May 2016

10 May 2016

Аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Гиромидошти хотири қурбониён ва қадршиносӣ аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои онҳо ва фидокорони меҳнати ақибгоҳ ҳамеша таҳти таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ дар ин раванд мудом саъю кӯшиш менамояд.

Дар арафаи Иди Ғалаба аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аёдати иштирокчиёни ҷанг ва фидокорони ақибгоҳ ба амал оварда шуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ, аз ҷумла, тӯҳфаҳои пулии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ тақдим карда шуд.

Аёдатшудагон аз ин ғамхориҳо шод  гашта, ба давлату ҳукумат барои меҳрубониву дастгириҳои пайваста арзи миннатдорӣ карданд.

Дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз шаҳри Конибодом зиёда аз 6 ҳазор ҷавонмардон иштирок намуда, 3 ҳазор нафари онҳо  дар ҷанг қаҳрамонона ҳалок гаштаанд. Айни ҳол дар шаҳр 7 нафар иштирокчиёни ҷанг ва 15 нафар фидокорони меҳнати ақибгоҳ умр ба сар мебаранд.

Паврина АБДУЛЛОЕВА,
шахри Конибодом

Читать далее

Қаҳрамонии родмардони Ватан фаромӯш нахоҳад шуд

Дар доираи «Ҳафтаи поси хотир» бо ташаббуси Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки собиқдорон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба пояи муҷассамаи ёдгории «Шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании Донишгоҳи давлатии Хуҷанд» гулчамбар гузошта, хотираи неки қурбониёни  ин ҷанги хонумонсўз пос дошта шуд.

Сипас дар маҷлисгоҳи хурди бинои раёсати донишгоҳ  ба муносибати 71- солагии Рўзи Ғалаба таҳти унвони «Қаҳрамонии родмардони Ватан фаромӯш нахоҳад шуд» мизи мудаввар доир гардид. 

Мўъминҷон Шамсиддинов - муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ онро ифтитоҳ намуда, гуфт, ки оташи ин ҷанги  хонумонсӯз  1418 шабонарӯз давом карда, ниҳоят  9 - уми майи соли 1945 бо Ғалабаи халқи шўравӣ бар Германияи фашистӣ ба анҷом расид.  Дар ин рӯзҳо ба чеҳраҳои нуронии ин иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  нигариста, дар симои онҳо насли пӯлодин ва ғолибро мебинем. Зеро онҳо  фашистони лаинро мағлуб карда, бо руҳу матонати рустамона баъди ҷанг ҳам, барои ободию шукуфоии диёри азизашон хидматҳои шоиста намудаанд.

  Рустам Юлдошев - дотсенти кафедари таърихи умумии донишгоҳ, дар мавзӯи «Саҳми Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар Ғалаба бар фашизм» сухан намуда, дар бораи талафоти ҷанг ва оқибатҳои манфии он, корнамоии халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуд.  

Ганҷина Шарифмуродова- магистранти курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ бобати «Корномаи устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ»  маърӯза кард.

Муовини аввали раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, профессор Абдуҷалил Бобокалонов ҳозиринро бо Иди Зафар табрик намуда, изҳор дошт, ки ин Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳз ба шарофати ҳамдилӣ ва Ваҳдати халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба даст омад. Мавсуф ҳамзамон аз сиёсати сулҳофари Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон   ёдовар  шуд.

 Дар мизи мудаввар ҳамчунин Абдуллохоҷа Исмоилов - иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҳир Назаров - омўзгори калони факултети санъат, иштирокчии барқароркунии сохти конститутсионӣ, Раиси собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят А.Раҳимов суханронӣ намуда, хотироти хешро аз корнамоиву шуҷоати абармардони тоҷик дар даврони ҷанг нақл карданд.

Дар охир аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба иштирокҷиён ва собиқадорони ҷанг тўҳфаҳои пулӣ тақдим гардид.

М.Юсуфзод

Читать далее

Ворух: аз чашм дур, ба дил наздик!

“Соли 2016 – Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод” эълон шудаасту дар ин росто, агар маҳаллаи Чакак беоб бошад, пас ободонӣ аз куҷо мешавад? Бовар дорем, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва хоҷагии обрасонии шаҳр барои армуғони чунин сол ва аз паи иҷроиши супориши Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои ҳалли мусбати муаммои ҷойдошта камари ҳиммат мебанданд!

Сароғози оғоз

Соли 1986, деҳаи Чоркўҳ. Он лаҳза дар синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи 8-солаи деҳа муаллим намерасид. Ба ин хотир аз шаҳри Исфара ва дигар деҳоти дуру наздик муаллимон ба кор ҷалб мешуданд. Аз ҷумла, аз деҳаи Ворух муаллимони ҷавон ба мактаби мо ба кор даъват шуда буданд. Дар ин қатор муаллими нуктадону сухансанҷ ва марди хеле зебову самимиву заминӣ Абдурасул Шодиев аз деҳаи Ворух ба мактаби қадимасохти мо ба кор омад. Ўро директори мактаб, Сайфиддин Мамадҷонов ва ҷонишини директор Толибҷон Сиддиқов ба синфи мо оварда, ҳамчун роҳбари синф муаррифӣ намуданд.

Читать далее

Омили рушди қонунгузорӣ

Дар Муассиссаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ мулоқот доир ба ташреҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ, муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов ҳамчунин, ходимони дин, раисони кумитаи маҳаллаҳо, омўзгорону донишҷўёни макотиби олӣ иштирок намуданд.

Ҷамъомадро муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ифтитоҳ намуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода оид ба раъйпурсии умумихалқӣ ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ҳамчунин тарзи кор бо бюллетенҳо, шакли дурусти овоз додан изҳори ақида намуд.

Гулбаҳор Назирӣ оид ба чорабинии сиёсии муҳим будани раъйпурсии умумихалқӣ, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронд.

Конститутсия ин қонуни асосии миллат буда, ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз он сарчашма гирифта, тағйиру иловаҳое, ки ворид мегардад, барои пешравии ҷомеа ва ободии миллат аст, – иброз дошт Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов.

Иштирокдорон ба суолҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА

Читать далее

Умри қаҳрамон ҷовидон аст!

Ному қаҳрамониҳои фарзандони Тоҷикистон, Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ - Исмоил Ҳамзаалиев, Тўйчӣ Эрйигитов, Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Александр Гордеев, Исмат Шарифов, Фатҳулло Аҳмадов, Раҳимбой Раҳматов, Саидқул Турдиев, Ҳайдар Қосимов ва даҳҳои дигар дар саҳифаҳои таърихи пуршарафи Ҷанги Бузурги Ватанӣ абадӣ нақш бастаанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Барҳақ, номи родмардони Ватан, ки дар майдони ҷанг баҳри ҳимояи кишвар бар зидди фашистони немис ҷоннисоронаву қаҳрамонона ҷангидаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромўш нахоҳад шуд. Бо қарори Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ соли гузашта 100-солагии мавлуди Қаҳ-рамони Иттифоқи Шўравӣ Ҳодӣ Кенҷаев дар зодгоҳаш - Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ботантана ҷашн гирифта шуд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни Fалаба додари ў, рўзноманигор ва нависанда Аюби Кенҷа ба идораи рўзнома ташриф оварда, хоҳиш кард, бо Мирзомуин Муҳиддинови 86-сола, собиқадори соҳаи маориф, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, ки беш аз 50 соли умри хешро баҳри таълиму тарбияи насли наврас сарф намудааст, сўҳбат намуда, доир ба хислатҳон ҳамидаи ин фарзанди шуҷои диёр маводе чоп намоем. - Эшон додарамро хеле хуб мешинохтанду бисёр робитаи наздик ҳам доштанд, -гуфт Аюби Кенҷа.

Таклифро пазируфта, роҳ сўи деҳаи Хистеварз гирифтам. Дар ҳавлии Аюби Кенҷа бо Мирзомуин Муҳиддинов сўҳбате оростем. Он кас аз нақшаи мо хеле шод гашта, гуфтанд: - Мардуми деҳаи Хистеварз ифтихор мекунад, ки чунин фарзандони барўманду қаҳрамон дорад. Ин деҳа ду Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ ва бисёр олимону шахсиятҳои бузург дорад, ки дар пешрафту тараққиёти кишвар саҳми бузург гузоштаанд. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки дар даврони вазнини ҷанг онҳо дар ақибгоҳ ҳам зарбдорона шабу рўз меҳнат карда, ҳам ба фронт маҳсулоти хўрокаву пўшока мефиристоданд. Ёд дорам, як вагон зардолуи хушккардашуда ва бисёр мардони ҳимматбаланд маблағи зиёдеро ҷамъ карда, барои сохтани танк фиристода буданд. Ҳатто, коргарони заводи танксозӣ номи онҳоро дар танк навишта будаанд. Ҳамчунин, гурўҳи калони фаъолони деҳа аз санъаткорону шахсиятҳои бузурги он як моҳ ба фронт рафта, бо ҷанговарон вохўрда, консертҳо намоиш доданд,- гуфт Мирзомуин Муҳиддинов.

Вақте аз муаллим доир ба шахсияту хислатҳои Ҳодӣ Кенҷаев пурсон шудам, гуфт, ки дар ҳаёти пурбаракатам чунин инсони хоксору ботамкин, фидоӣ ба хизмати мардуму Ватанро, ки сазовори унвони баланд буданд, бисёрҳо дидаам, гўям, муболиға намешавад. Бо вуҷуди чунин соҳиби обрў ва солҳо дар вазифаҳои мухталифи роҳбарӣ кор кардан, аз ҷумла раиси ҷамоати деҳот ҳамеша хоксору дар хизмати мардуму бо онҳо буданд ва маслиҳатҳои муфиди хешро дареғ намедоштанд. Дар чорабиниҳои мухталиф фаъ-олона ширкат варзида, дар тўю маъракаҳо бо вуҷуди серкорӣ вақт ёфта, соҳибонашонро табрик мекарданд.

Ду воқеаи муҳиму таърихӣ ҳеҷ аз ёдам фаромўш намешавад. Бори аввал бо дархости мардуми деҳа аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргаштани фарзанди далеру шуҷои деҳа Ҳодӣ Кенҷаев хеле одамон - беш аз 7-8 ҳазор нафар сокинон ба истиқболаш дар мавзеи таърихӣ – «Таги Чинор» ҷамъ омадаро надида будам. Зеро шодиву сурури мардуми деҳот ҳадду канор надошт, ки як ҳамдеҳа-ашон дар майдони набард дар қатори намояндагони дигар халқиятҳо қаҳрамонӣ нишон дода, ба унвони баланд сазовор гардиданд, бо чашмони хеш бинанду ботантана истиқболаш гиранд.

Ҳамчунин, ёдрас карданиям, ки бо супориши ҳукумати ҳамонвақта аъзои колхози «Маданият» (раисаш Абдумавлон Расулов) дар муддати кўтоҳ ба Ҳодӣ Кенҷаев хонаи истиқоматӣ сохта доданд. Воқеаи дуввуми сурурбахшу фаромўшношуданӣ ин соли 2013 буд, ки мардуми деҳаи Хистеварз Президенти киш-вар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ў ҳам бо қаҳрамониҳои бемислу монандаш ба кишвар сулҳу оромӣ овард ва бо сиёсати хирадмандонаву созандааш имрўз Тоҷикистон рушду нумўъ дорад, истиқбол карданд. Аз ҷумла, деҳаи мо низ хеле зебо гаштаву тараққӣ кард. Ҳангоми ба истифода додани варзишгоҳи замонавӣ, Муассисаи хонандагони болаёқат низ беш аз 8000 нафар сокинони деҳаву меҳмонон ширкат намуданд. Бояд гўям, ки пас аз солҳои ҷанг ҳам Ҳодӣ Кенҷаев дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолияти пурсамар доштанд. Аз ҷумла, 27 сол раиси Ҷамоати деҳоти Хистеварз буданд. Дар ин давр баҳри ободии диёр хизмати зиёде карданд, мардуми деҳа инро ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунанд.  

Ёд меорам, ҳангоми 10 сол директори мактаби миёнаи №4-и деҳа буданам, ҳама вақт ёриву маслиҳати хешро дареғ намедоштанд. Вақте соли 1985 заминларзаи мудҳиш рух дод, мактаб ҳам аз асорати он осеби зиёд дида, ба ҳолати садамавӣ дучор гардид. Беш аз 1300 нафар хонандагон маҷбур шуданд, дар вагону хонаҳо ва дигар муассисаҳои ҳудуди ҷамоат таълимро давом диҳанд. Бо кўмаки бевоситаи Ҳодӣ Кенҷаев мактаби нав сохта шуд, ки аз ин омўзгорону хонандагон ва волидайни онҳо шод гаштанд. Он кас боз хислати наҷибе доштанд, ки ба ҳар фурўшандаи дўконҳои ҳудуди деҳа, аз ҷумла қассобҳо, таъкид мекарданд, мардумро фиреб накарда, гўшти нағзро пешкаш кунанд. Соҳибони дўкон низ раисро хеле ҳурмат мекарданд.

Вақте мардум ба маслиҳати тўй барпо кардан ба ҷамоат меомаданд, раис аввал аз зиндагиаш мепурсиданд, баъд камхарҷу ихчам гузаронидани маъракаро тавсия медоданд. Боз шўхиомез мегуфтанд, ки вақте мардум тўй мекунад, хурсанд мешавам, зеро боз оилаи нав бунёд мешаваду мо низ оши палав мехўрем...

Ҳодӣ Кенҷаев бо падарарўсам Оқилбой Дадобоев - раиси колхози «Тоҷикистон» бештар ба сафару осоишгоҳҳо ҳамроҳ мерафтанд, дўстони хуб буданд.

Як фарзандам, ки бинобар беморӣ беш аз 10 сол дар беморхонаи шаҳри Тошканд муолиҷа мегирифт, ман тамоми кўчаву маҳаллаи ин шаҳрро хеле хуб медонистам. Бинобар ин раис, ки депутати Шўрои Иттифоқи Шўравӣ ва Тоҷикистон буданд, ҳини ба маҷлис ё осоишгоҳҳо сафар кардан маро бо мошинат бар мегуфтанд. Вақте ба шаҳри Тошканд барои гирифтани чипта рафтем, Ҳодӣ Кенҷаев бо вуҷуди унвони қаҳрамонӣ доштан ба навбат меистоданд. Баъд падарарўсам Оқил Дадобоев гуфтанд: «Ҳодибой, ту охир қаҳрамон ҳастӣ, ҳақ дорӣ, бенавбат чипта гирӣ». Он кас гуфтанд: «Намебинӣ, ин мардум дар навбатанд, беодобӣ мешавад». Сипас, чиптафурўш ё мардуми дар навбат истода бохабар шуда, ўро даъват карданду гуфтанд: «Мебахшед, ба Шумо бенавбат хизмат расонида мешавад». Чанд маротиба худ шоҳиди чунин воқеаҳо будам,- гуфтанд ҳамсўҳбатам Мирзомуин Муҳиддинов.

Бале, умри қаҳрамон ҷовидон аст!

Абдуғафур АМИНЗОДА

Читать далее

Шарафи падар ва накӯномии фарзандон

Дар байни муҳофизони Ватан ва барқароркунандагони баъдиҷангии хоҷагии халқ як фарзанди оддӣ, вале бошарафи конибодомӣ Шарифҷон Бойматов ҳам буд, ки имрўзҳо бо қарори раиси шаҳри Конибодом ба шарафи 100-солагии мавлуди ў маросими ёдбуд гузаронида мешавад. Зодгоҳи ўро деҳаи Кўиқозиён ном мебурданду он ба ҳайати, ба истилоҳи имрўза, деҳоти Фирўзоба дохил мешуд. 

Доир ба ҳаёт ва фаъолияти Шарифҷон Бойматов маълумоти хаттӣ хеле кам аст. Ҳашт соли хизмат дар сафи Армияи Сурх, аз ҷумла иштирок дар ҷанги зидди финҳо ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ чунин ҷумла ҳаст: «Аз соли 1937 то соли 1945 дар армияи амалкунанда будам». Хушбахтона, 4 орден - орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» (2-то), 11 медал, аз ҷумла 2 медали «Барои шуҷоат», ки дар солҳои ҷанг мукофоти аз ҳама қадрноки сарбозӣ маҳсуб меёфт, 2 Ифтихорномаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва унвони Агрономи хизматнишондодаи Тоҷикис-тон аз шуҷоату мардонагӣ ва фидокории ин фарзанди содиқи Ватан нақл мекунанд.

Падари Шарифҷон гарчанд деҳқон буду савод надошт, ба аҳли зиё, шахсони босавод бо ҳавас менигарист ва дар солҳои мураккаби 20-уми асри гузашта, дар замоне, ки ҳоло қувваҳои ҷаҳолатпарасту маърифатбезор ба афкори ҷамъиятӣ таъсири муайяне доштанд, фарзандашро ба мактаби ҳафтсолаи навтаъсиси шаҳр дод ва барои таҳсилаш шароит фароҳам овард.

Таҳсилро дар ин мактаб соли 1932 ба охир расонида, ба техникуми кишоварзӣ дохил мешавад ва онро соли 1935 ба итмом мерасонад. Фаъолияти меҳнатиашро Шарифҷони бистсола соли 1936 дар ноҳияи Октябри водии Вахш, ки он солҳо майдони азими дигаргунсозиҳо буд, аз вазифаи ҷонишини сарагрономи МТС (стансияи мошину тракторӣ) оғоз намуд. Соли 1937 аз ҳамон ҷо ба сафи армия даъват шудааст. Ин маълумот дар рўзҳои омодагӣ ба ҷашни мавлуди шодравон аз Бойгонии марказии Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия тавассути интернет дастрас гардид. Дар акси ҳол аҳли оила намедонистанд, ки ин ноҳия дар куҷо ва ҳоло чӣ ном дорад.

Солҳои ҷанг мавсуф дар ҳайати полкҳои тирандозии №№129, 236 ва 1001 ҳамчун қумондони даста (отделения)-и савора ҷангидааст. Дар ин бора ҳамагӣ 4 сатр дар дафтарчаи меҳнатӣ маълумот ҳаст.

Тавассути муроҷиат ба бойгонии дар боло зикргардидаи Русия мо як ҳуҷҷати хеле муҳимро ба даст овардем. Ин фармони Қумондони полки тирандозии 1001-уми дивизияи 279-уми Байрақи Сурхдори Лисичании Фронти 4-уми Украина дар бораи мукофотонидани гурўҳи афсарону сарбозон барои қаҳрамонӣ ҳангоми озод намудани шаҳри Севастопол аст. Дар банди 6 омадааст: «қумондони дастаи разведкаи савора Бойматов Шариф барои дастрас намудани маълумотҳои пурқимат дар бораи душман, ки барои муваффақияти барҷастаи ҷангӣ мусоидат намуданд, бо медали «Барои шуҷоат» мукофотонида мешавад».

Баъди соли 1946 ба зодгоҳ баргашта, ў то соли 1958 ба сифати сарагрономи МТС-и деҳаи Қарақчиқум, сарагрономи нозироти хоҷагии кишоварзии ноҳия кор кард. Дар ҳамон солҳо дар Иттиҳоди Шўравӣ ҳаракати оммавии баланд бардоштани соҳаи кишоварзӣ бо ташаббуси зани оддии меҳнатӣ – Валентина Гаганова доман паҳн карда буд ва Шарифҷон Бойматов дар вилояти Ленинобод чун ҷонибдори ин ташаббус баромад карда, ба кумитаи ноҳия- вии ҳизби коммунист ариза навишта, хоҳиш намуд, ки ба яке аз хоҷагиҳои ақибмонда ба кор фиристанд.

Ҳамин андеша сабаб шуду ў дар мобайни мавсими кишоварзӣ (моҳи июл) соли 1959 бо пешниҳоди ҳизб аз ҷониби колхозчиён ба вазифаи раиси колхози ба номи Кирови деҳаи Патар интихоб шуд. Хоҷагӣ 560 га замини корам, 19 трактор, 79 сар барзагови корӣ, 65 сар асп ва инчунин оби фаровон дошту лек қа- фо мемонд, ки саба-баш ба вазифаашон муносиб набудани роҳбарон буд.

Раиси нав кормандони роҳбарикунандаро иваз накард, балки онҳоро ба софдилона иҷро намудани вазифаҳояшон, барои ободии зодгоҳ, Ватан, аз сидқи дил меҳнат кардан даъват намуд.

Раис тағйири куллии корҳоро дар механизатсияи корҳои саҳро медид. Ў орзу мекард, ки ақаллан дар баъзе минтақаҳо пахта бо мошин чида шаваду арзиши аслии маҳсулот паст гардад. Ба идораҳои дахлдори ноҳия муроҷиат ва хоҳиш намуд, ки техникаи заруриро ба қарз фурўшанд.

Раис дигаргунсозии афкори мардумро аз ҳама муҳим меҳисобид.

Давоми се соли раисии ин марди накўном дар хоҷагии мазкур бо шарофати иҷрои нақшаи истеҳсол ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ иншоотҳои зиёди истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ сохта шуданд. Хизматрасонӣ ба мардум сифатан беҳтар гардид. Симои деҳа тоза ва шукуфон ба назар мерасид.

Аз соли 1963 ў ба хоҷагии «Ленинград» ба ҳайси ҷонишини раис, сарагрономи колхоз ба кор гузашт. Соли 1964 ҷонишини якуми раиси колхози «Коммунизм» интихоб гардид, ки заминҳои 6 деҳа - Ҷигдалик (Санҷидзор), Қарақчиқум, Новостройка (Лоҳутӣ), Маҳрам, Ниёзбек ва Маданиятро фаро мегирифт. Як қисм аз ин заминҳо баъди бунёд гардидани НБО ва обанбори Қайроққум дар ҳудуди деҳаҳои Ҷигдалик (Санҷидзор), Қарақчиқум, Новостройка (Лоҳутӣ) нав азхуд гардида, ба гардиши хоҷагӣ дароварда шуда буданд. Дар чунин шароит ба хоҷагӣ мутахассиси кордида зарур буд ва дар симои Шарифҷон Бойматов ҳамин гуна шахсро диданд. Ў дар ин хоҷагӣ то охири соли 1967 фаъолият бурда, дар паҳн кардани таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ ва ба яке аз хоҷагиҳои пешқадам табдил ёфтани он саҳми арзанда гузошт.

Тақдир минбаъд ўро боз бо хоҷагии «Ленинград» пайваста, дар он ҳамчун гидротехник ва сарагрономи колхоз адои вазифа намуд.

Саҳифаҳои ниҳоии фаъолияти меҳнатии Шарифҷон Бойматов бо хоҷагии ҷангали маҳал алоқаманд буд.

Азобҳои маънавию ҷисмонии ҷанг ба саломатии ў таъсир нарасонида наметавонистанд ва оқибат 24 декабри соли 1972, дар синни 56-солагӣ фарзанди номбардори халқ бо ҳаёт падруд гуфт.

Аз ў номи нек ва фарзандони солеҳ монданд. Бо ҳамсараш Моҳиҷон рўи 11 фарзанд- 7 писар ва 4 духтарро диданд. Волидайн орзу мекарданд, ки фарзандонашон маълумоти касбӣ гиранду дар соҳаҳои гуногун соҳиби ихтисос шаванд. Вақте ки духтари калонӣ - Маҳбуба касби омўзгориро интихоб карду ба омўзишгоҳи педагогӣ дохил шуд, хурсандии падарро канор набуд. Ҳангоми ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон қабул шудани Марҳабо қаноатмандии том дошта, дар давраи дўстон гаштаву баргашта аз ин муваффақияти духтараш ҳарф мезад. Орзу дошт, ки Матлуба табиб шавад. Ба писарон низ таъкид мекард, ки касб интихоб кунанду баъд аз мактаб ҳам таҳсилро идома диҳанд.

Абдурауф баъд аз хатми Омўзишгоҳи ҳарбӣ-сўхторнишонии шаҳри Свердловск унвони ҳарбии лейтенантро гирифта, ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ дар синни 22-солагӣ риштаи умраш ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Дигар ҳама фарзандон дар вазифаҳои гуногун: 3 духтар – Маҳбуба, Марҳабо ва Марҳамат бо пешаи омўзгорӣ, Матлуба ҳамчун коргар, писарон – Шукурбой чун ронанда, Толибҷон ва Неъматҷон ба ҳайси корманди савдо, Нўъмонҷону Наимҷон бо касби қассобию коргар ва Нозимҷони барқчии касбӣ ба халқ арзанда хизмат карда, номи неку кори падари бузургвори худро, ки дар набарду меҳнат бошараф буд, идома медиҳанд.

Абдуҳаким ШАРИФОВ,
дотсенти Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Медали навбатии тиллои ҷаҳонпаҳлавон

Дар шаҳри Калинингради Федератсияи Русия бахшида ба хотираи бунёдгузори гўштини румию юнонӣ Владимир Андреевич Батечко моҳи апрели соли равон мусобиқаи гўштингирон байни калонсолон баргузор гардид. Дар он ду карат ҷоизадори чемпионати ҷаҳон оид ба гўштини юнонӣ-румӣ ва қаҳрамони чандинка-ратаи Осиё Мирзомуҳиддин Қутбиддинов дар вазни 58 килограмм Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ карда, дар мусобиқаи ниҳоӣ ба қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон аз Федератсияи Русия Виктор Чирков ғолиб омада, сазовори медали тилло гардид.

Мирзомуҳиддин Қутбиддинов Озодхон Расуловро чун устоди нахустини худ ва инсоне, ки ўро ба ин ҷодаи варзиш шавқманд гардонидааст, меҳисобад. Ў баъди итмоми мактаб ба техникуми варзиши шаҳри Хуҷанд дохил шуда, маҳораташро дар гўштини тарзи юнонӣ-румӣ бо сарварии Устоди варзиш ва мураббӣ Анатолий Семенович Анисимов сайқал додааст.

Ҳанўз соли 1961 дар мусобиқаи байналхалқӣ дар шаҳри Минск иштирок намуда, ғолибият ба даст меоварад.

Ин инсони наҷиб бо дастовардҳои шоистааш соли 1976 унвони Довари дараҷаи умумииттифоқӣ ва соли 1993 Довари дараҷаи байналхалқиро соҳиб гардидааст. Соли 1997 Мирзомуҳиддин Қутбиддинов ба унвони «Мураббии шоистаи Тоҷикистон» сарфароз шудааст.

Моҳи сентябри соли 2012 дар шаҳри Будапешти кишвари Маҷористон дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба гўштини юнонӣ-румӣ байни собиқадорон Мирзомуҳиддин Қутбиддинов бар қаҳрамони ҷаҳон аз давлати Украина Владимир Зубченко ғолиб омада, бори дигар медали биринҷиро сазовор гардид. Соли 2014 бошад, дар мамлакати Сербия ғолиби мусобиқа шуд.

Мирзомуҳиддин Қутбиддинов дар мусобиқаҳои байналхалқӣ дар Шветсия, Юнон, Туркия, Канада, Ҷопон чун Раиси Федератсияи гўштингирони Тоҷикистон иштирок намуда, бо маҳорат ва санъати гўштингирии худ дар мамолики гуногуни олам Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро парта- вафшон намудааст. 

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ

Читать далее

Тарғибгари санъати волои классикӣ

Мусиқии классикии тоҷик – «Шашмақом» тўли ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта, то замони мо омада расидааст. Ҷаҳониён мусиқии “Шашмақом”-ро, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардидааст, пазироӣ намуда, ҳамчун мусиқии касбӣ эътироф кардаанд.

Бояд ёдрас намуд, ки соли 2000-ум бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ 12 май Рўзи Шашмақом эълон гашт ва боиси хушнудист, ки дар бисёр муассисаҳои фарҳангии шаҳру навоҳии кишвар ансамблҳои мақомсароён таъсис ёфтаанд.

Овозхони шинохта, пайрави санъати мақом, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии якчанд озмуну фестивалҳои байналхалқӣ Мўъминҷон Муллоев имрўз давомдиҳандаи ин санъати бебаҳои миллат ва савту навои “Шашмақом” мебошад. Ў зодаи деҳаи Рўмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, соли 1964 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи №26 ба номи Аминҷон Шукўҳии деҳааш аз устоди санъати тоҷик - Дадохўҷа Раҳимов асрори навозандагӣ ва овозхониро омўхта, дар маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ дар мактаб ва ноҳия фаъолона ширкат меварзид. Солҳои 1981-1986 дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода аз устодони санъати тоҷик, ҳунармандони халқии Тоҷикистон Барно Исҳоқова, Нериё Аминов, Боймуҳаммад Ниёзов, Алиҷон Солиев маҳорати овозхонӣ – мақомсароиро азбар намуд. Ҳанўз ҳангоми таҳсил дар Донишкадаи санъат Мўъминҷон Муллоев ҳамчун овозхони шинохтаи тоҷик дар озмуну фестивалҳои байналхалқӣ дар шаҳрҳои Самарқанд, Панҷакент ва Исфара ширкат варзида, мусиқии классикии «Шашмақом»-ро ба мардум муаррифӣ кард. Пас аз хатми донишкадаи санъат ҳамчун овозхон дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ фаъолияташро оғоз намуда, бо устодони санъат, Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Ҷўрабек Набиев, Даврон Алиматов, Ҳунарпешагони шоистаи ҷумҳурӣ Ўрунбек Ҳамдамов, Каромат Ҳоҷиева ва дигарон ҳамкорӣ карда, маҳорату малакаи санъати мақомсароӣ ва сурудхонии миллиашро сайқал дод.

Мўъминҷон Муллоев зиёда аз 30 сол аст, ки бо овози дилнишинаш табъи мухлисонро шод мегардонад ва худ имрўз ҳамчун устоди мақомсароён шинохта шудааст.

Ў солҳои 1991-1997 дар аввалин дастаи навтаъсиси шашмақомсароёни шаҳри Хуҷанд “Дурдона” ба ҳайси овозхон аз устоди варзидаи санъати тоҷик Ҷўрабек Набиев нозукиҳои ин санъати волоро азхуд карда, дар чорабиниҳои фарҳангии вилоятиву ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзидааст. Баъдан солҳои 1997-2010 дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ва дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камол Хуҷандӣ фаъолият бурда, дар пешрафти санъати миллии тоҷик саҳми худро гузошта истодааст. Солҳои 2004-2010 мудири кафедраи мусиқии факултаи санъати ДДХ-ро ба ўҳда дошт. Айни замон ба ҳайси сархормейс-тер ва овозхони Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ фаъолияти пурсамар дошта, дар чорабиниҳои фарҳангии вилоятиву ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат менамояд.

Давоми фаъолияти беш аз сисолааш ин устоди санъати воло ба ҷуз андўхтану омўхтани ин мероси гаронбаҳои халқи тоҷик боз зиёда аз 140 оҳангу суруд эҷод карда, пешкаши мухлисон гардондааст. Инчунин, ў дар ҳамкорӣ бо бастакорони варзидаи тоҷик Одилҷон Назаров, Шарофиддин Сайфиддинов, Абдураҳмон Тошматов ва Ворис Абдураҳмонов оҳангҳоро бо ансамбл ва ор-кестри асбобҳои халқӣ бомаҳорат иҷро кардааст. Ҳамзамон, бо Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, адибони варзида Сайидамин Ҷило, Камол Насрулло ва дигарон ҳам-кории зич дошта, аз ашъорашон пай-васта сурудҳо эҷод менамояд.

Мўъминҷон Муллоев ба тарбияи шогирдон низ таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамояд. Имрўзҳо 25 шогирдаш дар муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият доранд. Зумрае аз онҳо дар донишкадаҳои олии санъат, Консерваторияи миллӣ, факултаи санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсили худро давом дода истодаанд. Вай ифтихор дорад, ки шогирдонаш Бахтиёр Давлатов дар Ансамбли давлатии Шашмақомхонони “Нури Хуҷанд”, Умеда Хидиралиева дар Консерваторияи миллӣ ва Баҳ-ридин Фахриддинов дар Ансамбли мақомсароёни ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Хотиррасон бояд кард, ки 16 сол инҷониб дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Суғд Рўзи Шашмақом гузаронида мешавад. Дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ Мўъминҷон Муллоевро ҳамчун овозхони боистеъдоду донандаи мусиқии классикии «Шашмақом» ба чорабиниҳои фарҳангӣ даъват менамоянд, то ки тамошобинон ва меҳмононро бо суруду таронаҳои классикӣ мафтун гардонад.

Имсол низ ин устоди боистеъдод тасмим гирифт, ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Шашмақом ва 30-солагии фаъолияти эҷодиаш дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ барномаи консертии идонаи худро ба мухлисони савту суруд пешкаш намояд. Чӣ хеле ки аз сўҳбат бо ў маълум гардид, дар барномаи консертӣ беш аз 20 суруди баландмазмуни классикӣ, аз қабили «Сарахбори наво», «Насруллоӣ», «Ушшоқ», «Сарахбори ороми ҷон», «Зулфи парешон” таронаҳои навэҷодаш “Тоҷикистон”, “Ватан”, “Модар” бидуни фонограмма танинандоз мегарданд.

Дадоҷон РУСТАМОВ,
номзади илми таърих,
санъатшинос, узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон,
Абдуғафур АМИНЗОДА,
Рўзноманигор

Читать далее

09 May 2016

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Суғд

Имрӯз, 9 май дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ 71 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил гардид.

Дар набардҳои сангин зиёда аз 300 ҳазор ҷанговарони тоҷикистонӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг дар майдони ҳарбу зарбҳои хунин ҳамроҳи рафиқони ҳамяроқи гуногунмиллати худ ба муқобили душман мубориза бурда, Ватани худро бо фидокориҳои бемислу монанд муҳофизат намуданд. Аз байни онҳо 63 нафар тоҷикписарон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 нафар  бо се дараҷаи ордени Шараф ва ҳазорон нафари дигар бо ордену медалҳо сарфароз гаштаанд.

Читать далее

Гулгузорӣ дар боғи Fалаба

9-уми майи соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Fалабаи пойтахт ба муносибати 71-умин солгарди Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузошт.

Ба ин муносибат майдони маросимҳои Боғи Ғалаба идона ороста шуд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо аз омодагии сарбозон ба маросими гулгузорӣ гузориш дод.

Читать далее