March 2016

29 March 2016

Ифтитоҳи корхонаи коркарди нафти «Нафтрасон» дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом

Ҳар як сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он минтақаи ҷумҳурӣ пайки шодию нишот ва оғози корҳои ободонию созандагист.

Дар шаҳри Конибодом сокинон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Дар ин рӯз Пешвои миллат, дар ҳудуди шаҳри Конибодом ба фаъолияти боз як корхонаи азими саноатӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Нафтрасон, ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшид.

Читать далее

Ба истифода супоридани маҷмааи корхонаҳо ва муассисаҳои хизматрасонӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Исфара

Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷмааи корхона ва муасиссаҳои хизматрасонӣ ташриф овард. Сокинони шукргузори шаҳри Исфара Пешвои миллатро бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.

Пеш аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар маркази мазкур Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти он дар вазъиияти тантанавӣ оғоз бахшид.

Читать далее

Иштирок дар ифтитоҳи бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри бостонии Исфара боздид ба амал овард.

Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара оғози расмӣ бахшид.

Зимни шиносоӣ бо шароити бино ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, сохтмони ин иншоот дар доираи лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» амалӣ гардид.

Читать далее

Пардабардорӣ аз рӯи Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ

Дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда муҷассамаи барқади аввалин асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуд.

Тавре маълум гардид, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар хиёбони марказӣ дар шафати боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳрак бунёд шудааст.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баландии Муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ бо таҳкурсиаш 12 метрро ташкил медиҳад ва он аз ҷониби Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев сохта шудааст.

Читать далее

Гузоштани санги асоси бунёди шаҳраки «Меҳробод» дар ноҳияи Мастчоҳ

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ барои бунёди шаҳраки наву замонавии Меҳробод санги асос гузошт.

Тавре ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, шаҳраки нав дар масоҳати 330 гектар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Суғдиён» бунёд меёбад.

Нақшаи генералии шаҳраки «Меҳробод» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдофар» таҳия гардидааст. Тибқи нақша дар шаҳраки «Меҳробод» 18 километр дуртар аз маркази ноҳияи Мастчоҳ бояд 220 манзили дуқабата ва 2500 манзили зисти якқабата сохта шавад.

Читать далее

Ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Андарвашти деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ

Дар ноҳияи Мастчоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон бо буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и деҳаи Андарвашти ҷамоати деҳоти Оббурдон оғози расмӣ бахшид.

Сарвари давлат аз шароити муосири синфхонаҳои барҳаво, ки дар ин муассисаи таълимӣ фароҳам оварда шудааст шинос шуда, бо хонандагон сӯҳбати озоду самимӣ анҷом дод.

Читать далее

Шиносоӣ бо корҳои бунёди 100 гектар боғи сиёҳолуи содиротӣ дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Сугд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сад гектар боғи сиёҳолу оғоз бахшид.

Сарвари давлат бо кушодани қубури обгузар заминҳои ташналабро шодоб гардонида, якҷоя бо хоҷагидорону боғпарварон ниҳол шинонд.

 

Тавре ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар замини аз ҳисоби беобӣ бекорхобидаи ҷамоат, ки тули солҳо ҳамчун чарогоҳ истифода мешуд, соҳибкорон дар масоҳати 120 гектар боғ бунёд кардаанд. Дар ин ҷо 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст. Мақсад аст, ки боз дар майдони 600 гектар боғи сиёҳолу шинонида шавад ва ин имкон медиҳад, ки боз ҷойҳои иловагии корӣ ташкил гардад.

Читать далее

Ифтитоҳи корхонаи сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо буридани лентаи рамзӣ корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Читать далее

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

23 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд сокинони вилоят бо шукуҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза нисбат ба Пешвои миллат истиқбол гирифтанд.

Читать далее

16 March 2016

Ҳифзи табиат вазифаи ҳар шаҳрванд

Сол то сол теъдоди дарахтони сояафкани хатти ҷангалҳои ноҳияи Зафаробод торафт кам шуда истодаанд. Ҳар як раиси ҷамоату шаҳракҳо доир ба ҳифзи табиат, кабудизоркунӣ, шинонидани ниҳол вохўриҳо гузаронанд ҳам ин масъала ҳалли худро  то ҳол наёфтааст.

Хоҷагиҳои деҳқонии дар ҳудуди хатти ҷангал ҷойгирифта бурриши санитарӣ дорупошиву сафед намудани дарахтон дарахтони хушкида бурида ба ҷои он аз рўи масоҳат ниҳол мешинонанд.

Фарҳод Сафаров-мутахассиси бахши муҳити зист- иброз намуд, аз ҳисоби ғайриқонуни бурридани дарахтон дар мавсими зимистон зарари умумии ба табиат расонидашуда, 10000-сомонӣ мебошад, ки аз он ба маблағи 5940-сомонӣ рўёнида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар ноҳияи Зафаробод майдони умумии 892 га хатти ҷангали муҳофизати киштзор мавҷуд мебошад, ки ба заминистифодабарандагон вобаста карда шудаанд.

Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар майдони 11,3 г хатти ҷангал таъмир ва барқарор карда шуд, ки он нокифоя мебошад. Бино ба сабаби зиёд будани чорвоҳои сектори хусусӣ таъмир ва барқарорсозии хатти ҷангал душвор гардидааст, зеро аз сабаби дар ноҳия набудани чарогоҳ аҳолии ноҳия чорворо дар хатти ҷангал бони намуда, ниҳолҳои навбаромадаро нобуд месозанд.

 Умедҷон ШАРИФОВ,

 таҷрибаомўз

 

 

 

Читать далее