January 2021

27 January 2021

ПАЁМИ ФАРДОСОЗ

Сокинони шаҳри Гулистон ва шаш ҷамоати шаҳракҳои тобеи он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҲтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро бо рӯҳбаландӣ ва дастҷамъона тамошо намуданд.

Аз ҷумла, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони мақомот ва зерсохторҳои ондастаҷамъона тамошо карда шуд. Аз соли 2001 шурӯъ гардида, ҳамасола Паёми Президинти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Паёми навбатӣ 20-умин Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар Паёми навбатӣ бурду бохти як соли таърихӣ ва басо душвори кишвар арза дошта шуд. Тавре, ки зикр гардид, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.

Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид.

Новобаста аз вазъи мавҷуда дар кишвар соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфтаст.

Дар Паёми имсола фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар соли 2020 баррасӣ гардида, барои соли 2021 ба ҳамаи соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки “Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад”.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳу равони тоза гирифта, баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва сазовор истиқбол намудани ҷашни таърихӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона фаъолият менамояд.

Илҳом Мадализода,
ш.Гулистон

Читать далее

ТАЪМИРИ РОҲИ ХУҶАНД – КОНИБОДОМ ОҒОЗ МЕШАВАД...

–Роҳ ва роҳдорӣ чун дигар соҳоти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии рушд ба ҳисоб рафта, барои пешрафту тараққиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёти шаҳрвандон аҳамияти хоса дорад. Бо дарназардошти ҳамаи ин омилҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нақбу пулҳо ва роҳҳои мошингардро яке аз аз ҳадафҳои афзалиятноки давлат номиданд, - иброз дошт Олимҷон Очилзода - мудири шуъбаи нақлиёт, роҳ ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.

Воқеан, чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, солҳои охир дар баробари мухталиф соҳаи роҳдориву фаъолияти нақлиёт низ бомаром такомул ёфта, дар натиҷа ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем.

“..Бо ин мақсад, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд.

Дар ин раванд, мо бояд солҳои наздик боз зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалиро сохта, ба истифода супорем.

Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад.

Ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ соли равон татбиқи боз 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод, қитъаҳои Қалъаихумб – Ванҷи шоҳроҳи Душанбе – Қулма, Қизилқалъа – Бохтари шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, роҳҳои мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт ва Бохтар – Данғара, Хуҷанд – Конибодом, сохтмони пулҳо аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон амалӣ карда мешавад”.

–Боиси тазаккур аст, ки роҳи Хуҷанд – Конибодом дар даврони Шӯравӣ сохта шуда, чандин сол инҷониб бинобар набудани маблағ таъмиру тармим нашуда буд. Хурсандиовар аст, ки дар ин раванд чанд соли охир дар қаламрави вилоят низ таъмиру азнавсозӣ ва мумфаршкунии пурраи роҳҳои хусусияту аҳамияти гуногундоштаи минтақаҳои вилоят идома дошта, натиҷаҳои он ба ҳама аён ва рӯҳбаландкунандаанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки чунин дастгириҳову ҳидоятҳои Президенти кишвар мо масъулини соҳаи роҳу роҳдориро боз ҳам рӯҳбаланд намуда, вазифадор месозанд, ки боз ҳам барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ободкориву созандагӣ ва бо ин мусоидат намудан барои беҳтар гардонидани шароити зисти мардум хизмат намоем,- гуфт О.Очилзода.

Боиси қайд аст, ки соли сипарӣ бо дастгирии роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти вилоят наздик 2500 километр роҳҳои шаҳру навоҳии вилоят таъмиру тармим гашт, ки ин 107 фоизи нақшаро ташкил менамояд.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

26 January 2021

ЭЪТИБОР БА БОНУВОН МАСЪУЛИЯТИ МОРО АФЗУН МЕСОЗАД

Имрӯз дар Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд.

Бояд гуфт, ки шумораи занони лаёқатманду соҳибистеъдод сол аз аз сол зиёд гардида, махсусан, саҳми занҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ  хеле назаррас аст.

Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саҳми занон дар пешбурди иқтисодиёти кишвар андеша баён намуда, аз иҷрои рисолати занҳо ҳамчун зан-модар ва ҳамчун зан-роҳбар изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб мегарданд. Дар ҳақиқат, имрӯз дар кишвар 73 фоизи кормандони соҳаи маорифро занон ташкил медиҳанд. Имрӯз занҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар адои вазифа намуда, баҳри баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар саҳми босазо мегузоранд. Ҳар сол Паёми Сарвари давлат дар оғози соли нав барои тамоми қишри ҷомеа як қутбнамое мегардад. Маҳз туфайли ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз занҳои вилоят самти кори худро муйаян  менамоянд.

Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш доданд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021–2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Дар давоми солҳои гузашта ба занҳои вилоят имконият дода шуд, ки баҳри рушди соҳибкорӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ бо грантҳои Сарвари давлат ва Раиси вилоят таъмин гарданд, ки он барои рушди соҳибкорӣ хеле мусоидат намуд. Ин амал имкон дод, ки дар ҷумҳурӣ рушди ҳунарҳои мардумӣ хеле хуб ба роҳ монда шавад. Имрӯз занҳо корхонаҳои хусусии худро доранду онҳо барои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ занҳои маҳаллиро ҷалб месозанд. Гумон мекунам, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занҳои вилоят дар рушди ҳама гуна соҳаҳо як такони ҷиддӣ хоҳад гардид.

Шаҳноза МАШАРИФОВА,

соҳибкор аз ноҳияи Ашт

Читать далее

ҲАДАФИ ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАҚВИЯТИ ДОНИШИ НАСЛИ НАВРАС

Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз Паёмҳои пештара ба куллӣ фарқ мекунад. Зеро имсол барои кишвари мо соли оддӣ нест, солест, ки баҳри истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат бемуболиға, ҳар шаҳрванди сарзамёинамон омодагӣ мебинад.

Дар Паём Пешвои муаззами миллат вазъи имрӯзаи иқтисодии ҷаҳонро дар радифи паҳншавии бемории сироятии коронавирус таҳлили амиқ намуда, таъкид намуданд, ки баҳри бе ягон муаммо, бе душворӣ паси сар намудани соли равон, ки тибқи пешгӯии мутахассисон аз ҷиҳати таъминоти ғизо вазнин арзёбӣ мешавад, бояд баҳри захира намудани маҳсулоти рӯзгор, самаранок истифода бурдан аз ҳар порчаи замини наздиҳавлигӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. Ин ҳидоятҳои Пешвои миллат як навъ дастури раҳнамост, зеро мо, шаҳрвандони кишвар дар давраи вазнини дар кишварамон паҳн шудани бемории коронавирус тибқи нишондоди Пешвои миллат амал кардему ҳам талафоти ҷонӣ камтар шуд, ҳам дар ҳар хонадон ғизо ба таври кифоягӣ захира гардид, ки ин бурди азим барои мамлакатамон дар ин марҳалаи муташанниҷи ҷаҳонӣ буд.

Пешвои миллат бунёд гардидани роҳҳои ободи байналмилалӣ ва байнидавлатиро дар кишварамон як олими муҳими баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки дар соли равон, баҳри истиқболи сазовори ҷашни фирӯзу фархундаи мамлакат бояд роҳҳои дохилӣ–байни деҳаҳо, ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо обод карда шаванд.

Президенти мамлакат як нуктаро махсус таъкид доштанд, ки ба воя расидани насли сазовору ояндасоз аз бисёр ҷиҳат аз заҳмати волидон ва омӯзгор вобаста аст. Аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мисолҳои аниқу мушаххас оварда, таъкид карданд, ки байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Ғолибони озмунҳо бояд ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз рӯи хоҳишашон бе имтиҳон қабул карда шаванд.

Ҳадаф аз ин ташаббусҳоро Пешвои муаззами миллат баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба омӯхтани забон ва таърихи бостонии тоҷикон арзёбӣ намуданд.

Паёми пурмӯҳтавои Пешвои миллат мо, омӯзгорони макотиби таҳсилоти  умумиро водор менамояд, ки баҳри мусаллаҳ гардидан бо донишҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳем ва барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати шогирдони худ заҳмат кашем, то ки насли ояндасози давронро тарбия карда расонем.

Малоҳатхон ТЕМИРОВА,

омӯзгори муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии №20,

шаҳри Хуҷанд

 

Читать далее

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 январи соли 2021 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Дар толор раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд.

Читать далее

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

26.01.2021, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.

Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд.

Читать далее

25 January 2021

Хуҷанд: Беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ороишӣ дар гулгашти назди меҳмонхонаи “Эҳсон" шинонида шуданд

Субҳи дирўз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва беш аз 100 нафар ҳашарчиён дар гулгашти майдони назди меҳмонхонаи “Эҳсон”-и хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ҳамешасабз шинонида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин иқдом дар доираи маъракаи сабзу хуррамгардонии 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд амалӣ шуда, баҳори имсола майдони азнавсозишудаистодаро беш аз 80 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи навъи каштан, магнолия, ёси ҳиндӣ, гулбуттаи бересклет оро медиҳанд ва он ба мавзеъи истироҳату фароҳати шаҳрвандон мубаддал хоҳад шуд.

Тибқи нақша-чорабиниҳои созандагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд гулгашти ҳудуди меҳмонхонаи "Эҳсон" то рузҳои таҷлили Наврузи байналмилали 2021 ба макони истироҳату фароғати шаҳрвандон табдил мегардад.

Читать далее

Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

22 январ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат, ки бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят доир шуд, масъалаи уҳдадории корхонаҳо барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Читать далее

22 January 2021

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд

22 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити дар он фароҳамгардида шинос шуданд.

Иншоот дар доираи сохтмони навбати 2-юми бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бунёд гардида, аз таҳхона, 12 ошёна ва 207 ҳуҷраи хоб барои донишҷӯён иборат буда, дар маҷмӯъ барои бештар аз ҳазор нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.

Читать далее

Ифтитоҳи Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллатро, ки ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Осорхонаи мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Мақсад аз он тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Читать далее