Варзишгардухтари шинохтаи тоҷик Мижгона Самадова дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон баргудор гардид, бо рақобатҳои ҷолиб ва нерӯсанҷии қавӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар рӯзи нуҳӯми мусобиқа рақобатҳои марҳалаи нимниҳоӣ баргузор шуданд. Дар ин марҳилаи мусобиқа аз Тоҷикистон Мижгона Самадова дар вазни 57 кг ва Некрӯз Салимов дар вазни 80 кг иштирок намуданд.

Мижгона Самадова дар вазни 57 кг дар марҳалаи нимниҳоӣ бо намояндаи Тайланд Пунрави Руэнрос неру санҷид. Дар ин рақобат Мижгона давоми се раунд ба муқобили Руэнрос ба таври арзанда сабқат карда, бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 1 мағлуб шуд ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Барои Мижгона ин дуюмин медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё мебошад. Қаблан, вай дар Чемпионати Осиёи соли 2021 дар шаҳри Дубай медали биринҷӣ гирифта буд.

Ҳамчунин муштзани дигари тоҷик Некрӯз Салимов дар вазни 80 кг дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Некрӯз Салимов дар марҳилаи нимниҳоии чемпионат бо намояндаи Урдун Ҳусейн Ишаиш рақобат намуд. Некрӯз Салимов бо зарбаҳои ҳадафрас се раунд ба муқобили муштзани урдунӣ рақобат кард ва дар охир бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 1 Хусейн Ишаиш пирӯз дониста шуд. Муштзани тоҷик ҳамин тавр медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард, ки барояш нахустин медали биринҷии Чемпионати Осиё мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс 30 март дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон оғоз шуда, то 10-уми апрел идома ёфт. Дар мусобиқа намояндагони 25 давлати ҷаҳон ва 230 муштзан иштирок карданд. Ин мусобиқа таҳти сарпарастии World Boxing баргузор гардид.