January 2021

07 January 2021

БА МАВСИМИ ИМСОЛА ОМОДААНД

Дар ноҳияи Мастчоҳ ёздаҳ корхонаи коркарди пахта ҳаст, ки бузургтарини он ҶДММ «Музаффар – Компания» мебошад. Коргоҳ дар заминаи собиқ совхозтехникуми ба номи Ленин соли ду ҳазору чордаҳум бунёд гардидааст. Сарварии онро Музаффар Раҳимов ба уҳда дорад. Зимни суҳбат мавсуф иброз дошт, ки коргоҳ пурра бо дастгоҳҳои муосири давлати Чин таҷҳизонида шуда, мунтазам дар анҷоми сол бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартномаи тарафайн баста мешавад. Барои қабул ва коркарди «тиллои сафед» дар соли 2020 - ум масъулини коргоҳ охири соли 2019 –ум бо 280 хоҷагии деҳқонӣ шартномаи тарафайн баст, ки ду шартнома бо хоҷагии деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва боқимонда бо хоҷагидорони ноҳияи Мастчоҳ мебошад.

- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастрасӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар сол аз сол истеҳсолотро рушд дода, бо ин васила ҷойи кориро низ афзун мегардонем, - зикр кард зимни суҳбат М. Раҳимов.

Агар соли нахустини фаъолият ба коргоҳи номбурда ҳамагӣ 2500 тонна «тиллои сафед» ворид гардида бошад, сол аз сол миқдори маҳсулотро афзун гардонда, дар натиҷа соли 2019-ум 5600 тонна ва имсол чор ҳазору шаст тонна пахта қабул гардид.

Соли 2020- ум аз пахтаи воридгардида 1444 тонна нахи пахта ва 2800 тонна чигит гирифта шуд. Соли 2020 ҶДММ «Музаффар – Компания» то 25 –уми ноябр фаъолият бурда, аз он пас ба таъмиру тармими таҷҳизоти коргоҳ пардохтанд, то ин ки ба мавсими нав омодагии пурра дошта бошанд.

Дар мавсими корӣ беш аз сӣ нафар аз Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, Бӯстон ва Палдорак ризқу рӯзии хешро беҳтар месозанд. Дар мавсими ҷӯшу хурӯши меҳнат кормандон дар се баст фаъолият бурда, бо хӯроки гарм таъмин ва рафтуомади онон бо нақлиёти хизматӣ ба роҳ монда шудааст. Маоши кормандони муваққатӣ аз 1100 то 1900 сомонӣ буда, музди меҳнати мутахассисон то се ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

- Мутаассифона, солҳои охир мо натавонистем нақшаи истеҳсоли равғанро ба иҷро расонем, - гуфт бо таассуф М. Раҳимов.

Корхонаи мазкур соли ду ҳазору бистум аз коркарди пахта се навъи маҳсулот - нахи пахта, чигит ва 61 тонна тибит гирифта бошад ҳам, аммо дар истеҳсоли равған ба мақсад нарасиданд. Сабаби асосии онро мутахассисон аз тухмии кишташуда медонанд, зеро соли сеюм аст, ки навъи чигити чиниро ба замин мепошанд. Пахтае, ки аз чигити чинӣ рӯидааст, ду соли аввал ҳосили хуб дода бошад ҳам, яъне аз як гектар то 40 - 45 сентнер, аммо соли сеюм равғаннокиаш хеле паст гардид.

Тавре деҳқонони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Зафаробод ва шаҳри Конибодом иброз медоранд, онҳо аз чигити навъи чинӣ даст кашида, навъҳои хушсифати истеҳсоли Ӯзбекистонро истифода хоҳанд бурд.

- Наздик сӣ сол аст, ки дар фазои истиқлолияти кишвар умр ба сар мебарем ва шукр мекунем, ки ба даврони ободу осудаву фаровонӣ расидем. Чӣ рӯзҳоеро, ки аз сар гузаронидем? Он замон чун хоби даҳшатбор ба хотири калонсолон нақш баст: соатҳо дар паси мағозаҳои дарбаста дар интизори буридаи ноне нишастан, муаллимон аз соҳаи маорифу табибон аз беморхонаҳо ҷониби бозор роҳ пеш гирифтанд ва мардуми ҷануб бошанд, ба сабаби нобасомониҳо тавқи гуреза бар гиребон заданд. Интихоби сарвари хирадманд дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ аз тарафи вакилон боис гардид, ки халқи мо осуда гардаду мулк обод, - гуфт собиқадори меҳнат, пири кор М.Раҳимов ва идома дод: - Бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат орзуву омоли мо амалӣ гардида истодааст. Ва ҳоло соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла кишоварзӣ рушд ёфта, сафи муҳоҷирон низ дар хориҷи кишвар коҳиш ёфта истодааст.

Бунёди коргоҳи коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ, ки инро борҳо Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, барои деҳқонон низ хуб аст, - идома дод суханашро пири кор М.Раҳимов, - зеро вақте бо замин сарукордор мешавем, пошидани дона ва нигоҳубини он маблағи зиёде талаб мекунад, аммо на ҳама имкони пардохти онро доранд. Ин пӯшида нест, ҳатто аз бонк қарз гирифтан ҳам, он фоизи худро тақозо дорад. Вале соҳибкороне, ки бо коркарди ашёи хом машғуланд, барои сифатнокии маҳсулот дар асоси шартномаи тарафайн хоҷагиҳои деҳқониро маблағгузорӣ менамоянд.

Маъмурияти ҶДММ «Музаффар – Компания» аллакай барои соли 2021 нақшаи кориро тарҳрезӣ намуда, бо якчанд хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров шартномаи тарафайн баста, баҳри харидории чигиту нуриҳои минералӣ ва сӯзишвории дизелӣ барои мавсими имсола омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Дар ҷамъияти «Боғпарвари Суғд» 10 гектар боғҳои суперинтенсивӣ бунёд мешавад

Дар ҷамъияти «Боғпарвари Суғд», ки ба парваришу нигоҳубини дарахтони мевадиҳанда машғул аст, таҷдиди боғҳои куҳна оғоз ёфт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз зимни боздид аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди бунёди боғҳои нави суперинтенсивӣ шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, масъулини ҷамъият бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтаанд, ки дар масоҳати 10 гектар боғҳои суперинтенсивӣ бунёд намуда, бо ин васила саҳми худро дар пешрафти соҳаи боғу токпарварӣ гузоранд.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ "ММК Агро"

6 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, гармхонаи замонавӣ моҳи марти соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Гармхона ба ду қисм - гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо гардида, тамоми таҷҳизоти он аз Кореяи Ҷанубӣ ворид карда шудааст.

Читать далее

Шиносоӣ бо сохтмони бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилояти Суғд

Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз бо ҷараёни сохтмони бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилояти Суғд, ки дар дар маҳаллаи Темурмалик, микроноҳияҳои 4-6-и шаҳри Хуҷанд бомаром идома дорад, ошно шуда, ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳо ва ободонии ҳудуди бино дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Читать далее

Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар Хуҷанд 170 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд эълон шудааст, корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бомаром идома дорад.

Дар доираи иқдоми мазкур имрӯз дар гулгаштҳои маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар се мавзеи шаҳр, аз ҷумла гулгаштҳои назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат варзид.

Читать далее

Хушунат: чаро зиёд мешавад?

Хушунат: чаро зиёд мешавад?

Имсол ба Маркази занон “Гулрухсор” воқеъ дар маркази вилояти Суғд дар қиёс ба соли гузашта 500 нафар занон бештар муроҷиат намудаанд. Сабаби ин муроҷиатҳо хушунати оилавӣ гуфта мешавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеа хушунат торафт зиёд мешавад. Маълумотҳои оморӣ низ афзоиши хушунатро тасдиқ мекунанд.

Ба андешаи ҷомеашиносон, ин ки шикоят аз хушунат сол то сол афзоиш меёбад, маъмулан ду сабаб дорад: фарҳанги оиладорӣ суст шудааст ва ё ҳамакнун мардум аз хушунат бисёртар овоз баланд мекунанд...

Маърифати оиладорӣ суст аст?

Дар бораи гирифторшавии занон ба хушунат коршиносон ва таҳлилгарон як қатор сабабҳоро пеш меоранд.

Гуфта мешавад, ки омода набудан ба зиндагии мустақилона, паст будани маърифати оиладорӣ, ноогоҳӣ аз нозукиҳои муносибати хонаводагӣ, камтаҳаммулӣ аз омилҳои маъмулии гирифторшавӣ ба хушунат аст.

Муяссара Қаҳҳорӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд аст. Номбурда мегӯяд, ки новобаста аз тадбирҳои судманд ҳамоно дар ҷомеа хушунат тадриҷан рӯ ба афзоиш дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар меҳвари авҷи ин зуҳурот коста будани маърифати оиладорӣ қарор мегиранд.

“Якдигарнофаҳмӣ, набудани эҳтиром байни зану шавҳар, дахолати дигар аъзои оила, аз ҷиҳати иқтисодӣ тобеъ будани зан ба шавҳар, бекорӣ ва камбизоатӣ низ сабабҳои асосии пайдоиши зӯроварӣ дар оила мебошад”.

Дар бораи зиёд шудани хушунат таҳлилгарон аз як сабаби дигар низ ном мегиранд. Гуфта мешавад, ки ҳамакнун занон дар қиёс ба гузашта аз хушунат бештар садо баланд мекунанд.

Дилбар Самадова, ҷурналисти шинохтаи Суғд бар он назар аст, ки зани тоҷик нисбат ба солҳои пеш хеле тағйир ёфтааст: ҳам аз лиҳози дониш ва ҳам фаҳмиш.

Ба назари ӯ, акнун занон бештар ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунанд ва дар муқобили хушунат хомӯш намеистанд.

Мушоҳидаҳо низ нишон медиҳанд, ки воқеан саводи ҳуқуқии занон нисбат ба солҳои пеш баланд шудааст ва акнун намояндагони ин қишри ҷомеа аз ҳуқуқҳои худ бештар дифоъ мекунанд. Агар пештар аксарият муроҷиатро аз хушунат айб медонистанд, ин фаҳмиш торафт аз байн меравад. Ҳамакнун аксарият дарк намудаанд, ки сабр дар муқобили хушунат пайомади хуш надорад...

Аз хушунат то ҷудошавии оилаҳо  - як қадам

Давоми шаш моҳи соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 486 оила аз ҳам пош хӯрдаанд. Мувофиқ ба маълумоти оморӣ соли 2019 (12 489)  нисбат ба соли 2018 (11 020) дар кишвар 1 469 оила бештар ҷудо шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хушунат торафт аз омилҳои маъмулии ҷудошавии оилаҳо мешавад.   

Омили асосии зиёд ҷудошавии оилаҳоро бар пояи хушунат Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири бахши занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд дар суст шудани эҳтиром миёни зану шавҳар ва паст будани фарҳанги оиладорӣ медонад.

Ба назари ӯ, маҳз баланд бардоштани маърифати оиладорӣ метавонад ҷиҳати пешгирӣ аз хушунат ва коҳиш додани сатҳи ҷудошавии оилаҳо мусоидат намояд.

Ин ки хушунат дар рӯйхати омилҳои ҷудошавии оилаҳо торафт “маъмулӣ” мешавад, коршиносон низ ба коста шудани суннати оиладории тоҷикон рабт медиҳанд.

Шаҳноза сокини шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ 23 сол дорад. Замоне, ки ӯро ба шавҳар доданд, вай ҳанӯз 18 сол дошт. Зиндагии оилавиаш ҳамагӣ 1 солу се моҳ давом кардаасту халос. Бино ба гуфтаи ӯ, омили асосии пош хӯрдани оилааш маҳз хушунат буд.

“Агар хушдоманам барои ҷиҳози арӯсии “хоксоронаам” ҳамеша маро зери таҳқиру тавҳин қарор медод, шавҳарам бо пайдо намудани камтарин камбудӣ зери мушту лагад мегирифт. Дар хонаи шавҳар ман ҳам хушунати ҷисмонӣ ва ҳам хушунати равониро дучор шудам” – мегӯяд Шаҳноза.

Мисли қаҳрамони мо садҳо нафар ҷавонзанонро метавон пайдо намуд, ки дар давраи зебои зиндагӣ - ҷавонӣ мавриди хушунат қарор гирифта, аллакай аз оила ҷудо шудаанд...

Собиқадори бахши кор бо занони вилояти Суғд Ҳамрохон Атаева мегӯяд, аз хушунат то ҷудошавии оила танҳо як қадам мавҷуд аст. Ба андешаи ӯ, агар хушунат саривақт бартараф нагардад, бо зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла пошхӯрии оила анҷом меёбад.

Ба назар мерасад, ки ҷиҳати пешгирӣ аз ин муаммо аз ҷониби масъулин ва ниҳоди дахлдор иқдом ва кӯшишҳое сурат мегирад, аммо маълумоти оморӣ ва факту арқом нишон медиҳад, ки хушунат ҳамоно рӯ ба афзоиш дорад...

Хушунат: Марги 137 нафар занон дар ҷаҳон давоми рӯз

13 декабри соли 2020 тахминан соати 19:00 дар чуқурии назди идораи шабакаи барқии шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод, ҷасади ҷавонзани 24 соларо бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти ин ниҳод, ҳамчун гумонбар шавҳари ҷавонзан дастгир шудааст.

Хабар дода шуд, ки мард ҳамсарашро ба чуқурӣ тела дода, баъди афтидан ӯро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.

Марги занон дар натиҷаи хушунат барои ҷомеаи мо ҳодисаи нав нест. Ба ин монанд воқеаҳо дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ зиёд мавод нашр мешавад.

Аз ин ҳодиса пештар ҳолати дигари сӯиқасди куштори бераҳмонаи зан аз ҷониби шавҳар ба қайд гирифта шуд. Маркази матбуоти ВКД ҶТ иттилоъ дод, ки дар шаҳри Конибодом мард бо корд 2 маротиба ба гардани ҳамсараш задааст.

Ин ду ҳодиса, ки дар натиҷаи хушунат бо марги занон анҷом пазируфт, давоми моҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи гарм буд ва мавҷи вокунишҳоро ба бор овард.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳодисаро зери интиқод гирифта, аз он нигаронӣ намуданд, ки то ҳол иддае аз сокинони мо фарҳанги муносибат бо занро бархурдор нестанд.

Коршинос Ҳамрохон Атаева мегӯяд, ки ҷиноят, аз ҷумла куштор ва ба худкушӣ оварда расонидан аз пайомадҳои нохуши хушунат маҳсуб меёбад. Ба андешаи ҳамсӯҳбати мо, бо пайдо шудани нахустин нишонаҳои хушунат бояд роҳҳои ҳалли вазъият ҷустуҷӯ шавад, вагарна ин ҳолат метавонад бо ҷиноятҳои гуногун хотима ёбад.

Созмони Миллали Муттаҳид зимни як таҳқиқоти виҷа муайян намуд, ки ҳамарӯза 137 нафар занон дар ҷаҳон аз ҷониби аъзои оилаи худ кушта мешаванд.

Бино ба таҳқиқи ин ниҳод, дар Тоҷикистон 50%-и занон бо хушунат мувоҷеҳ мешаванд.

Суннати оиладории тоҷикон суст шудааст?!

“Мардуми мо духтари 18 соларо келин мекунанд, аммо аз ӯ рафтору кирдору гуфтори зани 30-40 соларо интизор ҳастанд” - мегӯяд Мукаррама Неъматова, масъули маркази “Ваҳдати оила”. Ба андешаи ӯ, духтари 18 сола ҳеҷ гоҳ наметавонад фаҳмишу идроки хушдомани 40-45 соларо дошта бошад. Номбурда мегӯяд, ки келинро бояд тарбия кард, барои камбудӣ ва иштибоҳоташ на сарзаниш ва ҷазо, балки насиҳат кардан лозим.

“Мушкилоти асосии ҷомеаи мо ҳамин аст, ки бархе дар симои келин ғулом ва ё хизматгорро мебинанд.  Садои кафкӯбӣ аз ду даст аст. Ягон духтар барои хушдомани хуб келини бад намешавад” –мегӯяд Мукаррама Неъматова.

Хушунат зуҳуроти нав нест. Замони пеш низ занон мавриди хушунат қарор мегирифтанд. Аммо солҳои пеш аз мушкилоти оила даҳон кушодан айб дониста мешуд.

“Пештар занону бонувон гапи хонаро ба кӯча намебароварданд, ин кирдорро барои худ ор медонистанд. Имрӯз, ки акнун аксарият дарк намуданд, ки хомӯш истодан дар муқобили хушунат на ҳама вақт пайомади хуб дорад, шумораи муроҷиатҳо низ афзоиш ёфта истодааст”.  

Дар бораи он ки гӯё зани тоҷик камтаҳаммул шудааст ва дар қиёс ба солҳои пеш дурбин нест, иддао зиёд аст. Аммо коршиносон мегӯянд, ки таҳаммул низ дар баробари хушунат роҳи наҷот набуда, оқибатҳои нек надорад ва ин зуҳурот бояд саривақт пешгирӣ шавад. Ин гурӯҳ дар ин замина шумораи парвандаҳои ҷиноятиро, ки дар натиҷаи сабру таҳаммул дар муқобили хушунат чандин нафар занон аз ҳаёт маҳрум шуда, даҳҳо нафар ба бемориҳои вазнин гирифтор шудаанд, далели муҳим медонанд.

Ҳама гуна хушунат ҷиноят аст!

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломия дар бораи ҳуқуқи башар ва Конвенсия оид ба пешгирии ҳамагуна шаклҳои табъиз нисбат ба занонро эътироф намудааст, ки ҷиҳати беҳдошти вазъи занон дар ҷомеа равона гардидааст.

Ҳуқуқшинос Назира Раҳимзода мегӯяд, ки мувофиқи қонун ҳама гуна зӯроварӣ манъ аст. Бино ба маълумоти номбурда, ҳуқуқҳои занони ҷабрдидаи зӯроварӣ бо кодексҳои маъмурӣ, ҷиноятӣ, кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси манзил, Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳимоя карда мешавад.    

Бино ба гуфтаи ҳуқуқшинос, яке аз афзалиятҳои қонуни мазкур дар он аст, ки махфиятро кафолат медиҳад.

Барои решакан намудани хушунат аз ҷониби масъулини мақомоти дахлдор, ташкилотҳои иҷтимоӣ ва нерӯҳои сиёсии кишвар ташаббусҳое амалӣ мегардад, ки дар ин замина вохӯриву мулоқот, семинар, конронсу ҳамоиш,  аксияву  мизҳои мудаввар аз зумраи чунин иқдом ба шумор меравад.

Масъулини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ мегӯянд, ки мубориза бо хушунат дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор дорад.

Азиза Мирзохӯҷаева, сармутахассиси шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд гуфт, ки пешгирӣ аз хушунат аз ҳадафҳои муҳими барномавии ҲХДТ маҳсуб ёфта, аз ҷониби масъулини шуъбаҳои кор бо занони  кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят  корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ мунӣтазам ба роҳ монда мешавад.

Назари дин

Агар ба таърихи пеш аз ислом назар афканем, маълум мешавад, ки занон зери зулму ситаму шиканҷа қарор доштанд. Агар аз як ҷониб, занон аз мерос маҳрум буданд, аз тарафи дигар, онҳоро дар бозорҳо чун мол иваз мекарданд ва ҳатто агар дар оила духтар ба дунё меомад, ӯро зинда ба зинда ба гӯр мекарданд.

Бо зуҳури ислом ба он ҳама беадолатиҳо хотима гузошта шуд.

Хоҷамир Хоҷамиров, муовини раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд мегӯяд, ки дини Ислом мақому манзалат ва ҳуқуқҳои занонро чунон баланд муайян намудааст, ки назираш дар дигар дини ҷаҳон нест.

“Худованд дар Қуръон сурае бо номи «Нисо» (занҳо) нозил кардааст, ки дар он ҳаққу ҳуқуқи бонувон барои башарият баён ёфтааст. Хушунат нисбат ба зан барои ҷомеаи мо, ки аксарият мусулмон ҳастем, ҳам айб ҳасту ҳам шарм” - мегӯяд Хоҷамир Хоҷамиров.

Пешниҳод

Ҷиҳати пешгирӣ аз хушунат ва пайомадҳои ин зуҳурот аз ҷониби коршиносон, таҳлигарон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ чанд пешниҳод ироа шуд:

  1. Дар самти баланд бардоштани тарбияи фарзандон дар оила корбарӣ шавад. Моҳияти Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба таври зарурӣ фаҳмонида шуда, оқибати беаҳамиятӣ дар тарбияи фарзандон  ба волидон мавриди тавзеҳ қарор дода шавад.
  2. Синни никоҳ боло бурда шавад, то ҷавонон ба зиндагии мустақилона пурра омода шаванд.
  3. Корҳои идеологӣ дар маҳалла ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа вусъат дода шавад.
  4. Барои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ бо мулоқоту мизи мудаввар иқтифо накарда, роҳҳои муосири корҳои тарғиботӣ истифода шавад. Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо сатҳи дучоршавӣ ба хушунат паст аст, бо назардошти арзишҳои миллӣ мавриди татбиқ қарор гирад.
  5. Омӯзиши фанни “Маърифати оиладорӣ” дар барномаи мактаб ва донишгоҳҳо такмил ва таҷдид шавад .
  6. Дар самти  баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ ва динии ҷавонон иқдоми зарурӣ роҳандозӣ гардида, ҷиноят ва гуноҳ будани хушунат фаҳмонида шавад.
  7. Зимни корбарӣ дар самти мубориза бо хушунат аз хусусияти мавсимӣ даст кашида,  барои пешгирӣ аз хатарҳои ин зуҳурот давоми сол пайваста корбарӣ шавад.

 

P. S.    Мавзӯи мазкур фарох аст ва дар қолаби як  мақола наметавон омил ва пайомадҳои ин зуҳуротро ба таври зарурӣ баррасӣ намуд. Гузашта аз ин, хушунат намуди зиёд дорад ва танҳо ба намояндагони қишри зан марбут нест, ки мо ин ҷо ба риштаи таҳлил кашидем. Паҳлӯҳои дигари ин мавзӯъро минбаъд низ пайгирӣ ва мавриди таҳлил қарор медиҳем. 

 

Мафтуна ИСМОИЛОВА

рӯзноманигор

Читать далее

Ба гапҳои хоинон набояд гӯш дод

ТТЭ ҲНИ аз рӯзхои аввали таъсисёбӣ амалу ҳаракатҳои зиддидавлатии худро пеш гирифт. Дар табаддулотҳои сиёсии кишварҳои исломӣ  беш аз пеш нақши ҳаракати  гурӯҳҳои ифротгаро назаррас  аст.  ТТЭ ҲНИ низ мехост бо амалҳои номатлуби худ вазъи сиёсии моро  халалдор созад, вале ба максади худ нарасид. Имрӯзҳо фаъолияти  ин ҳизби сиёсӣ дар Ҷумхурии Точикистон қатъ гардида бошад ҳам, вале сарвари он ва аъзои он   бо даъвоҳои бемаънии худ мехоханд, вазъи ороми кишварро вайрон созанд.

Имрӯзҳо роҳбарони ҲНИ худро бегуноҳ ҳисобида,  ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва дигар ниҳодҳо номаҳои шикоятӣ пешкаш намуда,  худро  сафед карданӣ хастанд. Вале имрӯз ҳама аҳли ҷомеаи мамлакат огоҳ шудаанд, ки ин инсонҳо кистанд, дар дил чӣ нияту ғаразҳо доранд. Чехраи аслии ин тоифа тавассути филми мустанади “Хиёнат” аён гардид. Акнун ба ин нафарони зархарид мардум эътимоду боварӣ надоранд. Воқеияти ҳол он аст, ки мардум аз дасисабозиҳои пасипардагии онҳо хаста шудаанд.

Ҳодисаи ба табаддулот даст задани ин тоифа собит сохт, ки барои ин нафарон тинҷию оромии кишвар ва мардум  арзише надорад. Онҳо тайёранд барои амалигардонии ният нопоки хоҷагони хориҷиашон суботу оромии ин сарзаминро барҳам зананд.

Онҳо дарк намекунанд, ки гирифтори фиреби бузург гашта, дар натиҷа бо дасти худ ватани худро хароб, мардуми худро бадбахт ва фарзандони мардуми худро хору залил карданианд.

Ин бадбахтон амалхои нобакоронаашонро бо ниқоби исломӣ мепушонанд ва гӯё манфиатҳои исломро пушибонӣ мекунанд, лекин дар асл онҳо ҳадафҳои нопокашонро ба ин васила амалӣ кардан мехоҳанд. Ислом дини пок буда, муқобили ҳама гуна амалҳои нопок аст. Шахсе, ки воқеан аз ислом хабар дорад, умуман, амалҳои бадбахтонаи онҳоро маҳкум менамояд.

Каримов А.А. – н.и.ф., дотсент, мудири
кафедраи забони тоҷикӣ ДДҲБСТ

Читать далее

Хоинони ватан

Муҳаммадиқболи Садриддин хоини мардуми тоҷик, ватанфурӯш ва фиребгар  мебошад. Вай сармуҳаррири сомонаи «Ислоҳ.нет»-ро ба ӯҳда дошта мақсаду маром ва ҳадафҳои ТТЭ ҲНИ-ро тарғибу ташфиқ мекунад.

Ин хиёнаткор ба арзишҳои миллии кишвари худ хиёнат намуда хизматгору фармонбардори хоҷагони хориҷа шуда гаштааст. Барзамми ин мехохад кишвари моро сиёҳ карда нишон дихад.  Дар вақташ падари Муҳаммадиқболи Садриддин Садуридинов Қаландар дар якҷоягӣ бо чанд нафар ҳаммаслаконаш ҳизби наҳзати исломро таъсис дода сабабгори куштори чандин одамони бегуноҳ гардида буд. Баъдтар  ба Афғонистон гурехтааст. Вале аз пушти ин нафарони хоин хуни чандин нафарони бегуноҳ рехтааст, ки боиси ашки модарону кӯдакони бегуноҳ гаштааст. Падар чӣ гуна писар намуна гуфтаанд, ки ин ҳақ асту рост. Вақте, ки падари вай ҷинояткор аст, пас аз писар чӣ гила.

Миллати тоҷик миллати сулҳхоҳу некдил аст, гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек ба мо аз бузургонамон мерос мондааст ва мо то ҳол аз рӯи ин гуфторҳо амал мекунем ва намегузорем, ки касе шаъну шарафи миллати тоҷикро паст занад ва хиёнат кунад.

Биоишаи Назар

Читать далее

Масъулияти ҷомеа дар мубориза бо гурӯҳҳои ифротӣ

Фаъолияти хафнокии  ТТЭ ҲНИ-ро ба назар гирифта Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияти  ҳизбро қатъ намуд.

Таърихи 8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котиботи шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмонҳои аҳдномаи амнияти Дастаҷамъи баргузор гардид, рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД ҳамчун террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд.

Дар рӯйхати мазкур дар қатори созмонҳои террористии байналмиллалӣ ба монанди «Ал-қоида», «ДИИШ», «Ансоруллоҳ», «Ихвон-ул муслимин», «ТТЭ ҲНИ» низ ворид карда шуд.

Имрӯз мо бояд аз даврони соҳибистиқлоливу оромии кишвар шукргузорӣ намуда, барои ривоҷу равнақи миллату давлати хеш ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии мардум кӯшиш намоем.

Амалҳои ифротгароёна ва иғвобарангезонаи ТТЭ ҲНИ, ки ҳоло аз мулки бегона истода, анҷом медиханд, танҳо ва танҳо ношукрӣ аз истиқлол, сулҳу ваҳдати кишвар буда, паси амалисозии ҳадафҳои нопоку ғаразноканд.

Аз мардуми Тоҷикистон, хоса ҷавонон даъват карда мешавад, ки дар муқобили ин хатарҳо муттахид бошанд ва ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Тоҷикистониён имрӯз шукрона аз даврони соҳибистиқлолӣ мекунанд ва қудрате доранд, ки ҳар гуна ҳаракатҳоеро, ки ба суботи сиёсии кишвар таҳдид менамояд, аз байн баранд. Имрӯз мо омӯзгорону волидайн вазифадор ҳастем, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷидду ҷаҳд намоем. Ҳар яки мо вазифадорем, ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву хештаншиносӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва илму адабро тарбия намоем.

Шамсиев Ф.К. – н.и.и., сармуаллими
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

Читать далее

Мардуми тоҷик сиёҳро аз сафед фарқ мекунад

Маълуми ҳамагон аст, ки яке аз муҳимтарин омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, манфиатҳои олии давлатӣ ва миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи шахсии ҷонии худ ва тамоми ҷомеа дониста дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ сайъу кӯшиши пайваста нишон додан аст.

Мутаассифона, ҳоло ҳам ин сифатҳо дар шуури баъзе аъзои ҷомеаамон ба қадри зарурӣ мавҷуд набуда, қатъи назар аз он ки ақидаҳои носолими чунин шахсонро ҷомеа қабул надорад, вале онҳо ба амалҳои зидди қонунӣ даст мезананд. Дар ин росто бархе аз ҳаммиллатон, ки кас ба тоҷик хонданашон ҳатто шубҳа мекунад, зеро тоҷик аз қадим аз аҳли фарҳангу китоб ва ваҳдатсарову сулҳпарвар буду ҳеҷ гоҳ бар ватану миллат хиёнатро раво надидааст, аммо саркардагону аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба ҷуз хиёнату иғвоангезӣ байни мардуми осоишта дигар амалеро намедонанд.

Иддао доранд, бонг мезананд, ки ҳар амалу рафтори онҳо ба хотири ободиву озодии халқ аст.... Дар расонаҳои пур аз дурӯғи худ чи маълумотҳоеро ҷой надодаанд, ҳатто аз хондану мутолиа намуданаш хандаи кас мегирифт. Мардум бо чашми худ бидиданду бо ақли худ баркашиданд, ки ҳама дурӯғҳои онҳо фош шуда, аз сайтҳои иғвоангез ҳама канораҷӯӣ намудаанду бехонанда монданд, магар ки сайтҳоро бастанду ба таъсиси гурӯҳи дигар бо номи Бомдод шурӯъ намудаанд. Ин гурӯҳ ҳам чи медиҳад, ҳамон мақсад, ҳамон ният, ки ба ҷуз иғвоангезиву бӯҳтонсозӣ дигар амалеро надорад.

Бидонед, ки халқи тоҷик дубора гумроҳ намегардад! Мардум ҳама танҳо ба сӯи пешравию ободкорӣ баҳри гул-гул шукуфоии ин Ватан мекӯшанд!

Шарифзода М.

Читать далее