Шиноварӣ роҳи хубест барои нигоҳ доштани фаъолӣ ва солимии кӯдакон дар тӯли сол. Шиноварӣ на танҳо ба рушди тобоварии ҷисм мусоидат мекунад, балки қувват, чандирӣ, мувозинат ва қомати инсонро низ беҳтар мекунад.
Шиноварӣ ба инсононе, ки мунтазам шино мекунанд, метавонанд аз мушкилоти саломатӣ, аз қабили фарбеҳӣ ва бемориҳои дил дар оянда пешгирӣ кунад. Шиноварӣ на танҳо як вақтхушии шавқовар дар тобистон, балки маҳорати наҷотбахши ҳаёт аст.
Ҳоло ба мо маълум аст, ки дар дарёҳо, обанбору кӯлҳо аз ҷумла дарёи Сири шаҳри Хуҷанд одамон бе либоси бехатарӣ ва баъзан беэҳтиётона оббозӣ карда истодаанд. Шиноварӣ бори аввал метавонад баҳри тифлон асабонӣ орад ё тарсонад.
Омӯхтани шиноварӣ ба рушди кӯдак аз бисёр ҷиҳат мусоидат мекунад. Малакаҳои бехатарии об, ки кӯдакон ҳангоми дарсҳои шиноварӣ меомӯзанд, то охири умр бо онҳо боқӣ мемонанд.
Дар айёми тобистон, ки ҳаво гарм аст, ҳама, аз ҷумла, кӯдакон мехоҳанд ба оббозӣ машғул бошанд. Мо кӯдакони худро танҳо нагузорем, ҳар лаҳза онҳоро зери назорати худ нигоҳ дорем ва албатта, дар мавзеъҳое ба оббозӣ машғул борем, ки иҷозат дода шудаасту бехавф аст. Зеро мегӯянд, ки эҳтиёт - нисфи ҳаёт.
Лоиқ ЗАЙНИДДИНЗОДА,
донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи
журналистика ва назарияи тарҷумаи
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
коромӯзи "Ҳақиқати Суғд"





