May 2016

11 May 2016

Ифтитоҳи лавҳаи ёдгорӣ

Бо мақсади бо омодагии ҳамаҷониба таҷлил намудани ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳри Конибодом корҳои ободониву созандагӣ идома доранд.

Дар ин раванд, дар ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов, дар идомаи ҳафтаи «Поси хотир» лавҳаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бунёд гардид. Дар маросими кушодашавии лавҳаи ёдгорӣ роҳбарияти шаҳр, собиқадорон, фаъолон ва ҷавонон иштирок намуданд. Чорабинӣ бо маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи лавҳаи ёдгорӣ оғоз ёфт. Дар чорабинӣ Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ баромад намуда, қайд кард. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Қаҳҳорҷон ҳасанов низ ба сухан баромада, ин иқдомро саривақтиву  муҳим арзёбӣ кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ин мавзеъ минбаъд  макони муқаддасу дӯстдоштаи мардум хоҳад шуд. Сипас, аз ҷониби муҳассилини таълимгоҳи №16 барномаи адабӣ намоиш дода шуд.

 Бояд қайд кард, ки лавҳаи ёдгории мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ғуломҷон Акбаров бунёд гардидааст. Ёдовар мешавем, ки дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои баъди ҷанг аз ҷамоати мазкур 470 нафар қурбон гаштаанд, ки дар лавҳаи ёдгорӣ исми ҳар яки онҳо сабт гардидааст.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шаҳри Конибодом

Читать далее

Ҳар суханаш ибрат аст

Сурате, ки мухбири ғайриштатии «Ҳақиқати Суғд» Абдуллоҷони Fанӣ ба идораи рӯзнома пешниҳод намудааст, лаҳзаи ҷолиб ва хотирмон дар рӯзҳои Иди Fалабаи Бузург инъикос шудааст. Иштирокчии набардҳои амалкунанда аз роҳи Москва то ба худи Берлин, дорандаи бисёр ордену медалҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ Муҳаммадхон Эшонов аз ташриф ва табрики наздикону намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Хуҷанд фараҳмандӣ дорад.

ӯ давоми ҳафтдаҳ сол инҷониб ба хазинаи хайриявии «Ветеран» роҳбарӣ менамояд. Аз ғамхориҳои ӯ ва мадади хазина иштирокчиёни набардҳои зидди фашистон немис баҳри озодии Ватан бархурдоранд. Мӯйсафедон ӯро дар ҳар вохӯриву мулоқот дуо мекунанд, ки худи Муҳаммадхон Эшонов ба синни 95 расидааст.

Ин марди шуҷоатманд дар ободонии дашти Дилварзини тоҷикон низ басо заҳмат кашидааст.

Мирзоғанӣ ВАЛИЕВ

Читать далее

Мӯъҷиза дар «Андалеб-2016»

Дар таърихи фаъолияти «Андалеб» дар Тоҷикистон шаҳри Конибодом ягона шаҳре аст, ки дар ҷамъбасти холҳо ба баҳои аъло ва натиҷаи баландтарин сазовор гардид.

Барномаи аҳли фарҳанги шаҳр дар намоиши Озмуни ҷумҳуриявии телевизиони эҷодиёти халқ «Андалеб-2016», ки дар Кохи мошинсозон доир гашт, аз ҷониби ҳакамон –мутахассисони варзидаи аҳли фарҳанги вилоят аз рӯи талаботи 11 баромад ҳар яке ба 10-холӣ, ҷамъ ба 110 хол сазовор гашт.

Бо ин ҳунару истеъдод ва комёбиҳои баланди фарҳангӣ конибодомиён исбот карданд, ки онҳо пайравону номбардорони Артистони халқии СССР Тӯҳфа Фозилова, Лутфӣ Зоҳидова, Комил Ёрматов ва боз даҳҳо санъаткорони шинохтаи Тоҷикистонанд, - иброз дошт дар баромадаш Шоири халқии Тоҷикистон Али Бобоҷон.

Алиҷон МАҲМУДОВ,
Аълочии матбуоти тоҷик

Читать далее

Сайқали маҳорат

Барои омӯзгор дар ҳар давр баланд бардоштани сатҳи маҳорату малакаи касбӣ муҳим буда. ин тадбир бобати ҷавобгӯй будани таълиму тарбия дар замони муосир нақши назаррас дорад.

Биноан, филиали Донишкадаи бозомӯзи ва такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти суғд фаъолияташро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷараёни нав андохтааст.

Дар ин раванд, дар доираи Лоиҳаи гранти шарикии глобалӣ дар таҳсилот дар вилоят тадрис дар курсҳои такмили ихтисоси директорони муассисаҳои таълимӣ ҷараён дорад.

Дар ин курсҳо 150 нафар директорони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ҷалб шудаанд, ки сад нафари онҳо аз ноҳияҳои дурдасти вилоят мебошанд.

Директорони макотиб дар Истироҳатгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и Ҷамоати деҳоти Деҳмой, ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳорати касбиашонро сайқал медиҳанд.

Панҷоҳ нафар директор, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии наздики маркази вилоят фаъолият мебаранд, дараҷаи ихтисосашонро дар синфхонаҳои худи Донишкадаи бозомӯзӣ баланд мебардоранд.

Дарсҳои омӯзгорони варзида З.Раҷабов, М.Маҷидзода, А.Мӯсоев, С.Шарифова ба шунавандагони курсҳо хеле манфиатоваранд.

Мирзоғанӣ ВАЛИЕВ

Читать далее

Сафари расмии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон

10-уми майи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон Муҳаммад Ашраф  Fанӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Маросими истиқболи расмӣ дар саҳни ҳавлии назди Қасри миллат баргузор гардид. Меҳмони олимақомро дар назди Қасри миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дўстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.

Читать далее

Қаҳрамони асрҳо зинда мемонад

9-майи соли 1945 – Рӯзи Ғалаба  ба таври  ҳамешагӣ рӯзи шодиву нишот ва ифтихормандии миллатҳои  музаффар мебошад. Бо гузашти солҳо шукӯҳ ва азамати Ғалабаи Бузург барои халқи советӣ ва мардуми олам торафт аёнтар мегардад, зеро ин ғалаба мақсадҳои ботили хукумронии кулли олам шудани фашистони Германияро барбод дод ва ҳушдорест барои онҳое, ки дар сар хаёли хоми ғулом  намудани халқҳоро мепарваранд.

Гузашти вақт наметавонад аз хотири башарият мардонагӣ ва устувории халқи советиро, ки барои ҳифзи Ватани хеш бархоста буд, зудояд. Мо ба такрори рӯзҳои мудҳими Ҷанги Бузургии Ватаниро ёдовар  шуда мекӯшим аниқтар дар барои омилҳои барангезандаи эҳсосоти қаҳрамониву ҷовидонии онҳое,  ки барои  хӯроку пӯшок ва силоҳ таъмин кардани сарбозон дар ақибгоҳ ҷонфидоёна заҳмат кашиданд, андеша ронем, хубтар дарк кунем ва тарғиб намоем. Муборизае, ки халқи советӣ  бар зидди фашистони ғосиб мебурд, набарди одилона, озодибахш, набарди муқаддас буд.

Омили муҳими ғалаба, ваҳдат ва якмаром будани ҷабҳаву ақибгоҳ гардид. Корномаи синфи коргару деҳқон, зиёиёни советӣ якҷоя  бо қаҳрамониҳои сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ рӯзи  ғалабаро  наздик кард.

Ҷанги дуюми ҷаҳон ба мардуми  Аврупо ва олам ранҷу азоби беандоза оварда , яке аз фоҷеаҳои бузургтарин дар таърихи башарият ба ҳисоб меояд.

22-июни соли 1941 Германия бо муттаҳидошан Италия, Венгрия, Руминия, Финляндия, ва Словакия ба ИҶШС (СССР) ҳуҷум кард. Ғалаба бар миллатгароён бисёр гарон афтод. Ба гирдоби  ҷанг 72 давлат  кашида шу два бештар аз 55 млн. нафар  ҳалок гардид. Дар шумори қурбониён 27 миллион шаҳриван-дони Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Ҷанг хисороти бузург овард.

Иттиҳодияи Шӯравӣ  барои аз фашизм раҳоӣ баҳшида, ҳиссаи  арзанда гузошт. Дар мубориза бо Иттиҳоди Шӯравӣ, армияи германия 73 фоизи сарбозону афссарон, 75  фоизи танкҳо ва артиллерия ва авиатсияи худро аз даст дод.

Талафоти  Тоҷикистон дар ҷанг зиёд буд: бештар аз 300 ҳазор фиристодагони ҷумҳурии мо дар майдонҳои набард ҷонбозиҳову қаҳрамониҳо карданд. Бештар аз 90 ҳазор шаҳид шуданд. Барои корнамоиву мардонаг набарди зидди фашизим 57 нафар унвони қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд ва 15 нафар дорандагони ордини шараф гардиданд. Солҳои ҷанг дар дармонгоҳои ҳарбӣ ва бермористонҳои Тоҷикистон 28 ҳазор маҷрӯҳон табобат мегирифтанд. 25 ҳазор сарбозону афзарон шифо ёфта ба ҷабҳа бар гаштанд. Нафарони зиёде дар хоки Тоҷикистон манзили охират ёфтанд.  Ба  хотири онҳо дар баландиҳои қисмати шарқии Душанбе маҷмааи ёдбуд ва  Чароғи фурӯзон бунёд шудаат.

Дар солҳои ҷанг мардуми мо бо фуҷуди мушкулоти зиёди зиндагии худ, барои таъмини сарбозон бо хурокворӣ, сару либос ва дигар маводи зарурӣ рӯзу шаб нагуфта пайваста меҳнат мекард.  Худ  гуруснави бараҳна, вале ҳама чизро ба ҷабҳа барои Ғалаба ва ояндаи дурахшон мефиристод. Бо гузашти солҳои зиёд арзиш ва азамати корнамои бемисли мардуми Тоҷикистон боз ҳам равшантар дар дилу ёдҳои мо нақш мегузорад ва чун намунаи ибрат зуҳур меёбад.

«Корнамоӣ ва ҷонфидоии модарону падарон моро даъват менамояд, ки Ватанамро азизу гироми дорем ва барои ободии кишвари худ ҳиссаи арзанда гузорем» - мегуяд Президенти кишвар бар муроҷиатномаи худ ба ветиранҳои ҷанг.  

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯз афсонаи зинда ва намаунаи хизмати  фидокорона ба Ватан мебошанд. Онҳо ҷонбозиҳои зиёде карданд то Иди 9- май ба яке аз зеботарин идҳо табдил ёбад.

Мо ворисон, ки Иди Ғалабаро ҷашн мегирем, пеши корномаҳои бемисли сарбозонуи Ватан сари таъзим фуруд меорем. Сари таъзим фуруд меорем пеши онҳое, ки тамоми сахтию маҳрумиятҳои солҳои ҷанро бар душ гирифта ҳама ранҷу дарду азобҳоро пушти сар гузоштанд. Мо ворисон сари таъзим фуруд меорем ва аҳсад мегӯем ба онҳое, ки Ватани харобазорро обод карданд ва бо ҳаёту зиндагии хеш нишон доданд, ки зиндагии насли музаффар чӣ гуна бояд бошад.

ШАРАФИ АБАДИ БА ҒАЛАБА!    

Маратҷон ҶАББОРОВ
аз деҳаи Зарнисори ноҳияи Деваштич

Читать далее

10 May 2016

Таҷлили Иди Ғалаба дар Конибодом

Санаи таърихии 9-уми май, ки дар таърихи асри ХХ чун воқеаи бузург ҷой гирифтааст, барои мардуми тоҷик низ мӯътабару гиромӣ ҳисоб ёфта, ин ҷашни пуршукӯҳ ҳамасола дар кишвари азизамон хотирмон таҷлил мегардад. Бахшида ба 71-солагии Иди Ғалабаи халқи Шӯравӣ бар фашизми Германия дар назди майдони «Оташи абадӣ»- и маркази шаҳр тантанаи бошукӯҳ  доир гашт. 

Ҷамъомад бо маросими гулчанбаргузорӣ ва садо додани суруди миллӣ   оғоз ёфт.Раиси шаҳр муҳтарам Ғайбулло Боҳирӣ баромад карда, ҳозиринро бо 71-умин солгарди ҷашни бузурги  Ғалаба табрик гуфт. У аз корнамоиву далерии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва фидокорони меҳнати ақибгоҳ ҳарф зада, қаҳрамониҳои онҳоро ба насли наврас чун намунаи барҷастаи ибратпазирӣ арзёбӣ кард. Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдумавлон Дадобоев ба сухан баромада, номаи шодбошии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба муносибати 71-солагии Иди Ғалаба ба самъи сокинон расонид. Инчунин, раиси Шӯрои собиқадорони  ҷангу меҳнати шаҳр Қаҳҳорҷон ҳасанов, сарбози нав аз хизмати Ватан баргашта Рауфҷон Неъматов низ баромад намуда, ҳамагонро бо иди ғалаба шодбош гуфтанд.

Баъдан намоиши композитсияи адабӣ-бадеии «Хайр модар» дар иҷрои Муҳиддин Ҷӯраев, суруди умумии «Нам нуҷна  одна Победа» дар иҷрои хонандагони литсейи №1, қироати шеърҳо аз ҷониби хонандагони мактабҳои шаҳр, намоиши машқҳои варзишӣ, иҷрои суруди давраиҷангӣ аз ҷониби хонандагони мтму-и №26 ба чорабинӣ ҳусни хоса бахшид.

Ҷашни 71-солагии Иди Ғалабаи  халқи Шӯравӣ бар фашизми Германия дар шаҳр бо ифтихору фараҳмандӣ, бо арҷгузориву қадрдониҳои ғолибони ҷанг дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор гардида, дар хотири ҳамагон, бахусус, ҷавонон нақши созгор гузошт. Зеро ин санаи таърихӣ дар баробари собиқадорони ҷанг ва ҷонфидоёни меҳнати ақибгоҳ барои наслҳои имрӯза ҳам гиромиву муқаддас буда, рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падару бобоёни мо аст.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шахри Конибодом

Читать далее