May 2016

13 May 2016

56 ҷинояти авбошии аз қайд пинҳоншуда ошкор гардид

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи вилоят муҳокимаи натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи тафтишотӣ-судии ҷиноятҳои авбошӣ ва қаллобӣ дар давраи соли 2015 ва семоҳаи якуми соли 2016-ум мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷаласа таҳти роҳбарии Прокурори вилоят, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидов доир гардид.

Санҷиш нишон дод, ки новобаста аз чораҳои андешидаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар самти пешгирии ҷиноятҳои авбошӣ, содиршавии чунин ҷиноятҳо тамоили пастшавӣ дошта бошад ҳам, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо зиёдшавӣ ба назар мерасад.

Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом (19/16)-3, Бобоҷон Ғафуров (47/44)-3, Мастчоҳ (15/7)-8, Бӯстон (31/17)-14,  Ҷаббор Расулов (28/25)-3 ва Айнӣ (2/0)-2 ададӣ зиёд шудааст.

Сабаби зиёд гаштани ин қабил ҷиноятҳо,аз як тараф, тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ намондани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирӣ накардани ҷиноятҳои авбошӣ бошад, сабаби дигар аз қайд пинҳон кардани ҷиноятҳои авбошии дар соли 2015 ва 3 моҳи аввали соли 2016 содиршуда ва ошкору ба қайд мондани онҳо аз тарафи прокуророн мебошад. Умуман, дар ин давра 56 ҷинояти авбошии аз қайд пинҳоншуда ошкор ва ба қайд монда шудааст.

Дар ин давра 68 ҷинояти авбошӣ дар ҳайати гурӯҳ, 6 ҷиноят дар ҳолати мастӣ содир шудааст, ки  ин  ташвишовар аст. Миқдори шахсони ҷиноят содирнамуда  396 нафар мард, 52 нафар зан ва 26 нафар  ноболиғ  мебошанд.  26 ҳодисаи авбошӣ бошад, бо истифодаи силоҳ ё предмети ба сифати силоҳ истифодашаванда содир шудааст.

Таҳлили ҷиноятҳои вақтҳои охир содиршуда шаҳодати он аст, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мақомоти давлатии дахлдор, ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои авбошии ҷавонону  наврасон  нокифоя аст, зеро ҳоло ҳам содир кардани ҷиноятҳои авбошӣ дар гурӯҳҳо аз ҷониби ҷавонон аз байн нарафтааст.

Баҳри пешгирии ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳо, баланд бардоштани масъулияти падару модар, ҷоннок намудани таблиғу ташвиқи қонунҳо  байни наврасону ҷавонон ва ташкили вохӯриҳо бо шахсони барӯманд ва ба дигар шуғли фоиданок ҷалб намудани онҳо ҳамчун чорабиниҳои муҳим ба нақша гирифта,  гузаронида шаванд.

Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз тарафи муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ бояд ба таври зарурӣ ба роҳ монда, ташвиқу тарғиби қонун баҳри баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд зиёд  шавад.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҷиноятҳои қаллобӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан,  Конибодом, Гулистон, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ,  Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон тамоили зиёдшавӣ дорад.

Яке аз сабабҳои асосии зиёдшавии ҷиноятҳои қаллобӣ дар ин давра ошкор ва ба қайд гузоштани якчанд ҷиноятҳои бисёрлаҳзаина мебошад.

Дар фарҷоми  ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи вилоят оид ба ҷоннок намудани фаъолият дар ин самт қарори дахлдор қабул карда шуд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Дарси шуҷоатмандӣ

Ҷанги мудҳиш аз ҷониби Германияи фашистӣ дар ҷаҳон сар шуду оламиён ба фоҷиаи даҳшатбор дучор гардида, аз сар рӯзҳои басо ғамангезро гузарониданд. Ин ҷанг аз рӯи миқёсу андоза дар таърихи башарият андоза надорад.

Ҷанги дуюми ҷаҳон давоми солҳои 1939 - 1945 идома ёфт, ки дар оташи он ҳафтоду ду давлати хурду бузурги олам иштирок кард. Домони амалиёти ҳарбӣ-ҷангӣ дар ҳудуди чиҳил давлати ҷаҳон паҳн гардид. Шумораи ба ҷанг сафарбаршудагон беш аз яксаду даҳ миллион нафарро ташкил медод. Бар асари ин ҷанг дар хеле кишварҳо соҳаҳои хоҷагии халқ хароб гардиданд, беш аз панҷоҳ миллион нафар мардум қурбон шуданд. Садҳо миллион нафар аҳолии мамолики гуногун ба гирдоби маҳрумиятҳо, азобу уқубати тоқатшикан мубтало гаштанд.

Ҷанги Бузурги Ватании солҳои  1941-1945 ба Иттиҳоди Шӯравӣ гаронии ҷонию молӣ ба сар овард.

Дар набардҳои амалкунандаи техникиву ҷонӣ сарбозону афсарон ва ҷанговарони шуҷоъ истодагарӣ карда, душмани ғаддорро дар лонааш саркӯб намуданд. Халқҳои бародару дӯсти ҳамаи понздаҳ ҷумҳурии шӯравӣ баҳри дифои Ватани ҷоноҷони худ  бархостанд, қаҳрамониву шуҷоатмандӣ нишон доданд.

Як дарси ибратбахшу шарафмандӣ бахшида ба 71-солагии Fалабаи Бузурги халқи шӯравӣ бар фашизми истилогар дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21, шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар чорабинии ҷасоратмандӣ ҷанговарони интернатсионалист Усмон Шерматов, Салим Fаффоров ва намояндагон аз шӯъбаи маорифи шаҳр А.Қаҳҳоров, М.Комилов иштирок намуданд.

Директори мактаб Файзулло Файзиев дар ин мулоқоти хотирмон баромад карда, аз паҳлӯҳои корнамоии фарзандони Тоҷикистони азиз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуд. ӯ аз шуҷоатмандии Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов ва дигар ҷанговарони сарзамини Тоҷикистон нақл намуд.

Хонандагони мактаб саҳначаҳои бадеӣ нишон дода, дар васфи Иди Зафар шеърҳо қироат карданд.

Ҳафиза РАҲИМОВА,
Зӯҳро ИБРОҲИМОВА,
омӯзгорони МТМУ № 21,
шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Мақсад: Кўмак ба афроди ниёзманд

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 23 - юми декабри соли 1927 таъсис ёфта, ҳамчун узви комилҳуқуқи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барои амалӣ гардидани ҳадафҳои худ, баҳри расонидани кўмак ба афроди ниёзманд талоши густурдаю муназзаме анҷом медиҳад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар саросари кишвар 65 бахши маҳаллӣ, 4 бахши ҳудудӣ, 190 нафар корманд, зиёда аз 3500 нафар аъзо, беш аз 4000 ихтиёрӣ ва 621 ташкилоти ибтидоӣ дорад.

Ҳамасола дар саросари кишвар санаи 8 - уми май ҳамчун рўзи моҳвораи Ҳилоли Аҳмар ва рўзи байналхалқии ҳаракати Салиби Сурх ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рўз санаи 3 - юми майи соли равон дар маҷлисгоҳи Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилоят мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳамаи аъзои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилоят иштирок доштанд.

Яке аз самтҳои фаъолияти Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар тайёрӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқуллода, ҳифзи саломатӣ, ёрии аввал расонидан ба ҷомеа ва аёдати шахсони ниёзманд ба ҳисоб меравад, - гуфт Парвиз Ҷабборзода, котиби иҷроияи бахши вилоятии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон.

Ҳамчунин, Раънохон Камолова - корманди бахши вилоятии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон доир ба таърихи ин ҷамъият ба ҳозирин маълумот дод. Мавсуф зикр дошт, ки асосгузори ҷамъияти мазкур, шаҳрванди шаҳри Суйиси Шветсария Анри Дюнан мебошад. Бинобар ин рўзи ҷашнгирии моҳвораи Ҳилоли Аҳмар ва рўзи байналхалқии ҳаракати Салиби Сурхро ба рўзи таваллуди Анри Дюнан гузошта шудааст.

Чунин вохўриву ҷаласаҳо дар тамоми манотиқи кишварамон идома дорад.

Истамҷони НАҶМИДДИН

Читать далее

Донишгоҳи федералии Урал дарҳои худро ба магистрантони Тоҷикистон боз намудааст

Имконияти хуб ба магистрантони донишкада

Намояндагони Донишгоҳи Федералии Урал ба номи нахустин Президенти Федератсияи Русия Борис Елсин таҳти роҳбарии муовини директори «Маркази рушди муносибатҳои шарикӣ» К.В.Погорелский ва роҳбари барномаҳои магистрии донишгоҳи мазкур Е.В.Тиссен тайи ду  рӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, дар шаҳри  Хуҷанд бо хатмкунандагони гурӯҳи баклавариат, барои дохил шудан ба зинаи магистравии донишгоҳи худ мулоқот намуда, имтиҳон гирифтанд.

Ба онҳо аз ҷониби донишкада тамоми шароитҳо аз қабили аудиторияҳои тозаву барҳаво, тахтаи электронӣ, мултивидеопроектор, нотбук, принтер муҳайё карда шуд. Санаҳои 10 ва 11 май 33 нафар  хатмкунандаи гурӯҳи баклавиратураи факултаҳои информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ-иқтисодӣ ва муҳандисӣ-технологӣ аз  ихтисосҳои худ имтиҳон супориданд.

Натиҷаи имтиҳонот тариқи почтаи электронӣ ба ҳамаи иштирокчиён фиристода мешавад. Намояндагони донишгоҳи мазкур миннатдории хешро барои фароҳам овардани шароити мусоид ба роҳбарияти донишкада расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи мазкур аз рӯи 75 ихтисос ва 235 барномаи магистратурӣ дар соҳаҳои муҳандисӣ,  иктисодӣ, математика кадрҳо омода мешаванд.

Донишгоҳи мазкур натанҳо ба донишҷӯён омӯзиши чуқурро кафолат медиҳад, балки дарсҳои амалиро тибқи шартнома бо корхонаҳои вилояти Екетеринбург ба роҳ мемонад.

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ

Читать далее

12 May 2016

Шашмақом мероси беназири фарҳангӣ барои имрӯзиён аст

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳидоятҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусиқии суннатии Шашмақом дубора эҳё гардид ва хамасола 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмақом дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки дар хазинаи мусиқии халқи тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ дорад, санъати Шашмақом пурқиматтарин дурри гаронбаҳо аст. ин шоҳасари мадании мусиқии халқи тоҷик Шашмақом тӯли қарнҳо аз дил ба дил роҳ ёфта, аз устод ба шогирд чун мероси аҷдодӣ омадааст.

Читать далее

Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст…

Андешаҳо перомуни никоҳҳои барвақтию хешутаборӣ ва муоинаи ҳатмии тиббии арўсу домод қабл аз хонадоршавӣ

Қонуне, ки ҳамагон интизораш буданд!

 Аз якуми июли соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд, бо хешу таборони худ, яъне фарзандони амаку холаву тағо оила барпо намоянд. Дар ин маврид  ибтидои соли равон  бо пешниҳоди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз ҷониби вакилони мардумӣ дар парлумони кишвар ба Қонун «Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ва иловаҳои марбута ворид карда шуд. Тибқи тағйироти воридгардида, арўс ва домодшаванда муваззаф ҳастанд, то аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд. Сабаби аслии даст ба тағйироти мазкур задани намояндагони мардумӣ ин афзудани теъдоди зиёди кўдакони маъюбу беморони модарзодӣ дар хонаводаҳое ҳаст, ки зану шавҳар хешовандони наздик ба шумор мераванд.

Читать далее

Аз филмҳои тоҷикӣ бўи Ватан меояд

Як сол муқаддам, соли 2015 бо қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Киностудияи «Суғдсинамо» таъсис шуд. Чанде пеш, дар арафаи  Наврўзи хуҷастапай гурўҳи кории «Суғдсинамо» дар нишасти матбуотӣ аз фаъолияти яксолаи хеш гузориш дод. Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ зимни нишасти матбуотӣ таъсиси чунин як киностудияро дар миқёси вилоят аз дастовардҳои арзандаи даврони Истиқлолият унвон карда, фаъолияти соли аввали гурўҳи кориро шоистаи таҳсин баҳо дод.

Худи ҳамон рўз нахустнамоиши се филми «Суғдсинамо» баргузор гашт. Филми ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун» (дар бораи зиндагӣ ва осори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона), филми кўтоҳҳаҷми «Коса» ва мелодрамаи «12 соли интизорӣ» аз ҷониби тамошобинони тоҷик хуш қабул гардида, онҳоро ба ояндаи дурахшони синамои тоҷик бовар кунонд.

Читать далее

Қарз зиллат аст!

Чаро имрўз масъулини муассисоту коргоҳҳо нисбат ба пардохти маблағи нерўи барқ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд?

Вазъияти соҳаи энергетикии вилоят дар кадом сатҳ қарор дорад? Чаро имрўз масъулини муассисоту коргоҳҳо нисбат ба пардохти маблағи нерўи барқ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд? Ин нукта ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъмини нерўи барқ дар ҷаласаи кории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ махсус таъкид гардида, ба масъулин вазифагузориҳои мушаххас карда шуда буд.

Доир ба ин мавзўъ мудири шўъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода вазъияти соҳаро шарҳ дода афзуд, ки истифодаи нерўи барқ дар кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд тадриҷан меафзояд.

Читать далее

Туғёни сели шаб

Санаи 9-уми майи соли 2016 борону селфароӣ дар ноҳияи Айниву шаҳри Панҷакент 3 нафарро ба ҳалокат расонд.

Сўҳроб Маҳмудов – сардори курсҳои Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар сўҳбат гуфт, ки  дар шаҳри Панҷакент соати 17:10 дар натиҷаи ба амал омадани борони пуршиддат дар Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани деҳаи Шўрча аз сои Зебон сел омада, дар натиҷа 4 хонаи истиқоматӣ пурра, 20 хонаи истиқоматӣ қисман, 2 км роҳи байни деҳа, 2 адад пули сойи Зебон ва биноҳои назди сой мавҷудбудаи Идораи хоҷагии обу ташноб, Муассисаи сайёри механиконидаи №278, бахши Ҳилоли Аҳмар, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хоҷагии ҷангал, 4 адад нуқтаи фурўши сўзишворӣ қисман вайрон гардиданд. Ҳамчунин, каналҳои Халифа Ҳасан, Тўхсанкориз, Эшон ва 60 гектар кишти зироат зарар диданд.

Читать далее

Хуш бувад истеъдод бо санъат пайвастан

Ҳофизи мумтоз, воқеан ҳам ҳунарманди асил ва шахси соҳибмаърифат буданд. Ба идораи рўзномаи вилоятии "Ҳақиқати Ленинобод" (имрўза "Ҳақиқати Суғд") зуд-зуд меомаданд. Сўҳбаташон бо аҳли қалам хеле қўр мегирифт.  Борҳо дар сўҳбаташон будам. Дар хонаи сеҳуҷрагиашон - дар маҳаллаи "Бофанда"-и шаҳри Хуҷанд чанд маротиба сўҳбат ҳам доштем.

Бино ба нақли худашон, ҳофизӣ барояшон аз гузаштагонашон мерос монда будааст. Нақл карда буданд, ки дар кўдакӣ бобояшон Олимхоҷа вақти хомток баргканон суруд зам-зама мекарданд, ки яке Маъруфхоҷаи парпечро модаркалонашон ба берун мебарорад. Он кас аз болои ток истода мегўянд: - Биё, ки дуо кунам, ки баъд аз сари ман ҳунарамро давом диҳад. Яъне, ки овозхонӣ барояшон ирсист… Солҳо бозгўи таъриханд… 

-Ҳофизон устодро хеле хуб истифода карданд,-  ба ёд овард Абдураҳмон Тошматови оҳангсоз, устоди Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз - аз он, ки хазинаи бузурги суруду оҳангҳои классикӣ буданд, эшонро ба давраи худ кашида, асрори ҳунар ва нозукиҳои сурудҳои классикиро аз он кас омўхтанд.

Ба саволи чаро он кас шогирд тарбия накарданд, ҳамсўҳбатам чунин посух дод:

-Имрўз мо - аҳли ҳунар хеле афсўс мехўрем, ки устод Маъруфхоҷа Баҳодуров ҳунари нотакрори худро ҳамраҳашон ба он дунё бурданд. Ба назари ман, сабаби пайраву шогирди ҳақиқӣ пайдо накарданашон ин аст, ки якум, овози он кас садои баланд дошт, ки на ҳар кас ба монанди эшон сурудро аз пардаи баланд оғоз карда метавонист. Дуюм, ягона шахсе дар замони мо буданд, ки баъди Мақсудҷони Танбўрӣ пайрави сабки Содирхон Ҳофиз, яъне озод, бе иштироки дигар созҳои халқӣ танҳо бо танбўр суруд мехонданд. Масалан, ман ҳамчун композитор, ки синнам ба 67 расидааст, то ҳол надидам, ки касе ба монанди Маъруфхоҷа Баҳодуров "Зулайхохонӣ" карда бошад. Мутаассифона, бо вуҷуди дар коллеҷи санъат омўзгорӣ кардан, чун шогирдон умқи асрори ҳунари бо шакли озод хонданро мепурсиданд, аз чӣ бошад, ки чунин мегуфтанд: "Ман сарашро гуфта додам, он тарафашро худатон ёфта гиред, меҳнат кунед". Агар гўям, ки "шояд намехостанд, касе монанди он кас ҳунарманд шавад" мумкин гуноҳ бошад...

Воқеан, камина чун боре ба он кас савол додам, ки дар ҳақиқат чаро шогирд тарбия намекунед,   ҷавоб гуфтанд: "ҳунари ман зарур бошад, шогирдҳо ба наздам оянд. На ман бояд назди онҳо равам". Бино ба нақли эшон, аз фарзандон Машраф ном писари дуюмашон кам - кам ҳунари падарро ба омўхтан сар карда буд.   Мутаассифона, вай асрори ҳунари қиблагоҳиро ба пуррагӣ наомўхта, баъди фавти падар дере нагузашта ғўрамарг шуд.

Имрўз чароғи ҳунари устод Маъруфхоҷа Баҳодуровро ягона пайрави он кас Маҳкамхоҷа Баҳоваддинов рўшан нигоҳ медорад. Чанд сабти якҷояи сурудаашон низ дар дасти ўст.

Вобаста ба садои баланди овози устод муаррих Усмонҷон Ғаффоров  - профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чунин изҳор доштанд:

-Дар ин дунё чунин овози баландро ба ғайр аз Маъруфхоҷа Баҳодуров боз ду  ҳунарманд доштанду халос. Инҳо Фёдор Шаляпини русҳо ва Пол Робсони зангии амрикоӣ. Воқеан ҳам, устод ҳунарманди нотакрор буданд.

Дар робита ба ҳамин масъала Ҳофизи халқии Тоҷикистон Баён Облоқулови панҷакентӣ зимни сўҳбат аз Симпозиуми байналхалқии мақомхонони Осиёи Марказии соли 1985 дар шаҳри Самарқанд нақл кард:

-Ману устод Маъруфхоҷа Баҳодуров ҳамроҳ “Ушшоқи Содирхон”-ро хондем. Овози эшон маро маҷбур кард, тамоми қувваамро сарф намоям.  Хеле дар ҳарос  будам, ки мабодо дар авҷ аз эшон ақиб намонам. Хушбахтона, ҳамааш хуб анҷомид.  

Ногуфта намонад, ки устод дар Осиёи Марказӣ ягона ҳофизе буданд, ки достони "Лайлӣ ва Маҷнун"-ро оҳанг баста,  худ сароидаанд.

Бурди он кас дар он буд, ки шеър ё ғазалро нахуст хуб омўхта, ба маънии аслаш рафта, баъд  оҳанг мебастанд. Мутаассифона, имрўз на ҳама ҳофизон чунин рафтор мекунанд.

Бино ба нақли Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, ба Маъруфхоҷа Баҳодуров Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром низ эҳтироми хосса доштанд ва ҳар замон ба Хуҷанд оянд, ҳатман бо ҳофиз ҳамсўҳбат мешуданд. Он кас чунон ташнаи сўҳбатҳои Маъруфхоҷаи ҳофиз буданд, ки боре дафъатан ба Хуҷанд омаданд, бо ҳар баҳона чаҳор рўз паи ҳам дар чойхонаи "Амон" ош карданд ва устод Маъруфхоҷа Баҳодуров чун гули сари сабад маҳфилорои асосӣ буданд.

Шўҳрату эҳтироми ҳофизро дар ҷумҳурии ҳамсояи Ўзбекистон шоир Нурмуҳаммад Ниёзӣ борҳо шоҳид будаанд.

-Устод дар шўъбаи суғдии Иттифоқи нависандагон ба ҳайси мушовир кор мекарданд,- ба хотир овард шоир,- соли 1993 ба вилояти Намангон ба ҷашни 300-солагии мавлуди шоир Машраб даъват шудем. Корро бинед, ки дар шаҳр як сартарош муриди ашаддии эшон будааст. Дар боғи шоир Машраб базми хеле осмонкаф шуд. Ман дар он ҷо дидам, ки мухлисони устод дар Намангон чӣ миқдор зиёд будаанд. Ҳофизони бисёр машҳур омада буданд. Вале чун навбати сурудхонӣ ба Маъруфхоҷа расид, халқ кати он кас нишастаро иҳота намуда, беист талаб мекард, ки Маъруфхоҷа хонанду хонанд... 

Имрўз дар хазинаи телевизиони ҷумҳурӣ ҳамагӣ ду сўҳбати эшон бо ҷурналист Оллоҳбердӣ Раҳмонбердиев мондааст. Дар хазинаи радиои ҷумҳурӣ низ сурудҳояшон маҳфузанд, кам бошад ҳам, мешунавонанд. Шукрона, ки дар вилоят бо мақсади дар хазина мондани Маъруфхоҷа Баҳодуров ҳамчун ҳунарманди нотакрор нависанда Анвар Олимов кўшиш ба харҷ додааст. Як филмномаи ў ва як сўҳбати телевизиониаш "Гуфтори тўтии гўё" дар хазина нигаҳ дошта мешавад.

Ногуфта намонад, ки ҳамчун ҳофизи мардумӣ шўҳрати эшон берун аз кишвар то ба мамлакатҳои хориҷа расида буд. Нимаи аввали солҳои 90-ум намояндаи як ташкилоти байналхалқӣ аз Австрия бо эшон сўҳбат ва сурудҳои он касро сабт кард.

Камина аз рўи ин хабар ба рўзномаи вилоятии "Ҳақиқати Ленинобод" таҳти унвони "Маъруфхоҷа Баҳодуров ба Австрия меравад" хабар чоп кунонидам. Вале сафари ҳунарманди маъруф ба Австрия баргузор нашуд.

Дар ҳамин маврид мехоҳам, нақли шоири зиндаёд Мирзомуҳиддин Ҳомидзодаро, ки бо тахаллуси Мўҳйии Хуҷандӣ шеър мегуфтанд, ёдовар шавам.

- Бузургии устодон Маъруфхоҷа Баҳодуров ва Боймуҳаммад Ниёзовро дар Арабистон дида қоил мондам. Ба яке аз дўконҳои тоҷире, ки аслу насабаш аз Хуҷанд будааст, даромадам. Фаҳмид, ки аз Хуҷандам, фитаи сурудҳои устод Маъруфхоҷа Баҳодуров ва Боймуҳаммад Ниёзовро пурсон шуд. Онҳо дур аз Ватан диёр ва санъати миллии худро сахт пазмон шуда будаанд. Бо афсўс гуфтам, ки надорам. Тоҷир гуфта буд:

-Агар як фитаи онҳоро медоштед, аз ин дўконам ҳарчӣ хоҳед, ба ивазаш медодам. Дар дўкони тоҷир аз ороишот сар карда, то мошини сабукрав буд.

Корвони умри пурбаракати ин ҳофизи номӣ 8-уми ноябри соли 1997, рўзи шанбе ба манзили охират расид. Митинги мотам дар ҳавлиаш баргузор шуд. Дўстон, аҳли ҳунару маърифат ва илм барои гусели устод омада буданд. Вақте ҷасади устодро ба қабр мемонданд, яке шоҳии аз сафари мубораки ҳаҷ овардаашон, ки ба ҷои кафан буд, кушода ва рўяшон намудор шуд.

Лаб моили табассум буд. Гумоно, ки мегуфтанд:

Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷўй,

Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.

Мирзоаъзам Мақсудов,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Читать далее