March 2016

16 March 2016

Бо ту мефахрам диёрам

Ҷомеаи солим аз фарди солим ташаккул меёбад. Агар ҳар яки мо солиму бардам бошем, саҳмамон дар ободию пешрафти кишварамон бештар мегардад.

Бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ соли 2016 Соли фарди солим эълон гардида, ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар корхонаву ташкилотҳо чорабиниҳои гуногуни варзишӣ доир мегардад. Ин аз як тараф солимии ҷисму рӯҳ бошад, аз ҷониби дигар  фарҳанги диёрдорӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Боиси хушнудист, ки дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои пешрафти соҳаи варзиш диққати ҳамаҷониба дода мешавад. Исботи гуфтаҳо он аст, ки дастаи баскетболбозони донишкада соли гузашта дар спартакиадаи ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои олӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дастаи футболбозони донишкада ҳамасола дар мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии олӣ мақоми аввалро соҳиб мешаванд.

Яке аз соҳаҳои машҳури варзиш, ки донишҷӯёни донишкада ба он майли бештар доранд, ин риштаи варзишии карате- до мебошад. Дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чемпионати Осиёи Марказӣ дар риштаи варзишии карате-до донишҷӯёни донишкада Мӯҳсинҷон Раҳматов ва Сӯҳробҷон Юсупов ширкат варзида, Мӯҳсинҷон дар вазни 55 килограмм бар ҳамаи рақибони худ аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дастболо гардида, сазовори медали тиллои мусобиқа гардид ва унвони Чемпиони Осиёи Марказиро ба даст овард.  Сӯҳробҷон Юсупов бошад, дар вазни 67 килограмм ба даври нимфиналӣ баромада, сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар мусобиқаи даставӣ бошад, Сӯҳробҷон сазовори медали нуқра гардид.

Дар доираи Соли фарди солим Раёсати донишкада тасмим гирифтааст, ки ба хотири рушди соҳаи варзиш як майдончаи варзишии ҷавобгӯ ба талаботи муосирро сохта ба истифода дода, ҳамзамон толори варзишии факултети муҳандисӣ-иқтисодиро таъмиру азнавсозӣ намояд.

Бо супориши бевоситаи роҳбарияти донишкада чанд моҳ ин ҷониб машқу тамринҳо ба хотири саломатӣ ҳам миёни устодон ва донишҷӯён доир шуда истодааст. Ва имрӯз устодон меъёрҳои варзиширо таҳти унвони «Бо ту мефахрам диёрам»-ро (ГТО)  супориданд. Онҳо дар намуди варзишии давидан, сангбардорӣ, турниккашӣ, ҷаҳидан ва дигар намудҳо ҳунару малакаи худро нишон доданд. Устодоне, ки меъёри варзиширо супорида натавонистанд, ба ҳафтаи дигар мавқуф гузошта шуданд. Онҳо давоми ҳафта пас аз машғулиятҳо машқу тамрин хоҳанд кард.

Боварӣ дорам, ки чунин ғамхорӣ дастовардҳои варзишгарони донишкадаро афзун менамояд.

Чунин чорабинӣ минбаъд низ идома меёбад

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ

 

 

 

Читать далее

Дили солим – фарди солим

Бо ибтикори Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ соли 2016 - «Соли фарди солим» эълон гардидааст. Дар ин радиф бо ташаббуси Раёсати тандурустии вилоят ва Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд аксияи «Дили солим-фарди солим» бо иштироки табибони марказ, шахсони муолиҷагардида ва сокинони Хуҷандшаҳр дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд» баргузор гардид. 

Табибони марказ Ҳ.Маҳмудов, А.Саломов ва дигарон оид ба пешгирии бемориҳои шараёнии дил ва муолиҷаи он суханронӣ намуданд. Ҳамчунин кӯдаконе, ки ин бемории вазнинро аз сар гузаронидаанд, ба саҳна даъват гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Мувофиқи барномаи чорабинӣ ба таври ройгон ба аҳолӣ ҳуҷраҳои махсуси муоина, СБД (ЭКГ), ТУС (УЗИ) хизмат расониданд.

Ба чорабинӣ ҳофизони мумтози ансамбли «Садои Хуҷанд» Анвар Қосимов,  Олим Воҳидов, Икром Исломӣ, Гулнора Абдуллоева бо сурудҳои дилнишин хотири ҳозиронро болида сохтанд.

Аслиниссо Ёдгорӣ,

корманди МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

 

 

 

Читать далее

14 March 2016

Оё пойгоҳҳои обкашӣ омодаи коранд?

Вазъи таъминот бо оби полезӣ чӣ гуна аст?

-Баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ки зимни маҷлиси машваратӣ 29-уми феврали соли 2016 баён гардида буд, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои марбутаи соҳавӣ оид ба омода намудани иншооти обрасонӣ ба мавсими обёрии соли равон тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст,- гуфт зимни сўҳбат сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Зафарбек Давлатзода.

Ҳамчунин, зикр намуд, ки дар ин самт баҳри ба фаъолият омода намудани пойгоҳҳои обкашии шаҳру ноҳияҳои вилоят кормандони раёсат ба шаҳру ноҳияҳо вобаста шуда, масъалаи омодасозӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.

Бояд қайд намуд, ки дар мавсими имсола ҷиҳати саривақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳи обкашӣ ва иншооти обрасон бо таваҷҷўҳ ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят аз ҳисоби буҷети вилоят ҷудо гардидани маблағ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят барои омода намудани шабакаҳои обёрӣ ва дастгоҳҳои обкашӣ мусоидат намуд.

Дар ин самт аз санаи 1-уми октябри соли 2015 корҳо оғоз шуда, дар ин давра то 1-уми марти соли ҷорӣ ҷиҳати ба мавсим омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ мутахассисони соҳа ба пуррагӣ сафарбар ва дар миқёси вилоят, тибқи нақша, аз 410 адад дастгоҳ то имрўз 357 адад ба пуррагӣ омода шудаанд, ки ин нишондод 87,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, дар ноҳияи Ашт, тибқи нақша, аз 82 адад дастгоҳ 69 адади он ё 84,1 фоиз, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 120 адад дастгоҳ 110 адад ё 91,7 фоиз, ноҳияи Зафаробод, тибқи нақша, аз 28 дастгоҳ 21 адад ё 75 фоиз, шаҳри Конибодом, тибқи нақша, ҳамаи 20 адад, ноҳияи Мастчоҳ тибқи нақша, аз 48 адад то ба имрўз 40 адад ё ки 83 фоиз, ҳам-чунин ноҳияи Спитамен, тибқи нақша, ҳамаи 18 адад дастгоҳ то ба имрўз ба пуррагӣ омода шудаанд, ки 100 фоиз ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, тибқи нақша, аз 29 адад дастгоҳ то ба имрўз 26 адад ба пуррагӣ омода шудаанд.

Умуман, имрўзҳо 19 экскаватор ва 6 булдозер барои тоза намудани заҳбуру ҷўйборҳои калони обрасон сафарбар шудаанд.

Ҳамзамон, фарсудашавӣ ва корношоям гардидани дастгоҳҳоро ба инобат гирифта, дар мавсими имсола бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ пойгоҳи обкашии ВК-3 ноҳияи Мастчоҳ барқарор шуда истодааст, ки ба мавсими имсола ба миқдори 2,4мЗ/с оби иловагӣ ба канали асосии ноҳияи Мастчоҳ ворид мешавад. Ба ғайр аз он бобати харидорӣ намудани 2 адад дастгоҳи обкашӣ ба пойгоҳи обкашии «Дилварзин-2» ва 1 дастгоҳ ба пойгоҳи обкашии «Дилварзин-3»-и ноҳияи Мастчоҳ корбарӣ шуда истодааст. Дар ҳолати амалӣ шудани он барои беҳтар гардидани таъминоти оби полезӣ дар минтақаи канали «Дилварзин-2» ва «Дилварзин-3» мусоидат намуда, барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои кишоварзӣ имконият медиҳад.

Имрўзҳо дар миқёси вилоят 240 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият дошта, то имрўз бо 156 ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба майдони 126,4 ҳазор гектар шартномаи обрасонӣ бо Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо баста шудааст, ки 60 фоизи нақшаро ташкил менамояд.

Ҳамзамон, дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят барои вусъат бахшидан ба омодасозии пойгоҳҳои обкашии вилоят ва ташкил намудани обёрии заминҳои киштшуда аз манбаъҳои худҷорӣ кормандони раёсат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста шуда, дар ин самт корбарӣ рафта истодааст.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Читать далее

Варзишгарони шаҳри Душанбе ғолибиятро ба даст оварданд

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯз дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд санаҳои 12-13-уми март мусобиқаи ҷумҳуриявии самбо баргузор гардид, ки дар он 8 дастаи варзишгарон аз минтақаҳои кишвар иштирок намуд.

Варзишгарони шаҳри Душанбе 3 даста, варзишгарони вилояти Хатлон 2 даста, варзишгарони шаҳру ноҳияҳои тобеи мамрказ 1 даста ва 2 дастаи вилояти Суғд дар мусобиқа байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷаи бозиҳои дӯстона дастаи 1 шаҳри Душанбе ғолиби мусобиқа гардиданд. Дастаи 2 вилояти Хатлон ба гирифтани ҷойи дуюм ва дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ғолибони мусобиқа бо  медал ва диплом сарфароз гардиданд.

Мусобиқаҳои дигари варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ва 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд идома дорад.

Саодат ИСМОИЛӢ  

 

 

 

Читать далее

Таваҷҷўҳ ва қадршиносии рўзноманигорон

Бахшида ба Рўзи матбуоти тоҷик тибќи қарори раиси шаҳри Хуҷанд наздик 60 нафар журналист ва кормандони воситаи ахбори омма соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Ба ин муносибат дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба ин сана чорабинии идона доир гардид. Дар он собиқадорони соҳа, журналистону хабарнигорон, роҳбарони воситаи ахбори оммаи шаҳру вилоят ва намояндагии расонаҳои марказӣ ширкат намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозирин ва кормандони расонаҳои иттилоотиро бо иди касбиашон - 104- солагии матбуоти тоҷик шодбош гуфта, саҳми онҳоро дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ муҳим ва назаррас арзёбӣ намуд.

- Яке аз ин рукнҳои муҳими устувории давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлолмамон ин арзи ҳастӣ намудани расонаҳои гуногуни иттилоотӣ изҳори назару андешаҳои бунёдкорона ва созанда тариқи ин минбари омма аст. Ҳангоми мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо журналистону зиёиён ва кормандони расонаҳои иттилоотӣ таъкид гардид, ки «Ҳар як намояндаи воситаҳои ахбори омма ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки минбари суханро бояд барои ҳифзи амнияти давлат, таҳкими пойдории ҷомеа, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода намояд ва ба халқу миллати худ содиқонаву беғараз хизмат карда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи кишвар ҳаргиз бетараф набошад». Фаъолияти тамоми  журналистон ва аҳли эҷод бояд тибқи ин дастури  Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шавад, - иброз намуд раиси шаҳр.

Ҳамзамон, Раҷаббой Аҳмадзода бобати нақшаю дурнамои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба истиқболи 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҷашни фархунда - Наврӯзи байналмилалӣ ва корҳои ободонию созандагӣ сухан кард.

Сипас  раиси шаҳр дар вазъияти тантанавӣ ба гурўҳи калони кормандони расонаҳои хабарӣ тўҳфаҳои хотиравӣ супурд. 

Ҷовиди Аштӣ - намояндаи махсуси рўзномаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд аз номи иштирокдорони чорабинии идона барои таваҷҷӯҳу қадрдонӣ ба давлату Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуд.

Абдуғафур АМИНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Читать далее

Ҳар ҷой бо ҷавшани сабз гулзор гардад!

Субҳи 9-уми марти соли 2015 Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ярмарка-фурўши гулҳо, ки дар Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд баргузор гардид, иштирок намуд. Раиси вилоят нахуст ҷамъомадагон ва занону духтаронро ба муносибати Рўзи Модар шодбош гуфта, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ ва рўзгори шод таманно намуд. Қайд карда шуд, ки баргузории ярмаркаи гулҳо дар доираи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат, ободии кишвар ва маҳалли зисти худ гузаронида шуда, ҳамагонро зарур аст, ки дар ин иқдоми нек ҳиссагузор бошанд.

Ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва Наврўзи оламафрўз шинондан ва парвариши 1 миллион бех ниҳолакҳои гули лола дар назар дошта шуда, айни ҳол корҳо дар ин самт босуръат ҷараён доранд. Дар гармхонаҳои ҳудуди вилоят айни ҳол зиёда аз 23 миллион бех гулҳои рангорангу хушбўй парвариш меёбанд, ки мардум метавонанд, аз онҳо харидорӣ карда, маҳалли худро зебо гардонанд. Ҳамчунин, дар арафаи иди Наврўз баргузории «Фестивали лола» ва карнавали наврўзӣ айни муддао буда, омодагии масъулини шаҳру навоҳӣ, деҳа, кўча, маҳалла ва оила дар ин ҷода назаррас аст. Ҷоизи зикр аст, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ин чорабинии муҳими фарҳангӣ бояд, пеш аз ҳама, ба тозагиву озодагӣ ва ободии маҳал таваҷҷўҳи махсус зоҳир намоем. Маслиҳати мутахассисону коршиносонро дар ҷодаи гулпарвариву ободкорӣ дар мадди назари аввал қарор дода, бо дарки баланди масъулият дар ободии диёр саҳмгузор бошем. Имрўз мардум дарк кардаанд, ки ободии маҳал ва тозагии гирду атроф табъу завқи ҳамагонро болида сохта, ҳар як бех гул ва ё ниҳоли шинондаи сокинон тўҳфа ба ҷашнҳои бузурги таърихии дарпешистода аст.

Ҳамчунин, Раиси вилоят иброз дошт, ки дар доираи корҳои ободонӣ мусобиқаи байни шаҳру ноҳия, деҳа, маҳаллаву кўчаҳо гузаронида, дар арафаи Наврўз ҷамъбаст хоҳад шуд. Аз ин рў, ба раисони кумитаи маҳаллаҳо, масъулини деҳа ва шаҳру навоҳӣ зарур аст, ки ҷиҳати гулу гулзор ва обод намудани маҳалли зист чораҳои зарурӣ андешанд. Бахусус, ба гирду атроф ва даромадгоҳи биноҳои баландошёна эътибори махсус дода шуда, ҷиҳати таъмир, рангубор, сифат ва чароғонкунии ин мавзеъҳо корбарӣ ҷоннок гардад.

Иқдоми неки Раиси вилоят дар бораи дар назди биноҳои баландошёна таъсис додани майдончаҳои варзишӣ ва ҳамчунин, ҷойи истироҳатӣ барои фароғати калонсолон, мавҷуд будани гулҳои рангорангу зебо дар ин макон ва шинондани танўру оташдон имконият медиҳад, ки мардум пас аз меҳнати рўзона дар ин мавзеъ истироҳати пурфайзу пурсафо дошта бошад.

Аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки то ин дам ба Тоҷикистони офтобрўяи мо, бахусус вилояти Суғд ва дигар гўшаву канори он зиёда аз 350 ҳазор нафар сайёҳон омада, нахуст, ба эъзоздории тоҷикон ва, сониян, аз зебогии гирду атроф ва табиати биҳиштосояш ба ҳайрат омадаанд. Месазад, ки номи кишвари худро ҳам аз ҷиҳати зебоиву ободкорӣ ва ҳам бо меҳмоннавозиаш шўҳратёр дар арсаи ҷаҳон гардонем.

Баъдан Раиси вилоят аз намоишгоҳи гул дидан карда, бо гулпарварон сўҳбати хосае орост, ба онҳо ҷиҳати пар-вариш ва зиёд намудани хели гулҳо маслиҳатҳои муфид дод. Дар майдончаи назди Маҷмааи таърихии Қалъаи Хуҷанд аз гулҳо намуна гирифта, апликатсияи зиндаи гулҳои рангорангро шинонд ва дастур дод, ки бо ин намуд тамоми майдончаҳои назди шоҳроҳи Хуҷанд-Fафуров, шаҳри Хуҷанд, корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои тандурустиву маориф ва дигар марказҳои хизматрасонӣ оро дода шаванд.

Намояндаи гармхонаи «Баҳористон» Сироҷиддин Шодибеков, ки наздик 35 намуди гулҳоро ба намоиш ва фурўш оварда буд, иброз дошт, ки 13 намуду 6 ҳазор бех лоларо айни ҳол парвариш мекунад ва ба фестивал омодагӣ мебинад.

Дуои неки пири гулкорон - Абдуллохўҷа Исмоилови 91-сола, ки тамоми умри бобаракаташро сарфи парвариши гул намуда, аз накҳату зебоиҳои он баҳравар аст, ҳидоятгар ба сўи фардои дурахшон ва гулшукуфти кишвар гашт.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Читать далее

Журналист мунодии озодии инсонҳост

Бо пешниҳоди Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон  ҳамчун шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» номгузорӣ шуд. Ин нукта дар мулоқоти Сарвари давлат бо кормандони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ҳангоми ифтитоҳи шабакаҳои телевизионии «Варзиш», «Синамо» ва Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори умум таъкид ва арзёбӣ гардид. Чунки телевизион оинаи давлатдорӣ аст.

Маъмулан бинандагони шабакаҳои телевизионӣ новобаста аз мансубиятҳои нажодиву мазҳабӣ вобаста ба шаклу мазмуни барномаҳои телевизионӣ ба давлатдориву сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як миллат баҳогузорӣ мекунанд. Агар мо аз ин равзана ба вазъи имрўзаи барномаҳои шабакаҳои мухталифи давлатӣ ва ҳамчунин ба сифати намоишномаҳои телевизионҳои хусусӣ назар афканем, пас дар баробари андаке муваффақ будани кормандони эҷодиву техникии ин ҷода, мутаассифона, бештар ба камбудиву норасоиҳое рў ба рў мегардем, ки воқеан боиси дилсардӣ ва нороҳатии тамошобин мегардад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби шахси аввали Тоҷикистон мавриди таҳлилу танқид қарор гирифтани камбудиву норасоиҳои мавҷуда тасодуфӣ нест. Чунки солҳои охир сатҳи пасти сифати барномаҳои телевизион ғолибан мардумро водор сохтааст, ки бо истифода бо моҳвораҳо ба тамошои шабакаҳои телевизионҳои кишварҳои хориҷа рўй оваранд. Гузашта аз ин, рақобатпазир набудани намоишҳои телевизионӣ ва барномаҳои радио на ҳамеша ба мо имконият медиҳад, ки дар набардҳои иттилоотии замони муосир муваффақ гардем. Фузун бар ин, имрўз барномаҳои радио ва телевизион тамоми қаламрави кишварро фарогир набуда, мардум на ҳамеша метавонад, аз рўйдодҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат воқиф бошад.  Шояд чунин вазъияти нигаронкунанда сабаб гардидааст, ки  Президенти мамлакат дар меҳвари андешаҳои даъвоҳои асосноки худ перомуни нуқсу камбудиҳои барномаҳои телевизион иброз дошта бошад: «Сатҳи омода намудани барномаҳо ва касбияти коргардону журналистон дар муқоиса бо 10 соли пеш беҳтар шудааст, вале хеле кам. Чунин ба назар мерасад, ки маҳсули тафаккури эҷодӣ, истеъдоди асили офарандагони ғизои маънавӣ барои тамошобин ва шунаванда ҳанўз ҳам ба дараҷаи қонеъкунанда нест. Дуруст аст, ки телевизион ва радио бояд аслан расонандаи иттилоот бошад, вале рисолати журналист фақат бо нишон додани ҳодисаву воқеоти рўйдода ба анҷом намерасад”. Мўҳтавои ин гуфтаҳо он аст, ки то ба имрўз  рўзноманигорон ва таҳиягарони барномаҳои иттилоотии шабакаҳои телевизион ба ҷуз барномаҳои иттилоотӣ (нусхабардории наворҳо аз шабакаҳои мухталифи телевизионӣ ва қироати хабарҳо аз шабакаҳои Интернет) ба мисли дигар шабакаҳои маъруфи ҷаҳонӣ воқеаҳои рухдодаро ба хотири дифои манфиатҳои миллӣ таҳлилу таҳқиқ намекунанд. Гузашта аз ин, шабакаҳои телевизионӣ дар мавриди ҷалби коршиносон, аз қабили сиёсатшиносон, пажўҳишгарон, чеҳраҳои маъруфи ҷаҳони иттилоотии кишвар саҳланкорӣ карда, на ҳамеша моҳияти ҳодисоту воқеаҳои ҷаҳони муосирро ба риштаи таҳлил мекашанд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон шурўъ аз Академияи улум  то Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти мамлакат донишмандону шореҳони муваффақ кору фаъолият доранд. Яъне, имрўз барои ислоҳи барномаҳои иттилоотиву таҳлилӣ дар мамлакат на танҳо заминаҳои хуби техникӣ, балки имконияти фаровони истифодаи нерўҳои зеҳнӣ мавҷуданд. Бинобар ин, вақти он расидааст, ки мо ба сиёсати барномасозии шабакаҳои телевизиони кишвар дигаргунии ҷиддӣ ворид созем. Чунки воқеан барномаҳои иттилоотӣ шурўъ аз шабакаҳои давлатӣ - «Ахбор», «Навид» то барномаҳои иттилоотии шабакаҳои телевизионҳои вилоятӣ ва шабакаҳои ғайридавлатӣ якрангу якмаром ва дилгиркунанда буда, мутаассифона, талаботи жанри иттилоотӣ аз ҷониби хабарнигорон ба назари эътибор гирифта намешавад. Ва аксаран тамошобин ба ҷойи гузоришу мусоҳибаҳои кўтоҳу мўъҷаз маҷбур аст, дақиқаҳои муфиди ҳаёти худро ба тамошои сўҳбату мусоҳибаҳои тўлонӣ ва ҳамчунин бо гузоришҳои калонҳаҷми бемантиқ ба масраф дода, аз дидани чунин барномаҳои иттилоотӣ дилсард гардад. Аз шабакаҳои иттилоотии ҷаҳон агар хабарҳои ҷолиб дар муддати аз 5 то 20 дақиқа пахш гарданд, пас барномаҳои иттилоотии шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳамарўза беш аз 30-40 то 1 соат идома ёфта, боиси нигаронии шаҳрвандони мамлакат гардидааст. Замоне ки худи хабарнигор ва ё шабакаҳои иттилоотии телевизион бидуни ҳама гуна талаботи жанрӣ гузоришу мусоҳибаҳои тўлониву бемантиқро пахш мекунанд, пас аз эроди тамошобин чӣ ҷойи гурез аст. Ёдовар мешавем, ки дар ин  ришта рўзноманигор бояд ҳарфи аввалро гўяд. Чунки журналист як хушбахтии вижа дорад - ў фарди озод ва дар як вақт мунодии озодии инсонҳост. Ва аз пайи ин маром ҳам бо шоҳ мулоқот мекунад ва ҳам бо дарвеш. Агар воқеан пахши як хабари фаврӣ фарогири мавзўъ набошад, пас рўзноманигор метавонад, бо такя ба маводи дар дастдоштааш барномаи алоҳидаи таҳлилиро таҳия карда, баъди пахши барномаи иттилоотӣ мавзўи интихобкардаашро ҳамчун барномаи алоҳидаи иттилоотиву таҳлилӣ  ба маърази тамошо гузорад. Масалан, вақте мебинад, як муҳоҷир гирифтори хушунат гардидааст ва ё як нафар шаҳрванди кишвар қурбони ноадолатӣ гардидааст, пас чӣ гуна журналист метавонад, хомўш бошад. Ва ё дар мавриди он ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон теъдоди зиёди ҷангиёни ДИИШ дар андешаи убури марзи давлатианду дар ин бора расонаҳои кишвар хабарҳои фаврӣ пахш мекунанд, чаро журналист бояд хомўширо ихтиёр кунад. Баръакс, ў бояд аз ҳарвақта дида фаъолтар бошад. Таҳияи барномаҳои таҳлилӣ бояд ба тамошобинони телевизион хатар ва зарари фоҷиабори чунин амалҳои нопоки афроди мусаллаҳро ба таври возеҳу равшан эзоҳ диҳанд. Ва ба ҳамин монанд ҳама гуна рўйдодҳое, ки ба истиқлолияти давлатии кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардуми мамлакат хатар эҷод мекунанд, бояд    ҳатман мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби шореҳон ва коршиносон аз тариқи радио ва телевизион ба аҳли ҷамъият фаҳмонида шаванд. Фузун бар ин, телевизион чун соири васоити ахбори оммаи кишвар бояд ҳаводиси рухдода дар манотиқи мухталифи кишварро фаврӣ ва сари вақт нашру пахш намояд, то мардум иттилои дақиқро тавассути шабакаҳои давлатӣ дарёфт кунанд ва ба ҳар гуна ахбори зиддунақизи расонаҳои дигар кишварҳо назари эътимод надиҳанд. Ин ҷо зикри ҳодисаҳое, ки чанд маротиб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, қобили таъкид аст, ки расонаҳои кишвари ҳамҷавор баъди вуқўи муноқишаҳо бо назардошти манофеи миллиашон  фавран аз ҷойи ҳодиса хабару гузоришҳои дур аз ҳақиқатро таҳия  намуда, дар низои бурузкарда шаҳрвандони Тоҷикистонро ба таври якҷониба гунаҳкор ни-шон медоданд. Мутаассифона, дар ин самт расонаҳои давлатии Тоҷикистон, минҷумла шабакаҳои давлатӣ хомўширо ихтиёр мекарданд, ки латмае бар манофеи миллӣ ва давлатии мо ворид месохт.

Дар ҳамин ҳол, мо бояд барои ҷолибу ҷаззобият пайдо кардани барномаҳои телевизонӣ коршиносони мавқеи мухталифдоштаро низ даъват намоем. Чунки аз сатҳи баланди баҳсу музокираи иштирокчиёни барномаҳои таҳлилӣ на танҳо ҳусни намоишҳо беҳтар, балки ҳадафи ин гуна барномаҳо нишонрас хоҳанд шуд. Дар ин маврид, албатта, ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар мадди аввал буда, барои пиёда кардани ин ормонҳои миллӣ назарҳои мухталиф метавонанд, ба чунин ормонҳои олӣ таҳким бахшанд. Аз дигар тараф, даъвати намояндагони фраксияҳои мухталифи парлумони Тоҷикистон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба ин гуна барномаҳо боиси истиқболи хуб аз ҷониби тамошобинон мегардад. Ин гуфтаҳо на танҳо ба шабакаҳои ҷумҳуриявӣ, балки ба кулли шабакаҳои давлативу ғайридавлатие, ки имрўз дар қаламрави кишвар фаъолият мебаранд, тааллуқ доранд. Масалан, ҳангоми мулоқот бо рўзноманигорон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки намоишҳои телевизион пур аз таърифу тавсиф буда, мутаассифона, проблемаҳои мавҷудаи ҳаёти мардуми кишвар хеле кам баррасӣ мегарданд. Ин дар ҳолест, ки имрўз ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ва бахусус сокинони ноҳияҳои дурдасти мамлакат ба мушкилоти зиёд рў ба рў гардида, мутаассифона, ҳаллу фасли онҳо бо сабабҳои мухталиф тўл мекашад. Омўзиш, таҳқиқ ва таҳлили чунин норасоиҳои рўзгори мардуми кишвар, албатта, бояд маҳаки асосии барномаҳои телевизионро, новобаста аз шакли моликияташон, ташкил кунад. Яъне, васоити ахбори умум дар баробари бо иттилоот таъмин намудани аҳолӣ ва роҳбарияти кишвар боз як вазифаи пурмасъулиятро ба ўҳда дорад: дар атрофи проблемаҳои ҳалнопазир ба миён овардани афкори ҷамъиятӣ низ аз ҷумлаи рукнҳои асосии фаъолияти расонаҳои иттилоотии кишвар мебошад. Мутаассифона, дар ин радиф кам андар кам барномаҳо таҳия ва аз тариқи шабакаҳои иттилоотӣ пахш мегарданд. Ҳол он ки эҷоди чунин барномаҳои таҳлилию танқидӣ на танҳо боиси бартараф гардидани камбудиҳо, балки боиси баҳогузории фаъолияти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии мамлакат гардида, дар роҳи таҳким ва рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши муассир доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки Сарвари давлат аз сифати пасти барномаҳои фарҳангӣ ва бахусус аз вазъи имрўзаи забону услуби барномаҳои радио ва телевизиони мамлакат норозигии хешро баён дошта, таъкид доштанд, гоҳо дар барномаҳои мусиқӣ санъаткорон бидуни риояи ҳама гуна меъёрҳои забониву жанрҳои мусиқӣ сурудҳоеро ба тамошобинон пешкаш мекунанд, ки матнашро худашон навишта, оҳангро ба таври худ эҷод карда, сипас суруди худро пешкаши тамошобин мегардонанд, ки он боиси изтироби бинандагон мегардад. Чунин манзараро мо метавонем, дар ҳама шабакаҳои телевизион мушоҳида намоем. Роҳ ёфтани ибораю ифодаҳои маҳаллӣ, ба таври сунъӣ ҷорӣ намудани лаҳҷаҳои маҳалҳои мухталифи Тоҷикистон дар барномаҳои телевизион ва радио ба ҳадде расидааст, ки ҳатто аксари тамошобинон наметавонанд, ба моҳияти суханронии иштирокчиёни барномаҳо сарфаҳм бираванд. Ва ё сурудҳои хому бебунёди дар заминаи забони гуфтугўии маҳалҳои мухталиф эҷодшуда аз ҳад зиёд дар барномаҳои мусиқӣ пахш гардида, завқи эстетикии мардумро коста ва шукўҳу шаҳомати забони модариро халалдор месозанд. Дар ин ҳолат кас ба андеша меравад, ки оё барномаҳои телевизион дар шахсияти муҳаррир ва таҳиягар нафари масъул дорад ва ё не?  Агар дошта бошад, чаро чунин барномаҳои «бенамак» рўйи саҳна меоянд? Албатта, ин ва ба ҳамин монанд камбудиҳое, ки имрўз дар барномаҳои телевизион ва радио ҷой доранд, муваққатӣ буда, дар сурати баланд бардоштани масъулияти кормандони эҷодии васоити ахбори электронии мамлакат ва андешидани тадбирҳои мушаххас аз ҷониби роҳбарияти ҳамаи шабакаҳо аз байн хоҳанд рафт. Агар мо бо ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии соҳаи забон ва адабиёт, фарҳанг ва мусиқӣ алоқаи доимии ҳамкориро барқарор намуда, бо ҷалби мутахассисони варзидаи ин соҳаҳо дар назди шабакаҳои телевизион ва радиои қаламрави кишвар шўрои бадеӣ, бозомўзии санъати суханварӣ ва таълими забони давлатиро барои ровиён, муҳаррирон ва хабарнигорон ташкил диҳем, он гоҳ метавонем, дар як мўҳлати начандон тўлонӣ мушкилоти пешомадаро паси сар намоем. Гузашта аз ин, бори аввал дар таърихи Тоҷикистон Академияи васоити ахбори умум созмон дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Президенти мамлакат ширкат варзида, дар назди роҳбарияти ин ниҳоди навташкили давлатӣ вазифаҳои пурмасъулро ҷиҳати тарбияи мутахассисони ҳирфаӣ гузоштанд, ки  ин тадбир низ бояд дар ояндаи начандон дур боиси рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар барномаҳои радио ва телевизиони Тоҷикистон гардад.  Ёдрас мешавем, ки барномаи хуби телевизион ва радио на танҳо аз муаллифи сенария вобастагӣ дорад, балки барномаи тамошобоб усулан маҳсули сенарияи хуб ва ҳамоҳангии томи коргардони огаҳ бо дастаи муназзами эҷодӣ, ки шомили муҳарриру муҷриву наворбардору садобардору нурпардозу амсоли ин ба саҳна меояд. Бинобар ин, ба роҳ мондани донишфизоии кормандони телевизион дар Академияи васоити ахбори умум дар маҷмўъ метавонад, ба баланд гардидани сифати барномаҳои телевизион ва радио мусоидат намояд. Вале бояд иқрор шавем, ки як силсила нуқсонҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлат номбар гардиданд, метавонанд, бе дахолати беруна бо кўшиши роҳбарияти шабакаҳои радио ва телевизион бартараф гарданд. Ва ба ин амали неку созандаи ҳамкасбони азизам, ки воқеан ҳамчун корманди эҷодӣ ва техникии телевизион бар дўш бори вазнинро доранд, ман боварӣ дорам. Чунки то ҷое, ки ман медонам, ҳамаи нафароне, ки дар ин остонаи муқаддас кор мекунанд, фидоии миллатанд. Ҳар яке аз ҳампешагони мо ба хотири якпорчагии Ватан, таъмини ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ ва сулҳи саросарии кишвар корҳои басо шоистаеро ба анҷом расонида, барои пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол заҳматҳои пурсамарро паси сар кардаанд. Имсол, ки мардуми шарифи кишвар барои таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат меҳнати пурсамару созандаро пеша кардаанд, мо – кормандони эҷодӣ ва неруҳои зеҳнии мамлакат низ барои рушду такомули ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии куҳандиёри худ бо таҳияи гузориш ва барномаҳои рангину ҷолиб саҳми босазо хоҳем гузошт.

Бобоҷон ИКРОМОВ,

адиб ва рўзноманигор

 

 

 

 

Читать далее

11 March 2016

Китоб ва мусиқӣ барои бачагон

Дар китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали ҷумҳуриявии “Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакон ва  наврасони Тоҷикистон” баргузор гардид.

Мақсади баргузории фестивалро директори китобхона Муаззам Расулова ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, дар замири кӯдакон, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, ифтихори миллӣ ва ватандӯстии онҳо арзёбӣ намуд.

-Соли сипаригаштаи 2015 ба китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 112 адад китоб ва 457 адад маҷалла, ҳамзамон аз тарафи Раёсати фарҳанги вилоят 202 адад китоб ройгон тақдим карда шуд. Китобхона имрӯз дорои зиёда аз 70 ҳазор адабиётҳои бачагона мебошад. Теъдоди хонандагони китобхона аз ҳисоби кӯдакон ва наврасон 3 ҳазору 586 нафарро ташкил медиҳанд,-мегӯяд Муаззам Расулова, директори китобхона.

Ёдрас мешавем, ки фестивали ҷумҳуриявӣ тӯли як ҳафта, яъне аз 4 март то 11 марти соли равон дар китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ идома хоҳад ёфт.

Саодат ИСМОИЛӢ,

таҷрибаомӯз

 

 

 

Читать далее

15 миллион доллар барои рушди таҳсилоти олӣ

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 августи соли 2015  аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ барои рушди сифати таълим дар мактабҳои олии кишвар  15 миллон доллар ҷудо гардида, он тайи 6 сол мавриди амал қарор гирифта, он ҳамчун лоиҳа аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал татбиқ карда мешавад.

 Ба хотири муаррифии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода, намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ Ҷейсон Вивер, намояндаи бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳбари барнома дар соҳаи маориф Саодат Бозорова ва роҳбарони муассисаҳои олии вилоят сарҷамъ омаданд.

Бозоралӣ Одиназода зарурияти роҳандозии лоиҳаи мазкурро қайд намуда, аз ҷумла афзуд, ки бештарини ин маблағҳо барои амалишавии лоиҳаҳои рушди сифати таълим дар мактабҳои олӣ равона мегардад.

Маҳмудхон Шоев, муовини сардори раёсати таҳсилоти олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро муаррифӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки аз ҷамъи умумии маблағи мазкур 8,25 миллион доллар ҳамчун кредит ва 6,75 миллион доллар чун грант дода мешавад. Ҳамчунин, аз 15 миллион барои маблағи лоиҳа чудошуда як миллион барои ташкили курсҳои ҳунаромӯзӣ ва омодагии синфхои коргарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, 11,7 миллион доллар барои амалишавии лоиҳаҳои аз ҷониби мактабҳои таҳсилоти касбии олии кишвар пешниҳодшаванда, 1,7 миллион доллар барои таҷдид ва такмили системаи таъмини сифат ва шашсад ҳазор доллар барои мониторинг ва ба баҳодиҳӣ лоиҳа ҷудо гардидааст.

Саодат Бозорова дар суханронии хеш қайд кард, ки мақсади лоиҳа ин пеш аз ҳама, омода кардани мутахассисони бозори меҳнат мебошад.

-Мо солҳои пеш дар самти пешрафти таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чандин лоиҳаҳоро амалӣ намудем. Акнун имрӯз вақти он аст, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба марҳилаи нави таълиму тарбия гузаранд. Боварӣ дорам, ки устодону шогирдони муассисаҳои олии кишвар дар ин лоиҳа фаъолона ширкат меварзанд- гуфт номбурда дар идомаи суханаш.

Ҷейсон Вивер қайд кард, ки бо мақсади то кадом андоза муҳим будани лоиҳаи мазкур ба кишвари Тоҷикистон мо озмуни «Иншои беҳтарин»-ро дар ин мавзӯъ элон карда будем. Хушбахтона, тайи як моҳ беш аз 100 иншо ба дасти мо омада расид. Ва имрӯз мо дар донишкадае қарор дорем, ки ғолиби ин озмун гардидааст. Ҳамин тавр дар вазъияти тантанвӣ ба донишҷӯи курси 2-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Фаррух Масаидов тӯҳфаи хотиравӣ супорида шуд.

Оиди паҳлӯҳои гуногуни лоиҳаи мазкур миёни меҳмонон ва устодону шогирдон саволу ҷавоб сурат гирифт.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

котиби матбуотии Донишкадаи политехникии

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Читать далее

Меҳвари меҳру муҳаббат

Дар МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба Рӯзи Модар, Соли фарди солим, 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори 90-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд вохӯрӣ бо занҳои фаъоли вилоят зери мавзӯи «Модар-меҳвари меҳру муҳаббат» баргузор гардид. Дар чорабиӣ М.Ҳомидова – мудири бахш оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак - и МИ{Д вилояти Суғд, М.Юсупова – мудири шӯъбаи тибби оилавии маркази саломатии  шаҳрии №5, М.Неъматҷонова - собиқадори меҳнат, Аълочии ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, М.Ғаниева-директори Хона-музейи М.Турсунзода ва М.Аминзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки азбаски ба қарибӣ ҷашни 90-солагии Осоронаи таърихӣ дар назар аст, вохӯрӣ бо собиқадорони соҳа мувофиқи мақсад аст.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ донишҷӯёни коллеҷи омӯзгорӣ, коллеҷи санъати ба номи С.{офиз, коллеҷи тиббӣ, муҳассилини МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд иштирок ва бо шеъру таронаҳои худ хотири ҳозиринро болида гардониданд.

 Аслиниссо Ёдгорӣ,

Корманди МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

 

 

 

Читать далее