March 2016

09 March 2016

Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рўзи матбуот

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма барои расонидани иттилоъ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа назаррас буда, васоити ахбори омма чун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеият нақши бориз доранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд: «Дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад».

Читать далее

07 March 2016

Семинар дар мавӯи “Таҳсилоти фосилавӣ”

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ семинари илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ» баргузор гашт.

Тавре аз Маркази иттилооти донишкада хабар доданд дар семинар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят ва устодони донишгоҳҳо иштирок намуданд. Бо ташаббуси ширкати мобилии ТСЕЛЛ  як қатор донишгоҳҳои кишвар аз ҷумла, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишкадаи энергетикии шаҳри Қeрғонтеппа ва  Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дар муассисаҳои худ истода, тариқи интернет мустақиман дар семинар иштирок намдунанд. Ба кори семинар директори  донишкадаи мазкур, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова ҳусни оғоз бахшид ва афзуд- «Баланд бардоштани сифати таълим, вориди технологияи наву замонавӣ ва истифодаи бамавриди он, ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҷалби ҷавонон ба таҳсил аз ҳадафҳои асосии давлат ва {укумати мамлакат мебошад»

Устодон ва иштирокдорон баргузории семинарро дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ» айни муддао донистанд. Дар мавзӯи «Сомонаи fosilavi.tj» заминаи таҳсилоти фосилавӣ дар ДПДТТ бошад сардори маркази таҳсилоти фосилавии донишкада Р.Исомаддинова, мутахассис - барномасоз Назирҷон Муллоҷонов, устодони донишкада Хуршед Худойбердиев ва Парвиз Солиев гузориш доданд. Дар охир  Анвар Мақсудов, ректори ДДХ ба номи академик Бобоxон Fафуров зимни маърӯзаи худ зарурияти роҳандозии низоми таҳсилоти фосилавиро бо мисолҳои дақиқ баён намуд.

Хотирасон менамоем, ки чор сол ин ҷониб дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.

Саодат ИСМОИЛӢ

 

 

 

Читать далее

04 March 2016

Лигаи волейбол

Бо мақсади ҷалб намудани наврасон ва ҷавонон ба бозиҳои  олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар Мактаби варзишии бачагон ва наврасони вилояти Суғд бахши волейбол ташкил карда шудааст, ки он аз соли 2013 инҷониб амал мекунад.

Дар даври дуюми мусобиқаи Лигаи вилоятӣ, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, 7 дастаи духтарон ва 10 дастаи писарон ширкат  варзиданд.

Сарҳад Fаниев - мураббии шўъбаи волейбол мегўяд,- имрўз мо дар толори варзишии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд машқу тамрин мекунем. Дастаи волейболбозон ро аз ҳисоби духтарон ва писарон ташкил намудаем, ки дар мусобиқаҳо иштирок ва пайваста барои гирифтани ҷойҳои намоён сазовор мешаванд. Ӯ ибороз дошт, ки  дар машғулиятҳо усулҳои муосири бозии волейболро ба шогирдонаш меомeзонад. Лигаи волейбол дар шаҳри Хуҷанд дар се ҳафта як маротиба аз тарафи Мактаби варзишии бачагон ва наврасони вилоят гузаронида мешавад. Дар мусобиқа дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок менамоянд. Қобили қайд аст, ки ҳадаф аз  гузаронидани лигаи вилоятӣ ин муайян намудани дастаҳои беҳтарини волейбол аз ҳисоби духтарон ва писарон мебошад. Лигаи мазкур барои баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишгарон ва омода намудани онҳо ба бозиҳои ҷумҳуриявӣ  мусоидат мекунад.

Тавре аз Мактаби варзиши бачагон ва наврасони вилояти Суғд иттилоъ доданд, тӯли се соли охир дастаҳои яккачини вилояти Суғд дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ишитрок дошта, мақоми аввалро ишғол менамоняд. Ин натиҷаи ташкил додани лига мебошад. Даври сеюми Лигаи вилоятӣ оид ба волейбол аз моҳи декабри соли 2015 оғоз гардид ва он то тобистони соли 2016 идома меёбад.

Нақша дар Лигаи волейбол байни писарҳо дастаҳои Мастчоҳ, Шодоба (Ашт), “Агроинвестбонк”, Хиштхона (Ашт) Ҷ.Расулов, КТХ, Спитамен, КТГ ва Чкалов иштирок менамоянд.                  

Дастаҳое, ки дар Лигаи вилоятӣ байни духтарон иштирок мекунанд, инҳоянд – Ҷаббор Расулов (Янгиқишлоқ), Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Истаравшан, Коллеҷи тиббии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов (Ғӯлакандоз).

Саодат ИСМОИЛӢ,

таҷрибаомӯз

 

 

 

Читать далее

Ҷонибдорӣ аз сиёсати дурнигорона

Имрӯзҳо тибқи нақшаи баргузории мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон оид ба мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коргоҳу муассисаҳо мулоқоту сӯҳбатҳо бо кормандон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардида истодааст.

Дирӯз дар толори литсейи 1-и шаҳри Бӯстон (Чкалов) бо иштироки омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф, фаъолони маҳал ва дар толори муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр бо иштироки кормандони соҳаи тандурустӣ мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Аҳмадов баргузор гардид.

Нахуст Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода оид ба баргузории чунин мулоқотҳо ва иқдомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ибрози назар намуда, дар ин самт аз иқдомоти пешгирифта ёдоварӣ намуд.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Аҳмадов оид ба мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таваҷҷӯҳ равона намудан ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, татбиқи ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда,  оид ба таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати мамлакат ба дастгири давлатии ҷавонон ва дигар масоили мубрам андешаронӣ намуд.

Дар интиҳои мулоқотҳо масъулини сохторҳои гуногуни шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳодот оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуданд.

Мамнури МЭЛС

шаҳри Бӯстон (Чкалов)

 

 

 

Читать далее

02 March 2016

Паём - роҳнамои ҷомеа

Дирўз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академи Бобоҷон Ғафуров бо ибтикори ташкилоти ибтидоии Бобоҷон Ғафуров дар назди Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ–амалӣ таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ– Роҳнамои ҷомеа» баргузор гардид.

Дар конфронс раиси ташкилоти ибтидоии Бобоҷон Ғафуров А.Мақсудов., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд С.А.Юнусов., сармутахассиси шўъбаи тарбияи донишгоҳ , дотсент  Ў.Умаралиева ва мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ доир ба мвзўъҳои гуногун суханронӣ намуданд. Дар суханронии худ раиси ташкилоти ибтидоии Бобоҷон Ғафуров А.Мақсудов таъкид кард, ки ҲХДТ аз оғози фаъолияти худ эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёдро ҳамчун ҳадафи асосӣ пеш гирифт ва Паёми навбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон идомаи он тадбирҳои нек ба ҳисоб рафта моро ба сўи фардои дурахшон роҳнамоӣ мекунад. Дар ин чорабинӣ устодон, олимон ва муҳаққиқони ҷавон  ва донишҷўён  иштирок доштанд.

Боҳир  РАҶАБОВ

 

 

 

Читать далее

Дар майдон ду бародарон

Дар Чемпионати вилояти Суғд оид ба гӯштии тарзи озод, ки чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, як лаҳзаи аҷибу тамошобобро мухлисони сершумор шоҳидӣ карданд. Дар вазни 57 кг ду тан паҳлавонон бародарон Дилшод ва Олимҷон Нозировҳо ҳамаи ҳарифони худро бо маҳорати баланд мағлуб намуда ва ниҳоят бародарон муборизаи ниҳоӣ дар майдон рӯ ба рӯ шуданд. Чунин ҳолати аҷибу ҳайратовар дар гӯштигирӣ аҳён-аҳён мешавад. Дар ин муборизаи пуршиддат Дилшод бародараш Олимҷонро мағлуб намуда, чемпиони вилоят гардид. Баромади Олимҷон низ бобарор буд ва ӯ дар ҳамин вазн сазовори медали нуқрагӣ гашт. Ба ҳар ду бародарон дар қатори дигар ҷоизадорон дар вазъияти тантанавӣ медалҳои тиллову нуқра сарфароз гардонида шуд. Боз як далели аҷиб ҳамин, ки Дилшод ва Олимҷон яке дар соли 2013 дигаре Олимҷон дар соли 2014 дар бардошти вазнҳои худ ба Унвонии Чемпиони Тоҷикистон соҳиб гаштанд. Мураббиёни онҳо пеш аз ҳама падарашон Орифҷон Назиров ва баъдтар устоди дараҷаи байналмиллалӣ Валиҷон Шарифов аз Мактаби варзишии бачагон ва наврасони  шаҳри Конибодом.

Шӯҳрат ҒАНИЕВ,

 шаҳри Конибодом

 

 

 

Читать далее

01 March 2016

Рўзи дарҳои кушод

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон рўзи « Дарҳои кушод» баргузор гардид. Дар ин рўз хонандагони мактабҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Бўстон (Чкалов), Гулистон (Қайроққум)  бо фаъолияти донишкада, шароити таҳсил ва пояи моддии техникии донишкада шинос гардиданд.

Шероз Тоҷибоев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ёвари директор гуфт, ки донишкада имрўз 60-нафар омўзгорро барои шиносонидани равиши таҳсили донишкада бо тарзҳои замонавии таълим ба шаҳру ноҳияҳои наздик сафарбар  намудааст, ки ин амал барои ба таҳсил дар боргоҳи илм ҳавасманд намудани ҷавонону наврасон мусоидат хоҳад кард.

Гуфтан бамаврид аст, ки донишкада тўли солҳои охир дар ҷодаи илмомўзонӣ ба якчанд муваффақиятҳои нав ба нав  ноил гардида, имрўз дарсҳоро бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ мондааст. Имрўз дар донишкада 12-гурўҳ ихтисос бо забони англисӣ таҳсил намуда фанҳои ҳуқуқ, иқтисодиёт, математика, технологияи компутерӣ пурра бо забони англисӣ гузаронида мешаванд.  Дар ин гурўҳҳо дар қатори он устодоне, ки дар донишкада дарс медиҳанд устодон аз ИМА Теренс Дрю, Ванесса Беари, Ребека Виллер, Шерон Сатурнс ва Марсел Минутоло, аз Ҷумҳурии мардумии Чин Ян Сяоюй дарс медиҳанд.

Хонкма Патриса Вивес-картер- намояндаи бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷўёни донишкада сўҳбат намуда, ба забондонии онҳо баҳои баланд дод.

 Умедҷон Шарифов,

таҷрибаомўз

 

 

 

Читать далее

Ашт: Бунёди мактаби нав

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №13-и бо номаи Камоли Хуҷандӣ, ки дар деҳаи Хиштхонаи Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт воқеъ аст.  Тӯли чанд сол ин мактаб фаъолият надошт ва имрӯз он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилояти Суғд  аз нав бунёд гардида, моҳи марти соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Шараф Қодиров Директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумb №13 зикр намуд, ки сохтмони бино аз 10 апрели соли  2014 оғоз гардида, то ин дам идома дорад. Бинои мактаб аз 3 ошёна, 18 синфхона, маҷлисгоҳ, утоқҳои лабаратории махсус, ки ба талаботи замон мутобиқ аст бунёд мешавад. Ба сохтмони мактаби замонавӣ зиёда аз  4, 5 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Мактаб  дар ду баст метавонад 1 ҳазору 80 нафар хонандаро ба таҳсил фаро гирад. Дар арафаи  ҷашни Наврӯз ин мактаб ба истифода дода мешавад.

Бо баробари бунёди мактаби нав, ҳамчунин, толори варзишӣ барои хонандагон бунёд хоҳад шуд, ки ба тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад.

 Саодат ИСМОИЛӢ

 

 

 

Читать далее

Мусобиқаи муҳорибаи дастӣ

Дар толори варзишии “Ҷашни”-и шаҳри Хуҷанд санаҳои 27-28 мусобиқаи муҳорибаи дастӣ байни калонсолон, ҷавонон ва наврасон баргузор гардид.

Мусобиқаи вилоятӣ бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят баргузор карда шуда,  дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дастаи меҳмон аз вилояти Хатлон ширкат намуданд.

Дар натиҷаи рақобати дӯстона муайян гардид, ки дастаи Мактаби варзишии бачагон ва наврасони вилоят ҷойи аввал,  дастаи шаҳри Исфара ҷойи дуввум ва дастаи н. Бобоҷон Ғафуров бошад ба гирифтани ҷойи сеюм шарафёб гардиданд. Дар мусобиқа дастаҳои бонувон низ иштирок намуда, дастаи Мактаби варзишии бачагон ва наврасони вилоят ба гирифтани ҷойи аввал, дастаи ноҳияи Ашт ба гирифтани ҷойи дуввум ва дастаи ноҳияи Спитамен бошад  сазовори ҷойи севвум гаштанд-афзуд Зариф Мирдадоев.

Дар мусобиқа ҳудуди 283 нафар варзишгарон иштирок намуданд ва ғолибон бо мукофот қадрдонӣ гардиданд.

Саодат ИСМОИЛӢ,

таҷрибаомўз

 

 

 

Читать далее