Дар саҳнаи варзиши байналмилалӣ номи Кароматулло Қурбонов имрӯз бо ифтихор садо медиҳад. Ӯ устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини камарбандӣ, ҷоизадори чаҳоркаратаи Чемпионати ҷаҳон байни калонсолон ва ғолиби дукаратаи мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.
Кароматулло 11-уми ноябри соли 1998 дар деҳаи Обиборики Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Аз овони наврасӣ меҳру муҳаббат ба варзиш дар қалбаш ҷой гирифт. Аз соли 2013 инҷониб ба намуди гӯштини камарбандӣ машғул буда, устоди аввалини ӯ шодравон Шосаид Рабиев мебошад, ки дар ташаккули шахсият ва роҳи варзишии ӯ нақши муҳим гузоштааст.
Фаъолияти варзишии Кароматулло имрӯз бо натиҷаҳои назаррас зиннат ёфтааст. Аз ҷумла 1 медали тиллои байналмилалӣ, 2 медали нуқраи байналмилалӣ, 1 медали биринҷии байналмилалӣ, 2 медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон ва 3 медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон ва чандин ҷоизаҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва минтақавист.
Дар маҷмӯъ, ӯ соҳиби беш аз 20 дастоварди варзишӣ мебошад, ки ҳар кадомаш натиҷаи заҳмати пайваста ва машқҳои шабонарӯзӣ аст.
Аз 25 то 29 –уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Абудабӣ, пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ байни калонсолон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа намояндагони 45 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд.
Иштироки варзишгарони тоҷик дар чунин мусобиқаи сатҳи баланд бесабаб нест. Зеро дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати рушди соҳаи ҷавонон ва варзиш шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Айни ҳол дар мактабҳои варзишии ноҳия 30 гурӯҳ фаъолият дошта, 409 наврасу ҷавон ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд. Ин омодагии пайваста замина мегузорад, ки варзишгарон дар арсаи байналмилалӣ бо боварӣ ва маҳорати баланд баромад намоянд.
Ҳамчунин, варзишгарони ноҳия дар дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ иштироки фаъол доранд: аз рӯи намуди гӯштини камарбандӣ як нафар ва аз рӯи муайтай дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чор нафар ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Маҳз дар чунин муҳити солими варзишӣ Кароматулло ба камол расида, тавонист дар рақобати намояндагони 45 давлати ҷаҳон шарафи варзиши тоҷикро ҳифз намояд. Ин робитаи мантиқӣ миёни рушди оммавии варзиш дар ноҳия ва дастовардҳои инфиродии варзишгар собит месозад, ки сиёсати дастгирии ҷавонон натиҷаи воқеӣ медиҳад.
Кароматулло дар рақобатҳои пуршиддат бар ҳарифони пурқувват аз Озарбойҷон, Россия ва Шри-Ланка ғолиб омада, сазовори медали биринҷӣ гардид. Ин пирӯзӣ бори дигар исбот намуд, ки мактаби гӯштини тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи устувор дорад.
Ин варзишгари муваффақ ба ҷавониаш нигоҳ накарда чандин шогирдонро дар соҳаи варзиш дастболо кардааст. Шогирдони ӯ чандкарата ҷоизадорони Ҷоми ҷаҳон ва Чемпионати ҷаҳон ҳастанд. Ин далел нишон медиҳад, ки ӯ натанҳо барои худ, балки барои рушди варзиши миллӣ низ саҳми арзанда мегузорад.
Унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишони эътирофи хизматҳои ӯ дар рушди варзиш мебошад. Бо чунин ҷавонони боирода, парчами Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парафшон мемонад.
Кароматулло Қурбонов имрӯз намунаи равшани меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва иродаи қавӣ барои насли ҷавон аст. Роҳи тайкардаи ӯ аз як деҳаи кӯчак то минбари ҷаҳон исбот мекунад, ки бо заҳмат ва боварӣ ба худ метавон ба баландтарин қуллаҳо расид.
Манзура БАХТИЁРЗОДА,
"Ҳақиқати Суғд"




