28 April 2016

Хизмати Ватан – ифтихори шаҳрвандӣ

Дар ин навбат 21 нафар фарзандони мансабдорон  барои хизмат фиристода шуданд. 

Ватан ҷойгоҳи муқаддасест, ки аҷдодони мо онро мерос гузоштаанд. Пас пос доштан, ҳимоя намудан ва азизу муқаддас доштани он барои ҳар яки мо ҳам қарз асту ҳам фарз. Монанди шахсиятҳои барҷастаи миллат Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар қаҳрамонони миллати тоҷик Ватани азизи худро ҳимоят намоем. Имрўз низ ҷавонони баору номус ва далеру шуҷои кишварамон барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ хизмат намуда истодаанд.

Читать далее

Арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ

Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи март то моҳи августи соли 2016 бо иштироки ҳаваскорони санъати тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Анделеб-2016»-ро эълон намудааст.

Санаи 25.04.2016  даври аввали фестивал-озмуни мазкур дар байни ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом оғоз гардид. Аз ҷумла, дар озмун санаи 25-ӯvӣ апрел дастаи ҳунарии коллеҷи тиббии шаҳр иштирок ва баромад намуда, аз рӯйи 12 номгӯи барномаи «Андалеб» ҳунарнамоӣ карданд.

Дастаи ҳунарии литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр ҳунарнамоӣ карда, шартҳои «Андалеб»-ро бо маҳорати хос иҷро намуданд. Дар маҷмӯъ барномаи ҳунарии дастаҳо аз ҷониби ҳакамон ҳамаҷониба баҳогузорӣ карда шуданд. 

Баргузории намоишҳо дар давраи шаҳрӣ то санаи 4-уми майи соли равон сурат гирифта, ғолиби даври шаҳрӣ дар даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат менамояд.

Парвина Абдуллоева,
шаҳри Конибодом

Читать далее

Ба раъйпурсӣ омодаанд

Комиссияи участкавии раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №61 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба раъйпурсӣ омода аст.

Раиси участка, директори гимназияи № 2-юми ноҳия Муҳаббат Абдулакимова изҳор дошт, ки масъулон тамоми 2682 нафари ба раъйдиҳӣ ҳуқуқдоштаро ба рӯихат гирифтанд. Аз онҳо 16 нафар барои райъдиҳӣ  бори аввал ба участка  меоянд. Тамоми ҳуҷҷатгузориҳо дар участка ба анҷом расидааст. Кабина барои раъйдиҳӣ бо лавозимоти зарурӣ таъмин, хонаи модару кӯдак, нуқтаи тиббӣ ба хизматрасонӣ пурра тайёр аст.  

32 нафар таблиғотчӣ вазифаи худро нағз медонанд ва онро бе таъхир иҷро мекунанд.

М.ВАЛИЕВ

 

Читать далее