Бо ҳадафи ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш дар миқёси вилояти Суғд 42 мактаби варзишӣ фаъолият мекунад. Аз ин шумора 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби махсуси захираҳои олимпӣ ва 29 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо амал менамоянд.
Дар ин мактабҳо 1166 гурӯҳ аз намудҳои олимпӣ бо фарогирии 15 328 машқварзони наврасу ҷавон ва 318 гурӯҳ аз намудҳои миллӣ ва ғайриолимпӣ бо иштироки 4 235 машқварз фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ, 19 563 нафар наврасу ҷавон, аз ҷумла 2 757 нафар бонувон, ҳамарӯза ба машқу тамрин ҷалб шудаанд.
Тибқи иттилои масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд давоми соли 2025-ум дар вилоят 115 мусобиқаву чемпионати вилоятӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 58 ҳазору 750 нафар варзишгар аз миқёси вилоят, аз ҷумла, 16 ҳазору 450 нафар духтар ширкат варзиданд. Ҳамзамон, дар 139 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 72 мусобиқаи байналмилалӣ 10 ҳазору 820 варзишгар, хосатан, 2 ҳазору 780 нафар варзишгарбону аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сарпарастон иштирок доштанд. Парчамбардорони миллат аз ин сабқатҳо ба гирифтани 1 ҳазору 261 медали тилло, 1 ҳазору 347 медали нуқра ва 1 ҳазору 498 медали биринҷӣ сазовор шуданд.
- Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, Меҳрзод Суфиев дар мусобиқаи Гранд-Слам оид ба гӯштини ҷудо байни калонсолон ҷойи дуюмро ишғол кард. Ардашери Ҳамза ва Омина Тошова дар Ҷоми Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон сазовори ҷойи дуюм шуд. Дар чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва ҷавонон Меъроҷ Сӯфиҷонов ва Муинхӯҷа Мӯминов ҷойи дуюм,
Муродҷон Ашӯралиев ва Муҳаррамхон Тошхӯҷаева ҷойи сеюмро касб карданд.
Дар чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ–румӣ байни наврасон Бахтовар Примқулов ҷойи якум, Ғаниҷони Шероз ва Шоҳиҷаҳон Бобоев ҷойи дуюм, Муҳаммад Султонзода, Муҳаммад Зайниддинзода ва Сироҷиддин Юлдошев ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Боз Амирҷон ва Бобоҷон Бобоҷоновҳо дар Чемпионати Осиё ва марафони Осиё оид ба қаиқронӣ байни ҷавонон ва калонсолон мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд. Ҳамчунин, Комроншоҳи Устопириён дар ду Ҷоми ҷаҳон оид ба гӯштини самбо байни калонсолон ҷойҳои дуюм ва сеюм, Деваштич Устопириён дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини самбо байни калонсолон ҷойи дуюм, Акмал Қодиров дар Ҷоми ҷаҳон оид ба дастхобонӣ байни варзишгарони имконияташон маҳдуд ҷойи якум ва Абдуҷалил Латипов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг ВАКО байни калонсолон ҷойи сеюмро сазовор гардиданд, - парчамбардорони тоҷикро номбар кард Бахтиёр Исматзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
Ҳамчунин, дар қатори варзишгарони болозикри вилоят метавон номи Беҳрӯз Умаровро ба забон овард, ки дар бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Озарбойҷон соҳиби медали тилло шуда буд. Ҳамзамон, Ҳайитҷон Ҳусейнов дар панҷумин бозиҳои пароолимпии ҷавонони Осиё, ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб доир гардид, аз руйи намуди дастхобонӣ ду медали нуқра ба даст овард.
- Боиси ифтихор аст, ки бори аввал дар таърихи варзиши Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ Хусравхон Раҳимов аз руйи намуди бокс дар чемпионати ҷаҳон, ки 2-13 декабри соли 2025 дар шаҳри Дубай доир гардид, соҳиби медали нуқра ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 150 ҳазор доллари амрикоӣ гардид, - илова кард Бахтиёр Исматзода.
Тавре мавсуф иброз дошт, дар давоми соли сипарӣ дар миқёси вилоят зиёда аз 4003 маротиба чорабинии варзишӣ, аз ҷумла 746 волейбол, 638 гӯштини миллӣ, 1350 футбол ва 1269 шоҳмоту шашка бо усули деҳа ба деҳа баргузор гардид, ки дар он 76980 нафар ширкат варзид. Дар онҳо159800 нафар ҳамчун тамошобину мухлис иштирок дошт.
Дар вилояти Суғд низ барои пешбурди соҳаи варзиш ва омавигардонии он мунтазам чораҳои муҳим меандешанд. Зимнан, метавон таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои 60 нафар варзишгари беҳтарини вилоятро мисол овард, ки барои қадршиносии заҳмати варзишгарони ҳирфаӣ мусоидат мекунад.
- Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 3023 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликият ба қайд гирифта шуд, ки аз ин 49 варзишгоҳ, 2 088 майдончаи варзишӣ, 664 толори варзишӣ, 45 ҳавзи шиноварӣ, 177 маҷмаа ва иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд. Иловатан, дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 60 иншооти варзишӣ, аз ин 14 толори варзишӣ, 38 майдончаи варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 6 иншооти махсуси варзишӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 13 миллиону 399 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд, - иттилоъ дод сардори Бахтиёр Исматзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.




