January 2021

21 January 2021

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди иншооти соҳаи маориф дар ноҳияи Шаҳристон

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон дар баробари дигар иншооти ҷашнӣ сохтмони бинои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ ҷараён дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳия бо рафти бунёди бинои гимназия ва бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 шинос шуд.

Читать далее

Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон” шинос шуд.

Бояд зикр кард, ки Шаҳристон аз минтақаҳои кишоварзии вилояти Суғд маҳсуб ёфта, деҳқонони ноҳия ҳамасола барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот заҳмат мекашанд. Кишоварзони ноҳия дар соли 2020 дар 16 ҳазору 584 гектар зироати гуногун кишт кардаанд ва дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 350 миллиону 437,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Читать далее

Дар ноҳияи Шаҳристон бунёди фермаи парандапарварӣ барои парвариши 110 000 сар мурғ ҷараён дорад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Шаҳристон сафар кард.

Зимни сафар роҳбари вилоят рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст бо фаъолияти фермаи парандапарварии соҳибкор Хайриддин Бобоев шинос гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, бо иқдоми соҳибкор фермаи парандапарварии ҶДММ “Мурғи Шаҳристон” таъсис дода шуда, айни замон сохтмони бино ва иншооти комплекси парандапарварӣ барои парвариши 110 000  сар мурғ ҷараён дорад.

Читать далее

Терроризм-падидаи номатлуби ҷомеаи имрӯза

Терроризм дар инкишофи таърихи инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим бо ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош намуда, даст ба зӯрӣ, даҳшат ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун терроризмро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд.

Ҳоло терроризм  як воситаи асосии мубориза барои ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ, наҷодӣ ва ғайраҳо гардидааст. Дар шароити ҳозира оламиён дар бораи як қатор ташкилоти номдори террористӣ андешаҳо иброз менамоянд ва амалҳои зиддитеррористӣ низ асосан муқобили онҳо нигаронида шудаанд. Ин ташкилотҳо - Ал-Қоида, Ҷамоа-ал-исломия, (Миср), ЕТА (Ватан ва озодии баскӣ), Ҷумбиши мухолифати исломии ҳамос, Ҳизби Исломии Туркистон ва ғайраҳо мебошанд. Айни замон сернуфузтарин ташкилоти террористии байналхалқии муосир «Ал-қоида» шуморида мешавад.

Даҳсолаҳои охир терроризм, оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти бешумори ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иртиҷоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад.

Хушбахтона баъд аз ба даст омадани истиқлолият, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар қабул гардид, рӯи кор омад. Мақсад аз қабули қонуну қарорҳои мазкур, ин танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи дини мубини ислом аз ҳама гуна хурофоту одатҳои асримиёнагӣ ва ифротгароӣ буд.

Амалҳои террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 бандубаст карда шудааст. Мутаасифона дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи «Исломиён» шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусалмонро ба вуҷуд овард, ки ин дар навбати худ барои пешрафти давлат монеаҳои ҷиддӣ эъҷод намуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусалмонӣ дунё мебошад.

Дар ин ҷода дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 шаҳраки Палос арзишҳои миллӣ, масъалаи мубрами сиёсии имрӯзаро пайваста омӯзонида, ба фанҳои таъриху ҳуқуқ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир  гардида истодааст. Омӯзггорон кӯшиш бар он доранд, ки  насли наврасро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия менамояд.

Мӯҳсин Абдуллоев,
омӯзгори фанни географияи МТМУ №11,
шаҳраки Палос, шаҳри Бӯстон

Читать далее

РАҲНАМО – ҶОНИБДОРИ СУБОТИ СИЁСИИ КИШВАР!

Дар ҳама давру замон ашхосе ки воқеъбинона масъаларо таҳлил намуда, ҷиҳати пешрафти минбаъдаи ҷомеа таклифҳои асоснок манзур менамоянд, аз тарафи шахсе ва ё гурӯҳе бо ҳар шакле дар ивази ин амали некашон ҷавоби ноҷавонмардона мешунаванд.

Охирон андешаҳои Абдуллоҳи Раҳнамо оид ба мухолифин исботи ин гуфтаҳо мебошад. Намояндаи ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин бо навиштаи хеш ҷавоб ба суханҳои Раҳнамо иддао дорад, ки гӯё таҳлилгарои тоҷик аз ҳокимияти имрӯзаи Пешвои миллат ҷонибдорӣ мекунаду бо ин роҳ дар назди ҳокимияти имрӯза худро намоиш доданист. Лекин, мо хуб медонем ки андеша ва хулосаҳои Раҳнамо ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз бобати мухолифин ба он равона шудааст, ки онҳо ба масъалаҳои сиёсиву геополитикии кишвар ва мавзӯи раванди таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ аз нуқтаи назари замон воқеъбинона назар намоянд. Яъне, имрӯз баробари ҳалли мушкилотҳои мавҷудаи иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ҳифзи суботу амният ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бисёр муҳим мебошад.

Ба ҳамаи мо маълум аст, Тоҷикистон дар маркази бархӯрдҳои манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо қарор дошт ва дорад, эҳтимол буд, ки зиддияту кашмакашиҳои он рӯзҳо то ба замони имрӯз идома меёфт ва чи балоҳое ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик намоемад. Хушбахтона, аз замони соҳибистиқлолӣ наздик се даҳсола мешавад, ки Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналхалқӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст ва соҳиби обрӯву эътибори муайян мебошад. Аммо, ҳоло ба ҷои он, ки боз ҳам мавқеи сиёсиву геополитикии кишварро мустаҳкам намуда, ба тадбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар машғул шавем, боз ашхосу гурӯҳҳое ҳастанд, ки бо ҳар баҳона мехоҳанд номи давлатро паст намуда, монеаи амалӣ гардидани барномаҳои стратегӣ ва беҳтар гардидани вазъи зиндагии аҳолии кишвар мешаванд.

Воқеан барои як кишвари демократӣ мавҷудияти оппозитсияи солиму созанда ба пешрафти давлат мусоидат менамояд. Аммо, мухолифине ки ба ҷои мусоидат намудан ба ҳаллу фасли мушкилоти мардум ба ҷустуҷӯи камбудиву хатоиҳои ҳукумату давлат мепардозад, чи гуна он ба рушди давлат мусоидат намуда метавонад?! Аз ин нуқтаи назар ҳоло масъалаи муҳим барои мардуми Тоҷикистон ва давлат таҳкими пояҳои истиқлолияту давлатдории миллӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ ва боло бурдани обрӯву эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар чунин шароити ҳассоси замони муосир шикасти суботу оромии ҷомеа ва халалдор намудани раванди таҳкими пояҳои давлатдориии миллӣ на танҳо он боиси монеаи рушди кишвар, балки метавонад сабаби сар задани ҳаргуна низоъҳои сиёсӣ гардад. Замони имрӯз моро ҳушдор медиҳад, ки набояд ба ҳаргуна шиору гуфторҳо дода шавему нисбати давлати озоду мустақил ва суботу оромии кишвар бепарво бошем. Ҳоло муттаҳидӣ, ягонагиву сарҷамъии мардум ва талошҳои пайваставу меҳнату заҳмати аҳли ҷомеа ба пешравии кишвар мусоидат намуда, пояҳои давлатро боз ҳам мустаҳкам ва эътибори онро боз ҳам боло мебардорад.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

Читать далее

ВАТАНФУРӮШИ ХУДОБЕХАБАР

Муҳамадиқболи  Садриддин шахси иғвоангезу мардумфиреб, ки аз хориҷа истода бо як миқдор маблағи ночиз Ватани худро фурӯхтааст. Вай дар сомонаи иғвоангезаш «Ислоҳ.нет»  аз паша фил сохта мардумро ба ҳангома оварда ҳамаро сарнагун карда гаштааст. Вай дар сомонааш як масъаларо чунон воҳима карда нишон медиҳад, ки гӯё осмон ба замин омада мечаспида бошад. Аз хориҷа истода хоҷагони Ҳизби наҳзати ислом вайро пуштибони мекунанд Муҳамадиқболи  Садриддин бошад зери нағораи онҳо мебозаду бо хати кашидаи онҳо роҳ мегардад, бехабар аз он, ки оқибаташ чи мешавад. Ин аблаҳи мардумфиреб «Ислоҳ.нет» -ро сомонаи розу ниёзу мушкилкушои мардум номидааст. Дар асл бошад доми фиребу бадбахтӣ мебошад.

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бамағз агар лаб во кунад, расфо шавад.

Муҳамадиқболи  Садриддин ранги пистаи бемағз аст, ки пучу бемаънист. Шукри Худо, ки мо мардуми тоҷик Истиқлолияти милли худро ба даст овардаему имрӯз дар фазои ободу осоишта умр ба сар мебарем ва хушбахт аз онем, ки сар то по хандаи беғаши кӯдакону дуои модаронамон  ба гӯш мезанад. 

Ба Муҳамадиқболи  Садриддин муроҷиат намуда гуфтанием, ки мо фирефтаи найрангҳои ту намешавем ва ҳаргиз нахоҳем шуд.  Агар инсони покдилу дилсӯзи мардуми тоҷик мебуди дар Тоҷикистон умр ба сар бурда барои манфиати мардуми тоҷик кору фаъолият мекардӣ.

 Ҳар рӯз зи худ бипурс агар ту мардӣ,

 Ки имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ.

Ҷуръату мардонаги он нест, аз хориҷа истода сухан карда ваъдаҳои ҳавои диҳи балки дар ҳаминҷо  бо мардуми худ аз наздик истода рӯ ба рӯ сухан кардану ба воқеа рӯ ба рӯ шудан ва ба нафаре дасти ёрӣ дароз кардан  мардист.

Биоишаи Назар

Читать далее

Ҷавонон: чаро ба гуруҳҳои ифротӣ шомил мешаванд?

Мо имрӯз дар асри интернет ва технологияҳои навин зиндагӣ мекунем. Ҳамакнун дар баробари воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати пур намудани фазои иттилоотӣ таъсири амиқ мегузоранд.

Агар ба таҳлилҳои оморӣ назар афканем, маълум аст, ки феълан истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар миқёси ҷаҳон 4,5 миллиард нафарро ташкил медиҳад.

Ин нишондиҳанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 млн 980 ҳазор нафарро фаро мегирад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки истифодаи оқилонаи интернет барои тамоми корбарон фарҳанг нашудааст. Мутаасифона, на ҳама истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ аз фарҳанги истифодаи интернет огоҳ буда, иттилои “дуруст”-ро аз “нодуруст”, “рост”-ро аз “дурӯғ” ва ё аз шубҳанок фарқ гузошта метавонанд.

Дар шароити имрӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооти дорои хусусияти ифротӣ ва ғояҳои терроризму экстремизм васеъ паҳн мешаванд. Хабарҳои бардурӯғ ва иттилои беасос, ки мардумро ба гумроҳӣ бурда, ба таҳлука ва тарсу ваҳм меандозад, дар ин фазо кам нестанд.

Мувофиқ ба таҳқиқотҳо давоми як рӯз 5,8 соати вақти истифодабарандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ беҳуда сарф мешавад. Маълум аст, ки аксарияти истифодабарандагони интернет намояндагони насли ҷавон мебошанд.

Таҳлилҳо низ нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои маъмулии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ маҳз надонистани фарҳанги истифодаи шабакаи иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.

Аз маълумотҳои оморӣ маълум аст, ки ба ҳисоби миёна беш аз 80%-и таркиби гуруҳҳои ифротиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бо дарназардошти рушди технологияи муосир ва осебпазир гардидани фазои иттилоотӣ беш аз 90%-и ҷавонон ҳадафи ҷалби эҳтимолӣ ба гуруҳҳои ифротӣ қарор гирифтаанд. Ин воқеан рақами нигаронкунанда ва ташвишовар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Масалан, метавон аз тамоми дунё чандин мисолҳо овард, ки аксари нафарони ба гуруҳҳои ифротӣ пайваста аз лиҳози бекорӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ камбудӣ надоштанд.

Вобаста ба ин масъала нахуст як нуктаро мебояд ба инобат гирифт, ки пайдоиши гуруҳҳои ифротӣ бештар аз рақобатҳои идеологӣ ва бархурди манфиатҳои сиёсиву геополитикии қувваҳои муайян сарчашма мегиранд. Дар ин рақобатҳо аз ҳама бештар диққат ба нуқтаи ҳассостарини эътиқоди омма, яъне бовариҳои динии он мутамарказ карда шудааст ва ин яке аз роҳҳои осонтарини тафриқа андохтан байни ҷомеа мебошад.

Имрӯзҳо аз хавфноктарин гуруҳҳои ифротӣ ин ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти динидошта мебошанд, ки бо сӯистифода аз номи Ислом дар ҷомеа нуфузи муайян ба даст оварда, дар пайи фитна ангехтан миёни ҷомеа мебошанд.

Ҳамакнун аз шаҳрвандон, хоса, ҷавонон тақозо мегардад, ки:

Якум, бо эҳсоси волои ватандӯстӣ ҳимояи истиқлоли давлатиро аз вазифаҳои асосии худ дониста, дар самти ҳифзи амнияти миллӣ саҳим бошанд.

Дуюм, фарҳанги муносибат бо иттилоъ ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро омӯхта, кор бо манбаъҳои муътамади ахборро аз худ намоянд;

Сеюм, ба ҳама гуна маълумот бо тафаккури интиқодӣ назар намуда, саҳеҳият ва дурустии факту арқомро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Чорум, зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм фаъол бошанд.

Имрӯз ҷавононро зарур аст, ки ҳамчун насли ояндасоз, қишри фардоафрӯз, нерӯи пешбаранда, қувваи созанда ва такягоҳи боэътимод мавқеи худро дар ҷомеа муайян намуда, бо ташаббусҳои тоза, ибтикороти ҷадид ва ғояҳои созанда ҷиҳати решакан намудани зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм саҳмгузор бошанд.

Танҳо дар муттаҳидӣ, эҳсоси волои ватандӯстӣ ва муҳаббат ба марзу буми кишвар мо метавонем рисолати аслии хешро дар назди Ватан ба сомон расонида, ба эътимоду дастгириҳои Пешвои муаззами миллат сазовор бошем.

Дилором МАҶИДОВА,
Мавзуна ҲАКИМОВА
дотсентони кафедраи забони англисии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Берунватан оқибат бо пушаймонӣ мирад

Дар ин хусус навиштаанду боз менависем ва оянда ҳам хоҳанд навишт. Берунватан кист? Аксаран шахсеро, ки ғариби мулки бегона гаштааст, берунватан меноманд. Дар замонҳои гузашта ҳам, бинобар ягон сабабҳо, баъзе шахсиятҳо дар замини бобоӣ зиста натавониста, сари худро гирифта, ба кӯи ғарибӣ рӯ овардаанд. Аммо дар ҳеҷ маврид ба сӯи Ватан ва халқи худ забони маломату надомат ва буҳтону ғайбат накушодаанд. Ҳамеша аз Ватану дӯстони худ ёд карда, бо ҳасрат дунёро падруд гуфтаанд. Он замонҳо зиндагӣ чи ранг дошту чи ҳол дошт, таърих гувоҳ аст.

Имрӯз зиндагӣ тамоман дигар шудааст, ки онро бобоёну падарони мо ҳатто орзу ҳам карда наметавонистанд. Замоне расидааст, ки миллати тоҷик ба ормонҳои ҳазорсолаи худ дастёб гардид. Давлати мустақил, соҳибихтиёре рӯи харитаи олам бо номи Тоҷикистон маъруф шуд, ки акнун одамони қитъаи ҷаҳон аз он бохабаранд. Аз чунин давлату аз чунин миллат доштан, танҳо ифтихор бояд кард!

30-соли Истиқлолият! Ба қафо баргардем ва нигарем, ки дар ин сӣ сол мо аз куҷо ба куҷо расидем, чи қадар комёбиву муваффақиятҳо ба даст овардем, бо як гуфтану бо чанд варақро сиёҳ намудан, ҳаргиз тамом карда натавонем. Дар даҳсолаи аввал давлати ҷавони моро чи хатарҳое пеш наомад?! Мудҳиш буд ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, гурезашавии мардум, бесарусомонӣ, куштору ғорат, бедавлатӣ, камчинии ғизои аввалияи ниёз, рӯ ба мулкҳои бегона овардани фарзандони барӯманд ва ғайраву ҳоказо.

Дар даҳсолаҳои минбаъда, халқи кишвар бо роҳбарии Пешвои худ ба комёбиҳое муваффақ гардид, ки онро чашмдор набудем. Дар тамоми минтақаҳо тадбирҳои ободонӣ, бунёди иншоотҳои хурду бузург, амалӣ кардани се ҳадафи миллӣ – амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баъдан ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати кишвар ба миён гузошта шуд. Даҳҳо километр роҳҳо, туннелҳо сохта, замину боғоти нав, сохтмони неругоҳи азими аср – Роғун авҷи тоза гирифт.

Аммо таассуф, ки як зумра нохалафон, чун гурӯҳи 24, Кабирию дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ — берунватанони фирории Тоҷикистон солҳост, ки ин ҳама пешрафтҳоро нодида мегиранд ва аз рӯи кинаву адоват нисбати давлату халқи Ватани худ танҳо забони ғаразу буҳтон кушода, зери фишори зархаридони хориҷӣ суханони беасосе, моҷароҷӯёнае, дасисахоҳе мегӯянд, ки ҳаргиз мо онро қабул надорем. Ин беватанон, ки таҳти ҳар гуна равияву ҳаракатҳои ифротӣ ҷамъ омадаанд, имрӯз аз дасташон ғайри бадкорӣ кардан ба Ватани худ, дигар амале намеояд. Онҳо бояд донанд, ин суханонашон ҳаргиз ба ҳадафе нахоҳад расид ва оқибат чун заҳр коми онҳоро талху худашонро маҳв хоҳад кард.

Рӯзе мерасад, ки ин берунватанон бо сад хориву зорӣ ва пушаймонӣ дар мулки бегонае хок мегарданд, ки ояндагон, хусусан аҳлу авлоди онҳо ҳеҷ гоҳ аз мадфанашон ҷӯё нахоҳанд шуду надонанд хокдонашон дар куҷост. Одамӣ, ҳарчанд ки бузургу муқтадир гардад ҳам, вале чун берунватан аст, аз вай оҷизтару нотавонтар касе нахоҳад буд. Чунки:

Дар миёни хору хос як гул надорад эътибор,

Беватан дар кишвари бегона гардад хору зор!

Аз ин рӯ, бовар дорам, ки мардуми бонангу ори Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба варсақихониҳои беасос ва иғвоангези хиёнатпешагони берунватан, ки тавассути расонаҳои хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, нисбати Ватани азизамон паҳн мекунанд, фирефта намешаванд. Бо шукрона аз ин имтиёзу шароиту имкониятҳо, танҳо рӯ ба илму донишу ҳунару кашфиётҳо меоранд, дар рушди Тоҷикистон саҳми сазовор мегузоранд.

Ато Боқӣ,
аълочии матбуот, ноҳияи Спитамен

Читать далее

Ватанфурӯшӣ барои мухолифин мӯд шудааст

Имрӯзҳо мо дар сомонаҳои интернетӣ мехонему тамошо мекунем, ки Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷа истода, хамчун «ватанфурӯш» бар зидди давлатдории Точикистон, зери танқиду мазаммат кашида истодааст. Аммо, халқи баору номуси миллати точик ин гуфтахои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо меҳнати халол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

Аз ВАО бармеояд, ки Кабирӣ аслан оиди муҳочирони тоҷик суханронӣ намуда, мехохад, ки мавқеи худ ва собиқ ҳизбашро дар байни онҳо пурзур намояд. Ба фикри банда агар шахсе, ки дорои маълумот ё касб бошад, дар ҳеч куҳо хор намешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «ба як мард чил ҳунар кам аст». Аз ин лиҳоз ба ҳамаи хонандагон пешниход мекардам, ки бояд мо аҳли солимфикри ҷомеа бояд тамоми қувваву имкониятҳоро  баҳри илмомузии насли наврас ва ҷавонон равона карда, шомилшавии онҳоро аз чунин ҳизбу равияҳои номатлуб ба мисли ТТЭ ҲНИ, пешгирӣ намоем.

Хуб медонем, ки чунин ҳизбҳои мухолиф танҳо зери танқид гирифтани давлатро доранду халос! Хуб, вале худашон чӣ? Инҳо аз ин усул зиёд чизеро намедонанд. Агар ба ин тоифа инсонҳо гӯем, ки биёед барномаи ислоҳиро пешниҳод кунед, чунин иброз медоранд, ки чаро ман мекардаам. Худашон кунанд.

Агар шумо воқеан Тоҷикистонро азиз медошта бошеду ин дар сухан набошад, вақти он расидааст, ки аз даъво ба амал гузаред. Ба амали солеҳ. Дар пайи татбиқи барнома ва стратегияҳои рушди миллӣ кӯшиш намоед. Нагуед, ки давлат барои мо чӣ кор кард. Аз худ бипурсед, ки барои Тоҷикистон чӣ кор кардед!

Илова бар ин ба Кабирӣ гуфтаниям, ки ба мусулмонии шаҳрвандони Тоҷикистон агар шубҳа мекарда бошед, пас хуб мешуд, ки аз худ сар кунед. Дар суханронӣ парда аз рӯи Шумо бадар шуд, халқ бори дигар ки будани шуморо фаҳмид. Дониста бошед манфиати милливу  давлатӣ аз манфиати ҳизбиву гурӯҳӣ боло меистад.

Аз ҳаргуна расонаҳои интернетӣ ба мардуми ҷаҳониён ва кишварамон аз тарафи ТТЭ ҲНИ то ҳол ҳаргуна ахборотҳои бардурўғу иғвоангезро паҳн намуда истодаанд.

Мутаассифона роҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ нисбати ба ҷавобгарӣ кашидани фаъолияти онҳо аз тарафи мақомоти мамлакат норозогиҳои худро баён менамоянд. Имрӯз вақте омадааст, ки ба корҳои дастзадаи худ назди қонун ва халқ ҷавоб диҳанд.

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Хатари глобалиро пешгирӣ мебояд

Терроризм аслан падидаи хавфноку зараровар ба ҷомеа буда, мардумро ба муқобили ҳам мешӯронад. Имрӯз, яъне дар замони ҷаҳонишавӣ ташкилотҳои террористию экстремистӣ кӯшиш мекунанд, ки бо роҳҳои гуногун қувваҳои нав, махсусан ҷавононро ба сафи худ ҷалб созанд. Терроризм зуҳуроти мураккаб буда, мавқеъияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад.

Таълимоти дини Ислом сулҳпарварона, инсондӯстона, дорои андешаҳои нек ва созанда буда, асосан барои беҳтар кардани ахлоқи ҷомеа нигаронида шудааст. Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ барои пиёда кардани мақсадҳои худ аз дин истифода мекунанд. Бо истифода аз ин ба мафкураи шаҳрвандон самти барояшон зарурӣ мебахшанд. Ҳанӯз миёни давлатҳои қудратманди ҷаҳонию минтақавӣ нисбат ба терроризм муносибатҳои дуроҳа ҷой доранд. Абарқудратҳои ҷаҳонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ барои амалӣ намудани хостаҳои худ истифода менамоянд, онҳоро бо яроқу воситаҳои пулию молӣ таъмин менамоянд. Аз ин ҷиҳат дар давлатҳои гуногун ба терроризм ҳамчун зуҳурот баҳои гуногун додаанд.

Мақсади асосии дини Ислом тарбия, эътиқод ва мардумро ба роҳи рост равона кардан аст. Аз ин рӯ, ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои ба сӯи худ кашидани мафкураи ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки аз он истифода баранд. Хушбахтона, шаҳрвандони мо аз ҳадафҳои нопоки ин гуруҳҳо огоҳ шуда истодаанд. Яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ин баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароити зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ боиси гаравиши фарзанд ва ноогоҳона фирефта шудани ӯ мегардад. Мо бояд барои ҷавонон шароитеро муҳайё сохта, тарзе тарбия кунем, ки онҳо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа ёфта тавонанд.

Шаҳло ШАРИПОВА,
омӯзгори мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони
имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд

Читать далее