Дар кишвари соҳибистиқлоли мо табиат ганҷинаҳои бебаҳоеро офаридааст, ки ҳар кадоми онҳо бо зебоӣ, нодирӣ ва хусусиятҳои хоси худ таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб менамоянд.

Тоҷикистон натанҳо бо кӯҳҳои сарбафалак, дарёҳои мусаффо ва манзараҳои дилфиреб, балки бо чашмаҳои шифобахши худ низ машҳур аст. Яке аз чунин маконҳои нодир мавзеи Шармани деҳаи Зеробод мебошад, ки бо чашмаи машҳури «Санги гирён» миёни сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ шуҳрати хоса пайдо кардааст.

Ҳар касе, ки роҳи пурпечутоби кӯҳиро ба сӯи ин мавзеъ тай мекунад, аз манзараҳои афсункори табиат ба ваҷд меояд. Кӯҳҳои сарсабз, дарахтони сояафкан, ҳавои мусаффо, насими фораму рӯҳбахш ва садои форами об инсонро аз ташвишҳои рӯзгор дур сохта, эҳсоси оромиву сукунат мебахшанд. Табиат дар ин гӯшаи диёр зебоии худро ба таври хоса таҷассум кардааст.

Дар ҳамин мавзеи дилангез меҳмононро марди соҳибтаҷриба, меҳнатқарин ва меҳмоннавоз–Бобои Ҳоҷӣ истиқбол мегирад. Ӯ солҳо боз тамоми ҳастии худро барои ободонии ин мавзеъ, нигоҳдории чашма ва фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳату табобати мардум бахшидааст. Ҳар як меҳмон аз самимият, хушмуомилагӣ ва муҳаббати ӯ ба зодгоҳ таассуроти нек бардошта, бо эҳсоси сипос аз ин ҷо бармегардад.

Дар маркази ин мавзеи зебо чашмае қарор дорад, ки мардум онро бо номи «Санги гирён» мешиносанд. Аз шахи сангмонанде об аз чанд самт фаввора зада, ба поён ҷорӣ мешавад. Аз дур чунин менамояд, ки гӯё санг ашк мерезад. Маҳз ҳамин манзараи ғайриодӣ боис гардидааст, ки мардум ин чашмаро «Санги гирён» ном гузоранд.

Ба гуфтаи Бобои Ҳоҷӣ солҳои пеш рӯзноманигори маъруф Абдураҳим Холов пас аз боздид аз ин макон мақолае таҳти унвони «Санги гирён» ба нашр расонида буд. Аз ҳамон вақт ин ном миёни мардум машҳур гардид. Гарчанде аз нигоҳи илмӣ об аз шахи кӯҳ ҷорӣ мешавад ва метавон онро «Шахи гирён» номид, аммо имрӯз номи «Санги гирён» ба як рамзи маъруфи ин мавзеъ ва бренди воқеии он табдил ёфтааст.

Дар канори чашма оромгоҳи Бибӣ Шарман ҷойгир буда, ҳамасола зиёраткунандагони зиёд ба ин ҷо меоянд. Онҳо ҳам барои зиёрати оромгоҳ ва ҳам барои истифода аз оби шифобахши чашма ҳозир мешаванд. Ба гуфтаи сокинон ва меҳмононе, ки солҳои зиёд аз оби чашма истифода бурдаанд, он барои табобати як қатор бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои пӯст, санги гурда, бемориҳои меъда ва подагра муфид мебошад.

Яке аз хусусиятҳои аҷиби ин чашма дар он аст, ки ҳарорати оби он дар фаслҳои гуногуни сол қариб тағйир намеёбад. Дар фасли гарми тобистон об хеле сард буда, дар зимистон нисбатан гарм эҳсос мешавад. Ин хусусияти нодири табиӣ ҳамеша диққати муҳаққиқон ва меҳмононро ба худ ҷалб кардааст.

Арзиши воқеии ин чашма танҳо ба нақлу ривоятҳои мардум маҳдуд намешавад. Барои муайян намудани хусусиятҳои табобатии он таҳқиқоти илмӣ низ анҷом дода шудааст. Бо ибтикори Бобои Ҳоҷӣ солҳои зиёд барои омӯзиши таркиби об ва гирифтани хулосаи расмӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Ӯ ба мақомоти дахлдор ва марказҳои илмии шаҳри Маскав муроҷиат намуда, мутахассисони соҳаи гидрогеология ва тибро барои омӯзиши чашма ҷалб кардааст.

Натиҷаи таҳқиқот нишон додааст, ки оби чашма дорои хусусиятҳои баланди шифобахш мебошад. Мутахассисон сифати онро баланд арзёбӣ намуда, аз ҷиҳати таркиби минералӣ бо баъзе чашмаҳои маъруфи табобатии минтақаи Қафқоз муқоиса кардаанд. Ин натиҷаҳо аҳамияти илмӣ ва табобатии чашмаро боз ҳам бештар намуда, эътибори онро миёни мардум афзун гардониданд.

Бо шарофати ҳамин ташаббусҳо имрӯз мавзеи Шарман ба яке аз минтақаҳои маъруфи истироҳатӣ ва табобатии кишвар мубаддал гардидааст. Дар ин ҷо барои қабули меҳмонон меҳмонхонаҳои бароҳат, ошхонаи замонавӣ, ҳаммомҳои муҷаҳҳаз, ҷойҳои нишасту фароғат ва дигар иншооти хизматрасонӣ бунёд шудаанд. Сол то сол шумораи меҳмонон афзоиш ёфта, садҳо нафар аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва хориҷи кишвар барои истироҳат ва истифода аз оби чашма ба ин мавзеъ меоянд.

Дар баробари рушди сайёҳӣ, ин мавзеъ ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодии аҳолии маҳаллӣ низ мусоидат кардааст. Бо таъсиси инфрасохтори хизматрасонӣ барои сокинон ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, имкониятҳои нави соҳибкорӣ ба вуҷуд омадаанд. Аз ин рӯ, «Санги гирён» на танҳо як чашмаи шифобахш, балки омили рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа низ ба ҳисоб меравад.

Бояд таъкид намуд, ки ҳамаи ин пешрафту ободонӣ дар натиҷаи заҳмати пайгирона, иродаи қавӣ ва муҳаббати самимии Бобои Ҳоҷӣ ба зодгоҳаш амалӣ гардидааст. Ӯ бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд аз ҳадафи худ даст накашида, солҳои тӯлонӣ барои муаррифии ин чашма, ободонии атрофи он ва фароҳам овардани шароити муносиб барои меҳмонон талош намудааст. Ин гуна инсонҳои ватандӯст бо амалҳои созандаи худ барои дигарон намунаи ибрат мебошанд.

Имрӯз «Санги гирён» танҳо як чашма нест. Он рамзи меҳнатдӯстӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба неъматҳои табиат ва қадршиносии инсон аз сарватҳои миллӣ мебошад. Ҳар касе, ки ба ин ҷо қадам мегузорад, на танҳо аз оби шифобахши чашма баҳра мебардорад, балки аз зебоии табиат, меҳмоннавозии мардум ва фазои оромбахши ин гӯшаи биҳиштосо низ ҳаловат мебинад.

Ҳифзу нигоҳдории чунин мавзеъҳои нодири табиӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар аст. Зеро онҳо қисми муҳими мероси табиӣ ва фарҳангии миллат буда, метавонанд дар рушди сайёҳии экологӣ ва табобатии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

Воқеан, беҳтарин меросе, ки инсон аз худ боқӣ мегузорад, амалҳои неку созанда аст. Ободии мавзеи Шарман ва шуҳрати чашмаи «Санги гирён» маҳсули заҳмат, ирода ва муҳаббати як инсони соҳибҳиммат мебошад. Бигзор ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон ҳамеша ободу шукуфон бошад, оби чашмаи шифояш пайваста ҷорӣ монад ва номи Бобои Ҳоҷӣ ҳамчун бунёдгузори ин ободӣ бо корҳои некаш дар хотири мардум ҷовидона зинда бимонад.

 

Нодир Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»