрасонӣ вилояти Суғдро ба яке аз минтақаҳои дорои иқтидори муҳими сайёҳии кишвар табдил додаанд. Истифодаи самараноки ин имкониятҳо, муаррифии дурусти мавзеъҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ метавонанд барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Манзура Бахтиёрзода,
«Ҳақиқати Суғд»





