January 2021

28 January 2021

ТЕРРОРИЗМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА МАФКУРАИ ҶАВОНОН

Бадбахтона, дар замони муосир сафи ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогаҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода, кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми хоҷагонашон қурбон мекунанд.

Ба назар мерасад, ки ноогаҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Гурӯҳҳои террористӣ бо ҳаракатҳои мудҳиши худ дар вуҷуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳму тарсро бедор намуда, бо ин роҳ заминае барои амалӣ намудани ҳадафҳояшон муҳайё карда истодаанд. Аммо, бояд таъкид намуд, ки дар пайи ин ҳамаи ин ғаразҳои ғайриинсонӣ истодааст, ки ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд, зеро дар ҳастии башарият ва зиндагии воқеии инсонӣ ахлоқ аз ҳар чизи дигар муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд тазаккур дод, ки ин амали нангин ҳеҷ гоҳ обрӯ, мақом шуҳрати ҷаҳонии кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ коста намегардонад. Имрӯз ба иқтидори ҳарбӣ, тавоноии мудофиавӣ, ҷасорату матонати сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша шакку шубҳае нест. Ҳамлаи ноҷавонмардонаи террористии як гурӯҳи ҷинояткор ҳеҷ гоҳ фазои ором, сулҳу субот ва ваҳдати пойдори моро халалдор карда наметавонад.

Низоъ, ҷанг, муқобилистии зидди ҳамдигар ва амсоли ин инсониятро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамроҳӣ мекард ва имрӯз ҳам ин зуҳурот аз ҷумлаи мушкилоти миллӣ, минтақавӣ ва умумибашарӣ мебошад. Тарбияи шахси башардӯст аввал дар оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ идома меёбад.

Омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзӯънок бедор намоянд.

Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯсту комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Муқаддас ҲОҶИБОЕВА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Муҳаммадиқболи бешараф

Имруз ҳар як ҷавони кишварро зарур аст, ки  пеш аз ҳама ҳушёрию зиракии сиёсиашро аз даст надиҳад. Дар шабакаҳо телевизионии намоиш додани Филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ", ки мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани воқеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст, мебошад, бори дигар огаҳ шудем.

Воқен ҳам он даҳшату, ваҳшат харобиҳое, ки саркардагони ТТЭ ҲНИ бар сари ин миллати тоҷик оварданд, аз тамошои филм баръало дида мешавад. Гунаҳгорони ҷанги нангин аъзоёни ТТЭ ҲНИ буданд ва ин пурра собит гашт.Дар воқеъ яке аз афрод, ки  мардумро гумроҳ карданӣ буд, ин падари Муҳаммадиқбол, Қаландари Садриддин мебошад. Қаландари Садриддин фарзанди худ Муҳаммадиқбол–ро барои сабақи динӣ гирифтан ба домулоҳои бонуфузи он замона супурда буд.

Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма мегирад. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Оила дар пайдоиш ва шаклёбии тарбияи фарзанд, нақши муҳим мебозад. Воқеан ҳам илм кайҳо исбот кардаст, ки амалкарди ҳар як шахсият аз хислати хуби Ӯ берун меояд аз тарбияе, ки дар хонавода гирифтааст аз анъанаҳое, ки барои ин хонавода хос буданд, аз муҳите, ки шахс дар оҒӮши он ба воя расидааст. Мутаассифона Муҳаммадиқболи Садриддин маҳз қурбонии муҳите гаштааст, ки падараш ва ҳамдастони падараш аз ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд оварда буданд. Муҳаммадиқбол низ яке аз онҳост, ки кори худро бо мардумфиребӣ, хиёнат барои давлату миллати худ анҷом медод. Дар филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ", онро мо дар шабакаҳои телевизинонии тамошо кардем воқеан ҳам амалҳои хоинона, муғризона, ноҷавонмардона ва душманонаи Муҳаммадиқбол дида мешавад.

“Барои давлати соҳибистиқлоли мо яке аз ҳадафҳои муҳимтарин фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, дар қалбу шуури онҳо бедор кардани шавқу рағбати илмомӯзӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳамчун шахсони сазовори оянда ба камол расонидани онҳо, ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани ҳамаи табақаҳои ҷомеа, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад.

Зеро дар замони имруза замони пешрафти илму техника ва техналогия ба шумор меравад. Мо бояд аз доми ин бадтинататон дур бошем, зеро террорист дин, миллат, мазҳаб надорад кори ин гуруҳҳо фақат як чиз асту халос ин ҳам бошад тафриқа андози,ғоратгарӣ ва вайронкори мебошаду бас.

Ҷураев Манучеҳр,
омузгори ДДХ

Читать далее

Боз як шармандагии аъзои ҳизби наҳзат

Ҳакимон гуфтаанд: "Ҳар сирре, ки байни се нафар аст, албатта фош мешавад". Имрӯз замоне шудааст, ки ягон бадкорӣ ё ҷиноят махфӣ намемонад, албатта, мардум аз он огоҳ мешаванд.

Хусусан, расонаҳои иттилоотии дунё аз ҷумла телевизиону радио, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар сомонаҳо вақте ки бо гурӯҳи шоҳидони ҳол хабареро ба мардум мерасонанд, бинанда ва шунаванда ба хулоса омада, агар бадкорӣ бошад, нафрат мекунанд.

Рӯзҳои охир шабакаҳои телевизионҳо бешарафии намояндаи ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддинро намоиш доданд, ҳамсояҳо ва ҳамсинфон мегуфтанд, ки ин оила хурофотпараст буд, ҳатто сокинони ҳамсоякишвари Афғонистон аз бешарафӣ ва шармандагии оилаи Мулло Қаландар Садриддинов қиссаҳо карданд, ки солҳои 90-ум ӯ фарзанди ноболиғаш Муҳаммадиқболро ба қумондонҳои афғонӣ фурӯхт, Муҳаммадиқбол либосҳои духтарона пӯшида, дар ҷойҳои айшу ишрат, назди қумондонҳо рақсу бозӣ мекард ва баъди он қумондонҳо ба корҳои бадахлоқӣ даст мезаданд.

Ҳар вақте ки Муҳаммадиқбол дар сомонаҳои ҳизби хиёнаткори наҳзат фазлфурӯшӣ мекунад, қумондонҳо чӣ мегуфта бошанд? Имрӯз ҳамаи асрори нуҳуфтааш фош гардид, худи ӯ чӣ мекарда бошад?

Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА,

шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Чеҳраҳои манфури ифротӣ

Дар замони муосир баъзе аз доираҳои манфиатҷӯй ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мардумро ба амалҳои ношоиста роҳнамо созанд. Ин ашхос, ки дар асл аз арконҳои дини мубини ислом фарсахҳо дур мондаанд ва теша бар решаи худ мезананд, худро хирадманд вонамуд месозанд ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ байни мардум тафриқаангезӣ менамоянд.

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба гуфтаҳои боло ҳамчун намунаи возеҳу равшан муаррифӣ шуда метавонанд, зеро парда аз рӯи амалҳои террористиву экстремистии онҳо боз гардидааст ва ҳадафҳои ғаразмандонаашонро пиру ҷавони кишварамон басо хуб медонанд. Аз ибтидои фаъолият барои ТТЭ ҲНИ  талқини моҳияти ғаразнок ва манфиатовар ба нафъи худ воситае буд, ки ин ашхоси манфиатҷӯ ва халафкор бар хилофи талаботи дин ва ҷомеа аз ҷониби намояндагон ва ё аъзоёни ин ҳизб, дар асоси нақшаҳои тарҳрезинамудаи хоҷагонашон ба амал мебароварданд. Бузургони илму адаби мо барҳақ таъкид сохтаанд, ки “Ҳар ҷое агар дӯстӣ бошад, он ҷо душманиро ҳам мебинӣ”. Вақт, ки довари асосии ҳаёт маҳсуб меёбад, нишон дод, ки ТТЭ ҲНИ ҳаргиз таҷаллии хуршеди орзуву ормонҳои мардум, сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат ва садоқати бепоёни халқи тоҷик ба Ватан-модар намехоҳад.

Сиёсати интихобнамудаи роҳбари фирории ТТЭ ХНИ Муҳиддин Кабирӣ  нусхаи аслии барномаи “Ҳизб-ут-таҳрир” аст. .Хиёнаткор Ватан надорад. Ин ашхоси ба халқу Ватан хиёнаткарда  бо кирдору рафтори хоинонаи худ имрӯз низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз пайи туҳмату буҳтонҳои беасоси худ нисбати Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷии худ “туҳфаҳои гарон” мегиранд.

Аммо иродаи матин, қалби пурэҳсос, нерӯи созанда, боварии мардуми сарбаланди кишвар ба фардои дурахшон фаъолияти ғаразмандонаву ҷинояткоронаи ТТЭ ҲНИ-ро қотеъона маҳкум менамояд.

Имрӯз халқи сарбаланди тоҷик бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ  устуворона ба сӯи музаффариятҳо қадам мегузорад, имрӯз дар ҷеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, дар кишвар ваҳдату сулҳ падидор аст.

Ҳамаи мушкилоти мо фақат дар ҳолати сулҳу осоиштагӣ метавонад ҳалли худро ёбад. Аз ин рӯ, ҳар фарди солимфикру ватандӯст, хоса мо - ҷавононро зарур аст, ки масъулияти худро содиқона анҷом диҳем. Сулҳу суботи кишвар, арзишҳои миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодиамонро чун гаҳвараки чашм ҳимоя намуда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ватани азизамон аз имрӯза бештар камари ҳиммат бандем, зеро ободии Ватан масъулияти инсониву имонист!

Аҳмадҷонов Боҳирҷон
донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ

Читать далее

Муҳаммадиқболи бадбин ва нохалаф

Аъзо ва рохбарони ТТЭ ҲНИ  ва хоҷагони хориҷии эшон дар солҳои охир бо хадафхои нопоки худ сулху суботи кишвари азизи моро халалдор карданианд. Ин лӯхтакхои дасти хоҷагони кишвархои бегона барои амалӣ намудани ғоя, лоиҳа ва дастуру супоришоти хоҷагони хеш аз ҳеҷ гуна иқдомҳои зиддимиллӣ даст намекашанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин ҳизби зиддимиллӣ ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ аз тарафи Додгоҳи олии кишвар ба тариқи расмӣ эътироф ва фаъолияти он дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шуданд.  Кабирию наздиконаш қаламрави ҷумҳуриро тарк гуфта, феълан дар кишвархои бегона қарор доранд.

Ин шахсони худфурухта дар чанд соли охир бо мақсади нишон додани садоқати худ ба саробонҳои хеш гоҳу ногоҳ санги маломат ба самти ватани мо ҳавола мекунанд ки яке аз онҳо Муҳаммадиқболи Садриддин аст. Аз навиштаҳои ин дасисабоз чунин бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ақибмонда буда ҳеҷ кишваре барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи он сармоягузорӣ наменамояд.

Тоҷикистон имрӯз дар шумули кишварҳои амн ва пешрафта қарор дорад ва рӯз аз рӯз дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешравӣ ва рушд ба назар мерасад. Муҳамиқболи Садриддин курнамак, бадбин ва нохалаф аст.

Шаҳрзод Баҳорӣ

Читать далее

ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРҲОИ ОН

Дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба ҳастии оламу одам таъсири манфии худро расонида истодааст.

Ин раванд то рафт реша давонида, падида ва хусусиятҳои навро касб намудааст. Яъне амалҳои экстремистӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта доираи амалиётҳо васеъ гардиданд. Имрузҳо хамагон хуб огоҳ хастем, ки хоинонии миллат бо тариқи шабакаҳои интернетӣ фаъолияти нопоки худро давом дода истодаанд.

Имрӯзҳо ифротгароӣ ва терроризм тамоми кишварҳои дунёро фаро гирифта, террористон амалҳои нопоки худро зери ниқоби дини мубини ислом содир мекунанд. Ҳамагон аз сайтҳои интернетӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳо хуб огоҳӣ меёбанд, дар шароити муосир созмонҳои ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои фитнаафкану моҷароҷӯ ва шахсони рӯҳияи террористидошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ, зиддиахлоқӣ истифода мекунанд. Авҷи ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба хулосае овард, ки бо ин зуҳуроти номатлуб бояд дастаҷамъона мубориза бурд.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Экстремистон ва террористон кӯшиш менамояд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ки ҷавонон бо зудбоварӣ ба онҳо пайравӣ менамоянд. Барои ба ҳадафҳои худ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногун, алалхусус ҷавононро ба доми худ мекашанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.

Як гурӯҳ ҷинояткорони ифротӣ, хоинони ватанфурӯш аз ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ ва “Гурӯҳи - 24” бо ёрии сарпарастону хоҷагони зиддитоҷикияшон дар кишварҳои мухталифи ғарбӣ паноҳандагӣ ёфтаанд. Онҳо барои ноором намудани авзои кишвари мо аз ҳама гуна усули муқовимат барои расидан ба мақсадҳои шум, ноҷавонмардона, ғаразолуди худ талош доранд. Ин гумоштагон зери унвони фейк, яъне бо номгузории “Паймони миллӣ” кишварҳои аврупоиро фиреби сиёсӣ намуда, мақсадашон тиҷорат ва дарёфти грантҳои хориҷӣ ва лонаи роҳат дар Аврупо аст.

Ҳамин тариқ, аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии чунин амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Вале як сохтор ё мақом наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Барои он, ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд, бояд ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем.

Хар яки мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

Мо омузгорон бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии чавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бахусус ТТЭ ҳНИ пешгирӣ намоем. Ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона намоем. Бетараф набошем, ки терроризм ва экстеримизм кушандаи хамаи сохаҳо ва тарраққиёт аст.

Абдусалом АЛИБОЕВ,
омӯзгори фанни забон ва адабиёт МТМУ 6
ноҳияи Шаҳристон деҳаи Чашмасор

Читать далее

СОМОНАИ ТАРҒИБГАРИ АҚИДАИ ИФРОТӢ

Isloh.net” аз зумраи сомонаҳои тарафдор ва тарғибгари ақидаҳои ифротии ТТЭ ҲНИ ва Паймони ба ном миллӣ мебошад. Дар сомонаи мазкур хабару гузоришҳои бардурӯғи масъули сомона Муҳаммадиқболи Садриддин дарҷ мегардад. Ба воситаи сомонаи худ ин гуруҳи ифротӣ мехоҳанд шуури мардумро вайрон созанд. Лек ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоханд расид.

Мо, устодони макотиби олӣ ҷонибдори сиёсати дохилӣ ва берунии Ҳукумати Тоҷикистон буда, мехоҳем, дар  кишвари азизамон доимо сулҳу ваҳдат бошад. Барои пешрафти илми тоҷик, тайёр намудани мутахассисони ҷавону эҷодкор фазои софу эҷодкорӣ бошад. Вале, намояндагони Паймони милли бо баромадҳои худ сулҳу ваҳдати тоҷиконро халалдор менамоянд. Суханрониҳои онҳо, ки аз шаҳрҳои Аврупо истода, мегӯянд, ягон асосе надорад ва мақсадашон тафриқаандозӣ дар ҷомеа аст.

Мо нағз дарк менамоем, ки аксари гурӯҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби Ислом содир мекунанд. Ҳоло он, ки дини Ислом аслан ва моҳияти зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс одамонро  ба сулҳ ба инсондӯстӣ, эҳтироми якдигар ва корҳои нек ҳидоят менамояд.

Бинобар ҳамин, мо кӯшиш менамоем, ки донишҷӯён ва мутахассисони ояндаро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтироми якдигар ва ба ҷо овардани корҳои неку хайр омода намоем .

Устодони кафедраи
 менеҷменти ДДҲБСТ

Читать далее

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРИМИЗМ- ДОҒИ ИМРӮЗАИ ҶОМЕА

Тамаддуни башарӣ дар марҳилаи муосири рушди худ ба раванду ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Гарчанде ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро тағйир дода натавонанд ҳам, вале онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва умуман, дар раванди таърихии инкишофи халқу миллатҳо, давлатҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсири назаррас мерасонанд. Дар ин радиф ҷараёнҳои экстремизми сиёсӣ ва тероризми сиёсӣ аз ҳамаи ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои дигаре, ки хусусияти глобалӣ доранд, хатарноктар мебошанд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд.

Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилотҳои террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро аксарияти ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои сиёсиву динии хусусияти экстремистӣ дошта, аз усули террор дар муборизаи сиёсии худ ба таври пардапӯшона ва махфӣ истифода мебаранд. Аммо ташкилотҳои калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд.

Дар айни замон тамоми қувваҳои зиддитеррористии ҷаҳон асосан баҳри несту нобуд кардани ин гуна ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ сафарбар карда шудаанд.

Тибқи маълумотҳо амалҳои террористии дорои хусусияти терроризм ва экстремизм, махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гаштаанд. Аз ин рӯ тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин падидаҳои хатарнок бархоста, зидди он муташаккилона мубориза бурда истодаанд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун узви қомилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарноки глобалӣ бетараф нест.

Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат   сокини Тоҷикистонв, падару модарон масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон  яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд  ба дастовардхои Истоклолияти Тоҷикистон ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалб ва хамаи вучудамон дӯст дорем,  бо аҳли ҷомеаи кишвар ва сохторхои гуногун  якҷоя амал намоем.

Тоҷибоева М. И.
 устоди ДКМТ

Читать далее

27 January 2021

Занони рӯзноманигор «Фандрайзинг» омӯхтанд

Дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, дар шаҳри Гулистон барои занони рӯзноманигор семинар баргузор гашт.

Семинар дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди ҷурналистикаи шаҳрвандии занон тавассути баланд бардоштани  иқтидори гурӯҳҳои ташаббускори занон дар минтақаҳои деҳоти вилояти Суғд», ки  Маркази имконият баҳри рушд рорҳандозӣ намудааст, амалӣ гашт.

Занони рӯзноманигор дар бораи «Ба роҳ мондани фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятӣ ва фандрайзенг» маълумот гирифтанд.

Дар семинари ду рӯзае, ки бо ҷалби занони рӯзноманигори шаҳру навоҳии вилоят ва намояндагони гурӯҳи ташаббускори занони рӯзноманигор «Садоқат»  баргузор шуд иштирокдорон бобати таҳияи низоми кор ва фаъоолияти ташкилоти ҷамъиятӣ, паҳлӯҳои ҳуқуқии мавзӯи баррасишавандаро омӯхта, доир ба вазифа ва ӯҳдадориҳои ташкилоти ҷамъиятӣ ва низоми кори он дар Тоҷикистон маълумот гирифтанд.

Дар рӯзи дувуми сомӯзиш рӯзноманигорон бо тарзи таҳия намудан  ва пешниҳоди «Лоиҳа» ошно шуданд. Рӯзноманигорон роҷеъ ба фандрайзенг ва мақсаду ҳадафҳои он иттилоъ гирифтанд.

Зимни омӯзиш мутахассисон бобати роҳҳои навиштани  лоиҳаҳо маълумот пешкаш намуда,  оид ба рушди бонизоми   фаъолият мубодилаи афкор намуданд.

 Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Паём - раҳнамои халқ!

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шаҳрвандон бо меҳру муҳаббати бепоён ҷонибдорӣ менамоянд.

Президенти кишвар, аз ҷумла ба соҳаи маориф диққати махсус дода, ироа доштанд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар саросари мамлакат сатҳу сифати таълим сол ба сол боло рафта истодааст.

Дар иҷрои нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат омӯзгорон низ бояд ҳиссаи сазовори хешро гузорем.

Паёми Сарвари давлат барои ҳар яки мо ҳуҷҷати роҳнамост.

Мамнур Нурзода,
ш.Бустон

Читать далее